Паёми Кабирӣ

Сиёсат 16.12.2011 09:13

 

(фишурдаи паёми раиси ҲНИТ вобаста ба вазъияти мавҷуд)

MuHIDDDIN_KAABIRIБузургон беҳуда нагуфтаанд, ки "алмаръу ъадуввун лимо ҷаҳилаҳу- Инсон ба ҳар чизе ки нашинохтааст, душманӣ мевар-зад". Агар иддае аз рӯйи манфиъат ба андешаи нав хусумат дошта бошанд, гурӯҳи дигар аз рӯйи ҷаҳл ва ноогоҳӣ бархурди номуносибро раво мебинанд. Онҳо гӯё аз дин ва мазҳаб дифоъ мекунанд. Абӯҳанифа (р.ҳ.) ба хотири ҳифзи озодандешии динӣ тобеъи раъйи ҳоким нагашт ва мансаби қозигиро рад кард. Ва ин амр сабаби фитнаҳое алайҳи ӯ гашт, ки билохира дар заминаи тӯҳмат вориди зиндон ҳам гардид. Имом Бухорӣ, ки муъаллифи "Саҳеҳ", мӯътабартарин китоб пас аз Қуръон аст, аз сӯи ҳокимон ва мутаъассибони дарбор мавриди душманӣ қарор гирифт ва дубора тарки диёр кард. Имом Бухорӣ тибқи равиши Паёмбари гиромӣ амал мекард. Магар касе беҳтар аз ин марди шариф ибодат ва зиндагиро медонист, ки бо ӯ ҳам мухолафат карданд? Ибни Сино, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Ҳилолӣ ва ахиран, устод Раббонӣ танҳо ҳамин "камбудӣ"-ро доштанд, ки андешаи муътадили динӣ ва фаҳми фарогиру ҳакимонае аз арзишҳои эътиқодӣ ва ҳақоиқи исломиро думбол карда, миллату ватани хешро дӯст медоштанд.

Хотиррасон кардани ин чанд намуна аз таърихи мусибатбори миллат ба хотири огоҳии ҳар яки мост. Дониста бошем, мо аввалин ва охирин касоне нестем, ки мавриди душманӣ ва тӯҳмат қарор мегирем. Албатта, ҷуз паёмбарон дигар ҳар фард ва гурӯҳе аз камбудӣ орӣ нест ва мо ҳам дар ин ҳама муддат камбудиҳое доштаем. Эътироф ва ислоҳи он пеш аз ҳама барои худамон муҳим аст. Вале, "камбудӣ"-и аслии мо ва дигар мусалмонони огоҳандеш дар он аст, ки аз равиши мӯътадили исломӣ пайравӣ мекунем. Касеро аз аҳли қибла кофир намеҳисобем, бо ҳама мусалмонони олам, сарфи назар аз мазҳаб ва равияи онҳо, муносибати бародаронаро пеша кардаем ва дар қиболи ҳамаи мӯъминон гумони нек дорем. Бо дигар дину миллатҳо ва умуман ҷомеъаи ҷаҳонӣ низ муносибатҳои инсондӯстона ва созанда доштан мехоҳем. Илова бар ин, назари мустаъқили хешро дар бораи ҳама масоили динӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар ва ҷаҳон дорем.

Бале, ҳамин ҷасорати пешниҳоди андешаи нав буд, ки беш аз бист сол пеш равшанфикрони динӣ барои танзим ва камхарҷ кардани маросимҳо, муттаҳам ба "ваҳҳобият" шуданд. Бар зидди онҳо фитнаҳо бархезониданд ва миллатро ба ду гурӯҳ тақсим намуданд. Аммо имрӯз дарк кардаанд, ки ҳадаф аз он андешаҳо чӣ будааст. Шояд барои фаҳмидани афкор ва андешаҳои нави имрӯзаи миллӣ ва мазҳабӣ барои баъзеҳо боз даҳсолаҳо лозим шавад. Мунтазир шудан мушкил нест, метавон сабр ҳам кард, то масъала фаҳмида шавад. Вале набояд он хатои таърихӣ бори дигар такрор шавад ва якдигарро ба хиёнату бемазҳабӣ муттаҳам намоем. Танҳо пас аз густариш ёфтани фитнаву мусибат бифаҳмем, ки мақсади ҳама як чиз будааст.

Суоли калидӣ ин аст, ки дар чунин шароити наздик шудан ба як фитнаи нав байни фарзандони миллат, аъзо ва ҳаводорони Наҳзат чӣ рафторе дошта бошанд? Аз боби насиҳат, пеш аз ҳама ба худ ва баъдан ба бародарону хоҳарони аъзо ва ҳаводорони Наҳзат бо чанд нукта ишора менамоям. Ба умеди он, ки пеши роҳи фитна ва тафриқа гирифта шавад.

1. Ба ҳеҷ ваҷҳ вориди муноқиша ва низоъ бо хатибону имомҳои масоҷид ва пешвоёни динӣ набояд гашт. Ҳатто, дар ҳолате, ки Наҳзат, роҳбарияти он ва дигар шахсиятҳо ошкоро мавриди тӯҳмат ва бадгумонӣ қарор мегиранд, бояд аз бархӯрдҳо канораҷӯйӣ шавад. Ин бузургон ё аз рӯйи ноогоҳӣ чунин рафтор мекунанд ё илоҷе ҷуз хондани он авроқ ё гуфтани ин ҷумлаҳо надоранд. Дар ҳар ду ҳолат онҳо маъзуранд. Бисёриҳо мунтазири тафриқаи миллӣ ва мазҳабӣ дар кишвари мо мебошанд, то бори дигар вориди қазия гашта, рӯҳияи солими нав бедоргаштаи миллатро саркӯб ва равшанфикронро аз нав ба як тӯдаи тарсу ва бемавқеъ табдил бидиҳанд. Фитнаандозони солҳои навад аз саҳна ғайб заданд, вале мову шумо бо ин миллати хуншору диндории захмӣ боқӣ мондем. Фитнаандозони ҷадид ҳам фардо дар саҳна нахоҳанд буд, вале миллату дин боқист.

2. Бояд донист, ки беҳтарин роҳи пешгирӣ аз бадгумониҳо ва тӯҳматҳо дар заминаи дин ва мазҳаб ин амал кардан бар асоси таълимоти Қуръон, суннат ва дар чорчӯби ақида ва мазҳаби Имоми Аъзам (р.ҳ.) мебошад. Дар пайравӣ аз мазҳаб, набояд ба ифрот ва тафрит роҳ дод ва муносибтарин равиш ин риъояи эътидол аст, ки он вобаста ба замон ва макон бошад. Андешаи мо ҳамеша бояд илмӣ, мустанад ва ҳамроҳ бо асолати эътиқодӣ ва дур аз ҷанбаҳои эҳсосотии хусуматангез бошад.

3. Шакке нест, ки муҳаббат ба асҳоб ва оли Паёмбари гиромӣ (с) ҷузъе аз бовару арзишҳои ҳар мусалмон аст. Ба хусус, дар боби муҳаббат ба хонадон ва ёрони Паёмбар (с) ривоятҳои мӯътамади сершумор ворид шудааст ва он аз ҷумлаи воҷиботи имон аст. Вале, набояд дар ин амр зиёдаравӣ ва бо равиши ғайри маснун муносибат кард, ба вижа дар шароите, ки фурсатталабон ва фитнаандозон мунтазири баҳонаанд. Қоидаи маъруфи шаръӣ вуҷуд дорад, ки "дафъи мазаррат (дур кардани зарарҳо) муҳимтар аз ҷалби манфиъат аст".

4. Бо вуҷуди ҳама талошҳо, мо наметавонем ҳамаро аз худ розӣ ва қаноъатманд гардонем ва ин шарт ҳам нест. Муҳим он аст, ки амали мо барои ризои Худо ва нафъи мардуми кишвар равона шуда бошад ва ҳама амалҳо бо имону виҷдони мо созгор бошанд. Афрод ва гурӯҳҳое боқӣ хоҳанд монд, ки дунболи баҳона барои фитна андохтан мегарданд ва Худованд онҳоро дар Қуръон мушаххас кардааст: "Дар воқеъ, онҳо пеш аз ин ҳам фитнаро хоста буданд ва воқеъиятро барои ту дигар нишон медоданд, то ин ки ҳақиқат расид ва амри Худо зоҳир гашт. Дар ҳоле ки онҳо инро бад медиданд". (Сураи Тавба: 48). Дар баробари сабру таҳаммул ва иҷтиноб аз фитнаҳо, бояд равшангароии ҷасуронаро дар масоили баҳсӣ пеша кард ва тариқи матбуъот, маҳфилҳои илмиву мубоҳисавӣ, андешаҳои солим ва созандаро дар муқобили хурофот ва бидъатҳо гузошт. Ба ҷойи мазаммати торикӣ шамъеро дар он афрӯхтан беҳтар аст, чун торикӣ худ аз байн меравад.

5. Ахиран, набояд фаромӯш кард, ки анҷоми ибодату маросимҳо ва фаъолиятҳои мазҳабиву сиёсии мо ниёз ба оромиш ва суботи фардӣ ва ҷамъиятӣ дорад. Исломи мӯътадил ва пешрафтае, ки дунболи он ҳастем, танҳо дар давлати пешрафта, озод ва демократӣ метавонад татбиқ шавад. Ҷомеъае, ки дар он ҳуқуқи инсон риъоя намешавад, адолати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ вуҷуд надорад, аз мардум ҳаққи интихоби озод ва шаффофро мегиранд, дидгоҳу меъёрҳоеро болои мардум таҳмил мекунанд, ин гуна ҷомеъа танҳо ифротгароӣ, таъассуби сиёсиву мазҳабӣ ва ноамниву ақибмондагиро ба бор меорад. Навобаста аз он, ки чунин ҷомеъаҳо бо номи дин идора мешаванд ё дунявият, мухолиф ба арзишҳои динӣ ва башарӣ мебошанд. Вазифаи ҳар инсони огоҳ, ба вижа мусалмонон талош барои ислоҳи он мебошад.

Худованд худ шоҳид аст ва таърих баҳо хоҳад дод, ки мо танҳо ободии миллат ва кишварро хостаему мехоҳем. Ваҳдату сарбаландии мусалмонон ормони мо буд ва мемонад. Ҳар касе моро дар ин роҳ кумак кард, Худованд дар кумаки ӯ бошад.

Бо умеди сулҳу субот ва ваҳдати милливу мазҳабӣ, бародари шумо,

Муҳиддин Кабирӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97