20 сол бо ҷомаи дарида

Сиёсат 14.12.2011 08:44

Шароити олӣ барои хукҳо

FasoDDDDМоҳи гузашта қазияи халабони рус Садовничий ҳамарӯза аз тариқи расонаҳои хабарӣ нашр мешуд ва ин мавзӯъ ба яке аз мавзӯъҳои доғи рӯз табдил ёфта буд. Ба хусус шабакаи хабарии РТР-и Руссия рӯзе фавран пас аз пахши хабари қазияи халабони рус навори аҷиберо аз Ҷумҳурии Удмуртистони Руссия пахш намуд (банда соли 1995 дар ин ҷо мардикорӣ мекардам, аксари аҳолиро удмурту чукчаҳо ташкил медиҳанд-муаллиф). Ин шабака аз Удмуртистон дар яке аз қарияҷот фермаи хукҳоро намоиш дод. Дар як қисмати ферма хукҳоеро нишон дод, ки тоза хукбача таваллуд карда, ки чанд тан аз хукбонҳо онҳоро нигоҳубин мекарданд. Хукбон бо ифтихор мегуфт, ки мо тамоми шароитҳоро фароҳам овардаем, то дар ин фасли сарди зимистон хукбачаҳо солиму тандуруст тарбия ёбанд. Бубинед, оғилҳо рушану тозаву озода аст, ҳатто фаршҳо ҳам бо қувваи барқ гарм мешавад.

Дар ин бора поинтар ҳарф хоҳем зад.

Стратеги №1: «Фасод хатар ба амнияти миллӣ»

Дар яке аз шумораҳои ҳафтавори «ASIA-Plus» хонда будам, ки Суҳроб Шарифов - стратеги рақами аввали кишвар гуфта, ки фасод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як падидаи маъмулӣ гашта, имрӯз ҳама нируҳои ақлониву зеҳниро пушти парда бурдааст. Ва дар мусоҳибае дар радиои «Озодӣ» низ гуфта, ки бадбахтона хешу таборбозӣ дар ишғоли мансабҳо боиси коҳиш ёфтани рушди ҷомеъа гардидааст. Ӯ мегӯяд: «Дар воқеъ фасод ё коррупсия ҳамчунон яке аз хатарҳои аслӣ ба амнияти миллӣ маҳсуб мешавад. Агар мо бо ҳамҷоягии ҷомеъа, аҳзоби сиёсӣ ва расонаҳо аз як гиребон сар набарорем, бо ин зуҳуроте, ки шаъну шарафи мо ва давлати моро паст мекунад, мубориза бурда наметавонем. Тобистони соли ҷорӣ Маркази таҳқиқоти стратегии назди Раёсати Ҷумҳури Тоҷикистон пажуҳишеро анҷом дода буд, ки бар пояи он мизони фасод ва ришва дар кишвар дар чаҳор соли ахир аз се то чаҳор маротиба боло рафтааст».

Бадбахтона ва ё хушбахтона, тақсимоти мансабҳо ва табақабандии иҷтимоъ дар давраи истиқлол боварҳои мардумро дар зиндагии «саъодатманд», ки солҳост интизораш ҳастем, мутафовит кардааст ва ҷомеа имрӯз ба се қисмат тақсим шуда, ки яке табақаи ҳоким, дуввумӣ табақаи миёна ва саввумӣ мустамандон, ки зиндагии бихуру намир доранд. Ва ин се табақа иҷтимоъро ҳар кадом ба таври худ маънидод мекунанд. Дар ин ҷо ҳикмати аҷибе пеши рӯям омад, ки ҳамин боварҳои кӯр-кӯронаи моро бори дигар тасбит месозад.    

Се марди нобино бадани филро ламс мекарданд. Марди нахустро даст ба пои фил бархурду гуфт: «Ба пиндори ман як фил ҳамчун танаи дарахте бузург аст». Марди дуввум сухани ӯро напазируфт ва дар ҳоле ки хартуми фил дар дасташ буд, гуфт: «Ба бовари ман фил монанди як мор аст». Аммо марди саввумӣ мепиндошт, ки ҳар дуи онҳо дар иштибоҳанд. Ӯ дар ҳоле ки тани филро ламс мекард бо шигифтӣ гуфт: «Як фил ба сони деворе баланд аст». Ҳар як аз нобиноён мепиндоштанд, он чӣ мегӯянд дуруст аст ва дигаре дар иштибоҳ ба сар мебарад, дар ҳоле ки ҳар се як филро ламс мекарданд. Ин се нобино бидуни он ки бидонанд фил яке аст, боварҳои мутафовит доштанд.

20 сол бо ҷомаи дарида

Анқариби 20 сол аст Тоҷикистон аз ҳавои истиқлол нафас мегирад. Дар ин муддат хеле бо нудрату ҷонкоҳона қадам ниҳода, худро дар худ гум кардааст, аз ин ки дар истиқлол ба сар мебарад, аз он баҳрае набурда, зиндагиро ҳамчуноне, ки дар ҷомеаи ибтидоӣ буд, идома медиҳад. Мисли занҷираҳои печон дорад аз олами тамаддуну фарҳанги техникӣ дур мегардад ва ҳамоно як кишваре, ки сохтораш ҳанӯз маълум нест, кӯр-кӯрона худро ба ҷое, ки анҷомаш низ маълум нест, мекашонад. Аз ифтихороти худ-испору юғу кафши чӯбину ҷомаҳои дарида, табақсозиву сабадбофӣ, бузкашии қавмҳои хунхори чингизӣ намоишномаҳои содалавҳонаву беранг омода мекунад ва аз пардаҳои телевизион пайваста намоиш медиҳад. Таваҷҷуҳи мардумро ба «кашфиётҳо»-и аҷибе чун «Чакомаи гесӯ», «Овози тиллоӣ», «Зебосанам» ва даҳҳо барномаҳои рақсии бешармона, ки зани тоҷик бояд мудом синаҷунбонӣ кунаду табъи иддаеро болида гардонад, ҷалб менамоянд. Чунин менамояд, ки тарҳрезии чунин як барномаҳо амдан сурат мегирад, фарҳанги рақсидану ҷунбондани авзо маҳаки фаъолиятҳои сиёсату иқтисоди кишвари мо гардидааст.

Кишвари «бихӯру намур»

Ҳанӯз ҳам рӯшан нест, ки мо кишвари аграрӣ-кишоварзӣ ҳастем ва ё роҳи дигареро дар пеш дорем. Сиёсати имрӯза гувоҳи он аст, ки мо бо қатъият роҳи рушди кишоварзиро пеша кардаем ва аз ин ҷода умедҳои калонеро интизорем. Ривоҷу рушди тиҷорати хурд, ки он ҳам ба пешрафти кишвар ва боло бурдани сатҳи маънавиёт чизе дода наметавонад, ифодагари гуруҳи хурде аз мардуми тоҷир аст, ки онҳо ҳам танҳо барои зиндагии бихӯру намур мубориза мебаранд, ба қавли эшон зиндагии онҳо танҳо барои вуҷуд доштан асту бас. Ҳамин «навсозиҳо» имрӯз шиоре гардида, мардумро дубора ба сӯи зиндагии нимаваҳшии қуруни вусто мебарад ва белу каланду зоғнулу испору гову барзагов васоити меҳнат ва модерни қарни ХХ1 гардидааст. Сиёсати морпечи имрӯза мафҳумеро дар бар надорад ва анҷомашро гум карда, ба гумон аст аҳдоферо ба хотири саъодати миллат ва наслҳои баъдӣ пешбинӣ намояд.

Он чӣ гӯё таҳавулотҳои азиме дар кишвар рух медиҳад ва зиндагии мардум беҳ мегардад, афсонае беш нест ва ин идомаи ҳамон як сиёсати нуҳуфта ва пуштипардагиест, ки бо шиорбозиву саҳнаороӣ ба чашми мардум хокпошӣ мешавад ва ба ҳар василае таваҷҷуҳи мардумро ба коре банд месозанд.

«Муллоро ба гуфтааш бикуну ба кардааш не»…

Муддатест расонаҳои хабарии кишвар, аз ҷумла «Озодагон» ва «ASIA-Plus» оид ба ин афсонаҳо матолиби аҷиберо нашр намуданд, ки бо хондани онҳо ҳуш аз сари одам мепарад. Намунае аз арқомро барои мутолиаи хонанда меорем. Ба қавли ин расонаҳо танҳо барои сохтмони Наврӯзгоҳи марказӣ 31,8 миллион сомонӣ - 7миллион доллари амрикоӣ масраф шудааст. Бар илова дар истиқболи наврӯз беш аз 5 ҳазор нафар ҷалб гардида, барои ҳар кадоми онҳо либосҳои наврӯзӣ дӯхта шудааст. Ҳамчунин шиору овезаҳо ва фейерверкҳо низ масрафҳои ҳангуфтеро талаб менамояд, ки ин ҳама аз ҳисоби буҷа-андозсупорандагон масраф мегардад.

Соли ҷорӣ Ҷашни 20 солагии Истиқлоли кишвар таҷлил гардид. Дар асоси маълумотҳои Вазорати молия ба муносибати ин ҷашни бошукуҳ як қатор муҷтамаъҳо сохта шуд, ки барои сохтмони онҳо 1 миллиард сомонӣ (220 миллион доллари амрикоӣ) ҷудо гардидааст. Дар асл аксари сохтмонҳо тамомношуда ба хотири ин ҷашн расман ифтитоҳ гардиданд.

Бо такя ба иттилоъи шабакаи «Амвоҷи Олмон - Немецкие волны» Тоҷикистон дар таҷлили ҷашни 20 солагӣ 300 миллион евро, аз ҷумла дар чорабиниҳои ҷашнӣ 45 миллион доллари амрикоӣ масраф намудааст.

Барои муқоиса: Ҷумҳурии Украин, ки 45 миллион аҳолӣ дорад, дар ҷашни 20 солагии истиқлоли хеш 750 ҳазор доллари амрикоӣ масраф намудааст. Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои «абарқудрат»-и дунё маҳсуб мешавад ва дорои 7 миллион аҳолӣ мебошад, нисбат ба Украин 60 маротиба зиёдтар, яъне 45 миллион доллар масраф намудааст. Дар ин ҷашн 10 ҳазор одам низ сафарбар гардидааст.

Ярмаркаҳо - чашмфиребӣ

Солҳост, ки мо ҷуз фиреб додани якдигар кори дигаре надорем. Ба ҳукми анъана даромадааст, ки соле як маротиба тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маркази пойтахт ярмаркаҳои фурӯши маҳсулотҳои кишоварзиро ташкил медиҳанд. Гӯё маҳсулот дар он ҷойҳо фаровон асту қисмати изофиашонро барои сокинони пойтахт бо нархи арзон ба фурӯш мебароранд. Дар ҳоле ки мутасаддиёни шаҳру ноҳияҳо аксари маҳсулотро аз бозори Гипрозем харидорӣ намуда, каме арзонтар пешкаши сокинони шаҳр мегардонанд. Инро ҳама медонад, ҳатто кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент аз ин худфиребӣ огоҳанд, вале ҷуз хомӯш будан илоҷи дигаре надоранд, зеро инро сиёсати имрӯза талаб менамояд. Вале касе парво надорад, ки пас аз хатми ярмаркаҳо шаҳру ноҳияҳо ба чӣ мушкилоте рӯ ба рӯ мешаванд.

«Стриптиз»-ро бас кунед, мактаб бисозед!

Дар мавриди ташкили озмунҳои «Чакомаи гесӯ», «Овози тиллоӣ», «Зебосанам» ҷои ҳарф задан ҳам нест. Маблағҳои ҳангуфте, ки дар ин озмунҳо масраф мегардад, бояд барои дигар корҳои фоиданоктаре пешбинӣ гарданд. Аз ин ки душизае, хонуме мӯяшро дароз мекунаду бо нозу ишва, мисли ин ки дар «стриптизҳо» ширкат карда бошад, худрову мӯйҳояшро намоиш медиҳад, магар диле гарму хонае обод мешавад? Оё чунин як маъракаҳои музҳику хандаоварро худи раҳбарияти кишвар хуш доранд? Шахсан бар ин ақидаам, ки ба ҷои ин ҳама масрафҳои бемақсад маблағҳои ҳангуфтро барои тарбияи насли наврас, сохтмони мактаб дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, бунёди марказҳои таълимии ҳирфаӣ, барқарорсозии хатҳои оби ошомиданӣ, марказҳои гармирасонӣ, беҳбуди вазъи нақлиёти шаҳрӣ, бахши тандурустӣ ва дигар корҳои муҳиму фоиданок, ки имрӯз ба онҳо аз ҳад беш ниёз дорем, сарф бояд намуд.

Ҳама ҷо дашти Олимтой шудаст

Ин аз рӯи инсоф нест, ки 20 сол аст сокинони шаҳри Душанбе оби гармро намебинад ва 20 сол аст, ки дар саросари кишвар реҷаи барқ дар фасли зимистони сард барқарор гардидааст. Теппаҳои сарсабзу анбӯҳи ҷангалзори куҳистон несту нобуд шуда, чунин як маконҳои зебову сарсабз ба чӯлистон табдил ёфта, даштҳои Олимтойро ба ёд меорад. Замоне мегуфтанд: «Советская власт+ электрофикации всей страны». Имрӯз чӣ бояд бигӯем? «Истиқлол - қишлоқикунонии саросарии ҷумҳурӣ?» Суоли матраҳ аст!!!

Ин як сиёсат аст хеле озмуда ва обдида ва ба таври мухталиф бо ҷомеаи пешрафта замонсозие беш нест ва мо бо ифтихор худро ҳамқадами ҷавомеъи фарҳангиву техникӣ меҳисобем. Ҳамин замонасозиҳо оқибат моро ба пастравӣ ва дар ниҳояти кор дар муҳосираи шадиди иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ қарор додааст, ки чунин як рухдод ҳамеша ва беш аз ҳама чиз дар таърих идома меёбад.

Инсон аз ҳама аввалтар бояд бошад

Агар дақиқан мутолиа намоем, аз рӯи моҳият танзими фаъолият танҳо дар сохторҳои пешоҳангони (пионерон) даврони шуравӣ ба чашм мерасид, зеро ҳар гоҳ наврасонро ба коре муваззаф месохтанд, онҳо пеш аз ҳама худро ашхоси масъулу бузургсол мепиндоштанд ва вазифаҳоеро, ки ба душашон вобаста мешуд, бо як дилгармиву масъулият иҷро менамуданд. Дар миёнаҳои асри пор кишварҳои ғарбӣ низ масъулиятҳои худро дар ҷомеъаи башарӣ ончунон ифо мекарданд, ки дар мадди аввал барои беҳбуди инсонҳо нигаронида шуда буд, зеро онҳо ҳокимони ҷомеаҳои сармоядорӣ буданд ва дар чунин як ҷомеа, ки ҳама чиз хусусӣ аст, бемасъулиятӣ дар танзими умури корҳо хисороти бузурге ворид мекард. Ҳамин таваҷҷуҳот буд, ки ин кишварҳо дорои саноеъи мукаммал ва корхонаву муассисоти тавлидотии бузурги асри ХХ гаштанд.

«Ҳама гулай»… пас чаро ҳамагӣ бенавоем?!

Сиёсати кадрии давлат дар ин муддати тӯлонӣ, ки як давраи таърихиро дар бар мегирад, ҳанӯз ҳам дар асоси шиносбозиву хешутаборбозӣ сурат мегирад. Мансабдорони муҳтарами мо танҳо ба хотири ин ки дар вазифа боқӣ бимонанд, вазифаи муқаддаси хешро танҳо дар лабайк гуфтан медонанду бас. Ба ибораи дигар сухани раъият ва вазъи зиндагии онҳо барояшон ба қадри як ҷав арзиш надорад. Ин сарватмандон, ки аз ҳисоби молиёти мардум болои мошинҳои мудерн сайру гашт мекунанд (ин мавзӯи алоҳида аст, ки баъдан сари он бармегардем), қасру кушкҳои муҳташам месозанд, боре ҳам фикр накардаанд, ки лаҳзае барои ин мардум, ки аз ҳисоби онҳо кайфу сафо доранд, хидмат намоянд. Зиндагиро тавре тасвир месозанд, ки гӯё ҳама ҷо гулзор асту булбулон дар нағмахонӣ. Ва ин шеваи зиндагӣ ҳамарӯза аз тариқи тамоми шабакаҳои телевизионӣ пахш мегардад. Ситоиш ва парастиши шахсият рӯз аз рӯз қавитару густурдатар мегардад. Агар ин тавр набошад, пас чаро мо рӯз ба рӯз қашшоқу бенавову бечора мегардем?

Тухми Эрон 50 дирам, тухми Файзобод 80 дирам, чаро?

Дурӯғ ва хушомадзанӣ ба як мусобиқаи калони соҳибмансабон табдил ёфтааст. Дар гузоришҳои эшон мехонем, ки соли ҷорӣ фалон қадар замин кишт шудаву дар фалон миқдор замин кишти такрорӣ анҷом додаем. Ваъда медиҳем, ки имсол ва солҳои баъдӣ истеҳсоли картошкаро ба як миллион тонна мерасонем. Мутаассифона, ин ҳама гап аст. Агар як комиссияи одилона ташкил карда шавад, ба зудӣ маълум мегардад, ки кишти такрорӣ ва зиёд намудани майдонҳои кишти картошка дурӯғе беш нестанд ва ин худ хок пошидан ба сиёсати аграрии Раиси Ҷумҳур аст. Агар ин тавр набошад, пас чаро нархи картошка ва дигар анвои сабзавот дар ин шабу рӯз ҳеч нест, ки пойин равад?

Соле чанд тухми мурғро аз Чину Покистону Эрон меоварданд, ки нархи як дона тухм бо масорифи роҳкиро ба 50 дирам баробар буд. Аммо имрӯз мебинем, ки тухмҳои Файзободу Ҳисору Чептӯраву ғайраҳо, ки қариб масрафи роҳкиро надоранд, аз 65 то 80 дирам қимат доранд. Пас роҳи ҳалли масъала тағйиру табдил намудани мансабдорони дурӯғгӯй ва лабайкгӯ аст, ки амали онҳоро ҷуз «саботаж» чизи дигаре наметавон маънидод намуд ва онҳо мустаҳақ ба ҷазоҳои сангин ҳам ҳастанд.

Вакилони осмониву мардуми заминӣ

Роҳе, ки бояд масъулияти онҳоро барояшон гӯшзад намояд, ин аст, ки ҳар мансабдоре навобаста аз мақому ҷоҳу манзалат бояд дар назди андозсупорандагон ҳисобот диҳанд. Вақте онҳо сиёсати давлатиро барои худашон худашон муайян менамоянд ва хуб медонанд, ки чӣ тавр обро лой кардаву моҳӣ мегиранд ва касе пишакашонро пишт намегӯяд, худсару худписанд мегарданд.

Кор то ҷое расида, ки шохаи қонунгузори кишвар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баҳонаи ин ки гӯё кафолатҳои иҷтимоиашонро то ду баробар коҳиш дода бошанд, бо овози баланд ҷор мезананд, ки бубинед, мо ҳатто барои худ имтиёзҳоямонро кам мекунем. Чунин тағйиротҳо ислоҳотҳоеро ба қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Статусҳои ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид намудааст. Агар содатар бигӯем, муаллифи ин «ислоҳоти аср» вакили мардумӣ Галлия Рабиевна пешниҳод намуда, ки муҳлати ҳифзи маъоши вакил пас аз вогузор намудани салоҳияташ аз ин ба баъд се моҳро дар бар мегирад. То ин дам вакилон пас аз вогузории мандати вакилӣ муддати шаш моҳ метавонистанд маъошашонро бигиранд. Ин ҷо нуктаи нозук чизи дигар аст. Пас аз он ки бо як фармони Раиси Ҷумҳур маъоши тамоми сохторҳои давлатӣ афзун гардид, як вакили Мачлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ба баъд метавонад моҳе то чоруним ҳазор сомонӣ-муодили 1000 доллари амрикоӣ маъош бигирад, дар ҳоле ки дигар табақаҳову қишрҳои ҷомеъа бо 200-500 сомонӣ ва ё аз он камтар дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ, ки нарху навои бозор даҳчанд боло рафтааст, қаноат карда метавонанд? Тафовут то ҷоест, ки наметавон онро ба ҳеҷ ваҷҳе муқоиса намуд. Тақсимот ба андозае ноодилона сурат гирифта, ки хандаву гиряи касро меорад. Пас пурсида мешавад, ки чунин як ҳиллаву найранг ва гӯл задани ҷомеъа ба нафъи кист? Магар ин мардум, ки Шумо ҷанобонро интихоб мекунаду ба зиндагии нек умед мебандад, ва аз ҳисоби андозҳои онҳо кайфу сафо менамоед мустаҳақи чунин як фиребу ҷазост? Чунин тақсимот байти музҳики шоирро ба ёд меорад, ки гуфта буд:

Он молҳо, ки монда ба дунё аз они ман,

В-он хайрҳо, ки карда ба уқбо аз они ту…

Мунавварзод мехоҳад хукбон шавад

Оид ба фермаи хукҳо. Вақте ин матлабро менавиштам, дӯсти рӯзноманигорам Мунаввари Мунавварзод омада навиштаҳоямро мехонд. Оҳи сабуке кашиду гуфт: Хоҳиш мекунам, нишонии дақиқи ҳамин фермаро пайдо кунед. Гуфтам, ки ин ба ту чӣ лозим аст?! Гуфт, меравам дар ҳамин ферма кор мекунам, он ҷо ҳам барқ асту ҳам гозу ҳам фаршҳои гарм. Чӣ зиндагии хубу роҳате доштаанд ин хукбачаҳо, чӣ саъодате онҳоро дар оғуш аст!

Ориёиҳоро мисли гов сар мебуранд

Дар фарҷоми сухан мехоҳам як нуктаро ёдовар шавам. Ҳамеша бо як ғуруру сарбаландӣ мегӯем, ки мо аз қавми бузурги Ориё ҳастем, тамаддуну фарҳанги нодиру таърихие дорем, гузаштагони мо фалону беҳмадон фалону фалон корҳоро кардаанд. Аммо мисли кӯр намебинем, ки беш аз 1 миллион бародарону хоҳарону падарону модарони мо аз тангии рӯзгор дар муҳоҷирати корӣ дар таҳхонаҳои намноку ғализи Руссия ба сар мебаранд. Ҳар сари қадам тавҳин мешунаванду касу нокасе наҳашон мезанад. Мисли гов сарашонро мебуранду дар тобути арзонаке равонашон мекунанд. Аммо, мо Ориёиҳои бузург коре аз дастамон намеояд, дасти зӯр ҳам надорему ақли солим ҳам. Дар маҳофилу маҷолис аз ҳуқуқҳои башар ҳарф мезанем, вале намедонем, ки ин минбарҳо на барои миллати қашшоқу бенавост, онҳо пуштибони ҳамон олами зӯргӯёнанд, ки ҳамеша ба нафъи онҳо тасмим мегиранд. Чӣ кор бояд кард, ки овози моро ҳам бишнаванд? Дар посух ба ин суол як ҳикоячаи хурде аз Лессингро меорем, ки фикр мекунам, хеле ба маврид аст.

«Харгӯшҳо дар маҷлиси вуҳуш тақозо карданд, ки ҳамагон бояд аз ҳуқуқҳои мусовӣ бархурдор бошанд.

Шерҳо чунин посух доданд:

- Эй харгӯшҳои нармпанҷа! Ба тақвияти гуфтаҳои хеш шумо бояд боз мисли мо соҳиби чанголу дандонҳои тез бошед.»

Бо чунин шеваи зиндагӣ ба гумон аст, ки мо дар ин наздикиҳо соҳиби чанголу дандонҳои тез шавем!!!

Ибодуллоҳи Оқилпур

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97