Рисолате, ки президент бояд анҷом диҳад…

Сиёсат 13.12.2011 09:23

PrezidentБилохира, ҷомеаи Тоҷикистон ба ин суол ҷавоб дарёфт, ки таҳаввулотро дар кишвар, кӣ ва чи гуна амалӣ кунад…

Дар бораи баргузор шудани як таҳавуллоти ҷиддӣ дар Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ боз баҳсҳо идома дорад. Тахмину фарзияҳо ва сару садоҳои зиёд дар расонаҳои дохилу хориҷи кишвар дар ин бора чандин бор сурат гирифтааст. Вале ҳеч бор ин тахмину фарзияҳо аз доираи худ берун нарафтаанд. Баҳори гарми соли гузаштаи Шарқи Наздик ва омилҳои кӯчиши ин ҳаводис дар минтақаи Осиёи Миёна баҳсҳоро аз сари нав афзоиш дод. Гуфта мешуд, дар пайи "ҳарорат"-и ин инқилобҳои хунин, ахиран дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ, таҳаввулоти ҷиддӣ анҷом мепазирад.

Дуруст аст, ки дар бораи заъф доштани мақомоти давлатӣ тайи бист соли соҳибистиқлолии ин кишварҳо мисолҳои зиёде буданд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон дар соли буҳронии 2009 дар бораи ба истеъфо фиристодани блоги иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон гуфтугузорҳои зиёде сурат гирифт. Аммо ҳукумат доимо бо иваз кардани яке ба ҷойи дигаре (ротатсия) иктифо меварзиду халос. Яъне, ба назар мерасад, ки ҳукуматро кобинаи худ комилан қонеъ мегардонад. Вале танишҳои ахири ба вуҷуд омада дар муносибат бо Русия нишон доданд, ки на танҳо блоки иқтисодӣ, балки аксари ниҳодҳои давлатӣ заъф доранд ва рисолати худро иҷро карда наметавонанд. Ҳамин буд, ки ягона нируи фаъоли сиёсии Тоҷикистон, ҲНИТ пас аз ин гирудорҳо эълон намуд: Президент бояд худро аз мансабдорони нокоромади худ раҳо кунад. Раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбат бо мо низ гуфт, ӯ вазъияти раҳбарияти олии кишварро дар баробари командаи худ, ки солҳои тӯлонӣ бо онҳо кор кардааст, дарк мекунад. Ӯ мегӯяд: "Ин бештар ҷанбаи равонӣ дорад, чун як нафаре, ки ба муддати тӯлонӣ дар паҳлӯи президент кор кардааст ва хидматҳои хубе ҳам карда, шояд аз лиҳози одоби тоҷикона ва шарқӣ, ҷудо шудан аз ин нафарҳо чандон кори осон набошад. Билохира, ин ҷо манфиатҳои давлату миллат ҳаст, бахусус касоне, ки тӯли ҳама солҳо муваффақ набуданд, ё иштибоҳҳои ҷиддӣ карданд, ҳатто агар як иштибоҳи ҷиддӣ ҳам карда бошад, дигар кофӣ ҳаст, ки бо чунин нафарҳо худоҳофизӣ карда шавад…"

Раҳматилло Зоиров, раҳбари дигари мухолифи ҳукумати Тоҷикистон низ ба ин бовар аст, ки таҳаввулот дар Тоҷикистон танҳо дар он сурат имконпазир аст, ки таҷзияи воқеъии ҳокимияти давлатӣ, ки ин талаботи конститутсионӣ ҳам ҳаст, амалӣ шавад. Ӯ мегӯяд, сохтори давлатиро дар Тоҷикистон он гуна мушкил кардаанд, ки ҳатто дар кишварҳои ҳаҷман бузурге мисли Русия намунаи он дида намешавад. Ба гуфтаи Зоиров, Русия, бо ин ки як кишвари федеролист, се зинаи ҳокимиятро ихтиёр кардааст, аммо дар Тоҷикистон ин зинаҳо ба чаҳор расидаанд. Тавре худи Зоиров шарҳ медиҳад: "Яъне мо як давлати майда дар асоси чаҳор зинаи ҳокимияти давлатӣ амал карда истодаем: марказ, вилоят, шаҳру ноҳияҳо, органҳои худидора. Русия давлати федеративӣ шуда, аз се зина иборат аст; марказ, ҳокимияти давлатии маҳалҳо (ҷумҳуриҳо, субъектҳо) ва худидора. Барои Тоҷикистон ҳеч набошад, ба се зинаӣ гузаштан даркор аст. Яъне марказ, вилоят, ё ноҳияҳо (агар вилоят мешуда бошад, шумораи вилоятҳо зиёд мешавад, ноҳияҳо барҳам дода мешаванд, бевосита ба худидора гузаштан даркор…).

Дар ҳамин ҳол Суҳроб Шарифов, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар як суҳбати худ гуфта буд, ки ӯ консепсияи ислоҳоти давлатиро таҳия кардааст, ки мувоффиқи он бархе аз масъулиятҳои президент ба ҳукумат ва парлумон тақсим карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон солҳо боз оид ба "ваколатҳои беҳудуди президент" зиёд мегуфтанд. Гуфта мешуд, чунин тақсимбандии ҳокимият ба амнияти давлат ва ҷомеа хавф дорад. Аввалан, зарфиятҳои як нафар барои контроли тамоми сохторҳои як давлат басандагӣ намекунад. Дувум, чунин ҳолат ба пайдоиш ва тақвият ёфтани авторитаризм мусоидат хоҳад кард, ки ба нафъе касе нест. Сеюм, дар ҳолати (худо накарда) ба беморӣ ё фавт шудани чунин раҳбарон дар кишвар хаоси воқеъӣ ба вуҷуд меояд, ки намунаашро дар Туркманистон дидем.

Коршиносон ва таҳлилгарон чунин вазъиятҳоро баррасӣ намуда, сабабҳои онро айнӣ ва зеҳнӣ медонистанд. Зеро гуфта мешуд, Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарондааст ва дар ибтидои истиқлол тақрибан ҳеч гуна унсурҳои давлатдориро шакл надода буд. Дар ин сурат "дасти қавӣ" барои чунин ҷомеаҳо албатта нақш дорад. Инро коршиносон рисолати аввалини Эмомалӣ Раҳмон медонанд, ки онро сарбаландона иҷро кард. Яъне аввалан сулҳу ваҳдат ва оромиро дар Тоҷикистон пойдор кард ва унсурҳои давлатдориро шакл дод, ё тақвият бахшид. Рисолати дувуми Эмомалӣ Раҳмон бо баргардондани гурезаҳо ва мухолифони сиёсиву низомиаш ба Тоҷикистон оғоз ёфт. Ҳамчунин, тибқи созишномаи сулҳи ба дастомада баъзе аз унсурҳои воқеии ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар Тоҷикистон пайдо шуданд. Аз ҷумла бар расмият шинохтани аҳзоби сиёсии мухолиф, расонаҳои мустақили хабарӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва дигар ба вуҷуд омаданд, ки Тоҷикистонро ба кишварҳои демократӣ наздиктар мекард. Бо ҳамин рисолати дуввумӣ шурӯъ шуд, ки дар шароити мухолифатҳои ақидативу ҳатто низомие, ки то як замони дигар вуҷуд доштанд, идора кардани ҷомеа кори осоне набуд. Коршиносон мегӯянд, ин рисолати худро Эмомалӣ Раҳмон пурра ба итмом мерасонд, агар раъйпурсии моҳи июли соли 2003 ба вуҷуд намеомад.

Ба назар чунин мерасид, ки мухолифони сиёсиро, ки акнун тақрибан аз муборизаи мусалаҳона даст кашида буданд, ин иқдоми ҳукумат ба шӯр овард. Ин нируҳо, ки то ин замон як навъ "ором" фаъолият доштанд, гуфтан мехостанд, ки акнун ба нақшаҳои воқеии ҳукумат сарфаҳм рафтанд.

Раъйпурсӣ гузашт. Баъди ду соли он интихоботи парлумонӣ ҳам паси сар шуд. Эътилофи интихоботи шаффофу демократии нируҳои мухолифи ҳукумат самара надод. Ҳукумат ҳамоно тавре рафтор мекард, ки гӯё чизи ҷиддӣ рух надодааст. Интихоботи президентии соли 2006 пеш омад. Нируҳои сиёсии нисбатан ҷиддии Тоҷикистон дар ин интихобот ширкат накарданд. Ва инро як навъ эътирози худ эълон карданд. Аммо ин интихобот дар марҳалаи бисёр ҳассоси геополитикӣ ва геостратегии Осиёи Марказӣ сурат мегирифт. Яъне он замон тағйироте дар кишварҳои минтақа ба миён омад. Узбакистон баъди ҳодисаҳои Андиҷон домони Урупоро раҳо карда, боз рӯ ба Русия овард. Қирғизистон як инқилобро паси сар намуда буд. Дар Қазоқистон амбитсияҳои оилавӣ ва наздикони президент сар зад. Дар Туркманистон дигар Сапармурод Ниёзов, президенти собиқ дар саҳнаи воқеъии сиёсат нуфузашро аз даст медод.

Ин интихобот Тоҷикистонро бояд ба марҳалаи дигар рӯ ба рӯ мекард, ки ба гунае онро таҳаввулот медонистанд. Дар ҳақиқат, пас аз интихобот ҳукумат комилан ба истеъфо рафт. Вале баъди ду рӯз ҳукумати нави куҳна аз нав фаъолияти худро идома дод. Дар ин миён танҳо бо омадани Ҳамрохон Зарифӣ ба курсии вазири корҳои хориҷӣ эҳсоси дилгармие ба вуҷуд омад.

Воқеан, пас аз иваз шудани вазири корҳои хориҷӣ сиёсати берунаи Тоҷикистон низ тағйир ёфт. Акнун, матбуоти русӣ ҳукумати Тоҷикистонро гоҳ бо ғарбгароӣ мутаҳам мекарданд, гоҳи дигар бо исломгароӣ. Сиёсати дарҳои боз воқеан ҳам "ноз" - и ҳукуматро дар миёни кишварҳои абарқудрат тақвият дод. Дар ин сурат нируҳои сиёсии мухолифи дохили ҳукумати Тоҷикистон як навъ раҳгумзада шуданд. Зеро агар аз ин пеш шахсиятҳои баландмартабаи кишварҳои ғарбӣ ё созмонҳои пурнуфӯзи байналмилалӣ то ин замон дар ҳар сафари худ ба Тоҷикистон бо онҳо мулоқоту суҳбатҳо анҷом медоданд, аз ин пас ин иқдомро тақрибан қатъ карданд. Зеро чун ҳукумати "ғарбпараст" ба гуфтаи матбуоти русӣ онҳоро қонеъ мекард, аз ҷониби дигар манфиатҳои геополитикии ин кишвару созмонҳо онҳоро намегузошт, ки дар минтақа таъсири худро коҳиш бидиҳанд. Аммо бо ҳамин як вазъе дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад, ки таҳаввулоти худро омода кардан ба он тақрибан номумкин ба назар мерасид. Зеро акнун Тоҷикистон мисли соли 1991 набуд, ки дар ин ҷо танҳо ҳузури фаъоли Русия ва андаки Эрон эҳсос шавад. Ҳоло дигар Тоҷикистон мисли ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ зери нигоҳи хоси ҳам ИМА, ҳам Урупо, ҳам Чин ва Русияву Эрон қарор дошт. Ин ҳолат агар аз як ҷониб барои ҳукуматҳо муваффақу мувофиқ бошад, ки бо истифодаи якеву гузаштан аз баҳри дигаре умри ҳукумати худро дароз кунанд, аз ҷониби дигар барои нируҳои дохилӣ мушкилоти сангин ба вуҷуд овард. Зеро як иқдоми ҳатто заъифи онҳо метавонист, боиси танишҳои бузургтар гардад ва дар натиҷа онҳо ба сифати "вайронкунандаи оромӣ" маънидод шаванд.

Масъулини ҳукумати Тоҷикистон то ин замон дар ин бора зиёд гуфтанд, ки онҳо аз дохили кишвар тақрибан эҳсоси хатар намебинанд ва ҳамеша ин изро аз хориҷа мекобанд. Дар ҳақиқат шурӯъ аз ҳодисаҳои феврали соли 2008 (қатли Захарченко ва қазияи Мирзохӯҷа Аҳмадов, соли 2009 боздошти пурҳангомаи Суҳроб Лангариев дар Кӯлоб, гирдиҳамоиҳои Хоруғ ва ҳаводиси Тавилдара ва қатли мармузи Мирзо Зиёев, соли 2010 маҳбусҳои фирорӣ ва ҳодисаҳои маълуми Рашту таркиш дар Хуҷанд, амалиёти Исфара) ва ҳамчунин танишҳои ахиран ба вуҷуд омада нисбат дар муносибат бо Русия нишон доданд, ки дар дохили кишвар нируҳое, ки ба амнияти давлат хатар эҷод кунанд, тақрибан вуҷуд надорад.

Агар чунин нируе вуҷуд надорад, ки ба амнияти давлат хатар эҷод кунад, таҳлилгарон суоли дигареро пеш мегузоранд. Чаро ҳукумат бо нируҳои сиёсии бигзор мухолифи худ, ки барои амнияти давлат бехатаранд, ҳамкорӣ кардан намехоҳад?

Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ дар ҷавоб ба ин суол мегӯяд, ҳукуматро аслан тарс аз кушодани асрори пасипардагиҳои зиёд, ки феълан дар фаъолиятҳои ҳукумат эҳсос мешавад, намегузорад бо онҳо ҳамкор бишавад. Ин посухи Зоировро намешавад, ҷиддӣ қабул кард. Ба ҳар сурат ифшои пардаи асрор аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ вазъро тағйир надод (қазияи Бонки миллӣ ва Хазини асъор дар замони раҳбарии Муродалӣ Алимардон).

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ зимни баррасии ин масъала онро бо адами фарҳанги ҳамкории ҳукумат бо нируҳои мухолиф дар шароити кишварҳои ба гуфтаи ӯ авторитарӣ мансуб медонад.

Бо ҳамин гуфта мешавад, заъфи нируҳои сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон боз сабабҳои айниву зеҳнӣ дорад. Аммо ин, ки нируҳои мазкур тавони пешкор шудан ба як таҳаввулотро надоранд, як ҳақиқат аст. Дар ин сурат суоли воқеъие пеш меояд. Агар Тоҷикистон ба як таҳаввулот ниёз дорад, онро бояд кӣ анҷом бидиҳад ва чӣ гуна?

Коршиносон мегӯянд, посухи ин суол рисолати сеюми Эмомалӣ Раҳмонро рӯи кор меорад. Ба гуфтаи онҳо президенти феълӣ масъул аст, ки раҳбарии як таҳаввулоти дигари самимиро ба уҳдаи худ бигирад. Зеро унсурҳои давлатдорӣ дар Тоҷикистон то андозае заъифанд, ки чунин рисолатро бардошт карда наметавонанд. Ҳамчунин, дар ҳолати икс (Х) хаоси саросарӣ аз эҳтимол дур нест.

Ҳоло агар таҳаввулоти мавриди назар дар доираи ҳамон консепсияе, ки Суҳроб Шарифов таҳия кардааст, гунҷоиш ёфта бошад, муҳтавои он барои ҷомеа муайян нест. Гуфта мешавад, феълан он дар дасти президент қарор дорад ва мавриди баррасӣ аст. Аммо ҷомеаи Тоҷикистон дар ин таҳаввулот чиро мехоҳад, мавзӯи дигарест, ки ба он баъдтар бармегардем.

Абдуазими Абдуваҳҳоб

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97