Сотсиал - демократҳо ҳизбашонро умумимиллӣ эълон карданд, аммо миллӣ мешаванд?

Сиёсат 05.12.2011 18:51

Zoirov_0101

«Мо дар интихоботи президентии соли 2013 иштирок хоҳем кард ва соли 2015 ҳатман вориди парлумон мешавем. Агар соли 2015 натавонем намояндагони ҳизбамонро вориди парлумон намоем, бояд раиси ҳизб аз сарварӣ канор биравад»,- гуфт Раҳматилло Зоиров раиси қадимаву тоза интихобшудаи Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистон. Ӯ ки дар як нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон, ки рӯзи 5 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, суҳбат мекард, иброз дошт, ки дар анҷумани навбатии ҳизб, ки рӯзи 4 декабр шуда гузашт, тағйироту иловаҳои зиёде ба Оиномаи ҳизб ворид гардид ва ҳафт масъалаи муҳим баррасӣ шуда ҳалли худро ёфтанд.

 

«Пештар дар мо вазифаи раиси ҳизб буд, акнун мо вазифаи нав сарвари ҳизб ва ё лидери ҳизбро ворид кардем. Дар муқоиса бигӯем агар сарвари ҳизб функсияҳои президент ё сарвари ҳизбро иҷро кунад, парламент ин шӯрои сиёсӣ бошад, ҳамраисон ва ё ҳукумати иҷроияе, ки дар сохтори ҳизб пештар набуд, ҳукумати бевоситаи ҳамин ҳизб аст» зикр кард ҷаноби Зоиров. Инчунин гуфт, ки раҳбарони ҳизб аз ин ба баъд танҳо дар ду давра ҳақ доранд, ки интихоб шаванд ва ҳангоми интихобот ҳатман бояд алтернатив дошта бошанд. «Ҳангоме ки як номзад пешниҳод шуд, ин на интихобот, балки таъинот ҳаст ва сарвар низ бояд алтернатив дошта бошад», -иброз дошт ӯ. Ба гуфтаи ӯ дар интихоби сарвари нави ҳизб чаҳор нафар пешниҳод шуда буданд ва ахиран ду нафар, Шӯҳрат Қудратов ва Раҳматилло Зоиров дар интихобот ширкат карданд ва бо аксари овозҳо Зоиров аз сари нав интихоб шуд. Тавре оқои Зоиров хабар дод, ки ҲСДТ тибқи оиномаи нав тағйири ном карда, Ҳизби умумимилии сотсиал- демократии Барои Тоҷикистони боадл ва ягона ё ба таври кӯтоҳ ҲУСД- ро ба худ мегирад.

Ба пурсиши хабарнигорон дар мавриди тағйири ном иброз дошт, ки мақсад аз чунин ном гирифтани ҳизб баёнгари он аст, ки ин ҳизб хоси ягон минтақа набуда, фарогири тамоми тоҷикистониён аст ва дар ҳайати вакилон ва раёсати шӯрои сиёсии ҳизб намояндагони дигар миллатҳои муқими Тоҷикистонро низ ворид кардааст. «Дар тамоми ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ба ғайр аз миллати тоҷик дигар миллатҳоро намебинем. Мо ба шӯрои сиёсиямон намояндагони дигар миллатҳоро низ ворид кардем», - гуфт ҷаноби Зоиров.

Zoirov0202Перомуни моҷарои халабонҳо ва фишор болои муҳоҷирини тоҷик ва хомӯшии ҳизби мазкур гуфт, ки ман ин амали ҷониби Русияро борҳо маҳкум кардам, аммо паҳлӯи ҳуқуқии он то ҳанӯз бароям норӯшан аст. «Ман хоҳиш кардам, ки мақомот ва ё журналистон матни ин ҳалномаи судиро ба ман дастрас намоянд, то битавонам шарҳе дар ин бора бидиҳам. Аммо ба ин масъала характери сиёсӣ додан аз ҷониби Русия нодуруст буд ва он фишорҳоеро, ки сари тоҷикони муҳоҷир овард боиси маҳкум кардан аст. Тоҷикистон бошад бори дигар мустақил набудани худро нишон дод», -гуфт Зоиров. Ба назари ӯ бекор кардани қарори суд аз ҷониби мақомоти марбут нодуруст будааст.

Тавре мафсуф баён дошт, имрӯз ҲСДТ ё ҲУСД 7 ҳазору 712 нафар аъзо дорад, ки 70% онҳоро ҷавонон ва 43% онро занон ташкил додаанд. Ҷаноби Зоиров мегӯяд, ки тамоми аъзои ҳизбашро бо ному насаб мешиносад.

Бархе аз таҳлилгарон ба ин назаранд, ки Раҳматилло Зоиров ҳам мисли дигар руасои аҳзоб бо дигар кардани ном ва низом ва сохтори ҳизб боз бе тағйир дар мақоми худ боқӣ монд. Бо пешниҳоди як ё ду нафар аъзои ҳизб ба сарварии ҳизби сотсиал- демократ, ки акнун Ҳизби умумимиллӣ ном гирифтааст бо як «ҳиллаи шаръӣ» бори чорум ба курсии раҳбарӣ такя задани ҷаноби Зоиров фикр мекунам баҳонае беш нест. Дар мавриди донистани ному насаби беш аз 7000 нафар нафар аъзои ин ҳизб агар муболиға набошад, дар ҳақиқат сазовори таҳсин аст ва бояд дигар раҳбарон низ дар ин масъала аз ӯ ибрат бигиранд, аммо бо донистани исмҳои онҳо, ки намояндагони дигар ақвом ҳам дар раёсатанд, оё ягон пешравие мешавад? Ё не? Зинда бошем, хоҳем дид.

Аъзамшоҳи Қуқаншоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97