Писари Муҳаммадрӯзӣ Искандаров: «Падарам ду моҳ пеш бояд озод мешуд»

Сиёсат 01.12.2011 11:46

Muhammadruzi_IskandaroVVVСоли ҳафтум аст, ки падари ман Муҳаммадрӯзӣ Искандаров алорағми ҳамаи меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ ва қонунҳои нофизаи Тоҷикистон, аз ҷумла Конститутсия, ки ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандро тазмин мекунад, бо иттиҳоми ғайри қонунӣ дар боздошт ба сар мебарад.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, бо дархости мақомоти Тоҷикистон 9 декабри соли 2004 боздошт шуд ва тули 4 моҳ дар боздоштгоҳи шаҳри Маскав буд. Баъди муроҷиъати наздикон ва мудохилаи созмонҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва расонаҳо, додситонии Маскав 4 апрели соли 2005 бинобар сабаби вуҷуд надоштани далели кофӣ барои боздошти минбаъда, ӯро озод намуд.

Аммо шиносономаи ӯро, ки зимни боздошт гирифта буданд, бар нагардониданд. Падари ман бинобар он имкони аз хона бидуни шиноснома баромаданро надошт. Аммо қасд дошт, ки ба Тоҷикистон бар гардад ва дар чаҳорчӯбаи қонун алайҳи иттиҳомоти ворида ба худ, даъвои қонунӣ кунад.

Дар айни ҳол, мақомоти Тоҷикистон аз озодии М. Искандаров аз сӯи Русияро дарднок пазируфтанд. Додситони кули русия, ки он замон зимни сафаре дар Тоҷикистон ба сар мебурд, озодии М. Искандаровро комилан қонунӣ унвон карда буд. Аммо баъди 11 рӯз, 15 апрели соли 2005 ба рағми қарори додситонии шаҳри Маскав ва эълони расмии Додситони кули он кишвар, хадамоти махсуси Русия бори дигар Искандаровро боздошт ва ғайри қонунӣ, тавассути парвози махсус ба Тоҷикистон фиристоданд.

Мо, пайвандон ва дӯстон тули 10 рӯз наметавонистем ӯро пайдо кунем. Аммо баъди муроҷиъатҳои беохири мо ва созмонҳои ҳуқуқӣ ва ахбори расонаҳо Додситони кули Тоҷикистон Б. Бобохонов эълон кард, ки М. Искандаров дар боздоштгоҳи Вазорати амният ба сар мебарад.

Бар асоси гузориши Б. Бобохонов М. Искандаров рӯзи 26 апрели соли 2005 дар шаҳри Душанбе бо шиносномаи тақаллубӣ боздошт шуда аст. Дар айни ҳол ВКД дар изҳороти расмии худ гуфт, ки Искандаровро аз Қирғизистон боздошт кардаанд.

Танҳо баъди муроҷиъати амаки ман, Темур Тошев ба созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба Кумисариёи Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ВКД расман бар асоси санад эътироф намуд. М. Искандаров бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Маскав боздошт шудааст.

Зарур аст ёдовар шуд, ки бар асоси муроҷиъати падари ман ва вакили ӯ Анна Ставитская Додгоҳи Аврупо Русияро дар боздошт ва истирдоди падарам муҷрим донист ва аз Русия талаб намуд, ба андозаи 30 ҳазор евро ҷуброн ба падари ман пардохт намояд?

Падари ман дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ бо далелҳои мушаххас собит кард, ки иттиҳоми алайҳи ӯ асос надорад. Ӯ тамоми қонуншиканиҳои дар нисбаташ суратгирфитаро аз оғози боздошт то мурофиаи додгоҳ ошкор кард. Мутаасифона, раиси мурофиаи додгоҳӣ, муовини раиси Долдгоҳи олӣ судя Зафар Азизов далелҳои овардаи ӯро ба инобат нагирифт ва ҳукми беасосу сангине, маҳрумият аз озодӣ барои 23 солро содир кард.

Баъди муроҷиати амаки ман Т. Тошев Кумисариёи ҳуқуқи башари СММ аз 30 марти соли 2011 аз мақомоти Тоҷикистон тақозо намуд, ки дар муддати 6 моҳ М. Искандаровро аз маҳбас озод кунанд ва ё парвандаи ӯ бо ҳузури намояндаи СММ мавриди бознигарӣ қарор дода шавад.

Аз муҳлате, ки СММ барои мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои ин кор дода буданд, ду моҳ пушти сар мешавад, аммо мақомоти Тоҷикистон ҳеч гуна посухе ба ин дархости Кумисариёи олии СММ дар умури ҳуқуқи башар надодаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба сурати расмӣ ӯҳдадор шудааст, ки тақозои Кумисариёи олии СММ-ро иҷро хоҳад кард.

Ман ҳамчун писари М. Искандаров ва ҳамчун ҳуқуқдон, ки аз мавзеъгирии мақомоти Тоҷикистон дар қазияи падарам қаноъатманд нестам, аз шумо даъват мекунам, ки дар амри ба мақомоти Тоҷикистон расонидани тақозои илзомоти иҷрои қарори Кумисариёи ҳукуқи башари СММ аз 30 марти соли 2011 ҳамкорӣ кунед.

Фирӯз Искандаров

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97