Ҷаноби Алимардон, ба Кӯлоб баргардед ва тӯҳфаҳои президентро ба соҳибонаш баргардонед

Сиёсат 28.11.2011 09:57

Рӯйхати хонагирон дар Кӯлоб чӣ сир дорад?

AlimarDonnnБа Кӯлоб баргардед ҷаноби Муродалӣ Алимардон ва ба мо бифаҳмонед, ки чаро чунин шуд? Чаро ҳудуди якуним сол мешавад, ки рӯйхати соҳибони хонаҳои нави тақсимкардаи Шуморо дар маҳаллаҳои навбунёд мо дастрас карда наметавонем, то дар матбуоти даврӣ интишор бидиҳем, ки киҳо "сазовор" - и хонаҳои нав шуданд ва чаро маҳз онҳо? Ахиран додситони калони шӯъбаи назорати умумии Додситонии вилояти Хатлон, ҷаноби Мусоҷонзода Ҷ. тавассути супориши Додситони кулли ҷумҳурӣ Шерхони Салимзода дар шаҳри Кӯлоб роҷеъ ба қазияи мазкур санҷиши додситонӣ гузаронида, он рӯйхатро дар даст доштанд, вале ба илтимосу талаби мо, ки оё метавонад нусхаи ин рӯйхатро дар ихтиёри мо вогузорад, ҷавоб дод, ки ӯ шахси ҳисоботдиҳанда аст ва ин корро бидуни иҷозати раҳбарияташ карда наметавонад. Оё дар ин санад рӯйхати мавзеъҳои стратегӣ сабт шудааст, ки онро дастрас кардан имкон надорад?! Ва ё он сирри ҳарбию давлатиеро дар худ ҳифз дорад, ки ба касе нишон додани он мумкин нест? Муҳтарам Алимардон, лутфан ба Кӯлоб биёед, лоақал омада он рӯйхатро дастраси мо гардонед, то ҳама бифаҳманд, ки он чӣ гуна рӯйхат аст!

"Манзили шахс дахлнопазир аст", аммо на дар Кӯлоб

Ҷаноби Алимардон, бори дигар ба Кӯлоб баргардед, ки аз 47 хонаи собиқи мардум, ки гӯё тибқи супориши Шумо дар соҳили чапи ҷӯйи Тебалай дар маҳаллаи Чармгари поён бояд валангор мекарданд, аллакай 43 адади онро тахту ҳамвор кардаанд ва ҳоло чор адади он боқӣ мондааст, ки мо онҳоро то имрӯз бо дастрасӣ ба моддаҳои ҷудогонаи қонуну қонунгузориҳои миллию байналмилалӣ ҳифзу ҳимоя карда истодаем! Биёд ва ба мардум бифаҳмонед, ки ин супориши шахсии Шумо нест ва ҳамроҳи хонаи мо ин чор хонаи боқимондаро ҳифз кунед!!!

Хонаҳои нав дар маҳаллаҳои навбунёд тавассути саховат ва муруввати президенти кишвар ба сокинони маҳаллӣ як навъ ҳадя шуда буданд, пас Шумо, ҷаноби Алимардон бори дигар ба Кӯлоб баргардед ва бифаҳмонед, ки чаро хонаҳои собиқи мо тахту ҳамвор карда мешаванд ва он ҳам бидуни ҷуброни талафоти моликияти мо??? Биёед ва бифаҳмонед, ки тибқи талабот ва муқаррароти Сарқонуни ҶТ (моддаи 22) "Манзили шахс дахлнопазир аст!" ва ба он даромадан бидуни иҷозати соҳибхона мамнӯъ! Биёед ва Шумо инро бифаҳмонед, мо ҳар қадаре, ки ба масъулин фаҳмондем, нафаҳмиданд!!! Ба даруни ҳавлиҳо трактору булдозер низ дароварданд! Ё шояд талаботи ин моддаи Сарқонун ба мо дахл надошта бошаду фақат ба вазирону кабирон ва ғановатмандону сарватмандон дахл дошта бошад???

600 рӯзи интизорӣ дар Кӯлоб барои посухи Алимардон

Ба Кӯлоб баргардед ҷаноби Алимардон ва ба мо бифаҳмонед, ки он ҳама садҳо мактубу аризаҳое, ки шахсан ба Шумо он шабу рӯз супурда будем, куҷо шуданд ва чаро ба ҳеч кадоми он на Шумо ва на Ситоде, ки онро раҳбарӣ мекардед, посухи хаттӣ нагардонидед??? Биёед бори дигар ба Кӯлоб ва бифаҳмонед, ки оё қонунҳо сирф барои мо мардуми оддӣ қабул карда мешаванд ва фақат моро масъулу муваззаф месозанд??? Агар на, чаро барои баррасии мактубу муроҷиатҳо ва арзу шикоёт ва посухи хаттӣ Қонуни ҶТ "Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон" барои масъулини ҳукуматӣ фақат аз понздаҳ то сӣ рӯз муқаррар кардаасту Шумо ва масъулин бо гузаштани 600 (шашсад) рӯз ҳам моро сазовор ва арзишманди посухе намедонеду намедонанд??? Биёд ва бифаҳмонед, ки хонаҳои собиқи мо арзиши то 40 ҳазор доллари ИМА - ро доштанд, ҷуброни талафоти онро аз кӣ талаб кунем???

Муҳтарам Алимардон, ваъда кардед, вафо ку?

Ба Кӯлоб баргашта мефаҳмондед, ки ба чӣ ҳақ ахиран масъулин саросема бо трактор омада, охирин деворҳои боқимондаи хонаи маҳз яке аз муаллифони ин сатрҳо (Ҷумъахон Алимӣ) - ро ба хок яксон карда рафтанд??? Ҳамон Ҷумъахон Алимиеро, ки шаби офати табиӣ ҳудуди 16 (нафар) ҳамсояҳоро дар хонаашон паноҳ дода, ҳифз карда буд, то аз офат наҷот ёбанд! Ҳамоне, ки тибқи тавсияи Сарвазири кишвар узви Ситоди ҷумҳуриявӣ гардида, ҳамроҳи Шумо оқибатҳои офати табииро рафъ мекард ва Шумо дар шоҳидии чанд нафар ба ӯ ва фарзандонаш хонаи нав ваъда карда будед! Пас Шумо ва он хонаи ваъдакардаатон куҷо шудед??? Шояд дидед, ки ӯ аз камбудиҳо рӯйирост ҳарф мезанад ва дар ҳарос шудед ва ё нафарони масъули дигаре садди ин роҳатон гардиданд???

Биёед ҷаноби Алимардон ва ба масъулини Кӯлоб бифаҳмонед, ки ҳатто роҳҳои нақлиётии байналмилалие, ки дар ҷумҳурӣ месозанд, аз 8 то 12 метр васеъанд! Роҳҳои нақлиётие, ки бояд масъулини Кӯлоб аз ду тарафи ҷӯйи Тебалай бисозанд то 30 (сӣ) метрӣ паҳно доранд ва чаро чунин аст ва гӯё Ситоди собиқ маҳз тавассути раҳбарии Шумо чунин қарор қабул карда бошад???

Ахиран додситонӣ дар баробари чор нафар масъулини Кӯлоб парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, тафтишот мебарад! Ҷаноби Алимардон, ба Кӯлоб баргардед ва ба муфаттишин бифаҳмонед, ки онҳое, ки мустақиман ва бевосита дар "тақсимот" - и хонаҳои нав даст дошта, машғул буданд, берун аз ин парвандаҳои ҷиноӣ мондаанд!!!

Инак қариб 600 (шашсад) шабонарӯз аз офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб дар шакли селобе мегузарад! Вале ҳамоно қазия ва мушкилоти зиёде боқӣ мондааст!

"Ба подшоҳ бигӯед, ки бинои мулк бар пояи адл устувор аст"

Бузургон гуфтаанд, ки корҳои носавоб ва хатоҳои гузашта бояд дарси ибрат ва сабақ гарданд, вагарна такрори ҳаводис мумкин аст ва боз дар шакли вазнинтар! Офати табиие, ки ба сари мардуми Кӯлобшаҳри бостонӣ нимаи аввали моҳи майи соли гузашта омад, шаҳодат аз он дод, ки мо бояд дар радифи дастоварду комёбиҳо ба ҳар як паёмади манфӣ ва офатҳои табиию ҳодисаҳои ғайричашмдошти фавқулодда низ омодагии комил дошта бошем. Чун аз расонаҳои хабарӣ, садою симо ва мусоҳибону ҳолдонҳо огаҳӣ дорем, рӯзҳои нахустини офати табиии Кӯлобшаҳр тавассути кӯшиши сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рафъи авоқиби офат ончунон хайру сахо ва эҳсону баракот бар сари офатрасидаҳо фурӯ рехта шуда буд, ки ҳатто назирашро кишварҳои мутамаддин надида буданд. Воқеъан ҳам, ин нишонгари он буд, ки мо соҳиб дорем ва ӯ метавонад пуштибони ҳаммиллатон ва шаҳрвандонаш бошад! Мардуми водии Вахшу Душанбе ва дигар манотиқи кишвар низ мувофиқи имкон офатзадаҳоро бо маводи озуқа ва сару либос бо даъвати виҷдону инсоф таъмин мекарданд.

Бо супориш ва қарори махсуси раҳбари давлат Ситоди ҷумҳуриявие таҳти раҳбарии муовини сарвазир, ҷаноби Муродалӣ Алимардон низ таъсис дода шуд ва ин ситод аз рӯзҳои нахуст тадобири муассиреро андешида тавонист, то вазъу ҳолати мардум то дараҷае роҳаттар гардад. Барои мардуми зиёди офатзада бунёди шаш маҳаллаи истиқоматӣ дар маҷмӯъ бо фарогирии ҳудуди 620 (шашсаду бист) манзили сукунатӣ ба роҳ андохта шуд. Вале, мутаассифона, чун тақсимоти ин хонаҳо шурӯъ шуд, номуназзамию номураттабие дар кори Ситод ва шаҳрдории Кӯлоб ба мушоҳида расид. Албатта, қисмате аз овозаҳо ғалатию ҳайратӣ ва тааҷҷубангезанд ва шояд асосу поя ва заминае надошта бошанд. Гуё баъзе хонаводаҳо дафтарҳои ҳавлӣ ва шиносномаҳои техникии зиёд дошта бошанд, аз ду то се хонаи навро соҳиб шуданд, вале хоҷагиҳои дигар, ки то 5 - 6 оила дар як хона сукунат доштанд, бидуни хонаҳои нав монданд ва ё соҳиби як хонаи нав шуданд ва ҳамин тариқ байни чандин оилаҳо ҷангу ҷидолҳо шудааст. Қисмате аз офатзадаҳои кӯчаҳои Чармгари Поён ва Нонбойи Поён бе хонаю дар монданд. Масалан, барои баъзе хоҷагию ҳавлиҳое, ки дар кӯчаи Чармгари Поён аз 4 то 6 оила маскун буданд, ҷудо намудани як хонаи навро мувофиқ донистанд, яъне аз 3 то 5 оилаи дигарашон дар хонаҳои садамавӣ боқӣ монданд, вале аҷиб аст, ки оилаҳое аз ҳудуди деҳоти Сангпар, Даҳана, Сариосиёб, Ҷангалбошӣ, Тоқакаппа, Мирапоқ (ҳатто нафаре аз ш. Душанбе), кӯчаҳои Н. Ҳувайдуллоев, Абдушукурова, Содиқов, И. Сомонӣ, Хатти Роҳ, Суғдиёни шаҳри Кӯлоб ва чанд мавзеъю маҳалла ва деҳоти дигар, ки умуман ба селоб ва Сойи Тебалай наздикие ҳам надоштанд, оварда дар хонаҳои навбунёд ҷой карда шуданд. Чанд комиссияи "бонуфуз" - и маҳаллӣ ташкил шуда, гӯё ҳамагӣ 20 - 30 хона ғайриқонунӣ ва "тасодуфӣ" тақсим шуда бошад, онҳоро холӣ карда рафтанд. На ягон нафари масъул барои сари вақт тоза накардани ҷӯйи Тебалай ҷазо гирифт ва на ягон нафари масъул посухи мушаххасу дуруст дода тавонист, ки чаро баъзе хоҷагиҳо соҳиби 2 то 3 хонаи нав шуданд ва чаро дигар хоҷагиҳое, ки то 4 - 6 оила сукунат доштанд, фақат соҳиби 1 хонаи нав шуданду халос? Президенти кишвар ҳанӯз моҳи августи соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб ба тариқи расмӣ эълон намуд, ки аллакай корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба анҷом расидааст, вале мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ҳоло низ дар қад - қади ҷӯйи Тебалай ҳудуди кӯчаи Чармгари поён ба вайрону хароб кардани хонаҳои осебдидаю осебнадидаи мардум даст зада истодаанд ва маълум нест, ки оилаҳои мутабоқии ин хонаводаҳо ба куҷо кӯч банданд? Алъон ҳудуди зиёда аз якуним сол мешавад, ки ҳазорон мактубу аризаи шаҳрвандони мусибатдида ба суроғаи Дастгоҳи иҷроияи Президент, ҳукумати вилоят ва шаҳрдории Кӯлоб бе посух мондаанд.

Дар ҳар сурат, "То шамол набошад барги дарахт намеҷунбад" гуфтани масале ҳаст! Мисли оне, ки сараввал расман эълон доштанд, ки гӯё тамоми аҳолии маҳаллаҳои Нонбои поён ва Чармгарон кӯчонида мешаванд ва баъди чанде аз тасмим ва раъйашон чиновникҳои маҳаллӣ баргаштанд, имрӯзҳо нафаре омада аз номи мақомоти маҳаллӣ эълон медорад, ки дар масофаи шаст метр аз наздикии ҷӯйи Тебалай мардум кӯчонида мешаванд, фардо нафаре ба намояндагӣ аз мақомоти дигаре омада эълон медорад, ки сӣ метр, рӯзи дигар понздаҳ метр! Мардуми бесарпаноҳ бошад, ҳоло ҳам ба умеди раиси ҷумҳур ҳамчун умеди охирин мунтазиранд! Дар ҳар сурат сари ин масойилу мушкилот бояд андеша ронд!

Аввал қуръапартоӣ, баъдан ҳатулкорӣ?!

Ситод маънии мақоми раҳбарӣ ва идории вазъу ҳолати бӯҳронист ва он як ниҳоди муваққатӣ буда, бояд раҳбар, якчанд муовин ва ҳайати аъзо дошта бошад! Мутаассифона, ягон нафар аз офатзадаҳо ва умуман шаҳрвандон гуфта наметавонад, ки ба ҷуз Алимардон, муовинон ва аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди рафъи авоқиби офати табиӣ киҳо буданд?! Ҳамин тариқ, сараввал ду - се маротиба ба тариқи қуръапартоӣ ҷои сукунати минбаъда ва хонаҳои истиқоматии офатзадаҳо муайян карда шуданд. Вале дар маҷмӯъ ҳолдонҳо мегӯянд, ки қариб 300 - 400 хона ва соҳибонашон ба тариқи шаффоф ва дар ҳузури ҳамдигар таъйин ва ташхис карда шуданду боқимонда 100 - 200 манзили сукунатӣ пушти парда ва дарҳои баста дар утоқҳои мақомоти шаҳрдорӣ ва Ситод "тақсим ва таъйин" гаштанд. Дар ҳолате, ки ҳоло ҳам қариб 200 - 300 оилаҳои офатзада дар хонаҳои вайрону хароб ва садамавии маҳаллаҳои Чармгари поён ва Нонбойи поён тобистони гарм ва зимистони сардро мегузаронанд, қисмате аз сардорони оила ва хоҷагиҳо баҳузур ва роҳат соҳиби 2 - 3 хонаи нав гашта, ба роҳат зиндагӣ доранд! Бештари аҳолии офатзадаи боқимонда ҳоло ҳам дар ҳавлиҳои вайрону садамавӣ сукунат доранд ва касе гуфта наметавонад, ки ҳоли онҳо дар тобистони гарму тирамаҳу зимистонҳои баъдина чӣ гуна мешуда бошад? Ин хуб аст, ки барои нафарони зиёде хона сохта додаанд, ки соҳибкоранд, вале барои хоҷагиҳое, ки дорои чор то шаш оила ва дар маҷмӯъ то 20 - 25 аъзои оила буданд, як манзили сукунатӣ бунёд кардаанд, ки дар доираи ягон мантиқ наметавонад биғунҷад! Бахусус, ҳоли табоҳи яке аз пешвоёни маорифи шаҳри Кӯлоб, ки собиқаи 45 солаи муаллимӣ дошт, шодравон Каримов Қодирро дида, дили кас реш - реш мешавад! Барои 6 (шаш) оилае, ки дар хоҷагии ӯ сукунат доштанд, 1 хона сохта доданд ва имрӯзҳо мехоҳанд ҳавлии собиқашро вайрону валангор кунанд! Ба гумонам қазияи хонаводаҳои ӯ ҳоҷат ба шарҳу тафсири зиёдтаре надорад!

Чун Ситоди ҷумҳуриявӣ низ макон ва мақарри муайян ва алоҳидае надошт, намояндагони оилаҳои офатзада аз саҳар то шом гоҳ тарафи шаҳрдорӣ дар ҷустуҷӯи ҳақиқат медавиданду гоҳ тарафи микрорайони даҳуму собиқ бинои Комиҷроияи вилоят, чаро ки агар қисмате аз шахсони масъул ва ҳайатҳои комиссия дар бинои шаҳрдорӣ фаъолият дошта бошанд, ашхоси масъулу салоҳиятноки рафъи офати табиӣ ва тақсимоти манзилҳои сукунатӣ дар ҳар гӯшаю канори шаҳр муқим буданд ва онҳоро пайдо кардану арзи ҳол намудан барои шаҳрвандон аз авоқиби офати табиӣ низ сангинтар буд. Ҳатто ҷаноби Алимардон низ ҷою макони мушаххасе надошт, ки бо ӯ мусоҳиб шудан имкон дошта бошад ва ахиран дар як моҳ қариб як ё ду маротиба дар шаҳр пайдо шуда, боз нопадид мегардид. Дуруст аст, ки чанд маротиба ӯ бо шаҳрдори Кӯлоб, ҷаноби Ҳамид Абдуллоев бо мардум вохӯрӣ ташкил карданд, вале натоиҷи чашмрасу мушаххасе, ки ба бор намеоварданд, мардум ҳафтаю моҳҳо дар интизори онҳо боз менишастанд ва дар баъзе вақтҳо зарурат пеш омада буд, ки аз зӯри бозуи кормандони шӯъбаи корҳои дохила корбурд шавад.

Қисме аз аҳолии офатзадаи Кӯлобшаҳр ҳам соҳиби хонаю дар шуданд ва ҳам хонаҳои собиқашон низ ба яке аз оилаҳояшон боқӣ монд. Вале ҳоли табоҳи мардуми офатзадаи ҳар ду тарафи ҷӯйи Тебалайро тасвиру тасаввур кардан мушкил аст, ки гӯё дар масофаи симетраи муқарраркардаи ҳукумат ҷой гирифтаанд ва ҳавлиҳои собиқи онҳо бояд ба хок яксон шуда, соҳилҳои ҷӯйи васеътар карда шавад. Ин дар ҳолест, ки қад - қади ин ҷӯйи хона ва ҳавлиҳое вуҷуд доштанд, ки аз 4 (чор) то 6 (шаш) оила сукунат доранд. Ба қавли онҳо бо таъмин гаштан бо як манзили сукунатӣ, ки ҳамагӣ аз 4 - 5 утоқи зист иборат аст, аз 15 то 25 аъзои оилаҳояшонро намедонанд чӣ гуна дар он ҷо ҷой кунанд!? Ҳоло аксари хонаҳои собиқи ин мардум вайрону валангор ва ё нимавайрону хароб карда шудаанд! Маълум нест, ки ин амалҳо дар асоси кадом санаду қонунҳо иҷро карда шудаанд??? Тибқи талаботи моддаи 18 - уми Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳифзу ҳимояи аҳолӣ ва ҳудудҳо дар ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта" ("Ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзу ҳимояи аҳолӣ ва ҳудудҳо дар ҳолатҳои фавқулодда") - "…шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд:…- барои ҷуброни талафоте, ки ба саломатӣ ва моликияти онҳо дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда расонида шудаанд, муроҷиат намоянд". Пас талафоти моликиятию молу мулкии хоҷагиҳои моро, ки бо супориш ва дастурҳои иҷбории шахсони масъули ҳукумати шаҳри Кӯлоб расонида шудаанд ва гӯё "ба мақсади васеъ кардани соҳилҳои сой" кӣ ҷуброн карда метавониста бошад?

Кӯлоб: Нобоварӣ ба намояндаи президент

Сабаби асосии чунин ҳоли табоҳ он гаштааст, ки гӯё ба қавли масъулин дар як ҳавлӣ бояд якчанд "дафтари хоҷагӣ" ё "шиносномаи техникӣ" мешудааст. Суоли матраҳ он аст, ки аз куҷо қисмати мардум зуд ва фавран соҳиби "шиносномаҳои иловагии техникӣ" шуданду боқӣ, ки дар як хоҷагӣ 4 то 6 ойила маскун буданд ва воқеан ҳам як дафтари ҳавлӣ ва "шиносномаи техникӣ" доштанд, бидуни чунин санад монданд ? Мо бояд воқеан дар қайди ҳамин хоҷагӣ сабтшудагон ва ҷонҳои зиндаро ба ҳисоб мегирифтем ва ё вуҷуд доштани якчанд "шиносномаҳои техникӣ" - ро?

Шаҳр ҳоло пур аз овозаҳои росту дурӯғе гаштааст, ки намедонӣ ба кадомаш бовар кунӣ ва ба кадомаш не!? Кор то ҷое расидааст, ки аксари офатзадаҳо ва мардум фақат ба раиси ҷумҳур, раҳбари давлат бовар ва эътимоду ихлос дошта, ба мақомоти маҳаллӣ заррае эътимод надоранд! Шояд аз он сабаб бошад, ки маҳз президенти кишвар ғамхору пуштибони мардум асту чиновникҳои маҳаллӣ дар ғами хешу ақрабои худ! Вагарна, чаро теъдоди ноқаноатмандон аз "ҳайати комиссияҳо" афзудан дораду теъдоди ихлосмандони раиси ҷумҳур низ ба ҳамин дараҷа афзудан!? Суоли рӯзмарра он аст, ки тақсимоти манзилҳои сукунатии тӯҳфакардаи раиси ҷумҳур мувофиқи кадом меъёру муқаррароти қаблан таъйиншуда ба роҳ монда шуд? Агар сохтмони хонаҳо тибқи ҳисобу китобҳои қаблии комиссияҳои босалоҳият ба роҳ монда шудаанд, пас чаро қисмате аз мардуми офатрасида то имрӯз ҳам соҳиби манзилҳои нав шуда натавонистанд??? Оё дар хоҷагиҳои офатзада вуҷуд доштану сукунат кардани собиқадорони ҷангу меҳнат, инвалидҳои истеҳсолӣ, ходимони ҷамъиятию илму фарҳанг, қаҳрамонмодарон ва ғайраю ҳоказо ба назар гирифта шуд ё на? Агар ба эътибор гирифта мешуд, мардум ба чиновникҳои маҳаллӣ изҳори нобоварӣ карда, дар марказҳои интернетӣ фақат ба суроғаи раиси ҷумҳур равон кардани муроҷиатномаю шикоятномаҳоро дар ин якуним соли ахир пешаи асосии худ қарор намедоданд!

Навишта гиред!

Дар маҷмӯъ зимни рӯй додани фалокат ва офатҳои табиӣ гумонамон бояд чунин чораю тадобир андешида шавад, то минбаъд аз саховатпешагию ҷавонмардии мӯҳтарам раиси ҷумҳур сӯиистифода карда нашавад:

1. Сараввал Ситоде, ки ташкил мешавад, бояд ҷою макони муайян дошта бошад, ки кулфатзадагон сарсону саргардон набошанд; Ҳайати Ситод бояд ба тариқи шаффоф фаъолият карда, муназзаман аҳолиро аз фаъолияти худ бепарда ва рӯирост тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ кунад, то пеши роҳи овозаҳо ва миш - мишҳои росту дурӯғ гирифта шавад;

2. Дар ҳайатҳои комиссияҳо ва Ситодҳо ҳатман намояндагони расонаҳои хабарӣ, иттифоқҳои касаба, комитетҳои маҳалла, аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷавонон,   фаъолони ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва махсусан занҳо аз ҳисоби худи офатзадагон шомил карда шаванд;

3. Тақсимоти маводи озуқаю либоса, бахусус манзилҳои зист бояд тавассути меъёрҳо ва нишондиҳандаҳои махсуси қаблан тарҳрезӣ шуда ба роҳ монда шавад, на ин ки бо пешниҳоди раисони комитетҳои маҳаллаҳо ва ё пушти дарҳои баста;

4. Маводи озуқаи расида саривақт тақсим карда шавад, на дар шакли пӯсидаю фарсуда;

5. Қабл аз ҳама, зимни тақсимоти манзилҳои сукунатӣ ҳадди ақал бояд чунин гурӯҳи одамон имтиёз дошта бошанд; ашхосе, ки хонаашон пурра хароб гаштааст; ашхосе, ки собиқаи меҳнатӣ ва ё ҷангӣ доранд; ашхосе, ки хидматҳояшон бо нишону ифтихорномаҳои давлатию ҳукуматӣ қадр гаштаанд; ашхосе, ки серфарзанданд; ашхосе, ки маъюби истеҳсолианд ва ё мубталои бемориҳои вазнинанд; танҳомодарон (беваҳо) - и фарзанддор; хидматчиёни давлатӣ; ашхосе, ки дар як ҳавли ҳамроҳ бо 3 - 6 оила ва ҳудуди 20 - 25 фарзанду келину домод сукунат доранд.

Дар ҳолате, ки сарвари давлат ҷон дар кафи даст ва бо дасту дили пок ба тариқи шабонарӯзӣ ҷиҳати беҳдошти ҳолати иқтисодию иҷтимоии мардум ва болобарии симои байналмилалии ҷумҳуриамон меҳнату заҳмат мекунанд, дар сатҳҳои маҳаллӣ ашхоси расмию масъуле ҳоло низ ҳастанд, ки дар ҳамдастию ҳамфикрӣ бо забони мардум сӯҳбат карда наметавонанд! Албатта шумораи чунин ашхоси каммасъулу вазифаношинос аз 4 - 5 нафар зиёд нест, вале дар ҳар сурат метавонанд аксари мардуми боинсофу заҳматкаши моро доғдор намоянд!

Ҳоло чандест, ки бо супориши Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода қазияи мазкур бо талабу тақозоҳои мукаррари мардуми маҳаллии осебу ранҷдида таҳти санҷишу тафтише қарор дода шудааст! Вале, бубинем оё натиҷаҳои ниҳоии он дастраси мардум мегарданд ва ё тавассути ВАУ инъикос хоҳанд ёфт ва ё на?! Ва ё боз пушти парда розҳои нуҳуфтае боқӣ хоҳанд монд.

Ва ё беҳтараш мӯҳтарам Алимардон, ки раҳбарии Ситодро бар ӯҳда доштанд, бори дигар омада ҷиддан ин ҳама барҳаму дарҳамиҳоро ислоҳ мекарда бошанд??? Наход ин дафъа ҳам ҳама дахолату ташаббуси президенти кишварро мунтазир шуда истанд!? Охир ҷомеъа наметавонад бо такя фақат ба як нафар (бигзор агар ӯ нафари хеле фавқулодда бошад ҳам) амал кунад! Пас вазирону кабирон, вакилону раисон, додситонҳою додгустарҳо чӣ бояд кунанд???

Ҳоло мушаххас ва мусаллам аст, ки масъулин роҷеъ ба рафъи авоқиби офати табийи дар Кӯлоб рӯйдода ба ҳукумати марказӣ як навъ ҳисоботи расмӣ пешниҳод кардаанд. Хоҳишмандем, навиштаҳои мо ва ин матлаб як навъ "Ҳисоботи алтернативии шаҳрвандӣ" ҳисобида шавад!!!

Медонем, ки зӯру қудрати додгустару додситонҳо ба шумо намерасад! Вале, ҷаноби Алимардон ба Кӯлоб баргардед ва ҷуброни талафоти молии моро, ки хонаҳоямонро бо супориши Шумо вайрону хароб кардаанд, пардохт намоед, вагарна то қиёмат гиребонгиратон мешавем!!!

Ҷумъахон АЛИМӢ,

Аҳрор САФАРО,

Барот ҚУРБОНОВ,

Беҳруз КАРИМОВ,

Умаралӣ УСМОНОВ,

Сайидмурод ШАРИФОВ, сокинони маҳаллаи Чармгарон, махсус барои ҷаноби Алимардон ва рӯзномаи "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97