Халабонҳо озод шуданд: Маскав Душанберо маҷбур кард, ки адолатро риоя кунад

Сиёсат 25.11.2011 10:04

Қӯрғонтеппа боз ҳам минтақаи «доғ»

Khalabonho_22 –юми ноябр шояд аз пур- эҳсостарин рӯзҳои шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба ҳисоб мерафт, ки ба қавле гӯши ҷаҳон ба рафти мурофиаи судии халабонҳои ширкати русии «Ролкан» буд. Чун аз рӯи оддати маъмулӣ дар даромадгоҳи суди вилояти Хатлон «ҳокимияти чаҳорум» майда номнавис мешуданд. Аз ҳузури намояндагони ВАУ-и дохилию хориҷӣ эҳсос мешуд, ки дар баробари расонаҳои хориҷӣ инчунин ВАУ давлатӣ низ ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ пайдо кардаанд. Ва дуруст ҳам карданд, зеро дар ҳамин шабу рӯз барои тамоми мардуми Тоҷикистон лозим буд, ки ҳарчӣ зудтар аз хулосаи суди кассатсионии Хатлон нисбат ба халабонҳо огоҳ шаванд. Охир тақдири садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аз хулосаи суди кассатсионии Хатлон вобастагӣ дошт. Не?

«Великая держава» ва гарданкаҷии ҳамватани мо

Дар рафти мурофиаи судӣ даҳҳо нафар сокинони хатлонӣ берун аз панҷараҳои раёсати суди вилоят мунтазири ҳукми додгоҳ буданд. Миёни хабарнигорони расонаҳои Русия ва тамошогарон панҷараи оҳанин ҳам бошад, аммо сӯҳбатҳо атрофи тақдири минбаъдаи муҳоҷирони мо ва муносибатҳои минбаъдаи Душанбеву Маскав торафт гарм мешуд.

Ман аз суҳбати як ҳамватанамон бо ин расонаҳо, ки Русияро «великая держава» мегуфту вобастагии иқтисодии тоҷиконро аз он кишвар аз воқеият ҳам зиёдтар тасвир мекард, озурда шуда, ба канор рафтам. Дигар аз сокинони қатории маркази Хатлон, ки мунтазири озод шудани халабонҳои рус буданд, бо таассуф мегӯянд, ки баъди ҳаводиси ахири Қӯрғонтеппа (манзур додгоҳи халабонҳо дар ин шаҳр-муаллиф) фарзандони онҳо дар Русия озод гашту гузор карда наметавонанд ва ҳамагӣ мунтазири нарм шудани муносибатҳо баъди озод шудани халабонҳои рус мебошанд.

Ҳарчанд ҷонибҳо рабт надоштани «депортатция»-и муҳоҷиронро ба ҳукми суди Қӯрғонтеппа исбот карданӣ мешаванд, аммо тасмимҳои ошкорои Русия, ки маҳз дар рӯзҳои аввали баъди ҳамин ҳукм ба вуқуъ пайваст, парда аз рӯи бисёр муаммоҳои сиёсиро бардошт. Башар шоҳиди бурузи хашми Маскав нисбат ба ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа дар симои чеҳраҳои сиёсии он кишвар шуд.

Судяи ҷавони ботаҷриба ва дӯсти рӯзноманигорон

Ҳамин тавр додгоҳи касматсионие, ки ҷомеаи ду кишвари баҳскунанда интизори он буданд, субҳи 21-уми ноябр оғоз гардид. Мурофиаро яке аз судяҳои ҷавони Додгоҳи вилояти Хатлон Алимшо Қурбонов оғоз намуд. Воқеан, интихоби Алимшо Қурбонов ба ҳайси раиси мурофиаи халабонҳо ба маврид буд. Зеро Алимшо, ки аз дӯстони рӯзноманигорон ба ҳисоб рафта, ба қавле ӯро «куратор»-и ВАУ низ мегӯянд, бисёр аз нозукиҳои мурофиаро, ки метавонист, боиси вокунишҳои расонаӣ шавад, бо муваффақ ба анҷом расонид.

Ҳама чиз тибқи сенария

Толибҷон Азимов, намояндаи додситонии вилояти Хатлон зимни баромади хеш ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппаро нисбат ба Владимир Садовничий ва Алексей Руденко вазнин хонда, аз Ҳайати машваратии додгоҳи Хатлон талаб кард, ки айбдоршавандаҳо мувофиқи моддаи 289 қоҷокгарӣ ва моддаи 335 вайрон кардани сарҳади давлатии Тоҷикистон айбдор дониста шуда, нисбаташон аз рӯи ҷамъи моддаҳои номбаршуда, дувуним солӣ аз озодӣ маҳрум эълон карда, дар асоси қонуни афви Тоҷикистон ва бинобар аз ин пеш ним сол дар маҳбас будани онҳо аз толори суд озод карда шаванд.

Дар мурофиа инчунин айбдоршавандаҳо ва муҳофизи ҳуқуқии онҳо сухан ронда, аз додгоҳ талаб карданд, ки судшавандаҳо пурра сафед карда шаванд. Зеро ягон гуноҳе надоранд. Ҳамин тавр Ҳайати машваратии додгоҳи Хатлон танаффус эълон карданду рӯзноманигорон барои хабарпахшкунӣ ба берун баромаданд.

Адвокат ҳам хуб нақш бозид

Дар вақти танаффуси тӯлонӣ муҳофизи ҳуқуқии халабонҳо Ғулом Бобоев чун ҳарвақта сухани гуфтанӣ дошт: «Парвандаи ин халабонҳо ягон ангезаи сиёсӣ надорад. Ва вокунишҳои як ҳафтаи охири Русия ба рафти суди кассатсионӣ таъсир нахоҳад гузошт. Мақомоти судии Хатлон ҳокимияти мустақил аст ва мо мутмаинем, ки коллегияи судии вилояти Хатлон, ки аз ҳуқуқшиносони беҳтарин таркиб ёфтаанд, нисбат ба ин парванда ҳукми одилона хоҳанд баровард». Ғулом Бобоев ҳанӯз пеш аз эълони ҳукми додгоҳи Хатлон аз касбияти баланди раиси суди вилоят ва муовинони коллегияи судӣ ҳарф мезад. Ба гуфтаи ӯ, дар таърихи мурофиаҳои судии қаламрави вилоят борҳо чунин ҳолатҳо рух додаанд, ки ба ҳукми судҳои зинаи поёнӣ суди кассатсионии Хатлон ҳукмҳои одилона баровардааст.

Khalabonho___Воқеан ҳам Ғулом Бобоев аз зумраи шахсиятҳои маъруфи Хатлон ба ҳисоб меравад, ки дар солҳои 1992 аз «фигура»-ҳои асосии нируҳои ҳукумати навтаъсис будани худ дарак дода буд. Ӯ чаҳорумин нафар аз миёни лидерони ду ҷониби Сулҳи аввали тоҷикон буд, ки баъди садо додани Гимн дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон Парчами Тоҷикистонро бӯса зада буд. Баъдан собиқ сардори Ситоди Фронти Халқӣ ва як замони дигар Сардори Раёсати корҳои дохилии собиқ вилояти Қӯрғонтеппа аз назарҳо ғоиб шуд. Ҳарчанд сиёсатмадорони давр нақши калидии ӯро дар барқарорсозии ҳокимияти қонунӣ истисно намекарданд. Он солҳо то дарвозабонҳои он Ситоде, ки ҳокимиятро ба даст овард, вазиру кабир шуданд, аммо Ғулом Бобоев ба ҳукми фаромӯшӣ рафта буд. Ин адвокатро баъзе ҳамсолонаш шӯхиомез, муаллифи «облава»-и таърихӣ меноманд. Шоҳидони вақт нақл мекунанд, ки дар арафаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ маҳз Ғулом Бобоев баъзе мансабталошони тарсуро дарёфт карда, иҷборан ба чархбол савор карда, барои наҷоти Ватан ба Иҷлосияи 16-ум фиристода буд. Инсонҳое, ки ӯро хуб мешиносанд, дар ҳаққаш мегӯянд, аз зумраи шахсонест, ки танҳо ва танҳо барои адолат мубориза мебарад. Вақти танаффуси мурофиаи судӣ ба ӯ гуфтам: - Акаи Ғулом, Шуморо дар байни ду оташ мондааст, мегӯянд. Аз як тараф дар гузашта як муборизи барқарор намудани ҳокимияти қонунӣ будед, аз ҷониби дигар Шуморо офитсер-дастпарвари мактабҳои ҳарбии Русия ном мебаранд. Дар ҳоли ҳозир мавқеи шахсии Шумо чӣ гуна аст?

Ӯ дар посух ба ин суол гуфт: -Ман дар байни ягон обу оташ нестам. Ман ҳамон одаме ҳастам, ки ту гуфтӣ: чаҳорумин нафаре, ки дар Иҷлосияи тақдирсоз Парчами Тоҷикистонро бӯсида будам. Ҳамон замон ҳам гуфта будам ва ҳоло ҳам мегӯям, ман барои адолат мубориза мебарам. Ман хоки ин сарзаминро ба ҳеч ягон сарвати дунёӣ иваз намекунам. Замоне гуфтам, боз мегӯям: Ман мансабталаб нестам! Дар сини нафақаам, ба ман на вазифа даркор аст, на зарурият ба хушомадгӯии касеро дорам. Беғараз ҳақиқатро мегӯям, ки роҳбари давлати мо инсони бузург асту тоҷикон чунин роҳбари оқилу одилро ҳеч давру замон надоштанд, аммо ҳамчун адвокати инсонҳо нисбат ба беадолатиҳои баъзе нафарон дар зинаҳои поёнии мақомот эътирозҳое дорам.

Ин мурофиа ангезаи сиёсӣ дорад, надорад?!

Ҳарчанд, намояндаи додситонӣ ва муҳофизи ҳуқуқии халабонҳо мегуфтанд, ки ин парванда ангезаи сиёсӣ надорад, аммо таъсири он ба робитаҳои Тоҷикистону Русия, будубошти муҳоҷирони кории мо бетаъсир намонда буд.

Дар берун аз панҷараҳои додгоҳи вилояти Хатлон теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ҷамъ шуда буданд, ки ҳукми додгоҳро интизор буданд. Сафаралӣ Раҳматов, як сокини Хатлон гуфт: - Мо интизори онро дорем, ки ҳавонавардон озод шаванд то фарзандони муҳоҷири мо аз таҳхонаҳои Русия баромада, озодона аз пайи кору зиндагӣ шаванд. Мо ҳукми додгоҳро шунидан замон, ба фарзандонамон телефонӣ хабар медиҳем, ҳамаи онҳо интизори онан.

Халабонҳо озод шуданд, Муҳоҷирон аз таҳхонаҳо баромаданд ё не?

Баъди нисфирӯзии 21-уми ноябр Додгоҳи вилояти Хатлон халабонҳои ширкати русӣ Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро аз зали суд озод кард. Додгоҳи Хатлон Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстонияро ба мӯҳлати 2 солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум хонд ва дар асоси қонуни афви Тоҷикистон онҳоро аз адои ҳукм озод кард. Ҳамин тавр халабонҳо озод шуданд, аммо тақдири минбаъдаи муҳоҷирон тоҷик чӣ мешавад, суоли матраҳ боқӣ мемонад. Зеро ҳаминак на танҳо мақомоти Русия, балки ҳуқуқшиносони тоҷик низ мегӯянд, бидуни қазияи халабонҳо ҳам рондани муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз қаламрави Маскав амри оқилонаи кишвари Русия мебошад. Пас вақти он наомадааст, ки ҷомеаи мо низ дар қонунигардонии муҳоҷирони тоҷик тасмими ҷиддиеро рӯи даст бигирад?!

Охир, дигар «бародари калон» камбудию хатоҳои моро низ хоҳиши таҳаммул надорад. Ва мо низ наметавонем дар доираи шартҳои паси пардагӣ муносибатҳои иқтисодию сиёсии худро бо русҳо идома бидиҳем. Яъне мо муҳоҷирати кориро дар доираи шарту қоидаҳои байнидавлатӣ ба роҳ монда, ҳамзамон дар назди Маскав «принсип»-ҳои худиро пеш гузорем. Ҳарчанд тибқи қавонини байналмилалӣ ба роҳ мондани муҳоҷирати корӣ кори як моҳу ду моҳ нест.

Мо, навобаста ба натиҷаҳои ин қазия бори дигар Русияро ҳушдор додем, ки дар тасмиму нақшаҳои давлатии худ соҳибихтиёрӣ дорем. Дар ин шабу рӯз, ки Тоҷикистон рӯзи парчами давлатиро ҷашн мегирад, дар афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам ин парчам парафшонӣ кард. Зеро ҳукми зинаи аввали судӣ ҳарчанд тағйир ёфт, аммо чашми ҷаҳонро ба воқеияти ду кишвари яке азиму қудратманд ва дигаре кишвари аз ҷиҳати ҷуғрофӣ кӯчаку як каме мағрур, кушод.

Оқибат ба хайру виҷдонҳо ба саломат.

Ҷамолиддин Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97