Бо ҳукми додгоҳи Хатлон озод шудани халабонҳо; Садовничий ва Руденкоро чӣ гуна қабул кардед?

Сиёсат 23.11.2011 20:59

Rahmatkarim_0101Раҳматкарими Давлат, рӯзноманигор

Кори хуб шуд, ки халабонҳо озод шуданд. Тоҷикистон роҳи дигаре ҳам ба ҷуз аз озод кардани онҳо надошт. Аммо ин иқдом, яъне аввал маҳкум кардан ва баъд озод намудани халабонҳо ба обрӯи Тоҷикистон зарба зад. Ин кор истиқлоли Тоҷикистон, мустақилии додгоҳро зери суол қарор дод. Агар ба ман мебуд, аввал ин ки чунин намекардам, яъне халабонҳоро суд намекардам. Зеро онҳо шаҳрвандони кишваре ҳастанд, ки шарики стратегии мо ҳастанд ва мо ба қудрати онҳо дар қудрати сиёсӣ такия задаем. Ҳамин самалётҳо моро дар вақти ҷанг ин сӯву он сӯ бурданд, дар вақте Тоҷикистон гирифтори ҷанг буд, ба мардуми минтақаҳои мухталиф орд мебурданд ва дар зери он ба Фронти халқӣ баъзе кӯмакҳои "башарӣ" ҳам мекарданд, яъне кӯмак карданд, ки ҳукумати конститутсионӣ ба қудрат бирасад, ҳамин халабонҳо фундаменталистонро дар ғарму Бадахшон ҳадаф қарор медоданд. Чи тӯр мешавад, гузаштаи на чандон дурро фаромӯш кард. Ношукрӣ мешуд, агар онҳоро суд мекардем. Хуб карданд, ки онҳоро озод намуданд. Пешниҳод мекунам, ки яктогӣ медал ё хубтар мешавад, ки орден ҳам ба онҳо дода шавад. Охир онҳо аввал ҷинояткор унвон шуданд, барои чӣ? Барои он ки мо нафаҳмида будем, каме нофаҳмӣ шуд, охир онҳо шаҳрвандони кишвари ба мо дӯсти стратегӣ будаанд ва боз бори аввал ҷиноят мекардаанд. Ба мо фаҳмонданд, мо фаҳмидем, озод кардем. Ҳич гап не. Барои ҳамин ба орден ҳам пешниҳод кунем, меарзад. Барои он ки ҳоло мавқеъи президенти асосии Русия, Владимир Владимирович, номаълум аст. Яке худое нахоста хашми ӯ наояд. Пешгирӣ кардан даркор, ҳамон орденро додан даркор.

Як чизи дигар, ҳамин падари 77 солаи Алии Бедакӣ, ҳамон ҳам бори аввал суд шудааст, ӯро ҳам озод кардан даркор. Ба як калима ин корро расвоӣ, шармандагӣ, "позор" мегӯянд. Баҳонаи озод карданро бинед, якум бор суд мешаванд, фарзанд доранд, шаҳрванди кишвари шарики стратегиямон ҳастанд. Аҷиб. Ин кор дасти ҳар зӯри дигареро ба сари мо баландтар мекунад. Акнун як амрикоӣ, як инглис ва як хитоӣ бо итминони бештар дар Тоҷикистон ҷиноят мекунад. Зеро он кишварҳо боз аз Русия зӯртаранд.

Бад, бади бад шуд, аслан инҳо бояд маҳкум намешуданд, дигар ин ки маҳкум, ки шуданд, бояд агар ҳамаи тоҷикҳо ҳам аз Русия ихроҷ мешуданд, низ қарори додгоҳ дигар намешуд ва мустақилияти суд нигоҳ дошта мешуд. Аммо ин ҷо сарнавишти касоне рақам мехӯрад, ки муҳимтар аз сарнавишти як миллион тоҷики муҳоҷир аст. Халабонҳо ба хотири муҳоҷирон раҳо шуданд, гуфтааст дӯстамон Сайфулло Сафаров. Боз ҳам дониста ҳақиқатро нагуфтааст. Не, онҳо ба хотири муҳоҷирон раҳо нашуданд. Ба хотири он раҳо шуданд, ки бақои қудрат таъмин бошад, вагарна касе дар ғами тоҷик нест.

OqilpurИбодуллоҳи Оқилпур, коршиноси масоили иҷтимоӣ

Нахуст набояд ин кор мешуд. Зеро аз ҳама ҷиҳат зӯри мо ба Русия намерасид. Сониян мо кайҳост худро дасту по бастаи русҳо кардаем. Аз тарафи дигар ҳушдори Русия, ки мо аз фирқаи 201 то ҳол истифода накардаем, шаҳодат медиҳад, ки истиқлоли мо чандон субот надорад ва бояд Ҳукумати Тоҷикистон ба аҳдномаи тамдиди ин фирқа барои 49 сол, ки моҳи март имзо мегардад, аз ҳоло чора биҷӯяд ва кӯшиш кунад, ки шартҳои худро гузорад ва ё умуман артиши русҳоро аз кишвар берун намояд. Аз ин ки шаҳрвандони моро аз кишвараш ихроҷ менамояд, набояд тарсид. Агар ҳукуматдорон хоҳиш дошта бошанд барои ҳама кор пайдо мекунанд. Тарси ҳукуматдорони мо ҳам ин аст, ки ҷавонон, ки нирӯи таҳавулгаранд, ҳар чӣ дуртар аз кишвар бошанд, онҳо ба ҳамон андоза орому сокит ҳукумат мекунанд.

Барои ман афви халабонҳои ширкати русӣ, ки бо зурӣ анҷом шудааст, нанговар аст ва аз ин ба баъд ман худро ҳеҷ гоҳе мустақилу миллати ғурурманд намеҳисобам. Охирин сармояи моро- ғурури миллиамонро давлатмардонамон шикастанд ва аз ориёӣ буданам дигар шарм мекунам.

Zoirov0101Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистон

Ман дирӯз аз Бишкек омадам ва нахустин хабаре, ки шунидам ҳамин озод шудани лётчикҳо буд. Дар рӯзи ба Бишкек рафтани ман ин ҷо дар ин масъала воҳимаи бисёр буд. Аввал ин ки аз ҷиҳати ҳуқуқи масъала ношаффоф буд ва маълум ҳам набуд. Маълум танҳо ин аст, ки дар давоми ҳафт моҳ ҳуқуқшиносони вилояти Хатлон ва маркази ҷумҳурӣ ва мақомоти ҳуқуқии мо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ин масъаларо асоснок карда натавонистанд ва бо роҳи супоришӣ ҳукм содир намуданд. Вақте Русия таъсир расонд ин ҷо масъаларо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ неву аз ҷиҳати сиёсӣ ҳал карданд. Ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ якчанд қонуншиканиҳо рӯй дод. Дар марҳилаи аввал вақте суд ҳукм баровард мӯҳлати ҷазоро 10, 5 сол таъин кард. Ва мутобиқ ба қонуни афв ду соли лнро кам карда 8, 5 сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ таъин намуданд. Яъне агар аз 10, 5 сол бигирем афв ба ду соли он татбиқ шуд, аз панҷ як қисмашро кам карданд. Суди вилоятӣ бошад рӯзи 22 ноябр 2 солу 6 моҳу 14 рӯз барои лётчикҳо ҷазо муқаррар кард. Ва 2 соли ҳамин ҷазоро бо афв татбиқ карданд, ки ин аз ҷиҳати қонуни афв ғайриимкон аст. Барои он ки афв ба як қисми ҷазо бояд татбиқ шавад ва мутобиқ ба ҳамон моддаҳое, ки он лётчикҳо муҷрим дониста шудаанд. Агар бо ҳамин ду модда лётчикҳо гунаҳкор дониста шуда бошанд, афв бояд қисман татбиқ мешуд, на зиёд. Суди вилояти Хатлон 2 солу 6 моҳ ҷазо таъин мекунад ва 2 соли онро тибқи қонуни афв кам мекунанд, ки ин ғайриқонунӣ аст. Ин ҷо як масъалаи дигар ҳаст. Бубинед, марҳилаи аввали судӣ аз 10, 5 соли ҷазо 2 соли онро тибқи қонуни афв кам карда буд ва марҳилаи дуюми судӣ чӣ ҳақ дорад, ки боз дубора аз қонуни афв кор мегирад. Бояд дар ин марҳила ҳукми марҳилаи аввалро бетағйир мегузошт. Шикояти касатсионии вакили мудофеъ ва судшавандаҳо беқаноат монд, эътирози прокуратураи вилояти Хатлон бошад, қаноатбахш ҳал шуд. Ана ин ҳам як амали ғайриқонунӣ аст. Агар эътирози прокуратура қаноатманд шуда бошад, бояд шикояти касатсионии судшавандаҳо қисман қаноатбахш ҳал мешуд, барои он ки онҳо ҳам озод шуданро талаб мекарданд. Қазияи мазкур нишон дод, ки Тоҷикистон ҳатто дар масъалаи қабул намудани ҳукми додгоҳӣ то ҳанӯз мустақил нест. Аз рӯи қонун ҳалномаро банду баст карда натавонистанд, мавқеъашон бисёр сусту заъиф буд ва мавқеъи худро агар он асоснок бошад ҳам ҳимоят кардан наметавонанд. Русия бори дигар нишон дод, ки дар қаламрави Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ Тоҷикистон барояш як мустамлика аст. Ин қазия нишон дод, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳуқуқӣ устувор нест. Ва Русия ҳам аз ҷанбаи ҳуқуқӣ не, балки аз роҳи сиёсӣ ба ин қазия бархурд кард.

Muhaqiq_54656456564Абдуллоҳи Муҳаққиқ, коршиноси тоҷик

Ман фикр мекунам, ки озод шудани халабонҳо дар шароити имрӯз як кори хуб аст ва ба манфиати он муҳоҷирони мо аст, ки дар Русия ҳастанд. Ҳарчанд шахсан банда бо парвандаи халабонҳо ошно нестем, вале фикр мекунам кори хайре шудааст, ки ба онҳо озодӣ бахшиданд. Дар Ислом ҳам бахшидани гуноҳи як нафар неъмати бузург ва иқдоми бойиси ситоиш аст. Шояд ба василаи ин бахшиш Худованд барои мо неъмати беҳтар, яъне хубтар шудани муносибатамонро бо Русия бидиҳад, ки фикр мекунам ин ба манфиати миллату кишвари мост. Вале дар чунин кор мақомоти додгоҳии мо бояд шитобзадагӣ намекард ва хулосаи ҳуқуқӣ содир наменамуд. Бояд мақомоти масъули ҳуқуқии мо ин қазияро аз рӯзи аввал хуб меомӯхт, ҳама паҳлӯҳо ва паёмадашро дар мизони ақл бармекашиданд ва баъдан иқдоме мекарданд. Акнун Худо карда бошад, ки аз озодии ин халабонҳо мо бурд карда бошем.

SaifullozodaҲикматуллоҳи Сайфуллоҳзода, сардабири нашрияи "Наҷот"

Озод шудани Садовничий ва Руденко барои банда ғайриинтизор набуд. Аз қабл маълум буд, ки чунин як таҳаввулоте дар раванди бозиҳои давлатмардони Тоҷикистон сурат мегирад. Банда ба ин назар будам ва аз доираҳои ҳуқуқӣ чунин ба истилоҳ як ҷуръатро интизор надоштам, ки бародари бузурги хешро ба маҳбас мекашанд. Ин гуна ҷуръати бепоя, бемантиқ ва дур аз воқеъияти тавонмандии низоми давлатдории кишварро аз пеш медонистам ва ба ҳамин хотир ҳеч интизор надоштам, ки халабонҳои ширкати русӣ ҳадди ақал барои боз чанд моҳе дигар дар маҳбас мешинанд. Ва ин кор вақте боз возеҳ шуд, ки ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон тасмимгириҳои ҳуқуқиро худ ба даст гирифт. Агар ҷониби Русия ин қазияро аз рӯзи аввал сиёсӣ кард ва оқои Эмомалӣ Раҳмон ҳам, ки ин масъаларо ба зиммаи худ гирифт, маълум шуд, ки он дигар як масъалаи сиёсӣ аст. Вақте гуфтанд, ки ин як қазияи ҳуқуқӣ аст, пас прокурору судҳо бас буданд, ки назарашонро дар ин маврид мегуфтанд. Ман инро аз заъфи воқеъии низоми давлатдорӣ мебинам ва гумон мекунам он як каме эҳтиром ва эътиборе, ки низомии давлатдории мо дар ҷомеъа дошт, он комилан аз байн рафт, ба хусус дар пеши чашмони беш аз як миллион муҳоҷири кори тоҷик, ки бар асари ин қазия дучори сад мушкил гаштанд.

Юсуфҷон Аҳмадов, собиқ вакили Маҷлиси намояндагон

Ман ду сол шудааст, ки назар гуфтанро бас кардаам. Мо дар вақташ хеле фикру андешаҳоямонро гуфтем, акнун ин вакилони нав бигӯянд. Агар дар замоне, ки ман раиси Комиссияи парлумонӣ будам ин гуна ҳодиса рух медод, корро то ин дараҷа намерасонидем. Акнун аз масъули Комисияи дӯстӣ ва равобити парлумонӣ бо Русия бипурсед, ки ту чӣ кор кардӣ, ки чунин шуд ва кор то ин ҳадд расид. Мо хубтар кор мекардем ва агар мебудем чунин кор намешуд.

Ahmadi_IbrohimАҳмади Иброҳим, журналист

Озод шудани халабонҳои марзшикани ширкати русӣ ба обрӯи Тоҷикистон латма ворид кард. Дар оянда низ Русия аз ҳамин усул ба таври густурда дар қиболи кишвари мо кор мегирад. Ва ба ҳар як масъалаву мушкилоти майда- чуйда Русия бар сари мо таҳдид мекунад, тарс медиҳад, ки муҳоҷирони кориатонро меронам. Ва мушкилоти тоҷику Тоҷикистон баъди озод шудани ин ду халабон осон нахоҳад шуд. Ман дар ин ҷо мақомоти тафтишотӣ ва судиро гунаҳкор медонам, ки корро то ба ин ҳадд расониданд. Дар ҳамон моҳи март ба ҳангоми боздошти он халабонҳо бояд дар бораи паёмадаш чуқур андеша мекарданд. Имрӯз маълум шуд, ки зӯри Тоҷикистон барои маҳкум кардани ҳатто як халабони марзшикани рус намерасад. Ҳамин корро бояд намекардем, то имрӯз шармандаву сарафканда намешудем. Дар ҳамон моҳи март бе ягон гапу хабар ва ҳангомаи зиёдатӣ бояд халабонҳоро озод мекардем. Бояд ба ин қазия ҳукумат дахолат намекард. Ба ягон муфаттиш ё судя мегуфтанд, ки қазияи халабонҳоро бубин ва онҳоро маҳкум бикун ва Ҳукумат он судяро барои чунин ҳукм содир карданаш ба навъе ҷазо медод. Ин як обрӯ мешуд барои давлати мо. Яъне бояд мо бозӣ мекардем, охир сиёсат ин бозӣ аст. Имрӯз зӯрамон намерасад ва ба майдон мебароему бо як муштзани нирӯманд даст ба гиребон мешавем. Даркор набуд ҳамин корҳо, дур гурехтан даркор аз бало. Обрӯи Ватанро бояд фикр мекардем. Чун боздошт кардем, бояд то охир меистодем, озод кардан даркор набуд. Ва аз ягон кишвари абарқудрат ёрӣ мепурсидем, ки бинед мо шаҳрванди Русияро, ки гуноҳ дорад, мехоҳем суд бикунем, вале онҳо болои мо фишор меоранд.

Хуршеди Маҳмадшариф, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Бояд бигӯям баъди мутолиаи шумораи ахири нашрияи "Миллат" ба ин натиҷа расидам, ки миллати мо ҳанӯз ҳам ашхоси алоҳидаеро дорад, ки дар фикри сарҷамъӣ ва пешрафти ҷомеъа ҳастанд. Воқеъан мо чаро дар баробари таҳқирҳои Жириновский, Рогозин ва дигар миллатгароҳои рус бояд хомӯш бошем? Макомоти рус бо ин амалкарди худ сараввал истиқлол ва баъдан мустақил будани додгоҳҳои моро зери суол гузоштанд. Мутаасифона изҳороти руасои бархе аҳзоби сиёсии Тоҷикистон умеди моро аз ин ҳизбҳо ботамом барканд. Имрӯз дар кишвар нирӯи сиёсие, ки ҳифзи манофеи миллӣ ва хидмат ба мардумро ҳадафи аслии хеш қарор дода бошад, вуҷуд надорад, танҳо ҳамин чанд рӯзномаи мустақил ҳаст, ки дар ин росто фаъолият мебаранд.

Озод шудани халабонҳо бароям хеле дарднок аст, зеро онҳо бо нақзи қавонини байналмилалии парвоз вориди ҳарими ҳавоии кишвари мо шуданд ва бояд тибқи қавонини Тоҷикистон муҷозот мешуданд. Банда ҷазои аввал ба онҳо таъиншударо одилона меҳисобам. Озод шудани халабонҳо мустақил набудани низоми додгоҳии моро бармало нишон дод.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97