Дасти зӯри Русияву каштали муҳоҷири тоҷик

Сиёсат 23.11.2011 08:54

Чӣ кунем, ки "дузди зӯр соҳиби говро бастааст"?!

Kashtali_muhojirОё иқдоми зиндонӣ кардани халабони рус Владимир Садовничий аз сӯи додгоҳи Тоҷикистон ҳукми дуруст аст ё нодуруст? Агар ба ин мавзуъ танҳо аз зовияи қонун нигоҳ кунем, комилан ҳукми дуруст аст, вале агар мулоҳизоти сиёсиро мадди назар қарор диҳем, натиҷаи мухолифи ин ҳосил мешавад.

Албатта, ҳадафи мо таъйини дурустӣ ё нодурустии ин ҳукм нест, ҳарчанд мантиқан ҳама бояд дар назди қонун баробар бошанд. Ва миёни ҷинояткори як кишвари хурд ва бузургтарин қудрати ҷаҳонӣ ҳеч фарқе вуҷуд надошта бошад. Чунин таҷриба дар кишварҳое, ки воқеан додгоҳҳояшон мустақиланд, ба назар мерасад ва ҳеч мақоме қодир ба ҳаққи мудохила дар ин замина нест.

Бо таассуф, Тоҷикистон дар ҷамъи чунин кишварҳо нест ва агар ҳазор бор ҳам даъво бикунем, ки низоми додгоҳии мо мустақил аст, боз ҳам бо огоҳиҳое, ки аз воқеиятҳои раднопазири ҷомеаи худ дорем, ҳатман аз диламон ҳарфи дигареро мегузаронем. Ин омили айнӣ ва равонист, ки монеъи эътимоди ому том ба воқеъбинона будани ҳукми додгоҳ ва ҳимояти доираҳои густурдаи ҷомеа аз он шудааст.

Маҳз ҳамин омил аст, ки ангезаи гуфтугузорҳоро дар робита ба одилона будан ва ё набудани ҳукми додгоҳ барангехтааст. Бахусус дар ҳоле, ки дар курсии ҷавобгарӣ на як шаҳрванди одии Русия, балки халабоне менишинад, ки бо Афғонистони маҳалли бархурду рӯёрӯии манофеи қудратҳо иртиботи пайваста дорад. Мусаллам аст, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Русия қатъи назар аз ному навъи моликияташон ба доираҳои хос тааллуқ доранд, ки ба чархондани пулҳои ҳангуфти ин кишвар машғуланд. Ва ин доираҳо ё умури Русияро мустақиман дар даст доранд ва ё дар чигунагии тасмимгириҳои он нақш мебозанд.

Душанбе инро дониста кард, ё абарқудрате пушти ин саҳна ҳаст?

Вале беш аз ин барои Маскав иттифоқ афтодани чунин коре дар Тоҷикистон, дар кишваре, ки шояд Русия то рӯзи қиёмат аз Душанбе чашми умеди сипосу ташаккур (яъне вобастагӣ) барои мавҷудияти давлати имрӯзи тоҷиконро дорад, ғайриинтизор буд. Ин дар ҳолест, ки баръакс, дар Душанбе медонистанд, ки Русия ҳатман вокуниш нишон хоҳад дод, зеро тайи солҳои ахир бо баҳонаҳои мухталиф борҳо кишвари моро таҳти фишорҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор дода буд.

Пас ҳоло посухи ин пурсиш муҳим аст, ки чаро Тоҷикистон бо пешбинии чунин аксуламали Маскав ва нодида гирифтани чандин омили дигари айнӣ, назири ҳузури беш аз як миллион муҳоҷири корӣ, дарёфти сӯхт ва вобастагӣ аз масирҳои иртибототии Русия, ба чунин иқдоме даст зад? Оё воқеан вазъи имрӯзии сиёсиву иҷтимоии кишвари мо ба чунин коре имкон медиҳад? Оё чунин иқдом ба манзури нишон додани истиқлоли воқеии Тоҷикистон сурат гирифтааст? Ва оё, ба истилоҳ, пойи тарафи саввум ё қудрати дигари ҷаҳонӣ дар миён нест? Фикр намекунам, ки битавон гуфт, ки додгоҳ танҳову танҳо ба манзури ҳифзи қонун ва адолат чунин ҳукмеро содир кардааст.

Бинобар ин, далоилу назарҳое, ки дар робита ба ангезаҳои ҳукми додгоҳ аз сӯи расонаҳои мухталиф матраҳ мешаванд, албатта, бемантиқ нестанд, вале боз ҳам чандон мустаҳкаму матин ба назар нарасида ва наметавонанд асли матлабро бозгӯ кунанд. Ҳатман дар лобалои ин масъала манофеи бузургтаре ниҳон мебошад.

Зӯри Русия фақат ба Тоҷикистон мерасад

Дар миёни ин ҳама ҳаёҳуи мақомот ва расонаҳои русӣ ҳатто аз ин масъала чизе гуфта намешавад, ки дар робита ба қазияи Владимир Садовничий кадом банд ё бандҳои қавонини миллӣ ё байналмиллалӣ нақз шудааст. Танҳо як мантиқ вуҷуд дорад; шаҳрванди Русия бо вуҷуди ҳар гуна ҷиноят набояд аз сӯи кишваре чун Тоҷикистон зиндонӣ шавад. Зоҳиран шаҳрванди Русия будан бузургтарин далел барои ҳаққи анҷоми ҳар гуна нақзи қонун ва аз ҷумла таҷовуз ба ҳарими ҳавойии кишвари дигар мебошад.

Ин аст, ки рафтори Русия ба назар ғайримантиқиву номутаносиб ва ё, ба ибораи раиси ҷумҳури он, "номутақорин" (ассиметричный) мерасад. Зоҳиран, Маскав пас аз Гурҷистон Тоҷикистон, саҳеҳтараш муҳоҷирони кории тоҷикро муносибтарин ҳадаф барои қудратнамоии худ интихоб кардааст. Агар чунин набуд, бо баҳонаи ҳукми зиндони як халабони худ сарнавишти ҳазорон муҳоҷири кории моро ба бозӣ намегирифт. Хеле аз шахсиятҳои мунсифи рус ба ҷойи мақомоти олии кишвари худ аз он хиҷолат мекашанд, ки ба дастури онҳо ниҳодҳои қудратӣ дар саросари ин кишвари паҳновар ба шикори тоҷикон баромадаанд.

Ин нукта ҷолиб аст, ки чунин ҷуръатро хосатан нисбат ба тоҷикҳо доранд. Вагарна, Русия дар робита ба зиндонӣ шудани иддае аз шаҳрвандони худ дар баъзе аз кишварҳои минтақа ҳаргиз чунин вокунишеро нишон надодааст. Масалан, дар як-ду соли ахир дар Қирғизистону Узбакистон чанд тан аз афсарон (бархе аз онҳо шаҳрвандони Русия буданд) ба иттиҳоми ҷосусӣ ба суди Русия боздошт ва зиндонӣ шуданд, вале аз сӯи Маскав на ҳаёҳуи сиёсӣ ба роҳ андохта шуд ва на муҳоҷирони кории узбаку қирғиз мавриди табъиз қарор гирифтанд. Ҳатто садои Константин Ромодановский ва Геннадий Онишенкои "маъруф" низ шунида нашуд. Чаро? Шояд ба он хотир, ки Маскав ҳаққи истиқлоли онҳоро бештар қабул дорад ва ё шояд онҳо аз имкони посух гуфтан ба чунин иқдомоти Русия бархурдоранд?

Душанбе ҳам қартаи "козер" дорад, аммо…

Фикр намекунам, ки Тоҷикистон ҳеч абзоре дар ихтиёр надошта бошад. Дорад ва зиёд ҳам ҳастанд, вале ҳеч як аз онҳо (ба шумули мавқеияти геополитикӣ, вуҷуди пойгоҳи низомии Русия ва имкони бастан ва ё тамдиди дарозмуддати замони ҳузури он ва эҳтимоли ҳамкориҳои мушобеҳу алтернативӣ бо дигар тарафҳои бонуфузи хориҷӣ) ба андозаи ваҳдати воқеии миллат ва мушти воҳид будани ҳама нируҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар масъалаи манофеи миллӣ наметавонад таъсир дошта бошад. Дақиқан ин чиз аст, ки кишварро метавонад дар баробари тарафҳои хориҷӣ дар мавқеи бартар қарор диҳад, зеро дар сурати вуҷуди ваҳдати воқеӣ пушти ҳарфи ҷониби тоҷик як миллати тамом қарор мегирад, ки намешавад манофеи онро нодида гирифт. Агар имрӯз бо мо бозӣ мекунанд, пас мутмаинанд, ки ҳарфи миллату ҳукумат аз ҳам ҷудост. Ва аз тариқи фишор ба миллат (муҳоҷирон, ки ноновари бахши аслии аҳолии кишваранд) мехоҳанд онро дар муқобили ҳукумат қарор бидиҳанд ва фосилаи миёни ҳардуро бештар кунанд. Як таъбире аз амалкарди имрӯзи Русия дар баҳси халабонаш маҳз ҳамин аст ва бояд ҳукумати Тоҷикистон шеваи кору фаъолияти худро дар хеле аз заминаҳо ба таври ҷиддӣ бознигарӣ кунад, то дар дохилу хориҷ ангушти иттиҳом ба сӯяш дароз нашавад.

Аввалин иқдом дар ин замина гӯш додан ба ҳарфи мардум ва хости дили онҳо амал кардан ва дигаре бозтар кардани фазои ҷомеаи маданӣ ё худ шаҳрвандист. То замоне ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тасмимгириҳо нақши созанда надошта бошад, ҳарфи он ба гӯши касе нахоҳад расид. Ин аст, ки барои Маскав байни вокуниши ҷомеаи мадании Қирғизистону Тоҷикистон (қабл аз ҳама аҳзоби сиёсӣ, созмонҳо ва шахсиятҳои иҷтимоӣ - чун аз онҳо хеле чизҳо вобастаанд) фарқ хеле зиёд аст.

Мушорикати стратегӣ ё ҳубоби рӯи об

Мақомоти олии Тоҷикистону Русия ба таври хастагинопазир якдигарро дар ҳар фурсати муносиб шарики стратегӣ медонанд, вале бузург шудани иттифоқи хусусии халабони рус ва сару садои сиёсии атрофи он нишон дод, ки дар асл муттаҳидону шарикони стратегӣ нисбат ба ҳам беэътимоданд. Ҳамон гуна, ки ишора шуд, русҳо аслан ба баҳси ҳуқуқии масъала коре надошта, бо иштиёқи беандоза ба сиёсӣ кардани он машғуланд, ки ба ҳеч ваҷҳ дар шаъни равобити стратегии ду кишвар нест. Пас метавон мутмаин буд, ки моҷарои Владимир Садовничий танҳо баҳонае барои ибрози нороҳатии ҳукуматҳо аз ду тараф будааст, ки эҳтимолан таъсиру паёмадҳои номатлуби он то дер давом хоҳад кард.

Аммо аз ҳамин ҳоло бархе дар Думаи давлатии Русия тарҳи ҷорӣ кардани раводидро барои шаҳрвандони тоҷик мекашанд ва миллатгароҳои рус низ бо тазоҳурот дар баробари сафорати кишварамон дар Маскав паёми ҳимояти иҷтимоъӣ аз тасмими мақомоти худ барои фишор ба Тоҷикистону муҳоҷирони кориашро медиҳанд. Аммо дари Русия низ бояд бидонанд, ки истирдоди муҳоҷирони кории тоҷик фақат масъалае нест, ки натиҷаи он бо фишор рӯи ҳукумати Тоҷикистон тамом бишавад, балки мардуми кишвари мо низ дар мавриди раҳбарони Русия ва бархурди ғайримунсифонаи онҳо низ натиҷагириҳое хоҳанд кард, ки дар дарозмуддат ба суди манофеи воқеиву фаровони Маскав дар Тоҷикистон ва минтақа нахоҳад буд. Ҳадди ақал ин мардум ҳеч гоҳе дар масъалаи садоқат ва ҳусни ният нисбат ба Русия бозӣ накардаанд, ки инро Кремлнишинон хуб медонанд. Ва бояд хуб ҳам бидонанд, ки фишорҳои нобаҷояшон ба муҳоҷирони тоҷик зеҳнияти ин мардум ва насли ҷавони онро, ки қудрати кишвар дар оянда дар дасти ӯст, ба таври манфӣ тағйир хоҳад дод. Ҷуброни он ҳазинаҳои бамаротиб бештареро аз сӯи Русия хоҳад хост.

Зимни сӯҳбат перомуни ин вазъ яке аз дӯстон ташкили иқдомоти мушобеҳро бар алайҳи ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон посухи муносиб донист. Аммо фикр намекунам чунин коре тасмими саҳеҳ бошад. Мо бар хилофи мақомоти рус бояд хештандории бештар нишон бидиҳем, ҳарчанд хеле аз созмонҳои байналмиллалӣ низ дар мавқеъи ҳимоят аз мо қарор гирифтаанд.

Бале, бо мушоҳидаи ҳаёҳуи сиёсӣ ва расонаии Русия перомуни қазияи халабони худ, чунин натиҷа ҳосил мешавад, ки имрӯз танҳо Тоҷикистону тоҷикон ба бедор кардани "ҳисси ватанхоҳии" русҳо қодиранд ва агар ин кишвару шаҳрвандонаш набуданд, Русия чигуна ва дар мисоли кӣ қудрати худро ба намоиш мегузошт?!

Бовари кас намеояд, кишваре, ки иддаъои баргаштани дубора ба ҷамъи (клуби) қудрати ҷаҳониро дорад, то ин ҳад дағал ва бечораҳолона рафтор кунад. Бале, дасти "зӯри" Русияву каштали муҳоҷири кории бечораи тоҷик ташхиси (диагнози) дақиқи заъфи Русия аст, ки ҳатто озодии бидуни қайду шарти Владимир Садовничий низ вазъи онро беҳтар нахоҳад кард.

Қосими Бекмуҳаммад

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97