Муҷозоти халабони рус хашми Русияро ба бор овардааст, ба андешаи шумо роҳи бурунрафт аз мушкил кадом аст?

Сиёсат 19.11.2011 18:09

Abduqayum_QayumzodАбдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигор:

-Фикр намекунам, ки роҳи бурунрафт аз вазъи буҳронии ба вуҷудомада дар равобити Тоҷикистон ва Русия душвор бошад. Русия мавқеи худро ошкоро эълон дошт, ки ҳавопаймо ва халабони худро ба ихтиёри Тоҷикистон нахоҳад гузошт. Хуб, дар ин маврид Тоҷикистон бояд аз чи мавқеъе кор бигирад? Қазияро ба нафъи робитаҳои дуҷониба ҳал накунаду буҳрони печидаро боз печидатар созад ва ё ҳал кунаду ҳам барои муҳоҷирин ва ҳам барои пайвандони ин ғарибони дар суроғи нон, ки дар ватани худ азияти бебарқӣ, торикӣ, қиматӣ ва қашшоқиро тайи ин 19 сол мурда -мурда таҳаммул мекунанд, як оромиши ҳадди ақал рӯҳиро баргардонад. Аз онки ин ду ҳавопаймо мусодира ва аз онки ин ду халабон маҳкум ба зиндон мешавад, Тоҷикистон ва мардуми он амалан чи манфиат мебинад? Аз тарафи дигар дохил шудани ин ҳавопаймоҳо, ҳатто агар ки бидуни иҷозат буд, чи хисороте, чи зараре ба Тоҷикистон ворид кард? Халабонҳо мегӯянд, ки сӯхтамон адо шуд, чорае ба ҷуз аз нишастану паноҳ бурдан аз ин фалокат надоштем. Оё агар ки ин тавр нест, чаро мақомот радд намекунад? Оё бо мусодираи ин ду ҳавопаймо метавон маблағе ба буҷети кишвар ворид кард? Дар ҳоле ки яке аз манобеи буҷети давлати Тоҷикистон маболиғи воридмешуда аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аст. Сарбасаршавии Тоҷикистон бо Русия як кори комилан нодуруст аст, чун на танҳо маблағи муҳоҷирон аст, ки вобастагии Тоҷикистонро аз Русия таъйид мекунад. Афзудани боҷи гумрукӣ барои маводди сӯхт даҳҳо миллион доллар ба мардуми тоҷик зарар овард, ки паёмади ҳамин гуна сиёсати ғайрихирадмандона аст. Бо ин ки Русия ба ихроҷи оммавии муҳоҷирини тоҷик оғоз кард, аксарияти хонаводаҳои тоҷикро ларза фаро гирифт. Ларзае, ки субот ва оромиро метавонад дар Тоҷикистон ба ҳам занад. Аммо бояд гуфт, ки ҳеҷ нафаре дар Тоҷикистон чун худи раиси ҷумҳурии ин кишвар зарбу тавони Русияро дар шахси худ насанҷида ва таҷриба накардааст. Аз ин лиҳоз ман бар ин назарам, ки инҷо кадом муомила ва савдое дар миён аст, ки ба мавзӯи ҳифзи истиқлоли давлат ва манофеи миллӣ иртибот надорад. Ба ин хотир оё метавон умед баст, ки нохудои киштӣ барои наҷоти киштинишастагон омода ба қурбонӣ хоҳад шуд ё хайр.

JamSHeDi_QuvvatҶамшеди Қувват, коршинос:

- Андешаи ман роҷеъ ба ин масъала ин аст, ки аввал ҳар як қонуншикание сар мезанад, бояд аз роҳи қонунӣ ҳалли худро пайдо кунад. Чун қавонине, ки дар арсаи байналмилалӣ судур мекунанд, иҷрои онҳо барои ҳар давлат зарурист ва ягон кишваре хоҳ Русия бошад, ё Амрико аз иҷрои ин қонунҳо истисно нестанд. Чаро ки ҳар инсони оддие медонад, ки бо роҳи ғайриқонунӣ аз ҳарими ҳавоийи дигар давлат убур кардан ин ҷинояти рӯйрост аст. Тоҷикистон чун дигар давлатҳо аз ҷумла мисли Русия давлати мустақил аст ва қонунҳои худро дорад ва бояд дар баробари ҳар марзшикане ҷавоби худро диҳад. Дар бораи ба 10-у ними соли маҳкум ба зиндон кардани ин халабонҳо ва баъдан 2 соли кам кардани муҳлати ҷазояшон ҳаминро мегӯям, ки шояд ҳукми одилона бошад, зеро дар дигар кишварҳо барои ҳарими ҳавойиашонро ғайриқонунӣ убур кардан ҳукмҳои сангинтаре мавҷуданд. Аммо маро ҳамчун як шаҳрванди тоҷик дигар чиз нигарон кардааст. Ин тасмимгирии давлати Русия дар баробари зиндон кардани халабони қонуншиканаш аст, ки мехохад ба воситаи фишор овардан ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҳисоби худро баробар кунад. Зеро ин давлат, ки худро абарқудрат меҳисобад, дигар роҳи фишор овардан надорад. Вақтҳои ахир ба назар мерасад, ки Русия ба пешрафтҳои илмию техникӣ дар баробари дигар кишварҳои пешрафта он қадар муваффақ нест. Ва мавқеъи худро ҳатто дар бозорҳои кишварҳои қафомондаи Осиёи Миёна, ки пештар асосан аз техника ва дигар абзорҳояш харидорӣ мекарданд, аз даст додааст. Ва ҳамин як нуктаи заъф боқӣ мондааст, ин бошад танҳо фишор овардан ба муҳоҷирони меҳнатӣ аст,ки албатта чунин тарзи амалкардро махкум бояд кард, зеро ба қавли Мавлои Рум:

Баҳри кайке навгилеме сӯхтан,

Нест лоиқ дида бар ду дӯхтан.

Мардуми тоҷик сар аз пошхӯрии давлати шӯравӣ "ғамхориҳои" ҷониби Русияро дар ёд дорад. Инҳо аз техникаю лавозимоти ҳарбие, ки аз давлати Шӯравӣ ба мерос монда буд, маҳрум сохтани мардуми тоҷик, дигар ба тирборон кардани мардуми гуреза ва бесарпаноҳ роҳ додани дивизияи бо ном сулҳталаби артиши ин давлат ва дар охир ба таҳқиру лату куб ва куштор гирифтор сохтани муҳоҷирони меҳнатӣ. Фикр мекунам, ки чунин тасмимгирӣ на аз лиҳози қонунӣ дуруст асту на рӯи адлу инсоф. Хуб мебуд, агар Русия чун шаҳрвандони худро бегуноҳ меҳисобад, аз дигар роҳҳои қонунӣ истифода мекард. Барои якумин бор нест, ки давлати Русия аз ин ҳиллааш кор мегирад. Шояд мардум гумон кунанд, ки роҳи бурунрафт аз ин мушкил раҳо сохтани ҳамин халабонҳои қонуншикан аст? Вале ман фикр мекунам, ки на, роҳи берун рафтан аз мушкил ин нест. Чуноне ки мушоҳида мешавад, тайи ин чанд муддат, ки ба ҳама ҳарфҳои Русия лаббайк гуфтем, вале аз кадом мушкиле раҳо нашудем. Боз ҳамон фишор болои муҳоҷирини бечораи тоҷик, боз таҳқиру лату куби ин мардуми ғариб ва аз ҳама бадтару ваҳшонитар сарбурии мардуми мазлуми муҳоҷир. Ба қавли устод Айнӣ:

Мил бар дида гузоранду бигӯянд хамӯш,

Тир бар сина халонанду бигӯянд манол.

Ва Русия бояд фаромуш насозад, ки миллати тоҷик миллате нест, ки ин қадар таҳқир шавад.

TarikhshinosНазришоҳи Давлат, таърихшинос:

- Чун масъалаи боздошти халабонҳо сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст, ҳар фарди андешамандро ба он водор мекунад, ки роҳи раҳоӣ аз ин масъаларо ҷустуҷӯ намояд. То ҷое, ки мо огоҳӣ ёфтем, Русия ин воқеаро тобиши сиёсӣ додааст ва бо ин роҳ боз мехоҳад, болои миллат ва давлати тоҷикон таъсир гузорад.

Албатта ман ҳамчун як фарди тоҷик, ки муҳоҷиратро дар Русия чандин сол аз сар гузаронидаам, аз чигунагии муносибати русҳо бо мардуми мо огаҳии комил дорам. Русия тоҷиконро ва умуман мардуми Осиёи Миёнаро ҳамчун халқҳои қафомонда ва ба давлатдориашон ба шубҳа менигаранд. Аз ин сабаб гарчанде он халабонҳо сарҳадро вайрон кардаанду боздошт шудаанд ва мутобиқи қонунҳои байналмилалӣ бояд ҷавоб бидиҳанд, боз русҳо қонунҳои давлати моро эътироф намекунанд ва мутоби қонунҳои нонавиштаи "гап-гапи зӯрҳо" амал мекунанд. Аз он, ки муҳоҷирони моро меронанд, ин аз рӯйи ақли солим нест. Ин заъифии худи русҳост. Чун ин масъалаи байни давлатист, муҳоҷирон ба ин қазия рабте надоранд. Албатта муҳоҷирон ба хости давлат ба муҳоҷират намераванд, ин кори шахсии онҳост. Аз онҳо қассос ситонидан ин худ бефарҳангист. Хулоса таърих гувоҳ аст, ки мо бе турку муғулу манғиту хирсҳои сафед зинда будему мондему ва иншоаллоҳ зиндагии хубтару беҳтареро сазовор хоҳем шуд. Ва русҳо бояд бидонанд, ки мо ҳам миллати на он қадар кучакем ва бидонанд, ки давлати худро идора карда метавонем. Моро ҳам дар як қатор бо худашон баробар ҳурмат кунанд ва мо ҳам ҳурматашон хоҳем кард. Ва ҳарду тараф бояд ба шитобзадагӣ роҳ надиҳанд ва қазияро бо роҳи гуфтушунидҳои пай дар пайи оқилона ҳал намоянд.

Агар ин кор бо хубӣ наанҷомад, шояд дар ояндаҳои наздик сарҳадҳои худро ҳамагӣ дар чандсад киллометраи Маскав муайян созанд ва дигар на чун миллати таъсиргузор, балки чун миллати тобеъ худро ҳисобанд.

Ва аз ҳама муҳим ин аст, ки қонунҳо вайрон нашаванд. Агар давлатдорон бар он боваранд, ки аз рӯйи қонун амал намудаанд, бояд ба ягон гузашт роҳ надиҳанд, то Русияи бузургманиш ҳам эҳсос намояд, ки бо як миллати воҳид ва як давлати мустақил сару кор гирифтанд.

Oinihol_BobonazarovaОйниҳол Бобоназарова, раиси бунёди «Перспектива+»

- Роҳи бурунрафт аз мушкил танҳо ва танҳо якест, бо роҳи қонунӣ ҳал шудани масъала. Ин ҷо танҳо як масъалае, ки бояд ба он расидагӣ шавад, мушкили муҳоҷирони кори тоҷик аст, ки торафт бӯҳронитар мешавад. Ва бештар қишри осебпазиранд, мутаассифона ҷанги иттилоотӣ маҳз бар муқобили ҳамин қишр аланга гирифтааст. Изҳори назари нодуруст дар баробари ин қазия метавонад ба оташ бештар равған бирезад. Қазияи халабон баҳонае шуд барои маъракаи интихобот дар Русия, вагарна қазия ҳамин ҳоло буруз накардааст, қаблан бояд давлати Русия ба он вокуниш мекард ва барои ҳалли мунсифонаи он мусоидат мекард. Ҳатто Матвиенко эълом доштааст, ки барои ҳалли ин масъала ҳозир аст Тоҷикистон биояд, ин воқеан хеле шигифтангез аст. Ба хусус вақте қурбони ин сиёсатбозиҳо мардуми бегуноҳ ва муҳоҷирони сарсахти корӣ мешаванд. Ҳоло бояд халабонҳои маҳкумшуда ҳама зинаҳои судиро бигузаранд ва он гоҳ дар асоси ҳамкориву шарикии стратегӣ афв ва табодул сурат бигирад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97