Кабирӣ ба бунёди масҷиди бузургтарин мухолиф аст

Сиёсат 18.11.2011 09:44

Kabiri_0011010Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳошияи як нишасти хабарӣ гуфт, дар сафаре, ки ба кишвари Қатар дорад, аз онҳо хоҳиш мекунад, ки ҳамон сад миллион долларе, ки барои бунёди бузургтарин масҷид дар Душанбе ҷудо шудааст, онро барои сохтани сад корхонаи истеҳсолӣ бо маблағи ҳар кадоме як миллион долларӣ бубахшанд.

Мушкилот дар муносибот бо Русия аз қабл ҷой дошт

Муҳиддин Кабирӣ нахустин раиси ҳизб аз 8 аҳзоби сиёсии кишвари мо ва танҳо вакили мардумие буд, ки зуҳри рӯзи 14 ноябр дар робита бо ба сардӣ гароидани муносибот миёни Русия ва Тоҷикистон, вазъи муҳоҷирони кории тоҷик ва қазияи халабонҳои ширкати русии "Ролкан инвестмент ЛТД" бо гирд овардани хабанигорони дохилу хориҷ садо баланд кард. Зимни нишасти хабариаш ҷаноби Кабирӣ гуфт:

- Аз он ки муносибати миёни мо ва Русия имрӯз дар ҳоли ташаннуҷ аст, ин хеле моро нигарон кардааст. Чун ин ду кишвар равобити дӯстонаи таърихӣ доранд ва маҳкум бар онанд, ки бояд ҳамеша дӯст ва дар ҳоли ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ қарор дошта бошанд. Аммо мо аз он нигарон ҳастем, ки муносиботи Тоҷикистону Русия дар ҳоле сард мешавад, ки заминаи воқеъӣ барои ба сардӣ расидани муносибатҳо вуҷуд надорад. Русия ва ҳам ҳар кишваре дигар албатта ҳақ дорад, ки ба сарнавишти шаҳрвандонаш бетафовут набошад ва вокуниш нишон диҳад ва Тоҷикистон ҳам наметавонад нисбати тақдири ҳазорон шаҳрвандони муҳоҷири худ бепарво бошад. Мушкилиҳо дар муносиботи Тоҷикистону Русия қаблан мавҷуд буданд ва акнун бо як баҳонаи кӯчак ин мушкил сахт печида ва густурда гардид. Мо ин мушкилро амиқтар мебинем, аз он ки онро ба қазияи ду халабон рабт медиҳанд. Аз он ки ин қазияро президенти Тоҷикистон зери назорати худ гирифтааст, умед мебандем, ки он дар наздиктарин фурсат ва нек ҳал хоҳад шуд.

Русия барои тоҷикон раводид ҷорӣ мекунад?

Рабт додани қазияи халабонҳо бо масоили муҳоҷирони кории тоҷик моро сахт нигарон кард. Амали ҷавобии ҷониби Русия метавонист як каме муносибтар бошад, ҳоло он ки мо мебинем вокуниши Русия аз интизороти бисёр соҳибназарон болотар рафт. Хабарҳое, ки ин шабу рӯз ба мо аз манотиқи мухталифи Русия мерасад, бозгӯи он аст, ки имкон дорад вазъ печидатар шавад. Дар дасти ман изҳороти Думаи давлатии Русия ҳаст, ки он аз ҷониби ҳизби "Справедливая Россия" пешниҳод шудааст ва аз президент Медведев хостаанд, ки дар наздиктарин фурсат барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводиди муваққатӣ ҷорӣ кунанд. ҲНИТ аз ҷомеъаи Тоҷикистон, аҳзоби сиёсӣ даъват мекунад, ки дар ҳамкорӣ бо парлумон ва ҳукумати кишвар ба дӯстону хайрхоҳони хеш дар Русия муроҷиат шавад то аз ҷорӣ намудани раводид ва ҳамчунин ҳар гуна фишору мухолифат ва таҳдиду зӯргӯӣ бо муҳоҷирони кории мо ҷилавгирӣ шавад. Мо ҳамчунин аз амалкарди нокофии бисёре аз мақомоти расмии Тоҷикистон нигарон ҳастем. Мо бар ин назар ҳастем, ки як қисмате аз мақомоти Тоҷикистон дар масъалаи пуштибонӣ аз муҳоҷирон ва то ба ин ҳадд расонидани қазия масъулият ва ваколатҳои хешро анҷом надода истодаанд ва хунукназарӣ мекунанд. Бояд онҳо роҳ намедоданд, ки муносибати ду кишвари дӯст то ба ин ҳадд ба сардӣ бигарояд.

Ин қазия ба мо чӣ сабақ дод?

Дар мо одат шудааст, ки мансабдоронамон дар ҳама ҳолат бо дастуру супориш амреро иҷро бикунанд. Вале ин қазия барои мо дарс шуд. Вокуниши ҷониби Русия, ки афроди мухталифи мақомдори ин кишвар ва сиёсатмадорони Русия ҳама ба по хестанд ва ҳарфу назари хешро мегуфтанд ва аз як шаҳрванди хеш навобаста аз он ки ӯ қонуншиканӣ кардааст ё хайр дифоъ мекарданд. Бояд онҳое, ки дар Тоҷикистон ба ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон машғуланд, аз ҳамтоёни руси хеш чӣ гуна пуштибонӣ кардан аз мардуми худро биомӯзанд. Сабақи дигаре, ки аз ин қазия мо бардоштем он аст, ки системаи давлатдории мо то ба он ҳадд дар ҳоли рукуд аст, ки ҳатто дар бӯҳронитарин замон ҳам бе дастуру супориши мақомоти болоӣ омодаи ҳаракат нестем. Аз он вазъи ногувор як ҳафта мегузарад, вале то ҳол ягон мақоми расмии Тоҷикистон, ба ҷуз як иттилоъи кӯтоҳи Дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва ибрози андеша кардани прокурори генералии Тоҷикистон дигар касе ҳам аз масъулин чизе дар ин бора нагуфтааст. Агар мавзеъгирии бархе аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ва ҷомеъаи кишвар намебуд, шояд Маҷлиси намояндагон ҳам ин масъаларо нодида мегирифт. Ва дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳам имрӯз масъалаи вазъи муҳоҷиронро дар охир ба муҳокима гузоштанд, яъне ин масъаларо ҷиддӣ надонистанд. Ин баёнгари он аст, ки дар мо ҳанӯз ҳам мақомот ҳаҷми ин мушкилро дарк накардаанд. Шояд дар ҷаласаи парлумон дар 16 ноябр вакилони Маҷлиси намояндагон масъалаи муносибати миёни Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор бидиҳанд. Ва ҳам шояд як гурӯҳе аз вакилони Маҷлиси намояндагон барои ошноӣ бо вазъи муҳоҷирони кории мо дар рӯзҳои наздик ба Русия сафар кунанд.

Вақте пири 76 сола 7 сол зиндонӣ мешавад…

Сипас миёни раиси ҲНИТ ва хабарнигорон суолу ҷавоб сурат гирифт. Аз ҷумла як хабарнигори рус 8, 6 сол зиндонӣ шудани халабонҳои ширкати русиро "суровий"- шадид номид, вале Муҳиддин Кабирӣ посух дод, ки ман ҳайратзада шудам вақте ҳафтае қабл додгоҳи мо ба як пири 76 сола фақат барои он ки дар бораи аъмоли писараш ба мақомоти интизомӣ хабар накардааст, 7 сол ҳукми зиндон эълон кард. Дар нисбати халабонҳои русӣ, ки қазия ва ҷурмашон ба қавли ҳамин мақомоти мо хеле ҷиддӣ аст, мӯҳлати кам додаву як ҳукми хеле одилона содир кардаанд. Бубинед, ҳеч одами солим ба муқобили хеш ва фарзанди худ шаҳодат намедиҳад, вале мӯйсафеди бечораро ҷабр карданд. Ин бозгӯи он аст, ки воқеъан системаи судии мо ниёз ба як ислоҳоти ҷиддӣ дорад ва он бояд инсонпарварона бошад. Дар қазияи халабонҳо системаи судии мо ва ҳам президентамон дар ҳоли хубе қарор надоранд. Аз як сӯ бояд суд нишон бидиҳад, ки тобеъи касе нест, мустақил аст, бо амру дастури касе фаъолият намекунад, аз сӯи дигар вазъият чунон печида аст, ки бояд манофеъи давлат ва муҳоҷирони мо ва ҳамкориҳо бо Русия ҳам ҳифз шавад. Маълум аст, ки системаи судии мо то ҷое фасодзада аст ва ҳукмҳои дархостӣ ва сиёсӣ низ содир мекунад. Ва агар як чунин ҳукми дигар ҳам содир шавад, яъне ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа дар ростои халабонҳо бознигарӣ ва сабук шавад, чизе бой намедиҳанд.

Дар ҳукумат ҳанӯз ба умқи мушкил нарасидаанд

Kabiri_00110111111Хабарнигори "Миллат" аз оқои Кабирӣ пурсид, ки "Шумо ҳамеша ва батакрор мегӯед, ки мо як сари замбари Сулҳ ҳастем ва вақте мебинем ҳукумат заъф дорад наметавонем ӯро интиқод бикунем ва бояд кӯмакаш бикунем. Ва имрӯз бо ҷамъ овардани мо ва гуфтани ин ҳама мурод ва ҳадафи шумо имиҷи сиёсӣ касб кардан аст ё воқеъан мехоҳед дар ҳалли қазия ёрӣ кунед?" Посухи Кабирӣ ин буд, ки агар сиёсатмадор ё як ҳизби сиёсӣ дар чунин лаҳзаҳо хомӯш биистад, мегӯянд, ки тарсид, агар сӯҳбат кунем, мегӯед, имиҷи сиёсӣ касб кардан мехоҳем. Сиёсатмадор набояд дунболи ин ҳарфҳо бошад ва бояд амал кунад, навобаста аз он ки дар борааш чӣ мегӯянд. Вале акнун кор то дараҷае расидааст, ки дар чунин ҳолат хомӯш нишастан ва танқид накардани ҳукумат ин як навъ ба варта тела кардани ҳукумат аст. Шояд дар ҳукумат баъзеҳо то ҳанӯз умқ ва паҳнои ин мушкилро нафаҳмида бошанд. Ба хусус имрӯз вақте дар парлумон дидам, ки чӣ гуна муносибат мешавад, ин аз он дарак медиҳад, ки масъаларо ҷиддӣ надонистаанд. Вақте довталабона хоҳиш кардам, ки дар ҳайати ҳамон вакилоне, ки аз ҷониби парлумон барои омӯзиши вазъи муҳоҷирин ба Русия мераванд, худам ҳам бошам, бароям вокуниши яке аз раҳбарони маҷлис аҷиб буд, ки гуфт, шумо тоза аз сафар омадаед ва бигзор як касе равад, ки камтар сафар карда бошад. Ман дигар тоқат накардам ва гуфтам, ки ин подабонӣ нест, ки мо бо навбат биравем. Ин далолат аз он мекунад, ки мо ҳанӯз ба моҳияти масъала сарфаҳм нарафтаем.

Дигар намегӯем, ки президент медонаду командааш

То имрӯз мо ба сиёсати кадрии президент кордор намешудем ва назарамон ин буд, ки бояд президент худ командаашро интихоб кунад ва бо он кор кунад. Вале ҳоло мебинем, ки дигар масъала ба шахси президент ва ба командаи ӯ рабт надорад. Ва акнун ин дигар масъалаи миллӣ аст, гап сари суботи кишвар ва тақдири миллионҳо шаҳрвандони мо меравад. Мо бояд бигӯем, ки бӯҳрон то ҳадде систематик шудааст. Ва бидуни тағйироти решаӣ ва асосӣ, бо ин ислоҳу тағйироти косметикӣ ҳалли масъала имкон надорад. Ва президент бояд як бор баъди ором шудани вазъият ба таври ҷиддӣ дар фикри тағйири командааш бошад. Ин мавқеъи мо аст. Мо дигар мисли пеш наметавонем бигӯем, ки президент медонаду командааш. Вақте амалкардҳои манфии ин команда ба миллат он қадар таъсир мерасонад, ки ҳар як шаҳрванд онро дар пӯсту ҷонаш эҳсос мекунад, мо бояд ба президент ва ҳукумат бигӯем, ки чӣ дар команда, чӣ дар роҳу равиши давлат ва ҷомеъа ислоҳот ворид кунем ва як бор бо ҳам бишинем ва бубинем ба куҷо равонаем. Назари ман ин аст, ки мо як каме аз воқеъиятҳо дур рафтем ва бояд мансабдорону сиёсатмадорони тоҷик аз осмон ба замин фуруд оянд.

Ибтидои сенария гурҷӣ аст, вале охираш тоҷикӣ хоҳад буд

Аз ҳама байрақи баландтаринро сохтем, масҷиди калонтарини минтақаро ҳам месозем ва дигар калонтаринҳоро. Фаромӯш кардаем, ки давлати мо, миллати мо дар камтарин бӯҳрон тоқат карда наметавонад ва бесуботӣ ба амал меояд. Бояд, ки аз осмон ба замин баргашт, сари мизи машварат нишаст ва масоилро ҳал кард. Ба суоли он ки агар тасмими сиёсӣ гирифтан ба дасти Шумо мебуд, чӣ кор мекардед, ҷаноби Кабирӣ гуфт, ки намехоҳад барои ҳукумат фикри алтернативӣ пешниҳод намояд, зеро президенти Тоҷикистон борҳо аз чунин вазъият бо наҳви аҳсан ва бо сари баланд берун омадааст, шояд ин ҳолат ҳам душвор бошад, вале аз ин душвораш ҳам буд ва фикр мекунам масъала дар кӯтоҳтарин фурсат роҳи ҳалли худро пайдо мекунад. Вақте аз оқои Кабирӣ пурсиданд, ки оё такрори сенарияи Гурҷистон ҷой дорад, изҳор дошт, ки ибтидояш сенарияи гурҷӣ аст, вале интиҳояш тоҷикӣ хоҳад буд. Ҳамчунин Кабирӣ зикр кард, ки як идда сиёсатмадорони мо мехоҳанд ба муҳоҷират рафтани шаҳрвандони мо фаъол бошад, зеро ба муҳоҷират касоне мераванд, ки нирӯ ва андеша доранд ва ҳар қадар ҷавонони аз 18 то 40 сола берун аз ватан бошанд, пирону мактаббачагонро ин ҷо идора кардан он қадар душвор нест ва бисёриҳо манфиатдоранд, ки муҳоҷират бошад.

Кабирӣ ба амири Қатар чӣ мегӯяд?

Вақти он расидааст, ки дигар мо набояд маблағҳоро сарфи чорабиниҳои фароғатӣ- маъишатӣ ва ҳатто фарҳангӣ бикунем. Бояд тамоми маблағҳо дар ин панҷ соли баъдӣ барои бунёди корхонаҳо ва эҷоди ҷои кор равона шавад. Ман ба Халиҷ сафар мекунам ва аз давлати Қатар хоҳиш мекунам, ки ҳамон сад миллион долларе, ки барои бунёди бузургтарин масҷид дар Душанбе ҷудо шудааст, онро барои сохтани сад корхонаи истеҳсолӣ бо маблағи ҳар кадоме як миллион долларӣ бубахшад ва фикр мекунам аз ин кор ҳам Худоро хуш меояд ва ҳам бандаашро. Баъдан вақте пешрафта шудем, он вақт дар як миллиард доллар бузургтарин масҷидро хоҳем сохт. Воқеъан кишвари мо ба як кишвари таззодҳо табдил ёфтааст. Аз як тараф масҷиди бузургтаринро мехоҳем бисозем, аз сӯи дигар ба масҷид рафтани мардумро манъ мекунем. Аз як тараф баландтарин иншоотҳоро месозем, аз дигар ҷониб фақиртарин мардумро дар минтақа дорем. Вақти он расидааст, ки дар фикри зиндагии мардуми хеш бошем.

Тоҷикро боздошт кардед, беташвиш бошед, Тоҷик эътироз намекунад

Муҳиддин Кабирӣ дар поёни нишасти хабариаш аз фаъолияти мақомоти судӣ ва интизомии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки то ҳол чунин нашудааст, ки як нафар бо ҷурми ҳамкорӣ бо ҳизбутаҳрир боздошт шавад ва ӯро додгоҳи Тоҷикистон озодӣ бахшида бошад, вале чун хабарнигор Урунбой Усмонов пуштибони қаввӣ дар шахси Ғарб ва созмонҳои байнулмилалӣ дошт, аз зиндон раҳо шуд. Ва нисбати ин ду халабон ҳам гузашт хоҳанд кард. Ва гуфтаниам, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳар касеро дастгир мекунанд, тавсияи ман ин аст, ки аввал шиноснома ё шаҳодатномаашро бубинанд, кӣ ва чӣ кора аст. Агар тоҷик аст, бе ягон ташвиш ӯро боздошт ва ба мӯҳлати тӯлонӣ ҳабсаш кунанд, ҳеч мушкил пеш намеояд, зеро тоҷик на пуштибон дорад, на эътироз мекунад ва агар зӯраш омад аз ошёнаи дуввуми милисахона худро ба берун мепартояд, чуноне дар вақтҳои ахир ин гуна ҳодисаҳо рух медиҳанд. Вале агар бубинанд, намояндаи дигар миллат, ё шаҳрванди хориҷӣ аст, боэҳтиёт бошанд, зеро онҳо мисли тоҷикон бесоҳиб нестанд ва пуштибон доранд. Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин дар масъалаи эҳтимоли ҳамла ба Эрон сухан гуфт ва зикр намуд, ки мо ҳамла болои Эрони дӯсту бародарро як амали аҳмақона медонем. Ҳар касе болои Эрон ҳамла карданӣ аст, бояд бидонад, ки шикаст хоҳад хӯрд.

Толибшоҳи Сайидзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97