Изҳороти «Гуруҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон» - и тоҷик

Сиёсат 16.11.2011 18:44

MuhojironnnГурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон аз ҳолати ба вуҷудомада бар асари ҳукми додгоҳ нисбати халабонҳои русӣ ва эстонӣ Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ҳамчунин ба ҳадди зиёд сиёсӣ кардани мавзӯъ дар расонаҳои хабарии Русия ва Тоҷикистон, ки ба сарнавишти муҳоҷирони кории Тоҷикистон таъсир мегузорад, изҳори нигаронии амиқ мекунанд.

Мутаассифона, вазъият аз маҳдудаи ҳуқуқӣ берун рафта ва бо кашида шудани расонаҳои хабарӣ ва баррасиҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба ин майдон шиддати бештар касб намуд. Ин ҳолат рӯҳияи миллатгароӣ ва адовати нажодиро дар ҷомеаи Русияву Тоҷикистон доман мезанад, ки ба манфиати гурӯҳҳои бадхоҳи дохилӣ ва неруҳои геополитикии беруна аст. Дар ростои ҳалли қазия аз роҳҳои маданӣ ва ҳуқуқӣ амалкарди заъифи ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистонро таъкид менамоем.

Бо ҳамфикрӣ ба он қишри ҷомеаи Русия, ки аз ташдиди ихтилоф нигарон ҳастанд, дӯстии таърихӣ ва равобити табиии ҳамкорӣ байни халқҳои русу тоҷикро ёдрас шуда, аз ҳукуматҳо, мансабдорони алоҳида, сиёсатмадорон, коршиносон ва ҷомеаи рӯзноманигории ҳарду кишвар даъват мекунем, ки аз изҳори назару иқдомҳои эҳсосотӣ ва ҳисобнашуда худдорӣ варзанд.

Ҳеч кас ҳақ надорад, ки ҳуқуқи башарро ба хотири манфиатҳои лаҳзаӣ ва фурсатталабона нақз кунад ва дар фазои муносибатҳои байни мардуми ду кишвар сояи нобоварӣ афканад.

Новобаста аз рушд надоштани фарҳанги эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҷомеаҳои мо ва набудани заминаи қонунӣ дар бораи муҳоҷират байни ду кишвар, воқеият ин аст, ки Тоҷикистон таъминкунандаи неруи кории Русия маҳсуб мешавад. Ҳазорон тоҷикистонӣ дар рушди илм, санъат, варзиш, иқтисод ва тиҷорат дар Русия саҳми босазо доштаву доранд, ҳамчунон ки ҳазорон русиягӣ барои рушди Тоҷикистони мустақил ҳамкорӣ кардаву мекунанд.

Ҷомеаи Русия ва Тоҷикистон ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки дар вазъияти ба амаломада сукут ихтиёр карда, барои ҳар гуна кинояҳо фазоро холӣ гузоранд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳама, аз расонаҳои хабарии Русия ва Тоҷикистон даъват менамоем, ки аз идомаи ташдиди ихтилоф худдорӣ кунанд ва бидуни эҳсосоти зиёдатӣ барои воқеъгаронаву дар камоли тавозун инъикос намудани мавзӯъ талош варзанд.

Изҳори умед мекунем, ки сарнавишти халабони рус Владимир Садовничий ва ҳамтои эстонии ӯ Алексей Руденко, ҳамчунин масоили вобаста ба вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар доираи қонун ҳалли худро меёбад. Барои мусоидат ба ҳалли ин қазия мо омода ҳастем:

Барзу Абдурразоқов, Нуриддин Қаршибоев, Ойниҳол Бобоназарова, Толибшо Саидов, Саймиддин Дӯстов, Хуршед Ниёзов, Раҷаби Мирзо, Зафар Сӯфӣ, Марат Мамадшоев, Зафар Абдуллоев, Хилватшоҳи Маҳмуд, Нуралӣ Давлат, Раҳматкарими Давлат, Абдуазими Абдуваҳҳоб, Қосими Бекмуҳаммад, Рустами Ҷонӣ, Қироншоҳи Шарифзода ва дигарон.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97