Ин қазия бояд муносиботи моро халалдор накунад

Сиёсат 16.11.2011 10:53

Safarov_SafarСафар Сафаров, муовини аввали раиси ҲХДТ, собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия:

- Умуман воқеае, ки рух дод, дар муносибатҳои байнидавлатии Русияву Тоҷикистон як чизе буд, ки ногаҳонӣ шуд. Мо ҳам аз ВАУ фаҳмидем ва ин бояд ба фикри ман, ба муносибатҳои байнидавлатии мо халал ворид накунад, чунки муносибатҳои байнидавлатии мо ҳамин тавр қабул нашудаанд.

Ин дар асоси анализҳои солҳои зиёди ҳамкорӣ ва ин муносибатҳо муносибатҳои мутақобиланд судманд ҳастанд. Ин аз як тараф Русия дасташро ба мо дароз намекунад, Тоҷикистон низ даст дароз мекунад ё даст медиҳад ва муносибатҳоро мо ҳамроҳ барқарор мекунем, чунки мо дар як давлат будем, давлати Иттиҳоди Шӯравӣ. Муносибатҳои иқтисодии байнидавлатӣ дар иттиҳоди Шӯравӣ аз якдигар бисёр ҳам вобаста буд, барои ҳамин мо нигоҳ мекунем, як давлате, ки дар иттиҳоди Шӯравӣ буд, тез пеш меравад ва давлати дигаре, ки дар ҳамин иттиҳод буд, аз ҳамин нобасомонӣ имрӯз камтар дар поён аст. Барои ҳамин мо фикр дорем, ки ин чизе имрӯз рух дод, нисбати халабонҳои кишварҳои Русияву Эстония ин ба муносибати мо бояд халалдор нашавад. Баъзе фикрҳое, ки аз ҷониби Русия шуда истодаанд ман хаёл мекунам, ки бо мурури замон ба ин фикрҳо худи ҷониби Русия ҳам тағйирот ворид мекунад, чунки касе, ки ба як чизи номатлуб даст мезанад, ин дар тамоми дунё аст, ин ҳуқуқи башар аст, бояд ҷазои худашро бинад, ҳоло он ки гап дар бораи убури сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад. Касе набошад, агар мо бошем ва ин корро кунем, мақомоти ҳифзи ҳуқуқии давлати Русия баҳо медиҳад, дар мо бошад ҳамин чиз аз тарафи давлати мо баҳо дода мешавад. Ман фикр мекунам, ки тарафи давлати Русия бояд таҳлил мекард ин чизро ва худашон баҳо медоданд, ки барои чӣ ҳамин кор шуд. Агар инро боз дохилашро кофтан гирем, аз гап гап мебарояд. Ин факт зери назорати президенти мамлакат, раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон аст. Адвокатҳо аллакай ба суди кассатсионӣ муроҷиат карданд. Ин муроҷиатҳо дида баромада мешаванд. Мо пешакӣ чизе гуфтан наметавонем, лекин фикр мекунем, ки ин бояд ба муносибатҳои дуҷонибаи мо халалдор нашавад. Он одамоне, ки имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатианд дар асоси ҳуқуқҳои он ҷо кор ва фаъолият мекунанд. Онҳо кор мекунанд, барои кори иҷрошудаашон як пули ночиз мегиранд. Ҳамон коре, ки тоҷик дар Русия мекунанд, агар миллати худашон кунанд, 100% маблағ мегиранд, аммо коргарҳои мо бошанд, 60-70% ҳатто аз 70% ҳам камтар мегиранд. Чун ман дар он ҷо будам ва медидам, ин нобаробариҳое, ки нисбати муҳоҷирони мо вуҷуд доранд. Муҳоҷирони меҳнатии мо низ айбдоранд, забонро намедонанд, ҳуқуқҳои худи муҳоҷиратро намедонанд, барои ҳамин ҳам дасти сафорат ба ҳамаи ҷо намерасад. Ҳол он, ки ин ба сафорат вобастагӣ дорад. Сафорат ҷиддӣ бо пурагӣ фаъолият кунад, ҳимоя кунад, ки ягон муҳоҷири меҳнатӣ беасос ба Ватан баргардонда нашавад. Фикр мекунем, ки имрӯз муҳоҷирати меҳнатӣ хоҳиши худи тоҷикон бошад, аммо чунин нест, муҳоҷирати меҳнатӣ ин протсеси ҷаҳонӣ аст, қариб 6%-и мардуми дунё дар ҷустуҷӯйи кор ҳастанд. Барои ҳамин фикр мекунам, ки ин муносибатҳо таҳлилро талаб мекунанд, ягон сиёсат ин ҷо вуҷуд надорад, чи хеле ки Прокурори генералӣ таъкид карданд, ин ҷо ҳуқуқвайронкунӣ аст. Ҳуқуқ, ки вайрон кардед, фарқ надорад, шаҳрванди кадом давлате бошед, бояд мувофиқи қонунҳои қабулкардаи мамлакати мо ҷазо гирад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97