Прокурор ба ҳукми халабонҳо эътироз кард!

Сиёсат 11.11.2011 18:51

Дар Қӯрғонтеппа чӣ мегузарад?

Khalabonho_0101Дар ҳоле ки дар расонаҳои хабарӣ, ба вижа расонаҳои Русия дар пайи содир шудани ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа нисбат ба халабонҳои марзшикан ҳангомае барпо шудааст. Муҳофизи ҳуқуқии халабонҳои рус Ғулом Бобоев субҳи имрӯз 11 ноябр шикояти кассатсионии ин халабонон Владимир Садовничий шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко шаҳрванди Эстонияро ба додгоҳи шаҳри Қӯрғонеппа пешниҳод намуд. Дар ин бора раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа Темур Боев иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ маҳкумшудаҳо, ки аз ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа розӣ нестанд, эътирози хешро тавассути муҳофизи ҳуқуқии худ ба дафтархонаи суди шаҳри Қӯрғонтеппа пешниҳод кардаанд.

Ҳамчунин муҳофизи ҳуқуқии маҳкумшудагон Ғулом Бобоев иброз доштааст, ки дар ҳамин рӯзҳои наздик шикояти кассатсионии худро низ ба суд ирсол менамояд.

Ба гуфтаи раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа Темур Бобоев ҳамчунин прокуратураи вилояти Хатлон низ эътирози худро нисбати ҳукми суд овардааст.

Ба иттилои раёсати суди шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳо Садовничый ва Руденко бо моддаҳои 218, 289 қисми 3 банд «г» ва 335 қисми 2 кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор дониста шуда, аз рӯи маҷмӯи ҷазоҳо ба ҳар кадоми онҳо 10 солу 6 моҳӣ ҳукми маҳрум аз озодӣ ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи идоракунии ҳавопаймо ба мӯҳлати 4 сол ва бидуни мусодираи молу мулк ва нигоҳ доштан дар колонияи низомаш сахт ҳукм бароварда шудааст. Мутобиқи қонуни афв аз ин мӯҳлати ҷазо ду сол кам карда шудааст.

Посухи судяи парванда

Аз Темур Боев, раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавриди ин қазия суол мекунем, ки чаро атрофи он ҳангомае барпо шудааст, ӯ мегӯяд, ки «ҳамчун судяи ҳамин парванда фикр мекунам, ки дар зинаҳои болоии суд ин ҳолат баҳо дода мешавад, прокурор 13 сол ҳукм пурсид, аммо ҳоло 8 солу 6 моҳ ҳукми судро вазнин мешуморанд. Ин дар мақомоти болоӣ баҳо дода мешавад.»

Темур Боев ҳамчунин иброз дошт, ки иғвоангезиҳо оид тамаъкориҳои мақомоти тафтишотӣ асос надорад, зеро аз оғоз дарҳои мурофиа кушода буд ва он ошкор гузашт.

Адвокат чӣ мегӯяд?

Ғулом Бобоев муҳофизи ҳуқуқии халабонҳо дар сӯҳбат бо «Миллат» иброз дошт, ки дар доираи қонуни адвокатура ин аст, ки ман ҳуқуқи айбдор кардани муҳофизони худро надорам. Навобаста ба ҳама чиз адвокат бояд зерҳимоятчии худро сафед кунад. Дар мавриди моддаҳое, ки халабонҳоро айбдор мекунанд, ҳаминро гуфтаниам, ки ин амали халабонҳо ғайриқонунӣ убур кардани сарҳад нест ва контрабанда ҳам нест.

Айбдоркунанда айб мемонад

Файзулло Холов айбдоркунандаи давлатӣ мегӯяд, ки маҳкумшудаҳо бо се модда айбдор карда шудаанд ва ҳамаи он айбҳо комилан санҷида шудааст. «Мо халабонҳои русро бо моддаи 218 - вайрон кардани ҳудуди ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 289 қочоқ айбдор донистаем. Убури ғайриқонунии сарҳад аз ҷониби ҳавопаймоҳо ҷойи баҳс нест. Бобати моддаи 289 қочоқ ҳаминро гуфтаниам, ин муҳаррике, ки дар ҳавопаймо бор карда шуда буд, қисми эҳтиётӣ буда наметавонад. Ин муҳаррик соли гузашта тариқи хатсайри Русия- Тоҷикистон ба Дубай интиқол дода шуда, деклоратсияи гумрукӣ шуда буд. Дар ҳолати бори дуввум гузаронидани он бояд аз қайди гумрукӣ мегузашт. Дар мурофиа «ин қоидавайронкунии гумрукӣ нест, гуфтани гумрукчиён маънои онро дорад, ки агар ин муҳаррик қисми эҳтиётӣ бошад. Аммо муҳаррики мазкур қисми эҳтиётӣ шуда наметавонад. Ин аз Дубай ба Афғонистон баъд ба Тоҷикистон ворид карда шудааст. Ин табиист, ки ягон айбдоршаванда худро гунаҳкор намешуморад.»

Ҳавопаймоҳои пурхатар дар фазои Тоҷикистон

Файзулло Холов мегӯяд: «Ман дар доираи санксияҳои моддаҳое, ки тафтишоти пешакӣ нисбати айбдоршавандаҳо эълон кардааст ман дар доираи ҳамон моддаҳо 13 сол пурсидаам. Ҳол он ки ин мӯҳлати се моддаи аз 10 то 15 сол пешбинӣ мекунад. Суд ҳамаи инро ба назар гирифта 10,6 моҳ ҳукм бароварда дар доираи қонуни афв 2 соли онро кам кардааст. Ин ҳукм дар доираи ҳамаи қонунҳои мавҷуда ҳукми одилона ба ҳисоб меравад.»

Дар мавриди асоснок будани айбнома бо моддаи қочоқ прокурор Файзулло Холов иброз дошт, ки ин ҳавопаймоҳо дар қайди Ҷумҳурии Гурҷистон буданд ва соли 2008-ум ин кишвар ин ҳавопаймоҳоро аз қайд баровардааст. Ӯ мегӯяд: «Вақте ҳавопаймо дар қайд нест, бояд дар фазо парвоз накунад. Аммо роҳбари ин ширкат бо кадом як ширкати Дубай шартнома баста, ин ҳавопайморо барои кашонидани бори гуманитарии НАТО истифода мебаранд. Ин ҳавопаймоҳо муддати се соли охир на аз қайди техникӣ гузаштаанд, на ягон ҳуҷҷати иҷозаи парвоз доранд, ингуна тайёраҳо ба ҷузъ хатар дигар чизе барои Тоҷикистон надоштанд.»

Расонаҳои русӣ танҳо воқеияти худро шарҳ доданд

Аз айбдоркунандаи давлатӣ мепурсам, ки иддае аз ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки мақомоти марбутаи Тоҷикистон бояд на нисбат ба халабонҳо, балқи нисбат ба раиси ширкати "Ролкан" парвандаи ҷиноятӣ мекушоданд, шумо дар ин хусус ба чӣ назаред? Файзулло Холов мегӯяд: «Оре, мо нисбати раиси ширкати мазкур низ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, барои боздошти масъулини ширкат ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ эълон карда, ба мақомоти Русия пешниҳод кардаем. Парванда нисбат ба раиси ширкати мазкур баробари парвандаи халабонҳо якҷоя кушода шуда буд.»

Аммо ба ақидаи айбдоркунандаи ин парванда, ин ҳама эътирозу норозигии расонаҳои русӣ баъди шикояти халабони рус Садовничый В. В. сар зад, ки номбурда дар рӯзҳои дуввуму севвуми мурофиа шикоят кард, ки навобаста ба муроҷиаташ ба сафоратхонаи Русия ҳеч гуна ёрие аз ҷониби Русия расонида нашудааст. Ба гуфтаи ин мусоҳиби «Миллат», ин шикояти халабон боис шудааст, ки имрӯз тамоми расонаҳои Русия ин қазияро дигаргуна нашру пахш мекунанд. Ӯ мегӯяд: «Омаданд, дар мурофиа ширкат варзиданд, аммо дар матлабҳои расонаии онҳо дигар чизро менависанд.»

Саволе, ки халқ шудааст

Sudya0101Аз судяи ин парванда боз ҳам мепурсам, ки чӣ гуна айбдоркунанда нисбати айбдоршавандаҳо 13 соли маҳрум аз озодӣ пурсид, аммо бо 8 солу 6 моҳи ҳукми баровардаи Шумо боз эътироз овардааст, ки гӯиё ин ҳукми вазнин аст? Темур Боев, судяи парванда мегӯяд: «Ман ҳамчун судяи ҳамин парванда сабаби инро намедонам,фикр мекунам, ки ин дар зинаҳои болоии суд ин ҳолат баҳо дода мешавад, ки бо кадом мақсад онҳо 13 сол ҳукм пурсида боз ин 8 солу 6 моҳро вазнин мешуморанд. Ин дар мақомоти болоӣ баҳо дода мешавад.

Боз ҳам рӯ ба айбдоркунандаи давлатӣ меорам ва мепурсам, ки шумо ҳамчун айбдоркунандаи давлатӣ аз суд пурсида будед, ки халабонҳо ба мӯҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум карда шаванд. Дар умум суд ба ҳар нафари онҳо 8,5 соли маҳрум аз озодӣ ҳукм баровард, боз Шумо эътироз овардаед, ки ҳукми суд нисбати халабонҳои хориҷӣ вазнин аст. Метавонед инро шарҳ бидиҳед?

Файзулло Холов, айбдоркунандаи давлатӣ дар посух ба ин савол гуфт: «Ман дар доираи санксияҳои моддаҳое, ки тафтишоти пешакӣ нисбати айбдоршавандаҳо эълон кардааст, дар доираи ҳамон моддаҳо 13 сол пурсидаам. Ҳол он ки ин мӯҳлати се моддаи аз 10 то 15 сол пешбинӣ мекунад. Суд ҳамаи инро ба назар гирифта 10,6 моҳ ҳукм бароварда дар доираи қонуни афв 2 соли онро кам кардааст. Дар бобати эътироз аз ҷониби прокуратура ҳаминро гуфтаниам, ки ман ягон эътироз пешниҳод накардаам ва хабар ҳам надорам. Зеро ин ҳукм дар доираи ҳамаи қонунҳои мавҷуда ҳукми одилона ба ҳисоб меравад. Агар прокуратура эътироз пешниҳод кунад, дар зери он имзои ман ҳатмист.»

Зимнан, ин ду халабон моҳи марти соли 2011 вақти бозгашт аз Ҷумҳурии Афғонистон дар фурӯдгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа боздошт шудаанд.

Ҷамолиддини Усмониён, Хатлон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97