Ҳотамӣ аз кисаи дигарон

Сиёсат 07.11.2011 10:50

Ҳақи ҳалоли мо

Artishi_Rushooo_0202Изҳороти Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия дар хусуси ҳудуди 49 сол тамдид ёфтани муҳлати будубоши Базаи ҳарбии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон, боиси вокунишҳои мухталиф дар расонаҳо шуд.

Дар ин робита дар бархе аз нашрияҳои ватанию хориҷӣ силсилаи мақолаҳое ба табъ расиданд, ки дар онҳо аз манфиатҳои зиёди ин иқдом барои Тоҷикистон, аз ҷумла омили ягонаи таъмини амнияту суботи минтақа будани базаи мазкур ва дастгирии ҳарбию техникии ҷумҳурӣ аз ҷониби Русия, сухан меравад. Барои тақвияти гуфтаҳои худ муаллифони ин матолиб ба ҷониби Тоҷикистон ба маблағи 1 млрд доллар додани лавозимоти ҳарбиро мисол оварда, бо истифода аз ибораи "кумаки ҳарбию техникӣ" хонандаро ба иштибоҳ меандозанд.

Дар асл ин лавозимот ҳамон техникаи ҳарбӣ ва аслиҳаи ҷангии собиқ дивизияи 201-уми шуравӣ мебошад, ки тибқи қавонини байналмилал ва созишномаҳои бисёрҷонибаву дуҷониба моликияти Тоҷикистон буда, баъд аз 20 соли таваққуфи ғайриқонунӣ ба мо бозпас баргардонида шуд.

Ҳама аз мерос ҳақи хеш бурд

Яке аз созишномаҳои асосие, ки ҳуқуқи Тоҷикистонро ба ин лавозимот тайид мекунад Созишномаи давлатҳои иштирокчии ИДМ "Дар бораи эътирофи мутақобилаи ҳуқуқ ва танзими муносибатҳои моликиятӣ" (9 октябри с.1992, ш.Бишкек) мебошад, ки тибқи он моликияти Иттиҳоди Шуравӣ, ки дар қаламрави давлатҳои ИДМ ҷойгир буд, ба ихтиёри онҳо гузашт. Аз ҷумла, давлатҳои ИДМ чунин муҳиммоти ҳарбии дар қаламрави хеш бударо соҳиб шуданд:

Беларус - 3457 тонк, 3824 мошини зиреҳпуши ҷангӣ, 1562 системаҳои артиллерӣ, 390 тайёраи ҳарбӣ, 79 чархболи зарбазан;

Украин - 14 дивизияи тирандози моторишуда, 4 дивизияи тонкӣ, 3 дивизия ва 3 бригадаи артиллерӣ, як бригадаи таъиноти махсус, 9 бригадаи мудофиаи зидди ҳавоӣ, 7 полки чархболҳои ҷангӣ, 3 армияи ҳарбӣ-ҳавоӣ (қариб 1100 тайёраи ҳарбӣ), артиши хоси мудофиаи зиддиҳавоӣ, 176 мушаки баластикии байниқитъавӣ, 2600 воҳид аслиҳаи ядроии тактикӣ, 18,3% киштиҳои флоти Баҳри Сиёҳ. Ғайр аз ин Украин бар ивази киштиҳое, ки зимни тақсими флоти Баҳри Сиёҳ ба ихтиёри Русия гузаштанд, 526, 509 млн. доллар ҷубронпулӣ ба даст овард.

Арманистон - аслиҳа ва муҳиммоти ҷангии дивизияҳои 15 ва 164 Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС, 500 вагон лавозимоти ҷангӣ, 13 чархболи ҳарбии Ми-24, 6 тайёраи ҳарбии Су-25 ва МиГ-25П.

Озарбойҷон - аслиҳа ва муҳимоти ҷангии артиши 4-уми Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС (4 дивизияи тирандози моторикунонидашуда), се бригадаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, як бригадаи таъиноти махсус, чор базаи қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ, 30% киштиҳои флотилияи баҳри Каспий, 286 танк, 947 мошинҳои зиреҳ пуши ҷангӣ, 388 системаи артиллерӣ, 53 тайёраи ҳарбӣ, 8 чархболи зарбазан, 11 000 вагонҳои лавозимоти ҷангӣ. Ғайр аз ин, Русия ба Озарбойҷон барои истифодаи стансияи радиолокатсионии Габала ҷуброни як дафъаӣ ба маблағи 31 млн. доллар дода, барои иҷораи он ҳар сол 7 млн. доллар пардохт менамояд.

Гурҷистон - дивизияи 10-уми танки Ахалтсих, муҳиммоти ҳарбии пойгоҳҳои мудофиавии 6 ва 8 Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС, амборҳои лавозимоти ҳарбии Ахалтсих ва армияи 34-уми ҳавоӣ, катерҳои ҷангии собиқ бригадаи ҳифзи манотиқи обии Поти. Ғайр аз ин, Русия бар илова ба Гурҷистон соли 1995 як баталйони тонкӣ ва соли 2007 ду базаи ҳарбиро (дар Ахалкалаки ва Батуми) ройгон супурд.

Қазоқистон - 5000 танк, зиёда аз 500 тайёра ва чархболҳои ҷангӣ, 1500 тонк ва мошинҳои зиреҳпуши ҷангӣ, 25% киштиҳои флотилияи ҳарбии Каспий.

Қирғизистон - аслиҳа, техника ва дигар муҳимоти ҷангии дивизияи 8-уми Панфилов, бригадаҳои Баликчӣ, Кой-Тош ва Ош.

Узбакистон - аслиҳа, техника ва дигар муҳимоти ҷангии армияи 40-уми Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС, аз ҷумла 250 тайёраи ҳарбӣ, як бригадаи чархболҳои ҷангӣ, муҳимот ва техникаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, зиёда аз 1000 тонк ва мошинҳои зиреҳпуши ҷангӣ.

Туркманистон - 520 тайёра, аз ҷумла 300 тайёраи ҷангӣ (асосан МиГ-29), зиёда аз 600 танк ва 1500 мошини зиреҳпуши ҷангӣ.

Ғайр аз ин, дар ин давра миқдори зиёди моликият, техникаи ҳарбӣ ва дигар муҳимоти ҷангии собиқ Артиши Шуравӣ ба кишварҳои собиқ аъзои Ташкилоти Шартномаи Варшава дода шуда буд. Аз ҷумла, ба Ҷумҳурии Федералии Олмон 777 шаҳраки ҳарбӣ, 5269 база ва амборҳои муҳимоти ҷангӣ, 3422 марказҳои таълимӣ, 47 аэродромов, 20 ҳазор хона ба тариқи ройгон дода шуда буд.

Ҳатто ба Чеченистони даврони генерал Ҷ. Дудаев, ки бо Русия дар остонаи ҷанг қарор дошт, бо амри вазири мудофиаи вақти Русия П. Грачёв техникаи ҷангӣ ва аслиҳаву лавозимоти ҳарбии як дивизияи том, зиёда аз 70 ҳазор дона аслиҳаи гуногуни оташфишон, зиёда аз 13 млн. тир ва миқдори зиёди дигар муҳиммоти ҷангӣ дода шуд, ки он баъдан ба муқобили аскарони рус истифода шуд.

Ҳақи бародари хурдиро кӣ хӯрд?

Artishi_RushoooДар иртибот ба ин, боиси таҳайюр аст, чаро Русия намехоҳад ҳуқуқи шарики стратегии худ - Тоҷикистонро ба муҳиммоти ҳарбии дивизияи 201-ум, ки дар муқоиса ба аслиҳа ва техникаи ҳарбии ба даст овардаи дигар кишварҳои ИДМ хело ҳам ночиз аст, эътироф намояд. Ҳарчанд минбаъд, дар созишномаҳои дуҷониба, алалхусус дар Шартнома миёни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи ҳамкориҳои ҳарбӣ аз соли 1993 низ, ин нукта қисман инъикос ёфта буд, ҷониби Русия бо ҳар баҳона ба Тоҷикистон баргардонидани ин муҳиммотро ба таъхир меандохт ва ҳоло кӯшиш дорад онро дар муқобили розигии Тоҷикистон барои тамдиди 49-солаи муҳлати будубоши базаи ҳарбии худ ба ҳайси кумаки ҳарбӣ-техникӣ муаррифӣ намояд.

Аз ҷониби дигар, коршиносони рус таъкид мекунанд, ки техника ва муҳиммоти мазкур ба баланд бардоштани қобилияти ҷангӣ ва мудофиавии артиши Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд. Вале, бояд хотирнишон сохт, ки техникаи ҳарбии дивизияи 201 охири солҳои 80-уми асри гузашта аз Афғонистон бароварда шуда, асосан аз модификатсияҳои куҳнашуда, аз қабили тонкҳои Т-62 ва Т-72, мошинҳои зиреҳпуши ҷангии БТР-70, БТР-80 ва БМП-1 иборат мебошад. Зимни истифодаи минбаъдаи зиёда аз бистсола, ин техника акнун бекора ва фарсуда шуда, қобилияти ҷангии он ночиз гаштааст. Маҳз аз ҳамин сабаб аксари давлатҳои ИДМ, хусусан Русия тасмим гирифтаанд, ки дар муддати кӯтоҳтарин артиши худро бо навъҳои ҳозиразамон ва аз ҷиҳати технологӣ пурқувват муҷаҳҳаз гардонанд. Тавре масъули мусалаҳсозии Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия - муовини Вазири мудофиаи ФР генерал-полковник Владимир Поповкин дар мусоҳибаи худ дар рӯзномаи "Красная звезда" аз 2 октябри соли 2008 изҳор карда буд: "… Қувваҳои мусаллаҳи Русия захира ва имкониятҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбиеро, ки аз ИҶШС мерос монда буд, то охир истифода бурданд                                                                       ва бо назардошти ин зарур аст, ки онҳо (Кувваҳои мусаллаҳ) ҳарчи тезтар бо навъҳои нави ҳозиразамони аслиҳа муҷаҳҳаз гардонида шаванд".

Дар иртибот ба ин саволе ба миён меояд, ки дар ҳолати бо навъҳои нави ҳозиразамон мусаллаҳ гаштани кишварҳои минтақа, артиши Тоҷикистон бо ин техникаи бекора ва аз ҷиҳати моддию технологӣ фарсудашуда чи тавр метавонад қобилияти ҷангии худро баланд бардошта, амнияти кишварро ҳифз намояд? Арзиши эъломшудаи ин лавозимоти фарсуда низ, хело ҳам шубҳаангез буда, ба ҳақиқат рост намеояд. Тааҷҷубовар аст, ки кадом коршиносон ва аз рӯи кадом принсип арзиши онро ба қадри 1 млрд доллар муайян намудаанд?

Барои муқоиса дар давоми солҳои 1992-2000-ум 41 киштии Флоти ҳарбӣ-баҳрии Русия, аз ҷумла крейсерҳо, киштиҳои минаандози эскадрӣ, десантӣ ва иктишофии ҳарбӣ, ҳамагӣ ба маблағи умумии 30 миллион доллар фурӯхта шудаанд. Акнун хонанда худ қазоват кунад, ки он тонкҳо ва мошинҳои зиреҳпуше, ки қариб то 30 сол умр дошта, бар иллати фарсудагӣ барои Русия нолозим шудаанд, чи гуна метавонанд чунин арзиши зиёд дошта бошанд.

Паҳлуи дигари масъала он аст, ки техникаи бозпас додашуда дар ояндаи наздиктарин ба таъмири капиталӣ эҳтиёҷ хоҳад дошт. Бо назардошти воқеияти мавҷуда, таъмир ва таъмини он бо қисмҳои эҳтиётӣ аз ҷониби "шарики стратегӣ" ба ҳеч ваҷҳ ройгон сурат нахоҳад гирифт ва Тоҷикистонро боз ба вобастагии молӣ ва техникӣ аз Русия мувоҷеҳ хоҳад сохт.

Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки Русия бар хилофи қонун моликияти Тоҷикистонро сари вақт барнагардонда, онро давоми 20 сол ройгон истифода бурдааст ва акнун мехоҳад ба ивази он ҳуқуқи будубоши 49 солаи базаи ҳарбии худро дар қаламрави кишвар ба тариқи ройгон соҳиб шуда, бар замми ин "шарики стратегӣ"-и худро боз ба вартаи вобастагии молиявию техникӣ бештар тела бидиҳад. Ба ростӣ, мантиқи чунин як амал, ки дар доираи муносибатҳои стратегӣ сурат мегирад, барои тафаккури солим қабулнопазир мебошад.

Русия вомдори мост

Вале мутаассифона Русия дар ин бозӣ мантиқи баҳсбарангези худро дорад. Тибқи ин мантиқ ҳузури ҳарбии Русия кафолати амният ва суботи минтақа мебошад ва маҳз Тоҷикистон бояд бар ивази он аз манфиатҳои миллии худ сарфи назар намуда, на танҳо будубоши доимии базаи ҳарбии 201-умро дар қаламрави худ таъмин намояд, балки комплекси оптикию электронии "Окно", аэродроми "Айнӣ", дигар объектҳои ҳарбӣ, иншоотҳои стратегии хоҷагии халқ ва билохира сарҳади давлатии худро ба ӯ ройгон пешкаш намояд.

Дар ин росто мо низ мутмаинем, ки Русия барои вазъи минтақа ва таъмини амнияту суботи он ҷавобгӯ мебошад. Вале мо ҳамчунин мутмаин ҳастем, ки вуруди ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон, ки сабаби оғози нооромиҳои 30 солаи минтақа гашт, на бар нафъи Тоҷикистон, балки ба хотири манфиатҳои бузургдавлати ИҶШС, ки вориси ҳуқуқӣ ва воқеияш Русия мебошад, сурат гирифта буд. Аз ин рӯ, Русия уҳдадор аст, ки ба ҳайси яке аз эҷодкорони асосии ин нооромӣ, ҷиҳати рафъи он самимона кӯшиш ба харҷ диҳад. Ҳамзамон анҷоми ин ҷавобгарӣ на бояд аз ҳисоби поймол сохтани манфиатҳои миллии кишварҳои минтақа сурат гирад. Дар акси ҳол Русия аз лиҳози маънавӣ рисолати таърихии худро аз даст медиҳад.

Ҷамшеди Қувват


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97