Панҷ - истгоҳи охирин: Мунтазири омадани Президент

Сиёсат 04.11.2011 09:29

Роҳҳо: Панҷ - истгоҳи охирин

Lenin_dar_muzofotБа гуфтаи сокинони маркази ноҳияи Панҷ мушкили асосии мардум ин аст, ки ноҳия аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба гуфте "дар истгоҳи охирин" ҷойгир аст. Барои кишоварзони панҷӣ содир намудани маҳсулот ба шаҳрҳои дигар мушкилиҳои зиёд дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кишоварзони навоҳии Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритӯс аз 50 то 70, Бохтару Вахшу Хуросону Румӣ, беш аз 85 дар сади маҳсулоти кишоварзии худро ба берун аз ҳудуди ноҳияҳои худ содир мекунанд. Аммо деҳқонони Панҷ чунин шароитро надоранд. Зеро дурию харобии роҳи Панҷ то Қумсангир монеъи омаду рафти соҳибкорон гардидааст. Акнун мақсад аз суоли сокинони Панҷро дарк кардем, ки мепурсиданд: "Таъмири роҳи Қумсангир - Қӯрғонтеппа то куҷо расидааст?". Ҳарчанд дар ҳоли ҳозир маълумоти расмие оид ба лоиҳаи бозсозии роҳи мошингарди Панҷ -Қумсангир ироа нашудааст, аммо панҷиҳо бовар доранд, ки баъди итмоми тармими ин роҳ ҳукумат лоиҳаи таъмири роҳи мошингарди Қумсангир - Панҷро низ рӯи даст мегирад.

Эй кош, зудтар чунин шавад!

Саноат

Дар ноҳияи Панҷ ҳамагӣ як корхонаи саноатӣ - заводи пахтатозакунӣ арзи вуҷуд дорад, ки он ҳам фаъолияти мавсимӣ дорад. Корхонаи мазкур соли гузашта ҳамагӣ 3 ҳазору 355 тона пахтаро коркард кардаасту халос. Ҳол он ки дар солҳои 1990 ин корхона 10 ҳазору 905 тона пахтаро коркард карда буд. Соли 2000- ум дар ин корхона 1 ҳазору 704 тонна ва дар соли 2005-ум 4 ҳазору 141 тона пахта коркард шудааст.

Кишоварзӣ

Дар 20 соли охир соҳаи аз ҳама осебпазири ноҳияи Панҷ ин соҳаи чорподорӣ мебошад, ки то кунун ба нишондиҳандаи солҳои 1991-1992 баробар нашудааст. Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 1991 саршумори чорпои ҷамъиятӣ дар ноҳия ба 77 ҳазору 143 сар мерасид. То соли 2000- ум ин нишондод то 23 ҳазору 573 сар коҳиш ёфт. Баъди таъкиду дастурҳои ҳукумати Тоҷикистон оид ба барқарор кардани ин соҳаи муҳим дар соли 2010 саршумори умумии чорпои ҷамъиятии ноҳия ба 55 ҳазору 703 сар расонида шудааст. Бо мурури замон дар ноҳияи Панҷ ҳам кишти пахта моҳияти дуввумдараҷа пайдо мекунад ва сол то сол масоҳати майдонҳои кишти пахта коҳиш меёбад. Агар дар соли 1991 дар ҳудуди Панҷ дар майдони 10 ҳазору 507 гектар замин пахта кишт шуд, соли 2000-ум масоҳати замини кишти пахта 8 ҳазору 880 гектарро ташкил мекард. Соли 2010-ум майдони умумии заминҳои пахта ба 4415 гектар расид. Рӯзе, ки мо дар Панҷ қарор доштем, нақшаи пахта ҳамагӣ 60% иҷро шуда буд. Дар ҳоле ки дар он шабу рӯз нақшаи пахтасупорӣ дар сатҳи вилояти Хатлон ба 90 дар сад расида буд. Дар солҳои пеш фаъолияти роҳбарии раисони ноҳия аз рӯи нишондоди иҷрои нақшаи пахтасупорӣ баҳогузорӣ мешуд.

Пахтаи арзони Панҷ

Аммо қафомонии ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Панҷ сабабҳои дигар дорад. Бинобар паст будани нархи пахта дар ин ноҳия деҳқонон ҳосили худро дар хонаҳо нигоҳ дошта, маълумотномаи ҳосилнокиро ба идораҳои марбутаи ноҳия намедиҳанд. Зеро дар Панҷ як тонна пахта 620- 640 доллар нарх дорад. Ин дар ҳолест, ки дар ноҳияи Фархор барои 1 тонна пахта 800 - 820 доллар пардохт мекардаанд. Дар дигар навоҳии вилоят як тонна пахта аз 700 то 800 доллар нарх дорад. Деҳқонон мегӯянд; "дар Панҷ ҳосили пахта хуб аст, аммо нархи он моро қонеъ карда наметавонад. Вақте мо пахтаро фурӯхтем, баъд омори воқеъии ҳосилро ба идораҳои дахлдор пешкаш мекунем." Ҳамин тавр, дигар мусобиқа оид ба иҷрои нақшаи пахтасупорӣ барои аксари деҳқонон моҳияти худро гум кардааст.

Дар солҳои оғози пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ нуфузи аҳолии ноҳияи Панҷ ба 75,5 ҳазор нафар мерасид. Соли 2000- ум шумораи аҳолӣ ба 80,2 ҳазор ва соли 2010- ум ин рақам ба 94,1 ҳазор нафар расидааст.

Маънавиёт ё "хаос"- и идеологӣ

Binoi_navi_hukumatДастоварди беҳтарин дар риштаи маънавиёти ноҳия ин рушди матбуоти маҳаллӣ мебошад. Ба истиснои нашрияи ноҳиявии "Ҳаёти нав" инчунин аҳли маорифи ноҳия як ҳафтавори ҷолиби "Нури маърифат"- ро таъсис додаанд, ки ҳар ду рӯзнома ҳам дар ноҳия хонандаи худро пайдо кардааст. Аммо то соҳилҳои Панҷоб рӯзномаҳои даврии кишвар камтар мерасанд. Мардум дастрасӣ ба матбуоти давриро надоранд. Бартар аз баъзе дигар ноҳияҳо дар маркази ноҳияи Панҷ гӯшаи рӯзномахонӣ ташкил карда шудааст, вале масъули ин гӯша шояд ба мардикорӣ рафта бошад, ки он рӯз 7-уми октябр охирин рӯзномаи дар "витрина"- гузоштааш, "Ҷумҳурият" нашри 3- юми сентябр ва "Садои мардум" аз таърихи 30- юми августи соли ҷорӣ буд. Роҳгузаре гуфт, ки қаблан ин гӯша мухлисони зиёд дошт, аммо баъдан масъули он бисёр беэътиноӣ карда, рӯзномаҳои кӯҳнашударо ба нав иваз намекунад. Ва ин гӯшаи фарҳангӣ моҳияти худро гум кардааст. Халои фазои иттилооотӣ ва "хаос"-и идеологӣ дар ноҳияи Панҷ таъсири худро ба маънавиёти ҷомеъа расонидааст. Мардум дар бораи ҳаводиси марказ кам хабардор мешаванд.

Мегӯянд, ки замоне мактабу боғчаву табобат бепул буд

Дар яке аз маҳаллаҳои маркази ноҳия ҳайкали Ленин то ҳол побарҷост. Пиронсолон мегӯянд, то зинда будани мо ҳайкалро аз ҷояш наҷунбонанд. Зеро одам пир шавад, бештар дар ёди рӯзҳои гузаштааш, зиндагӣ мекардааст. Ва моро хумори даврони ленинӣ бисёр мегирад. Насли ҷавон бошанд, Ленинро ҳамчун доҳии даврони тиллоии падару бобоёнашон медонанд. Роҳгузарони наврас ба саволи; "Ин ҳайкал кист?" китф дар ҳам кашида, роҳашонро идома медиҳанд. Аммо бачаи 8- 9 солаи кунҷкобе, ки баҳси моро мушоҳида дошт, ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд: "Ман ин мардакро мешиносам. Авом мега, дар вақтуш одамон дар колхозу савхозҳои сохтаи ӯ кор мекардаанд ва ин мардак ба одамора мактабу "садик", гаражу раҳ месохтай. Ва дар мактабу "садик"- и ӯ табобат бепул будааст".

"Ориёно"-и афғонӣ ва "Толик ко мне"-и тоҷикӣ

Мардуми соҳили Панҷ як одат доранд, ки аз мушкилиҳои хеш сухан намекунанд, аммо баъзе гуфтори ҳазломезу ишораҳои онҳо баёнгари вазъу муҳити зисташон аст. Оид ба муҳтавои барномаҳои шабакаҳои телевизионии кишвар ҳамин қадар гуфтанд, ки мо ягон барномае, ки бинандаҳо ҳар бегоҳ бесаброна мунтазираш бошанд, надорем. Албатта, дар муқоиса ба барномаҳои шабакаҳои "ТНТ", "1- канал"- и русӣ, "Россия-2", "RenTV", "СТС" ва дигар шабакаҳои телевизионие, ки мардуми музофот тариқи шабакаҳои моҳвораӣ тамошо мекунанд, чунин баҳогузорӣ ба барномаҳои телевизионии ватанӣ воқеъият дорад. Мо,- мегӯяд Бахтиёри "росиян" (ӯро дар деҳа чунин ном мебаранд), вақте дар Русия телевизионҳои ватанро тамошо мекунем, аз пахши рекламаҳои "партобҳои аврупоӣ" шарм медорем. Дар Рассия, -мегӯяд Бахтиёр,- тоҷикон телевизиони "Ориёно"-ро тамошо мекунанду шабакаи тоҷикистониро "Толик, ко мне" мегӯянд. Дар кадом як шабакаи тоҷикистонӣ гӯё "саг-дору" -дармонбахши бемории "ГРИПП" зиёд реклама мешудааст.

Вазъи ҷиноӣ

Аз рӯи маълумоти оморӣ агар дар соли 1992 дар ноҳияи Панҷ 86 ҳодисаи ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст, дар 20 соли охир танҳо соли 1994-ум 90 ҷиноят, соли 1998 122 ҷиноят ва дар соли 2008- ум 107 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар солҳои баъдӣ сатҳи ҷинояткорӣ нисбат ба солҳои замони Шуравӣ коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи Рустам Афизов, сардори шӯъбаи хурди кофтукоби ҷиноятии ШКД - и ноҳияи Панҷ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави ноҳияи Панҷ 82 ҳодисаи ба ҷинояткорӣ даст задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин муддат дар ноҳия 1 ҳодисаи куштор рух додааст. Аз гардиши ғайриқонунӣ 144 килограмму 366 грамм маводи мухаддир боздошт шудааст. Ба гуфтаи Рустам Афизов аввали сол 31 нафар аз сокинони ноҳия дар пайгард қарор дошта, дар давоми сол 11 нафари онҳо боздошт шудаанд.

Панҷиҳо интизори омадани Президентанд

Дар ноҳияи Панҷ сулҳу ваҳдат бо маънои томаш ҳукмфармост. Ду ҳизби фаъоли ноҳия - Ҳизби халқии демократӣ ва Ҳизби коммунист мебошанд, фаъолону аъзои қаториаш мегӯянд, ки марому ҳадафҳои мо як аст; ободии Ватан.

Вақти бозгашт аз ноҳияи Панҷ дар назди мошинҳои мусофирбарии Панҷ-Душанбе, ки қад-қади роҳи мошингарди назди бозори ноҳия навбат мепоиданд, аз орзуву ояндасозиҳои мардум пурсон шудем. Мардум ҳама ба ояндаи диёри худ назари некбинона дошта, ташрифи раҳбари давлатро ба ноҳияи худ интизоранд. Ба гуфти онҳо, президент аз ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар дидан намуда, рӯзе ба ноҳияи Панҷ ҳам сафари расмӣ хоҳад кард. Он вақт бештари мушкилиҳои мардум ҳалли худро меёбанд. Панҷиҳо ба омадани президент ва ба ояндаи нек умед доранд.

(Анҷом)

Ҷамолиддини Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97