Набарди Панҷ ниқоб аз рӯйи манҳуси ҷанг баркашид

Сиёсат 26.10.2011 08:26

Kolaghi_JagaСоҳили рӯди пурхурӯшу баъзе аз қисматаш ороми Омӯ аз қадим беҳтарин мавзеъ барои зиндагии мардум ба шумор мерафт. Бозмондаҳои даврони пешин гувоҳи онанд, ки деҳоти аҳолинишин ҳам ҳамеша қад-қади соҳили дарёи пурганҷи Омӯ ё худ рӯдхонаи Панҷ доман паҳн мекарданд.

Саид, ронандаи мошини мусофирбари самти Душанбе- Панҷ дар васфи зодгоҳаш мегӯяд: "Рӯди Панҷ имрӯз ҳам он ҷозибаеро дорад, ки моро сӯи хеш ҷазб кунад. Дар 14 соле, ки ба мусофирбарӣ машғулам, ҳамеша вақти бозгашт ба Панҷ як эҳсоси аҷибе маро фаро мегирад. Навобаста аз онки мушкилоти гуногуни иҷтимоъӣ монеъи беҳдошти рӯзгор ва рушди ноҳия гардидааст, аммо мардум бо умеди ояндаи нек зиндагонӣ доранд. Мо дар сарҳад бояд нуфузи аҳолиамонро зиёд кунем".

- Ман 26 сол пеш вақте донишҷӯй будам, ба ноҳияи Панҷ пахтачинӣ омада будам,- ба сӯҳбат ҳамроҳ мешавад бонуи шаҳрнишине, ки ҳамроҳи мо савори мошин буд, - ҷавон будему хорҳои пахтазор ба назарамон гул менамуд, акнун ба хабаргирии хоҳарам меравам, намедонам, Панҷ чӣ хел шудааст.

Мусофири дигаре, ки ронанда ӯро муаллим ном бурд, иброз дошт, ки то солҳои 1994 мардум оби тиллодори Панҷро менӯшиданд: "Чун обро бар кафи дастҳо мегирифтӣ, пур аз резаи тилло буд. Баъдан ташкилотҳое пайдо шуда, мардумро тарсониданд, ки гӯё сабабгори хуруҷи ҳамагуна бемориҳо истеъмоли оби ҳамин дарё бошад. Дар ҳоле ки солимию нирӯмандии зеҳнии сокинони соҳили Панҷ аз истеъмоли фаровони ҳамин оби тиллодор аст."

Файзи Истиқлол: Роҳи нав

Мошини Саид дар роҳи тоза таъмиршудаи Рӯмӣ- Қумсангир гӯйи оҳиста парвоз мекарду мусофирон ба роҳат сӯҳбат доштанд.

- Духтарамро бо чаҳор фарзандаш аз шавҳараш ҷудо карда, аз Душанбе овардам, зеро шавҳараш нашъаманд шудааст, - мегӯяд муаллим.

- Агар сарҳадиҳо ҳама мисли Шумо рафтор кунанд, медонед, ки дар Панҷ чӣ миқдор хонавода пош мехӯрад? - рафтори муаллимро нодуруст мешуморад, бонуи шаҳрӣ.

Муаллим бо бовар изҳор медорад, ки Панҷ ҳамсарҳади Афғонистон ҳам бошад, аммо теъдоди нашъамандонаш ангуштшуморанд, ки онҳо низ наслҳои замони Шӯравӣ мебошанд.

Барои ман, ки ба Панҷ сафари корӣ доштам, аз ин сӯҳбат боз як мавзӯи дигар пайдо шуд.

Наҳси Истиқлол: Аҷинабоди биёбонӣ

Аз маркази ноҳияи Қумсангир гузаштан замон хотири болидаи мусофирон якбора дигар шуд. Роҳи хароби Қумсангир-Панҷ "доду вой"-и мошинро баровард. Саид аз тез-тез вайрон шудани мошин ва қисмҳои эҳтиётии бесифат шикоят дошт.

-Додар, ин "траншейя"-ҳои лимонро кӣ хароб кард? - мепурсад бону.

- Ҷанг, мушкилиҳои солҳои баъди ҷанг…

- Силоҳбадастон ниҳолҳора канда бурданд? О, инҷо боғҳо ва мулки обод дошт, ку?

- Зиндагӣ ин гулистонро биёбон кард.

Сӯҳбати ронанда ва бонуро гӯш мекардему манзараи заминҳои бекорхобидаи ду тарафи роҳ ҳаводиси ҷанги шаҳрвандиро ба хотир меовард. Дар биёбони "навбунёд"-и Қумсангир тақрибан дар ҳар 50-100 метр як "аҷинабодак" хоки дашти ташналабро ба осмон мебардошт. Мӯйсафеде, ки гуфт, аз лақайҳои Панҷ ҳастам, бо ангушт ба гирдбодҳои дар як қатор саркашида ишора кард: - Инҳо наҳсу касофати солҳои нотинҷӣ аст. Солҳои донишҷӯии мо ин заминҳо ҳама боғу сабзазор буд, говҳои қумсангириҳо то 12 литр шир медод, устодони мо Қумсангирро дили Тоҷикистон мегуфтанд. Акнун Қумсангир ҷигари сӯхтаи мо аст. Агар дар 20 сол ягон нафар роҳбари масъул аз инҷо мегузашт, албатта хабар ба Президент мерасиду ин заминҳо ба ин авҳол намеафтод. Баъди ҷанг ҳазор гектар замин аз тарафи росту ҳазор гектари дигар аз тарафи чап аз истифодаи кишоварзӣ баромадаанд. Гӯё мутахассиси соҳаи заминсозӣ ба мо маълумот медод.

Баъди даштҳои ташналаби заминҳои Қумсангир доманакӯҳҳои аз беобӣ сӯхтаи водии Панҷ пайдо мешаванд. Ронанда, изҳори ташвиш менамояд, ки дар поёни ағба як қисми роҳ фурӯ рафтааст. Агар сари вақт чорае андешида нашавад, дар нахустин борони тирамоҳӣ роҳи Қӯрғонтеппа- Панҷ канда мешавад. Ин ягона роҳест, ки Панҷро ба ноҳияҳои ҷанубии Хатлон пайваст мекунад. Вазъи роҳи мошингарди Панҷ-Фархор аз ин ҳам бадтар аст.

Шаҳидони хунинкафани панҷӣ

Qabri_umumii_10_shahidДар деҳаи "Сарҳадчиён"- и ноҳияи Панҷ мусофире хоҳиш кард, ки дар назди Мазори шаҳидон лаҳзае таваққуф карда, дар ҳаққи эшон дуо бихонем. Дар ин мавзеъ қабристони дастҷамъии 10 тан аз ҷавонмардони шаҳид; Усмон, Сайидамир, Ирфон, Идӣ, Саидхӯҷа, Раҳимҷон, Санъат, Сайвалӣ ва як ҷавони гумном воқеъ аст, ки дар санаи 30- юми декабри соли 1992 аз тарафи зархаридон ва тарроҳони ҷанги дохилӣ кушта шудаанд. Муаллим дид, ки меҳмонон бо асбобҳои аккосию телефонҳои мобилӣ санги гӯри 10 нафараи шаҳидонро акс мегиранд, оҳе кашида гуфт - Бачаҳо, биёед равем. Ҳоло дар даромадгоҳи шаҳрак манзараи аз ин ҳам ҳузнангез дорем. Як мазори оммавии "Шаҳидон" аст, ки дар он садҳо нафар дар як гӯр дафн шудаанд. Он вақт аз камбуди қабркану бисёрии мурдаҳо гӯрҳои оммавиро бо экскватор меканданд.

Саид ором мошин меронду аз ҳар боб қисса мекард ва ногоҳ гуфт: - Бисёр мехостем, ки нависандае бошаду аз ҳаводиси соли 1992- и ноҳияи Панҷ ягон асари беғараз нависад. Ҷанги Панҷ аз ҳодисаҳои дигар минтақаҳои Тоҷикистон фарқ дошт. Зеро агар дар дигар навоҳии кишвар ҷанги аслан миёни тоҷикон, байни зодагони ду маҳал буд, ин ҷо то хабар ёфтани масъулин ва сарварони ҳукумати нав, размандагони панҷӣ бар алайҳи зархаридони бегона, ки тоҷик мекуштанд, меҷангиданд.

Панҷи ноороми соли 1992

Дар назди Мазори шаҳидон мо аз ҳамсафаронамон ҷудо шуда, аз пайи дарёфти шоҳидони он рӯзҳои сиёҳ шудем. Марди пире, ки захмҳои ҷанг ҳанӯз аз дилаш нарафтааст, андешаҳои худро оид ба омилҳои куштори оммавии тоҷикон дар Панҷ чунин шарҳ дод: "Ҷанг дар Панҷ симои аслии тарроҳони ҳодисаҳои сиёсии хунбори Тоҷикистонро нишон дод. Тобистони соли 1992 вақте дар Вахшонзамину дигар манотиқи Тоҷикистон ҷонибдорони майдонҳои Озодию Шаҳидон дар сангарҳои муқобил қарор доштанд, дар соҳили Омӯ тоҷикони панҷӣ ба муқобили силоҳбадастоне, ки Панҷро аз марзи Тоҷикистон ҷудо карданӣ буданд, мубориза мебурданд. Фитнае, ки ангехта шуд, мардуми Панҷро ба маҳаллу майдонҳо не, балки ба тоҷику узбак ҷудо кард. Ҳол онки дар байни мардуми Панҷ зиддиятҳои миллӣ эҳсос намешуд ва мардум ба якбора дигар шудани хати машйи ҷангро интизор набуданд". Мӯйсафед суроғаи хонаашро ба мо дода гуфт: - Ман говамро гум карда, каме саргардонам. Бегоҳ ба хонаи мо биёед, хоҳед шаб то саҳар сӯҳбат мекунем. Лекин дар назди ин Мазори шаҳидон фикру хаёли ман парешон аст, намедонам аз кадом ҳодисаи он рӯзҳо бароятон нақл кунам.

Қадриддин Аслонов ба ҳамкорони собиқаш бовар дошт

Ҳамсӯҳбати дигари мо низ нақл кард, ки то омадани нирӯҳои ҳукуматӣ дар ин ноҳия ҷанг байни тоҷику узбак мерафт: "Як вақт хабар оварданд, ки дар даромадгоҳи ноҳияи Панҷ як гурӯҳ силоҳбадастони ношинос худсарона дидбонгоҳ ташкил карда, тамоми мусофирони аз маркази вилоят ва шаҳри Душанбе омадаро гаравгон мегиранд. Сокинони маҳаллаҳои тоҷикнишин барои озод кардани фарзандони худ ба асир гирифтани намояндагони ҷониби муқобил даст заданд. Раиси ноҳия Абдуҷалил Каримов бо дигар мақомоти маҳаллӣ наметавонистанд амнияти мардумро таъмин намоянд. Ӯ дар як сӯҳбати телефонӣ раиси онвақтаи вилоят Қадриддин Аслоновро, ки он шабу рӯз ҳукумати вилояти Қӯрғонтеппаро ба ҷои бехавфтар, ба ноҳияи Колхозобод (ҳозира Румӣ) кӯч дода буд, аз вазъияти сиёсии Панҷ огоҳ кард. Қадриддин Аслонов оид ба роҳбарони сангарҳои мухолиф маълумот гирифта, мегӯяд, ки оҷилан ба Панҷ омада, асирони ҳар ду тарафро озод хоҳад кард. Ҳарчанд раиси ноҳияи Панҷ таъкид кард, ки раис ба Панҷ наоед, вазъият муташанниҷ аст, аммо Аслонов ба собиқ ҳамкорону дӯстонаш, ки дар сангарҳои муқобил қарор доштанд, бовар карда, ба Панҷ омад. Ӯ бовар дошт, ки дар даромадгоҳи ноҳияи Панҷ яке аз раисони хоҷагиҳои номдори ноҳия Аслам Сафаров ӯро пешвоз гирифта, то маркази ноҳия роҳнамоӣ мекунад".

Ҳанӯз чанд сол қабл як дӯсти содиқи Қадриддин Аслонов гуфта буд, ки агар як сабаби ба Панҷ раҳсипор шудани раиси вақти вилоят ба эътидол овардани вазъи ноҳия бошад, сабаби дигар ин буд, ки Аслонов дар ноҳияи Колхозобод худро танҳо эҳсос карда, роҳ сӯи Панҷро пеш гирифт. Ҳамин тавр, раиси собиқи Шӯрои Олӣ дар даромадгоҳи ноҳияи Панҷ, ки замоне роҳбарии онро бар дӯш дошт, боздошт шуду муноқишаҳои сиёсии қавмӣ дар ин ноҳия печидатар ва мураккабтар шуд.

Мирзои деҳқон ва Ҳакими киномеханик; ду муҳофизи Панҷ

Як нафар корманди собиқи ҳукумати ноҳияи Панҷ, ки хоҳиш кард, номашро ифшо накунам, аз он рӯзҳои пурдаҳшат ёд карда чунин гуфт: "Боздошти Қадриддин Аслонов, овозаҳои қатли оммавии тоҷикон дар Шаҳритӯс, Қубодиёну Ҷилликӯл ва хатари ҳуҷуми силоҳбадастоне, ки дар дидбонгоҳояшон парчами бегонаро афрохта буданд, сокинони шаҳраку деҳоти ноҳияро ба ташвиш оварда буд. Нанги миллӣ иддае аз "лидер"-муштзӯрони кӯчагиро ором намегузошт. Онҳо бовар надоштанд, ки дар оянда силоҳбадастоне, ки дар даромадгоҳи ноҳия дидбонгоҳ таъсис додаанд, ба одамони бесилоҳ зарар намерасонанд. Ҳамин тавр, Мирзо ва Ҳаким, ки яке машғули палакбониву дуввумӣ киномеханик буд, ҷабҳаи муҳофизати Панҷро таъсис доданд. Мирзо Зиёев як фарди оддии деҳа, аммо ҷасуру паҳлавон ва ҷавонмарди шуҷоъ буд. Сабаби ба майдон баромадани онҳо ин буд, ки бештари зиёиёну афроди таҳсилотдида ҳанӯз ҳам мунтазири ҳукумати марказ, ки бо ном вуҷуд дошт, рӯзи худро дар ҳуҷраҳои корӣ гузаронида, мардумро ба сабру таҳаммулпазирӣ даъват мекарданд. Онҳо бовар доштанд, ки силоҳбадастон ба одамони бегуноҳу аз муноқишаҳои сиёсӣ бехабар зиён намерасонанд. Яке аз чунин қурбониёни бегуноҳ собиқ судяи суди ноҳияи Панҷ шодравон Ёдгоршоҳ Амиршоев буд, ки ба тозагӣ муовини раиси суди вилоят таъин шуда, то лаҳзаи охири ҳаёт аз доираи қонунҳои вақт берун набаромада буд. Ҳатто вақте мардум аз тарси ҷон ва ба хотири зинда мондан, ночор марзро убур карда ба Афғонистон мегузаштанд, Ёдгоршоҳ ба ҳамсараш мегӯяд; "Ман корманди мақомоти судӣ ҳастам, ҳеҷ гох сарҳадро ғайриқонунӣ убур намекунам."

1-уми Май биё, ё мулло- табиби дардошнои панҷиҳо

Рӯзи дигар мо барои дарёфти шарҳи бештари ин мавзӯъ ба сӯи деҳаи "Вахиё"-и хоҷагии собиқи "1-уми май"- имрӯза ҷамоати деҳоти "Нури Ваҳдат",- зодгоҳи судяи шаҳид шодравон Ёдгоршоҳ Амиршоев раҳсипор шудем. Дар чорроҳаи маркази ноҳияи Панҷ ронандаҳо роҳгузаронро нидо мекунанд: Якуми Май, биё!!!

(Идома дорад)

Ҷамолиддини Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97