Баъди сари Устод Раббонӣ: Толибон ба Тоҷикистон хатар доранд. Мухолифон ва ҷонибдорон

Сиёсат 25.10.2011 09:58

Mizigird_0414 октябр дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди президент бо ибтикори Анҷумани байнулмилалии рӯзноманигорони форсизабон- "Афрӯз" ва нашрияи "Миллат" ҳамойише дар мавзӯъи "Афғонистон баъд аз шаҳодати Устод Раббонӣ: Пайёмади сиёсӣ ва низомӣ барои Тоҷикистон ва минтақа" баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони сафоратхонаҳои Афғонистон, Ирон, Русия, вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, рӯшанфикрони саршиноси тоҷик, коршиносони масоили сиёсӣ ва рӯзноманигорони шинохтаи кишвар ширкат доштанд. Гардонандаи Мизи гирд Раҳматкарими Давлат, журналисти шинохта ва муассиси Анҷумани "Афрӯз" ҳамойишро ифтитоҳ намуда, мақсад ва ҳадафи ҷамъомадро шарҳ доданд. Баъдан оқои Ориёнфар, масъули бахши фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази татқиқоти стратегӣ, Худойбердӣ Холиқназарзода, вазири пешини умури хориҷаи Тоҷикистон, академик Маҳмадулло Лутфуллоев, Ҷамолиддин Сайидзода, донишманди тоҷик, Давлати Усмон, сардори Ситоди Иттиҳоди собиқи мухолифини тоҷик, Рашид Ғанӣ Абдулло, собиқ тарҷумони СММ дар Тоҷикистон, Меҳмоншоҳ Шарифзода, таҳлилгари тоҷик ва котиби аввали Сафорати Русия дар Тоҷикистон Сергей Колотилинский ва дигар ширкатдорони Мизи гирд назару андешаҳои хешро сари вазъияти Афғонистон ва кишварҳои минтақа, нигаронӣ аз террори чеҳраҳои саршинос дар Афғонистон баён намуданд. Миёни ширкатдорони ин маҳфили рӯшанфикрӣ баҳсу мунозираи муфиду хотирмон сурат гирифт, ки он пешкаши хонандаи «Миллат» мегардад.

Фикр кардаед, ки чаро амрикоиҳо дар кӯҳсорони Афғонистон мемиранд?

Mizigird_06Раҳматкарими Давлат, гардонандаи мизи гирд:

Ба номи Худое, ки ҳастӣ аз ӯст.

Салом ҳозирини гиромӣ. Устодони азиз, бузургмардони бедор ва ҳамкорони мӯҳтарам!

Қабл аз ҳама аз номи бародарону мубтакирони баргузории ин нишаст, арзи сипоси фаровон дорам, аз ҳамаи Шумо, ки даъватро пазируфтед ва вақти қиммати худро барои ёде аз бузургмарди таърих Устод Раббонӣ ва гуфтумон сари ояндаи вазъияти минтақа ва сарнавишти худамон дареғ надоштед. Устод Раббонӣ дигар ниёзе ба суханони мо надорад, ҳарчанд агар буландболову хубу нек бошанд ҳам. Ин ки мо нишастаем ва мехоҳем сӯҳбат кунем, нигаронии мо пеш аз ҳама аз сарнавишти ояндаи худамон аст. Мо вопасгаро нестем, мо мехоҳем роҷеъ ба имрӯз ва оянда сӯҳбат кунем. Мо мехоҳем роҷеъ ба ҳимоят аз арзишҳое сӯҳбат кунем, ки Устоди гиромӣ ва шогирдони мактабаш дар роҳи ҳаросат аз он арзишҳо ҷони азизи худро бохтанд. Он арзишҳо, ки ба сурати усули дини поки мо, фарҳанги ягонаи мо, ҳофизаи таърихии мо ва забону миллати мо аст. Дақиқан даҳ рӯзи пеш аз шаҳодаташ шоҳиди суханронии Устод Раббонӣ дар маросими гиромидошти шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд будам. Як нукта аз ин суханронӣ хуб дар гӯши ёдам мондааст, ки хитоб ба вазири дифоъ ва вазири дохилаи кишвараш гуфт: "Фикр мекунед, Ғарб ва Амрико чаро омадааст, ки дар Афғонистон биҷангад? Онҳо наомадаанд, ки мо афғонҳоро ҳимоят кунанд, онҳо аз пушти ҳазорҳо километр ва аз пушти уқёнус омадаанд, ин ҷо кушта медиҳанд, ки арзишҳои худро ҳимоят кунанд. Барои он ки ҷанг ба кӯчаҳои Ландан ва Вошингтон накашад, ин сарбозони ғарбӣ дар ҷодаву кӯҳистонҳои Афғонистон ҷон медиҳанд". Ба сароҳат нигаронии мо ҳам аз зери хатар қарор гирифтани ҳамин арзишҳоямон аст. Чаро ғарбиҳо меоянд, аз арзишҳои худ дар кишварҳои мо ҳимоят мекунанд, вале мо ба худамон ҳақ намедиҳем, ки дар дохили кишвари худамон аз ин арзишҳо ҳимоят кунем?!

Тоҷикистон барномаи рушди муносибот бо Афғонистонро дорад?

Чанд мавзӯъ қобили гуфтан аст. Давлати Тоҷикистон агар дар 20 соли вуҷуди худ як кори хуб карда бошад, ҳимоят аз муқовимати мардуми Афғонистон дар муқобили таҷовузест, ки ҳаргиз эълон нашуд. Ман дар чанд вақти пеш, ҳанӯз замоне, ки Муҳаммад Юнуси Қонунӣ раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон буданд, бо эшон сӯҳбат кардам ва хостам андешаашонро роҷеъ ба нақши Тоҷикистон дар вазъияти Афғонистон бидонам. Ӯ ба сароҳати лаҳҷае, ки хоси ӯст, гуфт, агар пуштибонии мардуми Тоҷикистон баъзе шахсиятҳои далери он намебуд, мо дақиқан на дар Кобул бо шумо сӯҳбат мекардем, балки ҳанӯз дар пушти сангар мебудем. Дигар ин ки бархе таҳлилгарони ғарбӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки кишварҳои бузурги ҳамсояи Афғонистон бо вуҷуди дасти дароз ва имконоти молӣ имкони таъсиргузорӣ ба Афғонистонро ба андозаи Тоҷикистони тақрибан бидуни имконият надоранд. Ҳайф аст, ки агар ин имтиёз, ки онро тақдир, таърих ва сарнавишт ба Тоҷикистон додааст, ки ба нафъи рушди муносибот ва таъмини суботи Афғонистон ва ҳимоят аз арзишҳо истифода нашавад. Ҳарфи мо ин аст, ки Тоҷикистон ба сурати дуруст барномаи пешбурдии худро дар қиболи Афғонистон ва рушди муносибот бо ин кишвари дӯст надорад. Мо набояд ба барномаҳои Ғарб дар ин маврид бо чашмони баста, фақат лаббайк бигӯем, балки коре бояд бикунем, ки ҳадаф ва хостаҳои мо дар барномаҳои кишварҳои манфиатдор дар робита ба Афғонистон бозтоб дошта бошад.

Чаро шахсиятҳои саршиноси Афғонистон кушта мешаванд?

Аз суханронӣ, сӯҳбат ва мусоҳибаҳое, ки шахсиятҳои муҳими Афғонистон анҷом додаанд, аз ҷумла, Ато Муҳаммади Нур, бародарон Аҳмадзиё ва Аҳмадвалӣ Масъуд, Абдулатифи Пидром ва Муҳаммад Исмоилхон, ки ҳамагӣ дӯстони Тоҷикистон ҳастанд, ин нигаронӣ ба сароҳат эҳсос мешавад, ки аз ояндаи худ, сарнавишти худ ва таҳдид ба ҷонашон нигарон ҳастанд. Ин шахсиятҳо барои чӣ кушта мешаванд ва чаро бояд кушта шаванд? Суоли муҳиммест. Барои он ки роҳи даст ёфтани кишварҳои калон ба умқи стратегӣ дар минтақаи Осиёи миёна ҳамвор шавад.    

Латифи Пидром, раиси Ҳизби кунгураи миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Афғонистон ахиран зимни муроҷиъате аз мардум ва масъулини Тоҷикистон тақозо намудааст, ки нисбат ба сарнавишти бародаронашон дар он сӯйи марз дар ин лаҳзаҳои ҳассос бетаваҷҷуҳ ва бепарво набошанд. Ӯ гуфтааст, ки "мо тақозои мудохилаи сиёсӣ надорем, вале тақозои ҳамбастагиҳои ахлоқӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ, ки ҳаққи ҳамаи мо ҳаст, дорем. Орзуи мо ин аст, ки мардуми Тоҷикистон, шахсиятҳои саршиноси Тоҷикистон масоили Афғонистон ва он чи ки ин ҷо рух медиҳад, онро бодиққат таъқиб бикунанд ва бетафовут набошанд, чун боз мумкин аст иттифоқоти дигаре сурат бигирад, ки аз он мавқеъ дигар ибрози таассуф кардан кофӣ нахоҳад буд. Ин орзуи мо аст. Ва мутаассифона мо дар вазъияти хубе қарор надорем".

Акнун, дӯстон, боқии сухан аз шумост, ки ба ин ниёз, илтимос ва илтиҷои ҳамватанонатон чӣ гуна посух медиҳед, ман танҳо инро медонам, ки;

Чун мурда ба кӯи зиндагон аст,

Ҳар қавм, ки ҷумбише надорад.

Бо иҷозаи шумо мехоҳам идомаи сӯҳбатро аз дӯсти азизи хеш оқои Ориёнфар шурӯъ бикунем.

Устод Раббонӣ ниёз ба муаррифӣ надорад

Mizigird_01Шамсулҳақи Ориёнфар, масъули умури фарҳангии Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон:

Нахуст сипосгузор ҳастем аз ҳама донишмандону рӯшанфикрон, олимону фарҳангиён ва давлати Тоҷикистон, ки дар робита бо рӯйдоди ахири Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд ва ба хусус дар шаҳодати Устоди бузургвор Бурҳониддини Раббонӣ як ҳамдардии омма нишон доданд ва чуноне дидем, ин мавзӯъ дар маҷолису сӯҳбатҳо ва матбуоти Тоҷикистон бозтоби густурда дошт. Дар робита ба чӣ шахсияте будани Устод Раббонӣ аз ин зиёд матлабе матраҳ кардан ниёз намебинам, зеро Ӯ як шахсияти ҷаҳонист ва Ӯро ҳама мешиносад. Фақат як нуктаро арз кардан мехоҳам, ки дар Афғонистон агар касе ҳам Устодро ҳеч алоқамандаш набошад ва агар касе ҳам бошад, ки Ӯро дӯст надорад, вале боз ҳам боварманд аст, ки шахсияти меҳварии Афғонистон дар ин сӣ соли ахир ҳамин Устод Раббонӣ будааст. Ва каси дигаре ба ҷуз ӯ наметавонист меҳвар бошад, яъне ҳар вақт агар чунин як маҷлиси иборат аз тамоми ақвоми Афғонистон доир мешуд, ногузир раҳбар Устод Раббонӣ буд. Ба дигар касе тавофуқ намешуд. Ӯ як шахсияти пазируфташуда, калидӣ ва меҳварӣ буд. Ва ҳоло ҳам, ки шаҳид шуда, ин ҳам азамату шукӯҳи Ӯст. Фарзан Устод Раббониро шаҳид мекунанд, ба хотире ки сомонаи фикриро дар Афғонистон бишкананд. Вақте дунё мехост, ки Афғонистонро ба василаи Толибон ишғол бикунад, мегиранд Аҳмадшоҳи Масъудро зери фишор қарор медиҳанд, тамоми нирӯҳои хориҷӣ басиҷ шуда буд, то Масъудро бишкананд. Вале натавонистанд рӯҳи ӯ ва нирӯи муқовимати ӯро бишкананд ва дар охир тасмим гирифтанд, ки ӯро ҷисман аз байн бубаранд, чун медонистанд, агар сомонаи низомиро бишкананд, имкон меёбанд, ки ҳама ҷоро ишғол бикунанд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Бе машвараи Устод коре кардан намешуд

Аммо аз ин ҳодиса даҳ сол мегузарад, ки дуруст аст, аз лиҳози низомӣ ҳама чизро шикастанду гирифтанд, аммо ҳар сӯ нигоҳ мекарданд, як чизи дигаре вуҷуд дорад. Як такягоҳе буд. Ҳама мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки дар ин ё он масъала назари Устод Раббонӣ чист. Ва дар ҳама ҷои Афғонистон ҳарфу андешаи Устод Раббонӣ муҳим буд ва таъсир дошт. Ҳарчанд Масъудро аз байн бурданд, вале фикри мубориза, роҳи ҷиҳоду муқовимат ба василаи Устод Раббонӣ зинда буд. Вақте ки Устод Ҷабҳаи муттаҳид месозад, тамоми ақвоми Афғонистон аз тоҷику паштуну узбаку ҳазора, чапу рост, коммунисту мусалмону ҳарчӣ ҳаст, ҳама дар он гирди ҳам меоянд ва аз ӯ пуштибонӣ мекунанд. Ва ба раҳбарӣ ҳам ӯро мепазиранд. Вақте Шӯрои Сулҳ сохтанд, дар он ҳама ақвоми Афғонистон, аҳзоби ҷиҳодиву ғайриҷиҳодӣ ҷамъ омаданд ва ногузир сари масъалаи раҳбари ин Шӯро будани Устод Раббонӣ тавофуқ карданд. Ба ин асос метавон гуфт, ки дунё мутаваҷеҳ шуда буд ба шахсияти Устод, ки коре дар Афғонистон бидуни машварат бо Устод наметавон кард. Ва нирӯҳое алоҳида ва ҳам касоне, ки ғаразе доштанд, ки ҳамаи мову шумо инро медонем, ин ҳамаро таҳаммул кардан барояшон душвор шуд ва дигар бузургӣ ва нуфузи Устод Раббониро таҳаммул кардан натавонистанд.

Толибон муллотарошӣ карданд нашуд, зеро Муллои асл зинда буд

Устод Раббониро ба хотири он шаҳид карданд, ки Ӯ ба манофеъи толибон кор намекард ва то замоне, ки Устод Раббонӣ зинда ҳаст, Толибон машруъияти динӣ ёфта наметавонанд. Бо вуҷуди он ки Толибон ҳарчӣ талош мекунанд ва худро пешвои дин қаламдод медонанд, худро мусалмони асл мегӯянд, бо шарру фасод ҷанг эълон мекунанд, аммо мебинанд, ки ҷаҳон онҳоро ба унвони пешвои динӣ намепазирад. Мебинанд, ки то Устод Раббонӣ ҳаст, машруъият намеёбанд, чун Ӯ дар ҷаҳон ба ҳайси як пешвои динӣ ва ҷиҳодӣ шинохта шудааст. Покистон ҳам медонист, ки Устод Раббонӣ хостору пойбанди як Афғонистони воҳид ва мустақил аст ва мехоҳад, ки Афғонистон дар меҳвари худ бичархад. Ва онҳое мехоҳанд, ки аз Афғонистон чун аз як пойгоҳи стротежики худ истифода бикунанд, аз он чун як ақибгоҳи низомӣ кор бигиранд, манофеъашон бо толибон як аст. Қудратҳои дунёӣ, ки то каронаи Ҳинду Чину марзҳои Русия расидаанду дасти таҷовуз ба сӯи Афғонистон дароз кардаанд, онҳо ҳам дар шаҳодати Устод Раббонӣ манфиаташонро мебинанд. Устод Раббонӣ ба симати як сиёсатмадори ботаҷриба кӯшиш мекард, ки манфиату амнияти минтақа ва кишвараш ҳифз шавад. Ба хусус дар кишварҳои минтақа нооромӣ нуфуз накунад. Ва ба хусус дар Тоҷикистон амну амонӣ ҳифз шавад. Ва барои қудратҳое, ки мехоҳанд вазъи минтақа ноором бошад ё амнияту суботро халалдор созанд, вуҷуди чунин шахсияте таъсиргузор мисли Устод Раббонӣ қобили таҳаммул нест. Ва дар Афғонистон ҳам аксари афроди калидӣ ва шинохта, қумондонони ҷиҳодӣ ва раҳбарони вилоятҳо аз нафарони Устод Раббонӣ, аз ҳампаймонҳо ва шогирдони Ӯ ҳастанд. Аз ин лиҳоз то вақте ҳузури Устод Раббонӣ ҳаст, ҳеч нирӯи ғайр ва таҷовузгар наметавонад нуфуз ёбад.

Акнун навбати куштани ҳамсафони Устод Раббонӣ расид

Ва бо шаҳодати Устод Раббонӣ марҳилаи дуввуми иқдомоти душманони Афғонистон оғоз меёбад, ки иборат аз он аст, ки афроди саршинос ва ҷонибдорони Ӯро дар марказ ва вилоёт аз байн бубаранд. То дигар афроде сари кор биёяд, ки дилсӯзӣ ва эҳсоси ватандорӣ надошта бошанд. Ба ин асос манфиати чанд нирӯ бо ҳам ягонагӣ пайдо кард ва ин тавтеъаи нангин амалӣ шуд. Ва барои анҷоми он амали ғайриинсонӣ ва ғайримусалмонӣ як покистониро масъул карданд, як покистонии ҷавон, ки ба Афғонистон шинохте надорад ва ҳарчӣ барояш гуфтанд ва дар зеҳнаш гузоштанд, бовар кард. Дар Афғонистон ҳама медонанд, ки куштани Устод Раббонӣ на аз лиҳози динӣ ҷоиз асту на аз лиҳози миллӣ, барои ҳамин мубтакирони он амали нангбор такя ба як покистонии ноогоҳ карданд, ки алоқае ба Афғонистон надошт. Худо накунад, вале эҳсос мешавад, ки дар набуди Устод Раббонӣ нооромиҳо бештар мешавад. Ва ин нооромиҳо ногузир ба Осиёи миёна низ таъсир хоҳад дошт. Ман намедонам, ин кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон ва ҳам Русия, ки дар Осиёи миёна манфиатҳои геополитикӣ дорад, чӣ коре дар роҳи амну суботи ояндаи хеш метавонанд бикунанд, вале бардошти ман ҳамин аст, ки он нирӯҳое, ки ба Афғонистон омадаанд, ҳатман манфиате, ҳадафе дигар ҳам доранд, чунки дар Афғонистон чизи зиёде барои бурдан нест. Инҳо барои саркӯбии толиб наомадаанд, Афғонистон дар замони Масъуд худаш танҳо бо толибон меҷангид. Ин 40 кишваре, ки имрӯз дар Афғонистон аст, он замон дар ақиби толибон буданд, толибро ҳимоят мекарданд ва Аҳмадшоҳи шаҳид танҳо бо нирӯҳои хеш бар алайҳи он ҳама меҷангид. Ҳамин кишварҳо буданд, ки вилоёти Афғонистон яке паси дигар ба толиб таслим мешуд ва қудратро дар Афғонистон ба толибон ҳам ҳаминҳо дода буданд.

Мақсад аз эҷоди Толибон шикастани Чину Русия аст

Чун толибон қудратро ба даст гирифтанд, паштунҳоро ҳам, ки барояшон ваъдаи мансабу вилоёт дода буданд, аз ёд бурданд ва паштуҳо ҳам диданд, ки дар раъси қудрати вилоятҳо нафароне аз Панҷоб нишастаанд. Қумандон ҳам панҷобӣ шуду волӣ ҳам ва сарони қабоили паштунро нобуд карданд. Биноан дар Афғонистон ҳеч қавме, ҳеч миллияте толибро намехоҳад. Толиб имрӯз ба зӯри он қудратҳое, ки аз он ҳимоят мекунанд, бар по рост истодааст. Агар ҳамин мудофиъинаш набошанд, толиб дигар маҷоле барои будан надорад. Толиб дар Афғонистон ва эҳёи дубораи он ба хотири он аст, ки ӯ як сарбози ройгон аст. Дар Афғонистон андеша ҳамин аст, ки толиб як нирӯест барои рахна задан ба Осиёи миёна, барои ноором сохтани авзоъи минтақа. Ва минтақаи Осиёи миёна ва Қафқоз сарватҳои зиёди табиӣ, нафту газ дорад ва ҳам мехоҳанд ин ҷо нуфузи ду қудрати ҷаҳонӣ Чин ва Русияро заъиф бисозанд. Ва чун ин манотиқ ба ҷангу ноамнӣ гирифтор шаванд, Чину Русия ҳам масруфи нишондани оташи ҷанг мешаванд ва камтар пешрафт мекунанд, заъфи иқтисодӣ мебинанд. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки толибонро ба ҳамин хотир нигоҳ медоранд, парвариш мекунанд ва агар касе ҳам аз ҳамин нақша дастгирӣ накунад, ба хусус афроди саршиноси Афғонистон, ки ба ҷиҳати ҳамсоягӣ ва ҳамқавмӣ ба кишварҳои Осиёи миёна эҳсоси хайрхоҳӣ доранд, яке пайи дигар аз байн бурда мешаванд. Онҳо мехоҳанд афроде дар Афғонистон сари кор бошад, ки хидматгузорашон бошад ва ишқу алоқае ба тоҷику Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа надошта бошанд.

Устод Раббонӣ хостори сулҳи боадолат буд

Раҳматкарими Давлат:

Ташаккур оқои Ориёнфар, ки ростӣ, моро дар муаррифии вазъи Афғонистон ва барномае, ки дорем, хеле кӯмак кардед. Барои он ки бисёр мушкил аст ба ин мардум бифаҳмонем, ки толибон дӯсти шумо нестанд. Мо бояд дар ин маврид фикр кунем, ки ҳадафи толиб билохира танҳо Афғонистон нест ва воқеъият он аст, ки Тоҷикистон ва минтақа имрӯз дар баробари як чолиши бузург қарор гирифтааст ва ҳар рӯз ин чолиш ҷиддитар мешавад ва албатта ҳоло мехоҳам дар мавриди барномаҳои давлати Тоҷикистон сари ин қазия сӯҳбат шавад, аз ин рӯ аз Сайфулло Сафаров, ки бо Устод Раббонӣ робитаи хубе доштанд, мехостам чанд сухане сари мавзӯъи баҳси мо бигӯянд.

Mizigird_05Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази татқиқоти стратегӣ:

Устод Раббонӣ аз шахсиятҳои саршиноси минтақа ва аз чеҳраҳои меҳварии ҷангу сулҳи Афғонистон буд. Дар тамоми давони ҷангу сулҳи Тоҷикистону Афғонистон Устоди шодравон дар умқи он ҳаводис ва дар саргаҳи кори ҷангу сулҳ қарор дошт. Ва Ӯ ҳамеша талош бар он мекард, ки низоъи мо тоҷикон ба як зудӣ хомӯш шавад ва сулҳ дар Тоҷикистон пойдор гардад. Ва дар чанд сӯҳбате, ки банда ба ҳайси раиси Маркази байнулмилалии ҳифзи сулҳи Осиё бо ин марди шариф доштам, ки дар яке аз онҳо устод Мӯъмин Қаноат ҳам ҳузур дошт, ман барои худ зиёд чизҳоро омӯхтам ва вақте аз сулҳ мегуфт, таъкид мекард, ки сулҳ низ бояд боадолат бошад. Дар фалсафаву андешаи Устод Раббонӣ мафҳуми сулҳ ҳамин буд, ки он бояд омехта бо адолат ва пос доштани ҳақ ва эҳтиром гузоштан ба воқеъияту ҳақиқат риоят шуда бошад. Ӯ мехост, ки дар Афғонистон сулҳу оромие бошад, ки аз он тамоми ақвому ақшори ҷомеъа баҳраманд ва розӣ бошанд. Моҳи марти соли 2001 банда як сӯҳбати хеле тӯлонӣ ва як ба як бо Устод доштам.

Устод Раббонӣ Тоҷикистонро зиёд дӯст медошт

Ман аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон гуфтам, ки Устод ҳам дар ин бора зиёд чизҳоро медонист ва Ӯ медонист, ки механизми сулҳи Тоҷикистон барои эҷоди тафоҳум ва мусолиҳа дар Афғонистон он қадар дархӯр нест, чунки воқеъият, авомил ва вазъияти он кишвар дигар аст. Вале баъзе аз пешниҳодоти бандаро хуш пазируфтанд. Ҳамон сол ман барояшон гуфтам, ки талош кунед то ба як сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ бирасед, чун вақти зиёд надоред ва то охири ҳамин соли 2001 фурсат доред. Баъди чанд сол аз ин мулоқот Устод Раббонӣ тавассути сафири мо дар Афғонистон ҷаноби Имомов бароям паём фиристод ва гуфтааст, ки ба оқои Сафаров бигӯед, ки ҳамон вақт барои мо ҳақиқатро гуфта будааст, вале мо онро ҷиддӣ нагирифтем. Устод ба Тоҷикистон ва ба мардуми мо меҳру муҳаббати аҷоиб доштанд. Моро, яъне тоҷиконро зиёд дӯст медоштанд. Ҳамеша ба ҷониби давлатӣ таъкид мекарданд, ки бо оппозитсиюни хеш аз сулҳ кор бигиред, онҳо ҳам фарзандони Тоҷикистон ҳастанд. Ва дар ҳамон паёми хеш, ки Устод Раббонӣ тавассути Абдуллоҳи Раҳнамо ирсол дошта буданд ва он дар "Миллат" ба нашр расид, эҳсос мешуд, ки Устод як дӯст ва хайрхоҳи мо, як бародари бузурги мо ҳастанд ва барои тақдири миллату кишвари мо бепарво нестанд. Ӯ ҷонибдори оромии комили Тоҷикистон буд, зеро хубтар аз ҳама ва беҳтар аз ҳар касе медонист, ки сулҳу оромиш чӣ неъмати бузургест ва бе он наметавонад ҳеч кишваре пешрафт дошта бошад.

Амрико ба Афғонистон омаду ҳамҳамаи Толибон шикаст, чаро?

Раҳматкарими Давлат:

Оқои Сафаров, шумо аз даҳ соли пеш ёд кардед ва нагуфтед, ки акнун чӣ бояд кард, дар муқобили он чӣ, ки дар Афғонистон имрӯзҳо мегузарад, аз чӣ роҳу аз чӣ тадобир бояд кор гирифт. Акнун, ки ғамхори сулҳу оромиши Тоҷикистону тоҷикон, шаҳсутуни муқовимати миллӣ дар Афғонистонро аз байн бурданд, вазъи минтақа дар набуди Устод Раббонӣ чӣ мешавад? Назари Шумо дар ин бора чист?

Сайфулло Сафаров:

Ростӣ, албатта вазъият хеле душвору печида аст, алъон дар бораи паёмади вазъи сиёсӣ дар минтақа ман ин ҷо чизе гуфтанӣ нестам. Баъзе гапҳое ҳаст, ки мутаассифона наметавонам ин ҷо ва алъон бигӯям. Барои ҳамин аз дигар бародарон хоҳиш мекардам, андешаҳои хешро иброз намоянд.

Раҳматкарими Давлат:

Саломат бошед. Мо ин ҷо Давлати Усмонро бо худ дорем, ки бо Устод Раббонӣ бештар аз дигарон дидор ва ҳамкорӣ доштанд ва вазъияти Афғонистонро ҳам хуб дарк мекунанд. Аз ин рӯ мехостем сӯҳбати эшонро бишнавем, ки чӣ бояд кард?

Mizigird_02Давлати Усмон, сардори Ситоди Иттиҳоди собиқи мухолифини тоҷик дар солҳои 1993- 1997:

Ба номи Худованди бахшоянда ва меҳрабон. Ташаккур арз мекунам ба оқои Раҳматкарим ва дигар бародарон. Мулоқоти аввалини мо бо Устод Раббонӣ 19 декабри соли 1992 иттифоқ уфтода буд ва бори охирин ду рӯз қабл аз шаҳодаташон бо Ӯ дар Теҳрон, ки ҷаноби оқои Сайидумар Ҳусайнӣ ҳам ҳузур доштанд, дидор ва сӯҳбат карда будем. Шаби душанбе мо бо ҳам мулоқот доштем ва фардояш, яъне рӯзи сешанбе Устод ба шаҳодат расиданд. Чун ин ҷо аз ман суъол шуд, ки чӣ бояд кард, ман сари шахсият ва бузургии Устод Раббонӣ сӯҳбат намекунам ва сари кору талошу пайкори ин шахсияти таърихӣ як конфронсу ду ва даҳ нишаст оростану сӯҳбат кардан ҳам кам аст. Ман ин ҷо мехоҳам дар бораи вазъияти минтақа сухан бигӯям. Агар мо қазияро ба ду бахш тақсим кунем, масъала хеле рӯшан мешавад. Бахши аввал ин ки ин масъала қазияи дохили Афғонистон аст ва бахши дуввум он аст, ки ин масъала як қазияи байнулмилалӣ аст.

Ними ҷаҳон бо Афғонистон зӯрӣ дорад. Зӯри касе мерасад?

Мутаассифона кишвари Афғонистон дар тӯли беш аз як аср аст, ки ба майдони чавгонбозии абарқудратҳо ва манфиатҷӯиву тохтутози зӯргӯёни ҷаҳон табдил ёфтааст. Агар аз оғози бозии бузург, яъне аз соли 1880 шурӯъ бикунем ва баъдан ҳам мебинем, ки як муддати хеле кӯтоҳ аз миёнаи солҳои сиюм то авохири солҳои 70- уми қарни ХХ ин кишвар ором буд ва дигар дар маҷмӯъ гирифтори ноамниву ҷангу кашмокашҳои сиёсӣ будааст. Дар оғоз ду кишвар сари Афғонистон баҳсу талошу даъво доштанд, имрӯз ними ҷаҳон бо Афғонистон ҷангу пархошу талошу зӯргӯӣ дорад. Ин ҷо гуфтанд, ки Амрико омаду толиб об шуд. Шояд дар ин набарде, ки дар Афғонистон ҳаст, аз толиб танҳо ном бошад, нишон нест. Имрӯз ҳеч қавму миллияте дар Афғонистон таҳаммули онро надоранд, ки як нирӯи мусаллаҳи аҷнабӣ дар кишварашон қарор дошта бошад. Агар мо қазияи имрӯзаро ба ҳамон қазияи вуруди Шӯравӣ ба Афғонистон муқоиса кунем, тақрибан айни ҳол аст. Ҳамин Шӯравӣ ҳам бо хандаву шӯхӣ вориди Афғонистон шуд ва чун як- солу ду сол истоду андешаи хориҷ шуданро накард, болояш тохтанд ва шармандаву сарафканда берунаш карданд. Имрӯз Амрико ҳамон нақши Шӯравиро ба худ гирифтааст. Ва Амрико ҳам имрӯзу фардо дар ҳамон вазъияте, ки Шӯравӣ гирифтор шуд, дар ҳамон вазъ қарор мегирад. Ин кор шуданист.

Роҳи гурези Амрико аз Афғонистон куҷост?

Дар Ветнам вақте як уқёнуси бузург дар пушташ буду аслиҳаву муҳиммоташро бемалол мекашиду меовард ва ба шикаст мувоҷеҳ шуд, гумон мекунед дар Афғонистон вазъи Амрико хуб аст? Не, Амрико дар Афғонистон хеле вазъи душворе дорад. Аввал бо роҳи Покистон ворид шуд, агар имрӯз аз ҳамон роҳ берун равад, ба як балои азиме рӯ ба рӯ мешавад. Танҳо як роҳ дорад ё аз тариқи осмон меравад ё аз қаламрави кишварҳои собиқи Шӯравӣ ва албатта бо иҷозаи Русия. Дар масъалаи он ки ҷанг ба кишварҳои Осиёи марказӣ кашида мешавад, аз сад эҳтимол даҳ эҳтимол вуҷуд дорад. Аммо ман фикр мекунам, ки қазияи Амрико ва НАТО дар Афғонистон ҳал мешавад. Ё Амрикову НАТО мардуми Афғонистонро ба ҳоли худ мегузоранду мераванд, то ин мардум худашон ба тақдири имрӯзу ояндаашон рақам бизананд, ё муноқишоту ноамнӣ вусъат меёбад ва Амрико маҷбур тарки Афғонистон мекунад. Аммо мо дар нисбати мардуми Афғонистон, ки ҳамсояи мо ҳастанд, нисбат ба тақдири тоҷикони Афғонистон бетафовут нестем. Сарнавишти мову онҳо бо ҳам гиреҳ хӯрдааст, он чизе, ки дар Афғонистон мегузарад, мо ҳамеша онро дунбол мегирем, то як сулҳу оромиши комил дар Афғонистон пойдор шавад.

Раҳматкарими Давлат:

Ташаккур оқои Давлати Усмон, яъне назари Шумо ин буда, ки толибон ҳеч хатаре надоранд?

Давлати Усмон:

- На, ман гуфтанӣ ҳастам, ки оҳиста- оҳиста қудрат ва кор аз дасти Толибон берун меравад. Банда соли 2007 бори охирин дар Афғонистон будам ва бародарони афғонӣ мегуфтанд, ки ҳоли мебинед, мо ин амрикоиҳоро чӣ тӯр мекунем. Ва ҳоло мебинем, ки дар ҳақиқат онҳоро "чӣ тӯр" карда истодаанд.

Оё Устод Раббонӣ шахсияти фоҷеавӣ буд?

Раҳматкарими Давлат:

Ташаккур. Ва мехостам аз устод Рашид Ғанӣ Абдулло бипурсам, ки то куҷо бовар кунем ба ваъдаи устод Давлати Усмон, ки мегӯянд, толибон зиёд таҳдид нестанд ва хатари зиёде ба амнияти минтақа надоранд.

Mizigird_03Рашид Ғанӣ Абдулло:

- Пеш аз он ки бевосита ба ин суъол ҷавоб диҳам, мехостам бигӯям, ки чун сухан дар бораи Бурҳониддини Раббонӣ аст, албатта ӯ як шахси пурфоҷиа буд. Чаро? Агар масири сиёсиашонро аз ҳамон лаҳзае, ки раисиҷумҳур шудан мулоҳиза кунем, мебинем, ки ҳар сол аз соли пеш нуфузашон, нуфузи сиёсиашон камтар мегашт. Соли 96, моҳи декабр дар Хустдеҳ будам. Он вақт вохӯрии сарони Тоҷикистон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд. Як чиз ба назарам хеле аҷиб намуд. Ман дар он ҷо аз ҷониби афғонҳо ду гурӯҳро дидам. Ин ду гурӯҳ дар ҳамон пайраҳаҳои Хустдеҳ рафтуо доштанд ва ҳеч ба ҳамдигар тақрибан вонамехӯрданд. Яке гурӯҳи сиёсатмадорон, ки сарварашон Аҳмадшоҳи Масъуд буд ва гурӯҳи дигар он сиёсатмадороне, ки дар раъсашон домулло Бурҳониддини Раббонӣ буданд. Ва танҳо Исмоилхон ба фикрам байни ин ду гурӯҳ рафтуомад доштанд. Аз ин хулоса баровардам, ки аслан дар он шароите ки мубориза буд, доругири мусаллаҳона буд бо толибон, домулло Раббонӣ тақрибан як нуфузи сиёсии шахсӣ доштанд, на бештар аз ин. Ва ин фоҷиа аст барои инсон, барои сиёсатмадор. Ва чунин ба назар мерасад, ки танҳо касе метавонад аз нуфузи сиёсии худ бархӯрдор бошад, ки агар дар дохили худ муборизааш барои нигоҳ доштани султаи худ хеле қавӣ бошад, вагарна ӯ сиёсатмадор нест ва барвақт ё бевақт маҷбур мешавад ё маҷбураш мекунанд аз сари султа биравад. Он чизе, ки феълан шуд тақрибан ниҳояти анҷоми ҳатмии ҳамон масир буд, яъне аз байн рафтани сиёсии домулло Раббонӣ бо аз байн рафтани ҷисмонии худашон бо ҳам мувофиқ омад.

Чаро танҳо Раббонӣ Устод буд?

Вале ба назари инҷониб шояд оқои Раббонӣ ягона шахсе буданд дар Афғонистон, ки аз мафҳуми "Устод" бархӯрдор буданд. Чаро? Чун беш аз касони дигаре аз сиёсатмадорони афғон муборизи раванди сулҳофаринии тоҷик буданд. Аз ин рӯ огоҳ буданд, хабар доштанд ва тақрибан роҳҳои ба ҳам овардани мардумро медонистанд. Мушкила дар он буд, ки нуфузи сиёсӣ барои амалӣ гардонидани он чизе, ки фикр доштанд, дар зеҳнашон буд, дар дасташон набуд. Ҳамин як фоҷиаи ҳамон инсон ҳамин тавр будааст. Роҷеъ ба толибон ин дуруст аст, ки муваққат, аз кадом лиҳоз, аз он лиҳоз, ки ҳаракати толибон ҳамагӣ раддулфеъли як воқеъият буд, як ҷавобе буд ба он воқеъияте, ки ба сари Афғонистон омад. Ва ҳангоме ки ин воқеъият аз байн равад, шояд ба қавли Давлати Усмон, замоне он аз байн ҳам равад, вале ин радул феъл буд. Раддулфеъл ба воқеъияте, ки кишвар зери тасаллути қумандонҳои гуногун буд ва ҳар қумондон барои худаш як фазои ҳуқуқӣ, як паҳнои хос дошт ва мардум мӯҳтоҷи нирӯе буданд, ки фавқи ин қумондонҳо бошад ва тавонанд ба ҳар ҳол як низоми бад бошад, хашин бошад, сахт бошад, вале низом бошад ягона ва барои ҳама, яъне як низом бошад.

Ва мардум дастгириаш кард толибро ба сурати умум, вагарна наметавонистанд дар якуним сол тамоми кишварро зери тасарруф бигиранд. Дуруст аст, ки ибтидои ин ҳаракат аз ҷониби кишварҳои Ғарб тайид шуда буд, сохта шуда бошад, вале он ҳам дуруст аст, ки баробари қудратманд шудани он нирӯ барои худаш обрӯ пайдо кард. Баъдан ҳадафҳои миллӣ, умумиафғонӣ болотар гаштанд, аз ин рӯ онҳо бо ғарбиён дар ду тарафи сангар шуданд.

Бо толибон бояд робита дошта бошем, яке сари қудрат биоянд, чӣ кор мекунем?

Шумо гуфта будед дар ибтидо, ки тоҷикон чӣ бояд кунанд. Тоҷикҳои Тоҷикистон бояд пеш аз ҳама амалгаро бошанд. Аз он лиҳоз, ки мо имрӯз бихоҳем ё нахоҳем имрӯз нирӯи низомии аз ҳама дастболо боз ҳам толибон ҳастанд. Онҳо мубориза бурда истодаанд. Барои мо тоҷикон ёрии мо бояд аз як чиз иборат бошад. Мо бояд ҳаракат кунем бо такя, бо истинод ба таҷрибаи худамон ҳамаи тарафҳои даргири Афғонистонро ба сулҳ даъват кунем. Вазифа ва рисолати аслии тоҷикон бояд ҳамин бошад. Дуввум ин ки мо ҳамчун давлати мустақил бояд бо ҳама нирӯҳое, ки дар Афғонистон ҳастанд, дар робита бошем. Бо ҳеч кадоми онҳо аз лиҳози ақидатӣ, сиёсӣ ва ҳарчӣ бошад, чапа набошем. Ва бо ҳар кадоми онҳо робита дошта бошем.

Раҳматкарими Давлат:

Бо толибон ҳам?

Рашид Ғанӣ Абдулло:

- Аз ҷумла бо толибон ҳам. Ва пеш аз ҳама толибонро ҳам водор созем, ташвиқ кунем, ки вориди сулҳ шаванд. Агар Худо накарда зидди ягонтои онҳо шавем ва пагоҳ ҳамин мардум сари қудрат, ки омаданд, соҳиби давлат шуданд, чӣ тӯр шумо метавонед бо онҳо дар робита бошед?! Биноан тоҷикон бояд дар як чиз бошанд, коре, ки дар Афғонистон аст, ин кори худи афғонҳо аст. Сулҳе, ки мекунанд, худашон мекунанд, ҷанге, ки мекунанд, худашон мекунанд. Мо фақат як чиз мегӯем, ки агар илоҷаш бошад, ҷангро камтару гуфтушуниди сиёсиро бештар кунанд.

(идома дорад)

Таҳияи Фирдавси РУСТАМ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97