Устод Раббонӣ ба мо сулҳро тақдим кард, аммо танбалӣ аз мо буд ва ҳаққи устод бар гардани мост

Сиёсат 22.10.2011 10:21

Ҳар муҳоҷири тоҷик аз Устод Раббонӣ бояд шукргузор бошад

Burhonuddin_va_sulhi_tojikonАгар аз рӯи адлу инсоф ба баррасии хадамоту заҳамоти устоди шаҳид Бурҳониддин Раббонӣ дар паноҳ додани муҳоҷирини тоҷик ва ёриҳои эшон ба мухолифини вақт ва талоши хайрхоҳонаи ин шахсият барои ба тавофуқ расидани ҷонибҳои даргири тоҷик ба сулҳу созиш бипардозем, бояд гуфт, ҳаққи Ӯ бар гардани мо тоҷикон ғайри қобили инкор ва ҷуброн мебошад. Мо ба далели ҳузури худ дар порае аз замон дар Афғонистон бахше аз ин хадамотро бозгӯ мекунем, ки кӯчактарин тақдиру ташаккур аз заҳамоти он шаҳиди бузургвор бошад. Зеро шукргузориву тақдир аз хадамоти ашхос шукргузорӣ аз Худованд аст.

Ҳазорон нафар аз муҳоҷирини тоҷикистонӣ ва ҳатто шахсиятҳои сиёсиву динии иттиҳоди мухолифон, бо кӯмаки Устоди шаҳид имкони сафар ба кишварҳои хориҷӣ ва омӯхтани илмро ба даст оварданд. Замоне ки гурӯҳи Толибон бо ишғоли Қундуз, роҳҳои иртиботи вилояти Тахор бо Кобулро қатъ карданд, бо парвозҳои шабонаи ҳавопаймоҳои бории АН-26 бар рӯйи замини хокии фурудгоҳи Толиқон, пули нақд барои хариди маводи ғизоии мавриди ниёзи муҳоҷирони тоҷик тавассути давлати устод Раббонӣ расонда мешуд.

Устод Раббонӣ ба доди ҳама мерасид

Дар моҳи июли соли 1995, 300 нафар аз кӯдакони наврас аз фарзандони муҳоҷирони тоҷик, ки дар мадрасаҳо ва парваришгоҳҳои Покистон таҳсил мекарданд, мебоист дар аёми таътилот ба назди падару модари худ ба вилоятҳои Қундузу Тахор бираванд. Ин кӯдакон бо ҳамроҳи мураббиёну муаллимони афғонистонии худ то Кобул расиданд ва маблағи роҳкирои онон низ тавассути мадрасаҳояшон пардохт шуда буд. Вале яке аз масъулони ин гурӯҳ, ки вазифаи роҳбаладиро ба уҳда дошт, маблағҳоро гирифта фирор мекунад. Аз ин рӯ ин кӯдакон чанд рӯзе дар дафтари намояндагии Наҳзати исломии Тоҷикистон дар маҳаллаи Вазир Акбархони Кобул саргардон монданд. Дар ниҳоят масъулони дафтари ёдшуда аз устод Раббонӣ истимдод талабиданд ва эшон маблағи кирояи роҳи ин кӯдаконро таъмин ва дастури расондани онон аз роҳҳои заминӣ ва ҳавоиро содир кард.

Дари Арки Устод барои ҳар муҳоҷир боз буд

Нуктаи ҷолиб ин ҷост, ки дар ҳеч ҷои дунё дида нашуда, ки дари кохи Раёсати ҷумҳурии як кишвар бар рӯйи ҳар муҳоҷире боз бошад. Аммо дари Арки Кобул дар замони Раёсати ҷумҳурии устод Бурҳониддини Раббонӣ, дар шароити сахту печидаи амниятии ин кишвар, ки баргирифта аз мудохилаи хориҷа дар идомаи даргириҳои мусаллаҳона миёни танзимҳо ва гурӯҳҳои дохилӣ ва нобасомониҳои иҷтимоӣ буд, бар рӯйи ҳамаи ниёзмандон боз нигоҳ дошта мешуд. Ӯ ҳамеша барои дидор бо роҳбарону масъулон, муҳоҷирону фармондеҳон, донишҷӯёну рӯзноманигорон ва ҳоҷатмандони тоҷик вақт меёфт. Шодравон Шарифбек яке аз пизишкони тоҷик гуфта буд, ки ӯ ҳафт бор барои овардани дору ва таҷҳизоти тиббии мавриди ниёзи муҳоҷирони тоҷик аз Покистон ба ҳузури устод Раббонӣ расида ва кирояи роҳи худро дарёфт кардааст.

Муҳоҷирони узбак низ аз Устод ёрӣ диданд, вале...

Мирзои Шукурзода адиби тоҷик нақл карда буд, ки «барои мусоҳиба бо устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд аз Эрон ба Афғонистон рафтам. Замоне ки ба Арк расидам, муншии устод Раббонӣ аз ман савол кард, ки оё қасди сафар ба ҷоеро дорам ё ниёзманди ёрии молие ҳастам?! Гуфтам, ки ман муҳоҷир нестам ва барои анҷоми мусоҳиба бо устод аз Эрон омадаам. Мусоҳиба анҷом шуд ва ман эҳсос кардам, ки афроди зиёде барои дарёфти ёрии молӣ ба устод Раббонӣ муроҷиа мекардаанд.» Масъулони молии муҳоҷирони тоҷик борҳо гуфтаанд, ки замоне устод Раббонӣ саҳмияи молии муҳоҷирони моро ихтисос медод, бо лаҳни нарме эълом мекард: "Бародарони Наҳзати исломии Тоҷикистон биёянд!" Албатта аз ин ёриҳои молӣ хонаводаҳои муҳоҷирони узбакистонӣ низ саҳме доштанд. Мутаассифона пас аз имзои Созишномаи умумии тоҷикон ва мустақил шудани Ҳаракати исломии Узбакистон дар як шароити таърихии хосе шохаи низомии ин гурӯҳ ба Толибон пайваст ва мили силоҳҳои худро ба сӯи ҳомии дирӯзаи худ - давлати устод Раббонӣ баргардонд.

Ӯ чун як пешвои дин муносибат мекард

Сулҳхоҳӣ ва хайрхоҳии устод Раббонӣ нисбат ба тоҷикон натанҳо бархоста аз ҳамтабории мо бо эшон буд, балки аз таъолими башардӯстонаи Қуръон ва Ислом сарчашма гирифтааст. Бо итминон бояд эътироф кард, ки агар дар он шароити сахти таърихӣ ин мусибат бар сари ҳар қавму миллати мусалмони Осиёи марказӣ ҳам меомад, устод Раббонӣ ба унвони як пешвои динӣ ва донишманди исломӣ ёриву кӯмакҳои худро дареғ намедошт. Дар ин солҳо харҷи молии дафтари Наҳзати исломӣ дар Кобул, маоши масъулону кормандон, ҳазинаи мошини он ҳама бар уҳдаи давлати Раббонӣ буд. Чанд донишҷӯе, ки дар тобистони соли 1995 барои овардани ёрии молии устод Раббонӣ ба муҳоҷирони тоҷик ба дафтари Наҳзат рафта буданд, то ба ҳол мегӯянд, ки аз вазни халтаҳои пур аз пул, камардард гирифтем.

Муҳаммадшарифи Каҷакзода масъули вақти ин дафтар дар Кобул ба ҳадде дар Арк одами худӣ шуда буд, ки ҳар вақт мехост вориди дафтари кории устод Раббонӣ шавад, бо даҳони пур аз нос мегуфт: "Устод, бори зиёде барои муҳоҷирони тоҷик дар Кобул ҷамъ шудааст, як тайёра намедиҳед, ки ин борро ба Толиқон фиристем!"

Шаҳодати Устод моро маҳзун сохт

Taftishoti_qatli_RabboniДар зимистони соли 1996, ки дубора дар роҳи сафар ба Тахор аз Кобул мегузаштем, ба далели бадии вазъи ҳаво дар дафтари Наҳзат мондем. Минтақаи Вазир Акбархон ба шиддат мушакборон мешуд. Афроди дафтар низ тағйир карда буданд ва мегуфтанд: "Ҳайрони Раббониву Масъуд ҳастем. Чун наметавонед ҳукуматро нигоҳ доред, бидиҳед ба Толибон!" Оре, чӣ қадар зуд инсон эҳсону некии дигаронро фаромӯш мекунад, ҳол он ки фармудаи Худованд дар Қуръони карим чизи дигар аст: "Оё подоши эҳсон метавонад ҷуз эҳсон бошад". (Сураи Ар-Раҳмон, ояи 60)

Ба маҳзи дарёфти хабари ҳузновари шаҳодати профессор Раббонӣ, бо устод Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода тамос гирифтем ва назари эшонро дар бораи ин шахсияти аз даст рафта ҷӯё шудем. Эшон бо изҳори таассуфу таассури амиқ аз шаҳодати устод Раббонӣ бо баршумурдани хадамоти давлати Ӯ дар искону ёрӣ ба муҳоҷирони тоҷик дар солҳои 1992-1993, нақши давлати Кобул дар дастёбии ҷонибҳои тоҷик ба сулҳу оштӣ, ба лаҳзаи аҷибе ишора карданд: "Дар ҳошияи баргузории нахустин конфронси Бедории исломӣ дар Теҳрон (17- 18 сентябри соли 2011), шаби охири ин нишаст дар утоқи устод Раббонӣ дар меҳмонхонаи "Истиқлол" якуним соат сӯҳбат доштем. Эшон аз қонуни нави "Масъулияти падару модар нисбат ба фарзанд", ки дар моҳи август дар Тоҷикистон ба тасвиб расид ва бо сару садои зиёде дар сатҳи минтақа ҳамроҳ буд, савол карданд. Гуфтанд, ки чаро шумо бо ин қонун мухолифат накардед? Мо посух додем, ки ба андозаи тавон мухолифат кардем, вале ба ҳарфи мо гӯш надоданд. Устод Раббонӣ эълом карданд, ки рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон сафар мекунад ва дар дидор бо Раиси ҷумҳурии мо оқибатҳои ногувори ин иқдомро гӯшзад хоҳанд кард ва мо ҳам ба оҳанги гилаомез гуфтем, ки устод шумо будед, ки ҳамвора мухолифони вақтро ба сулҳ бо давлати Тоҷикистон даъват мекардед ва мегуфтед, раҳбари Тоҷикистон як мусалмони боимон аст ва ба нафъи шумост, ки ҳарчи зудтар сулҳ кунед. Мо ҳам ҳарфи шуморо қабул кардем. Вале мебинед, ки имрӯз чи иттифоқоте дар кишвари мо меафтад."

Агар Устод боре дигар ин ҷо меомад

Бо шунидани ин матлаб ба ёди навиштаҳои бародар Раҳматкарими Давлат афтодам, ки дар яке аз шумораҳои нашрияи "Миллат" дар тобистони имсол ба чоп расида буд. Вай ба баҳонаи номаи дилсӯзонаи профессор Бурҳониддини Раббонӣ, ки моломол аз муҳаббат ба тоҷикону тоҷикистониён ва нигаронӣ аз ояндаи сиёсии ин кишвар буд, таъкид дошт: "Дили Устод Раббонӣ ба барои Тоҷикистон метапад, зеро худи ӯ тоҷик аст. Ӯ яке аз муаллифони сулҳи Тоҷикистон аст… Ӯ ин ҳукуматро як бор дар таърих ба хотири ҳаққи ҳамхунӣ наҷод дода буд. Ӯ ҳанӯз бовар дорад, тоҷик дар чаҳорчӯби ҳамин низом ба саодат хоҳад расид. Барои ҳамин дилаш месӯзад ва ҳушдор медиҳад. Аммо ман медонам, ки инҳо ба гапи Устод намекунанд. Он вақте, ки ба ҳарфи ӯ амал карданд, манифаташон ҳаминро тақозо мекард, ки зудтар мухолифинро таслими худ кунанд, ба ҳар василае".

Агар ин иттифоқи шум намеафтод ва устод Раббонӣ ба Тоҷикистон меомад ва ба давлатмардони мо оқибати иқдомоти исломситезиро бозгӯ мекард, воқеъан ҳам ба ҳарфи ӯ гӯш мекарданд? Гумон намеравад, зеро таърих кам ёд дорад, ки ҳарфи донишманди хайрхоҳе аз сӯйи ҳукуматҳо шунида шуда бошад. "

"Устод, русҳо мегӯянд, ки Шумо аз ин ҷо биравед!"

Дар моҳи майи соли 1997 гурӯҳи толибон ба шаҳри Қундуз расид ва барои ҳамла ба вилояти Тахор омода мешуд. Устод Раббонӣ бо Абдурраб Расули Сайёф - муттаҳид ва дӯсти наздикаш аз Толиқон ба Кӯлоб рафтанд. Дар он замон ҳатто дар маҷлиси Думаи давлатии Русия сару садоҳое барои гуфтугӯ бо Толибон баланд мешуд. Муншии устод Раббонӣ, ки дар ин сафар ҳузур дошт, баъдан дар Толиқон нақл кард, ки дар муддати кӯтоҳе, ки дар Кӯлоб будем, хеле азият шудем. Зеро муносибати мизбонон самимӣ набуд. Ҳатто барои овардани ғизо хонумҳои нимаурёнро гузошта буданд. Сайёф ҳамвора мегуфт: "Устод, куҷо шуд, он ниҳоде, ки мову ту кардем?" Дар ин миён масъулони давлати Тоҷикистон пинҳонӣ ба назди мо омада ва гуфтанд: "Устод Раббонӣ, мебахшед, русҳо моро таҳти фишор гузошта ва мехоҳанд, ки шумо аз Тоҷикистон хориҷ шавед". Устод Раббонӣ маҷбур шуд ба Дубай равад ва Сайёф бо ҳайати ҳамроҳаш ба Толиқон баргашт. Дар ин фосила ба далели шикасти Толибон дар Мазори Шариф ин гурӯҳ ақибнишинӣ кард ва авзоъ нисбатан оддӣ шуд.

Агар худ танбал будем, Устодро чӣ ҷурм аст?

Мавзӯи дигаре, ки дар маҳфилҳои сиёсиву расонаии Тоҷикистон матраҳ мебошад, чӣ гунагии имзои Созишномаи оташбас дар Хусдеҳ, дар минтақаи Фархори вилояти Тахор дар моҳи декабри соли 1996 аст. Зеро ин рӯйдод пешзаминаи имзои қарордоди Маскав дар ҳамон моҳ ва дастёбӣ ба Созишномаи умумии сулҳи тоҷикон гардид. Иддае музокироти Хусдеҳро натиҷаи фишори Русия, дуввумиҳо имтиёзгузории давлати Афғонистон аз Маскав барои муқобила бо Толибон ва севвумиҳо заъфу сустии Иттиҳоди мухолифин унвон мекунанд ва гурӯҳи чаҳорум найранги сиёсии давлати Тоҷикистон медонанд. Вале ба назар мерасад, ки агар заъфу эроде буд, ба мавзеъгирии ҳайати музокиракунандаи Иттиҳоди мухолифон бармегардад, ки натавонист ба хостаҳои худ исрор варзад ва набояд дигарон ва ба хусус давлати вақти Афғонистонро муттаҳам кард. Монанди он зарбулмасали машҳур, ки "Меҳмон агар танбал бувад, тақсири соҳибхона чист?"

Куштори сарбозони тоҷик ва тавсифи қурутоб

Субҳи рӯзи пас аз имзои Созишномаи ёдшуда, бародар Давлати Усмон аъзои ҳайати мухолифон Отахони Латифӣ, Ҷумъабой Ниёзов ва Худойбердӣ Холиқназарзодаро барои анҷоми мусоҳиба ба дафтари радиои "Садои Тоҷикистони озод" овард. Пурсишҳо таҳти фазои он замон сахт буд ва равоншод Латифӣ гуфт: "Шумо аз Би-би-сӣ ҳам гузарондед". Аммо замоне марҳум Ҷумъабой Ниёзов ба шарҳу тавзеҳи ин созишнома пардохт, аз чашмонаш ашк рехт. Вай гуфт: "Шумо медонед, ки шаби гузашта ба корвони низомии давлат дар дуроҳии Ғарму Тавилдара ҳамла карданд ва 130 нафар аз аъзои Артиши Тоҷикистон куштаву захмӣ шуданд. Ин ҷавонон, ки ба зӯрӣ ба хидмат бурда мешаванд, чӣ гуноҳ доранд? Мо бояд ҳам ин Созишномаро имзо мекардем, то ба куштори тоҷикон поён диҳем." Вале дар чеҳраи ҳайати давлат ин гуна ташвишу нигаронӣ эҳсос намешуд ва бо бетаваҷҷӯҳии комил ба иттифоқи рухдода, бештар дар бораи хӯрдани қурутоб сӯҳбат мекарданд. Ба назар мерасид, ки дар миёни ин куштаҳо фарзандони масъулони давлати вақт набуданд, ҳамин тавр ки, имрӯз низ дар хидмати Артиши миллӣ нестанд. Ё ки шодравон Отахони Латифӣ дар маросими вижае, ки дар дафтари Наҳзати исломии Тоҷикистон дар Толиқон баргузор гардид, бо мушоҳидаи сафҳои муназзаму мураттаби муҷоҳидин бо дидагони лабрез аз ашки шодӣ гуфта буд: "Ман дар тамоми умрам як орзу доштам, ки Тоҷикистонро давлати озоду мустақил бубинам. Ман итминон дорам, ки шумо дар оянда унсури асосии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол хоҳед шуд."Манзур ин аст, ки нирӯи мусаллаҳи Иттиҳоди мухолифин низ дар Афғонистон дар аҳди устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд шакл гирифт.

Устод Раббонӣ меъмори Сулҳи тоҷикон буд

Бе шак устод Раббонӣ меъмори сулҳи тоҷикон буд ва ҳатто пеш аз оғози даргириҳои дохилӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 дар дидор бо ҳайатҳои расмӣ, шахсиятҳои ҷудогона ва мусоҳибаҳои матбуотӣ бар зарурати пешгирӣ аз ҳар навъ ихтилоф, низоъ ва парокандагӣ дар ҷомеаи тоҷик таъкид мекард. Аз ин рӯ, устоди шаҳид дар арафаи бистумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, ки садҳо нафар ба дарёфти ҷоиза ва нишонҳои давлатӣ сазовор гаштанд, беҳтарин номзад барои дарёфти болотарин ҷоизаи давлати Тоҷикистон буд. Ҳоло ки мутаассифона ин фурсати ғанимат аз даст рафтааст, умедворем, ки давлати Тоҷикистон барои хадамоти содиқона ва беғарази ин сафири сулҳ Ӯро пас аз шаҳодаташ мавриди тақдиру ташаккури шоиста ва дархури шаъни эшон қарор хоҳад дод.

Нуктаи охир ин аст, ки ин ҷониб дар замони ҳузурам дар Афғонистон ҳеч гоҳ устод Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъудро аз наздик надидаам. Танҳо дидоре, ки бо шаҳид устод Раббонӣ доштем, дар ҳошияи ҳамойиши бузургдошти ёду хотираи Аҳмадшоҳи Масъуд қаҳрамони миллии Афғонистон дар донишгоҳи Фирдавсии Машҳад буд. Он ҳам дар ҳадди иқомаи намози пешин ба имоматии устод Раббонӣ ва аҳволпурсии мухтасар.

Фикр намекунам, ки агар мо тоҷикон ҳамагӣ камари ҳиммат бибандем ва шабу рӯз хидмат кунем, битавонем хадамоти якрӯзаи ин ду шаҳиди азизро ҷуброн намоем. Аз ин рӯ аз Худованди маннон мехоҳам, худ ба онон дараҷоти азим, ғуфрони восиъа ва подоши бузург ато фармояд. Рӯҳашон шод ва ёдашон гиромӣ бод!

Хайриддини Қосимӣ, рӯзноманигор

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97