Дар Эрон парчами Тоҷикистонро наёфтем

Сиёсат 12.10.2011 15:29

Tehron_tolib_boРӯзҳои 1 ва 2 октябри соли равон дар Қасри сарон, дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон 5- умин Конфронси ҷаҳонии интифозаи Фаластин бо ширкати намояндагони беш аз 90 кишвари дунё баргузор шуд, ки банда низ дар кори ин иҷлоси муҳимми байналмилалӣ бо намояндагӣ аз нашрияи "Миллат" ширкат доштам.

Муборизаи ҷононаи фаластиниҳо

1 октябр, соати 8- и субҳ дар Қасри сарон симпозиуми ҷаҳонии пуштибонӣ аз Фаластин ба кори худ шурӯъ кард. Ин иҷлоси муҳимро, ки дар ифтитоҳи он роҳбари Инқилоби исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ва президенти ин кишвар оқои Маҳмуди Аҳмадинажод ширкат доштанд, ҷаноби Лориҷонӣ ифтитоҳ намуда, аз муҳиммияти ин ҳамойиш ҳарф зад ва аз ҷумла аз шаҳид Устод Бурҳониддин Раббонӣ ҳамчун пуштибони мардуми мазлуми мусалмон ёдоварӣ намуд. Навбати аввали суханронӣ аз Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ буд. Суханронии Оятуллоҳ Хоманаӣ, бо таҳлили мӯшикофона ва воқеъбинонаи вазъи Фаластин бо забони фасеҳи порсӣ хушам омад ва аҳли симпозиумро низ ин суханон ба ваҷд овард ва онро бо кафкӯбии гарм истиқбол намуданд.

Tehron_TolorӮ аз ҷумла изҳор дошт, "шаст сол қабл бегонагони гуногунро аз гӯшаҳои мухталифи дунё дар сарзамини Фаластин гирд оварда, барояшон давлат сохтанд, мардуми Фаластинро ронданд, овораву дар ба дар карданд. Ва мардуми сарбаланд ва таҳқиру заҷр дидаи Фаластин дигар роҳе ҷуз ин надошт, ки аз ҳаққи инсонӣ, имонӣ ва исломии хеш дифоъ бикунад ва ба муқовимат бархезад. Як миллат овора ва қатли ом шуд ва ҳомиёни байналмиллалии ҳуқуқи башар ва кишварҳои ғарбии зӯргӯро коре ба ин нест. Бо бунёди давлати яҳуд дар сарзамини муқаддаси Фаластин абарқудратҳо барои хеш пойгоҳи сиёсӣ, низомӣ ва истихборотӣ сохтанд. Роҳ додан ба будани давлати саҳюнистӣ дар хоки Фаластин ин таҳқири миллати Фаластин аст. Фаластин бояд аз наҳр то ба баҳр моли ҳалоли миллати Фаластин бошад. Ва ҷаҳони Ғарб, ки лоф аз демукросӣ мезанад, бигузорад то миллати Фаластин худаш роҳи худашро озод ва ба таври демукросӣ рақам бизанад ва роҳ боз кунанд то ҳама фаластиниҳо, чӣ мусалмону масеҳӣ ва яҳудиён дар як ҳамапурсии умумӣ ва мунзабит ширкат бикунанд. Имрӯз дигар Исроил дар рӯёрӯи муборизаи ҷоннисорона ва ҷононаи мардуми Фаластин, мушти гиреҳхӯрдаи муҷоҳидини лубнонӣ худро залилу нотавон дидааст."

Устод Раббонӣ ҳам дар симпозиум ширкат дошт

Tehron_Ustod_RabboniВа ин нуктаро бояд бигӯям, ки ба ин симпозиум Устоди бузург, Шаҳиди Сулҳ ва Қаҳрамони Афғонистон Бурҳониддини Раббонӣ низ даъват шуда буд. Ҷойи Устод Раббонӣ дар радифи аввал, дар толори симпозиум холӣ ва нишастгоҳи ӯро акси зебову нурониаш бо дастагули тозае зеб медод. Ва дар канори Устод Раббонӣ раиси Вулуси Ҷирга- Маҷлиси намояндагони Афғонистон, шогирди Ӯ Абдулрауфи Иброҳимӣ менишаст, ки аз минбари симпозиум ёди ширине аз Устод Раббонӣ карданд. Ва натанҳо оқои Иброҳимӣ, балки сухангӯёни зиёде аз Мисру Фаластин, Яману Малайзиё бо муҳаббат аз Устод Раббонӣ ва хадамоти Ӯ барои мусалмонҳо ва мардуми Афғонистон ёд намуда, қатли Ӯро маҳкум ва кори дасти душманони Ислом номида, Ӯро муҷоҳид, Раҳбари бузург ва Имоми мусалмонони бедор унвон карданд, ки ин бароям минҳайси як ҳамқавми Устод бойиси ифтихор ва сарфарозӣ буд. Ва акси нурбори Устод бо лабони пуртабассум ба ҳазорон мусалмонони аз кишварҳои мухталиф гирди ҳам омада менигарист ва гӯё мегуфт:

Паёми Устод Раббонӣ ба аҳли симпозиум

"Бародарони мусалмони ман! Чанд рӯз қабл дар ҳамин шаҳре, ки инак шумо гирди ҳам омадаед, будам ва гуфтам, ки биёед, монеъи куштори мусалмон аз дасти мусалмон бишавем. Гуфтаму бозгаштам ба Дубай то қалби дардманди хешро муолиҷа созам, вале он ҷо хабарам расид, ки толибе аз Покистон бароям паёми муҳим дорад.Чун ҳама умр паёми сулҳ меҷӯстам, маънии зиндагиамро дар мубориза ба хотири ислом ва оромишу озодии мусалмонҳо медидам, омадам ба Кобул то паёмоварро бубинам ва иззаташро ба ҷо оварам, вале чун оғӯш боз кардам ва «марҳабо» гуфта, сӯяш қадам задам, охири корам дар дунёи шумо он шуд, ки хабар доред ва ин ҷо ҳам ёд кардед. Ман ба ормони зиндагии дар ҷаҳони шумо доштаам расидам ва сарбаланд бо Худои хеш васл шудам, вале паёмам барои шумо, ай мусалмонҳои аҳли Замин, ҳамон аст, ки медонед. Дӯстро аз душман бишиносед, нагузоред, то шуморо бо дасти якдигаратон бикушанд, бишӯронанд. Ваҳдати хешро биҷӯед ва ҳифз кунед."

Чӣ тавр кубагӣ шудем ва дидор бо сафири Тоҷикистон

Чизе, ки бойиси шигифт ва нороҳатии мо дар ин симпозиуми ҷаҳонӣ шуд он буд, ки чун вориди маҷлисгоҳ гаштем, ҳайатҳои тамоми кишварҳо зери парчами хеш менишастанд, вале парчами Тоҷикистон набуд ва мо надонистем, ки куҷо биншинем. Ба масъулини иҷлосия арз кардам, яке барои рафъи нороҳатии банда гуфт, ки шумо бо мо бародар ҳастед, ҳар ҷо, ки холист, ҷои шумост. Гуфтам, ки эҳтироми бародар бояд рӯшантар аз дигарон ба ҷо бошад, то ҳама бидонанд, ки мо бародарем. Ноилоҷ дар пушти парчами Куба нишастам, ки баъдан чанд рӯзноманигори хориҷӣ безор аз ҷонам карданд, ки дар бораи вазъи мусалмонҳо дар Куба ва аҳволи Фидел Кастро барояшон бигӯям. Ҳарчанд мегуфтам, ки аз Тоҷикистонам, бовар намекарданд ва ҳақ ҳам буданд, вақте мегуфтанд, тоҷик чӣ гум кардааст, ки пушти парчами Куба мешинад. Баъдан парчами Тоҷикистонро оварда дар нишастгоҳи толор насб карданд. Ва сафири мӯҳтарами Тоҷикистон дар Эрон ҳам танҳо дар шаби охирини дар Теҳрон будани мо ба суроғамон омад, узр хост ва гуфт, ки пайи иҷрои вазифаи муҳиме банд будааст. Шояд иллати набуди парчам дар толор ва ба аёдати ҳайати Тоҷикистон дер расидани сафири мо дар Теҳрон он буд, ки дар кори ин симпозиум раиси Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки даъватӣ буданд, ширкат накард.

Сафирони Афғонистон, Миср ва Қирғизистон бо ҳайатҳои хеш буданд. Махсусан сафири Қирғизистон Мадат Шеримқулов, ки дар собиқ раиси Парлумони ин кишвар ва яке аз сиёсатмадорони шинохтаи Қирғизистон мебошад, дар симпозиум ҳатто ширкат кард, дар ҳоле ки аз Қирғизистон дар ин иҷлоси муҳим танҳо як нафар ва он ҳам намояндаи мардум дар Парлумони кишвараш Назаралӣ Орифов ширкат дошт ва ин Назаралӣ чун форсиро намедонист, тамоми замони дар Теҳрон будан бо мо буд.

Аҳмадинажод дастамро мефишурду ман хиҷолатзада шудам

Банда дар рафти ин симпозиум бо Роҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ салому ҳолпурсӣ кардам. Эшон бо изҳори хушҳолӣ гуфтанд, ки ба миллати Тоҷикистон саломи моро бирасонед, ман ҳамеша ба ёди Тоҷикистон ҳастам, ки инак амонати эшонро аз дӯшам соқит шуда медонам. Бо раисҷумҳури Эрон оқои Маҳмуди Аҳмадинажод ҳам дар толори симпозиум сӯҳбати кӯтоҳе доштам. Баъди салому ҳолпурсӣ гуфтамаш, ки мехоҳам бо Шумо мусоҳибае дошта бошам. Гуфт, ки "Хо, мушкил надорад. Ва аз ёвараш хоҳиш кард ки (ростӣ нафаҳмидам, ки чаро амр неву хоҳиш кард. - шарҳи муаллиф) маро номнависӣ кунанд. Ва тамоми он лаҳзаи сӯҳбатамон оқои Аҳмадинажод бо чанд тани дигар касоне, ки ба ҳолпурсиаш меомаданд, сӯҳбат мекарду дасти маро дар дасташ нигоҳ медошт, ки аз ин ростӣ хиҷолат кашидам, чун то кунун дасти ҳеч подшоҳу президенте ба дастам нарасида буд. Ва акнун Президенти яке аз кишварҳои бузурги ҷаҳон, ки бо абарқудрате чун Амрико панҷа нарм мекунад, дасти маро дошта буд ва бо табассум ҳар дам "хуш омадед" мегуфт. Яке аз ҳамроҳон аз пушт ба ман гуфт, ки канор биравам, то ӯ ҳам бо Президенти Эрон ҳолпурсӣ кунад. Гуфтам, бубин, дасти маро раҳо намекунад, аз эҳтиром нест, ки ман худ дастамро раҳо кунам.

Аҳмадинажод: "Ғарибони бегона бираванд, масъала ҳал мешавад."

Бо ҷаноби Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон як маротиба мулоқоти кӯтоҳе дар оромгоҳи Ҳазрати Имом Хумайнӣ қадасаллоҳу рӯҳаҳу ва бори дигар дар Қасри сарон мулоқоти вижае бо хоҳиши эшон доштем, ки дар шумораи баъдӣ он як сӯҳбати кӯтоҳи хешро бо эшон бо изни Худованд ба нашр мерасонам. Баъдан банда сӯҳбатҳое инфиродӣ ва бо тақозои вазифа бо раиси Парлумони Афғонистон ҷаноби Иброҳимӣ, сенатор аз вилояти Панҷшер Мавлавӣ Файзӣ, бо роҳбари сиёсии Ҷунбиши Ҳаммоси Фаластин Холид Машъал, бо вакили Парлумони кишвари Сурия, хонуми Рами Каъба, ки аз ҷонибдорони ашаддии давлати Башор Асад будааст ва боз бо зиёд рӯзноманигорону сиёсатмадорони кишварҳои мухталифи олам доштам. Дар хатми ин ҳамойиши бузург оқои Маҳмуди Аҳмадинажод суханронӣ намуд, ки он хеле ҷолиб ва ҷаззоб буд ва борҳо ҳини сӯҳбати оқои Аҳмадинажод аҳли ҳамойиш аз он гарм истиқбол намуданд. Ӯ аз ҷумла гуфт: "Омаданд, ғарибони бегона ва меҳмонони нохонда ба сарзамини Фаластин мардуми онро мазлум ва овора карданд ва акнун вақт аст бираванд хонаҳои худашон ва оворагони фаластинӣ биёянд ба хонаи худашон. Ва масъала бо ҳамин ҳал мешавад. Бояд ҳаққи ҳокимияти миллати Фаластин ба расмият шинохта шавад. Ҷӯре ҳарф мезананд ана қарор аст як миллати ҷадиде ба номи Фаластин таъсис шавад. Миллати Фаластин аз қабл будааст, ҳазорҳо сол дар сарзамини Фаластин зиндагӣ кардааст ва тибқи қавонини байналмилал ҳар миллате ҳаққи ҳокимияти миллӣ дорад."

Меҳмони хушқадаме будем мо

Ҳамойиши Теҳрон бисёр як иҷлоси муҳими байналмилалӣ буд. Тамоми расонаҳои хабарии маъруфи ҷаҳон он шабу рӯзе, ки мо дар Теҳрон будем, ин ҳамойишро мавриди баррасӣ ва пӯшиш қарор дода буданд ва он дар сархати ахбори ҷаҳонӣ мавқеъ дошт. Бо камоли эҳтиром бояд ёдовар шуд, ки ҳар се раҳбарони бузурги Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, раисҷумҳур оқои Маҳмуди Аҳмадинажод ва Раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ оқои Лориҷонӣ се шом бо навбат барои мо ширкатдорони симпозиум зиёфати шоҳона оростанд, ки аз ин меҳмоннавозии эшон хеле сипосгузорем. Як нуктаи дигар ногуфта намонад, ки қудуми мо ба ҳангоми ворид шудан ба хоки накҳатбоTehron_turbati_Firdavsiри ин сарзамини бузурги бароямон азиз барои мардуми Эрон муборак омад ва бойиси хушҳолии онҳо шуд. Он рӯзе, ки мо ба Машҳад омадем, дар Теҳрон мусобиқоти ҷаҳонии волейбол миёни Эрон ва Чин ҷараён дошт, ки он бо пирӯзии кишвари ҳамзабону ҳамдини мо анҷом ёфт ва Эрон Қаҳрамони Осиё шуд. Ва ҳамчунин Машҳади муқаддас он рӯз мавлуди Маъсума, хоҳари Имом Ризоро таҷлил мекард, ки ин сана барои аҳли ташайю як ҷашни мондагор аст. Рӯзи 3 октябр мо кишвари дӯсту бародари хеш Эрони нозанинро бо хотироти хушу аз ёдҳо норафтанӣ гузошта аз фурудгоҳи байналмилалии Имом Хумайнӣ ба Душанбе парвоз кардем.

P.S. Мо аз тариқи ҳавопаймо аввал ба шаҳри муқаддаси Машҳад парвоз кардем. Қабл аз шоми оTehron_oromgohi_Firdн рӯз банда аз роҳбаладони эрониамон хоҳиши сафар ба шаҳри Тӯс ва зиёрати оромгоҳи Ҳаким Фирдавсиро кардам, ки эшон шароитро барои мо муҳайё сохтанд.

Ҳамроҳи ёрон бо роҳбаладии бародари эроние ба исми Акбари Меҳрабон ба Тӯс рафтем ва марқади ҳамосасарои бузурги форсӣ Ҳаким Фирдавсиро зиёрат намудем. Зиёрати марқади Пири Тӯсӣ орзуи деринаи банда ва ҳамроҳонам буд, ки бо изни Худованд хеле хотирмон анҷом шуд. Шаш соате, ки дар шаҳри Машҳад будем, мо ҳайати Тоҷикистонро дар меҳмонсарои олие, ки "Ҷаннат" ном дошт, ҷойгузин карданд ва дӯстони ҳамсафари банда шӯхиомез мегуфтанд, ки шукр дар зиндагӣ ҷаннатро ҳам дидем. Чизе, ки бандаро зиёд хуш омад, ин муносибати мардуми Эрон бо мо ва бо ҳар як меҳмони ин сарзамин буд. Он қадар меҳрубонанд, ки мо тоҷикони дағалгуфтору камтар меҳрабонӣ дида, аз бисёр "ҷонам" ва "оғоҷун" гуфтанашон нороҳат шудем ва ҳатто ба ҳамон оқои Меҳрабон, ки зиёд лутфу хушсуханӣ мекард, шӯхиомез гуфтам, ки бисёр "падхалимӣ" накунад. Ёрони тоҷики ман бо завқ ханда карданд ва ӯ ҳам табассуме карду гуфт, ки "пахалимиш" чи ҳаст? Гуфтам: Меҳрабонии зиёд. Гуфт: "О, ман Меҳрабон ҳастам ва бояд меҳрабон бошам".

Мо чӣ?!

Толибшоҳи Сайидзода Душанбе- Машҳад-Теҳрон- Душанбе

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97