Қонуни масъулият масъулиятро беш накард

Сиёсат 11.10.2011 09:04

Ё назаре ба бурду бохтҳои 20 соли Тоҷикистон

Пешрафтҳои чашмрас

Torti_IslohotМардуми Тоҷикистон 20 сол аст бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва зери раҳбарии ӯ зиндагиву кору фаъолият доранд, ки онро метавон як марҳилаи муҳимми таърихӣ ва давлатдорӣ ном бурд.

Дар ин давраи тӯлонӣ мо тавонистем дар баъзе соҳот ба пешрафтҳои чашмгире ноил гардем. Аз ҷумла раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва роҳкушоиҳо ба чаҳор самти кишвар, ифтитоҳи пулҳо болои дарёи Панҷ, ковишу истифодаи нақбҳо, пайвасти хати баландшиддати Ҷануб- Шимоли кишвар бешак аз корнамоиҳои мардуми тоҷик дар ин давра аст.

Кишвари кишоварзӣ ва дурӯғгӯии раисони навоҳӣ

Дар ин ҳудуди 20 сол дар баробари пешрафту комёбиҳо камбуд низ буд. Ба хусус, соҳаи кишоварзӣ дар ин муддат ҳамеша ба нокомиву мағлубият дучор омадааст, ки то имрӯз нарху навои меваву сабзавот дар бозорҳо нисбат ба дигар кишварҳои ҳамсоя гаронтар аст. Нархи помидору харбузаву тарбуз ба нархи бозорҳои Маскав баробар гаштааст. Ҳатто як дона тухм 90 дирам шудааст. Воқеъияти талх ин аст, ки қариб тамоми соҳоти кишоварзиро изофанависӣ фаро гирифтааст. Таъкидҳои Президент дар мавриди кишти такрорӣ ва иҷрои онҳо аз тарафи раисони вилоёту шаҳру навоҳии кишвар қариб ҳама дурӯғу фиреб будааст, ки Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта худ аз чархбол ин вазъиятро дид ва дар маҷлиси навбатии Ҳукумат онро мавриди баррасӣ қарор дод ва иддае аз масъулинро сарзаниш ва ҷазо ҳам дода буд.

Имрӯз изофанависӣ ба шакли дигар зуҳур карда, ки ин ҷуз хокпошӣ ба чашми мардум чизи дигаре нест. Вақте Президенти кишвар аввалҳои моҳи июл ба ноҳияи Файзобод сафар кард, аз тариқи телевизион дидем, ки мардуми ноҳия аллакай дарави гандумро анҷом дода, замини холишударо картошка кишт карда буданд. Ростӣ, дар тааҷҷуб мондем, зеро дар ин ноҳия мисли навоҳии кӯҳистон то дарави гандум ҳанӯз як моҳи дигар вақт буд… Аммо ин масъулин фаромӯш кардаанд, ки раиси ҷумҳур дар соҳаи кишоварзӣ мутахассиси варзида аст ва маҳз аз курсии раисии хоҷагие пешқадам ба ин арҷи аъло расидааст. Пас ин хокпошӣ ба хотири чист, охир, ин худфиребие беш нест…

Қарору қонунҳои иҷроношуда

Мутаассифона, аксари қарору қонунҳо, ки қабул мегардад, ҳамагӣ чанд моҳе масъулин барои амалӣ намудани онҳо сахт камари ҳиммат мебанданду баъдан иҷрои онҳоро фаромӯш месозанд. Барои мисол, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон №272 "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳанӯз мукаммал иҷро намегардад. Агар боре шабона ба маҳаллаи 46 пойтахт, он ҷо, ки пули мошингард ҷойгир шудаву аз самти рост ба тарафи ноҳияи Рӯдакӣ ва аз тарафи чап сӯйи комбинати гӯшт роҳро мекушояд, биёед, қатори тарабхонаҳоро мебинед, ки тамоми шаб ба муштариён хидмат мерасонанд. Баландгӯякҳои ин тарабхонаҳо ончунон баланд овози ҳунармандони кӯчагардро ба само пахш мекунанд, ки бошандагони ин тарафи соҳил шабонгаҳ ҳам баъди соати 23 наметавонанд истироҳат кунанд. Баъзан садои нофорами ин овозхонҳо то соатҳои яки шаб идома меёбад, вале касе ҷуръати пишаки оқоёни рестурондорро пишт гуфтан надорад. Охир ин "рестуроншик"-ҳо бояд фоида бигиранд. қонун дар бораи манъи сигоркашӣ низ имрӯз дигар фаромӯш шудааст. Барои ҳамин вақте қонун дар бораи масъулияти волидон қабул шуд ва он ҷо рафтани кӯдакони то 18 соларо ба масоҷид манъ карданд, шояд аз ҳамин хотир буд, ки сару садои зиёд нашуд, зеро мардум медонад, ки ин банди қонун ҳам рӯи коғаз мемонад ва кӯдакон озод дар масоҷид намоз хоҳанд хонд. Ва ҳамин тавр аст.

Китобҳо пур аз ғалат, нархҳо баланд, маош паст

Ҳамин тариқ дар тӯли 20 сол дар соҳаи маориф ҳам пешравие ба чашм намерасад. Сол аз сол суфуфи ҷавонони бесавод меафзояд. Бисёр мехостем, ки мураттибони китобҳои дарсӣ амсоли китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфҳои 8 намунаи беҳтарини китоби таълимӣ, китоби дарсиро тартиб бидиҳанд. Аз овардани ҷумлаҳои "Рӯдакӣ қалам меронд(?). Аммо овози суруду нағма, ки аз кушки бону(?) ба гӯш мерасид, баландтар шуда, ақли шоирро медуздид…". (С. У.) ва "Марди солхӯрдае дуртар аз соҳил… Дар паҳлӯяш як ҷуфт бағаласо(?)… Дар осмон чанд ҳавопаймо роҳҳои сафед мекашанд…(?) Акси он роҳҳо ба оби зулоли кӯл афтода морсон метаппанд (?) ва мехазанд (?)". (Ф.М.) дар дастурҳои таълимӣ сарфи назар карда шаванд.

Аксари фориғуттаҳсилин бо он "дониш"-ҳое, ки доранд, ҷои кор намеёбанд, сафи бекорон сол ба сол зиёд мешавад, урдуи милиюннафараи мардикорони тоҷик дар шаҳрҳои Русия ва мамолики ба он ҳамсоя меафзояд. Иқтисод дар сатҳи паст қарор дорад, истеҳсолот кайҳост мурдаву корхонҳо аксаран бо ном вуҷуд доранд. Масъалаи таъмини барқ дар фасли сармо анқариби 20 сол аст ҳалношуда боқӣ монда. Бозори истеъмолиро беназмиву берабтӣ фаро гирифта. Нарху наво ба суръати кайҳонӣ боло меравад. Кумитаи зидди инҳисории кишвар амали муфидеро дар амри пойин овардани нарх дар бозорҳои кишвар анҷом намедиҳад. Ҷамъияти бо ном матлубот натавонистааст то имрӯз бо бозорҳои кишвар рақобат намояд ва нархи маҳсулоти хӯрокаро ба танзим дарорад. Маҳсулоти хӯрокаро дар мағозаҳо касе таҳти назорат қарор намедиҳад, тоҷирон тибқи нафсу хоҳишашон молу колоро нархгузорӣ менамоянд. Дар чанд соли ахир анвоъи ғизоӣ то 400 дарсад боло рафт, маош ҳамоно дар сатҳи паст ба ними арзиши ин нархҳо баробар нашудааст.

Қонуни масъулият масъулиятро беш накард

Дар 20 соли Истиқлол зеҳниятҳо ба марҳилаҳои нав қариб, ки қадам нагузоштанд. Ақлу тафаккур яку якбора дучори бемории карахтӣ шуд. Дурӯғу чоплусӣ ҳатто дар зеҳну тафаккури атфол низ ҷо гирифт. Ин тифлакон, ки имрӯз ба тақлид аз калонсолон хушомад мезананд, фардо ба тӯтичаҳое табдил меёбанд, ки ҷуз шунида чизи дигареро такрор нахоҳанд кард. Чунин як одати зиштро маҳз калонсолон ба онҳо меомӯзонанд. Кор то ҷое расида, ки волидайн наметавонанд фарзандони худро тарбия намоянд. Бад- ин хотир қонуни масъулиятшиносии волидайн қабул гардид ва иддае гуфтанд, ки бархе аз бандҳои он муғойири қавонини байналмилалист. Мутаассифона алайҳи чунин як қонун садое баланд нашуд (Ин ҷо чанд тан аз рӯшанфикрони ҷомеъа истисно ҳастанд, ки ба қабули ин қонун мухолиф буданд.) ва парлумон бидуни муқобилияте онро ба тасвиб расонд. Болотар гуфтем, ки нишондоди ин қонун иҷро намешаванд ва бо қабули он кишварамонро пеши баъзе давлатҳои ҷаҳон, афроди шинохтаи динӣ чун динситез муаррифӣ кардем ва маҳз барои ҳамин қонуни "якдилона" қабулшуда имрӯз намояндаи Тоҷикистон дар минбарҳои конфронсҳои ҳуқуқи башари ҷаҳонӣ сурху сафед мешаванд. Дар ҳоле ки мумкин буд бо назардошти хостаҳои ҷомеъа ва гуфтугӯву баҳсҳои солим ин гуна камбуд рафъ шавад. Ва ҳам аз қабули ин қонун ду моҳ гузаштаву вале масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандонашон эҳсос намешавад. Намедонам то қабули ин қонун масъул будем, ё бемасъулият, вале чуноне будем, ҳамон тавр боқӣ мондаем.

Интихоботҳои ғайридемократӣ ва пур аз тақаллуб

Тоҷикистон давлати дунявиву демократӣ эълон шудааст ва дар қатори давлатҳои демократии ҷаҳон гом мебардорад, санаду мадорикеро ба тасвиб мерасонад, озодиҳои баёну виҷдонро ваъда медиҳад. Аммо ин ҳама ҳоло ҳам танҳо дар гуфторанд ва рӯи коғаз маҳфуз мондаанд. Солҳо боз шоҳиди интихоботи озоде нашудем. Ҳамин чанд моҳ пеш шахси боэътимоди номзаде дар интихобот будам, бо чашмони худ дидам, ки чӣ тақаллубе дар қонуни интихобот вуҷуд дорад. Ҳатто нисфе аз интихобкунандагон раъй надоданд, шахсони вазифадоршуда маҷбур буданд даста-даста варақаҳои овоздиҳиро ба қуттиҳо сарозер кунанд, ҳатто наворе дар расонаҳои интернетӣ, ба вижа сомонаи «Озодӣ» низ дар ин бора пахш шуд, ки оламиён онро тамошо карданд. Вале бо ин ҳама интихобот баргузор шуда эълом гардид ва яке аз номзадҳои пешбаринамудаи ҳизби ҳоким узви порлумони кишвар шуд.

Ошно дорӣ, вазифа мегирӣ

Кадрҳо на аз рӯи қобилияту фаҳмишу таҷрубаву дониш, балки дар асоси омилҳои садоқатсолорӣ ба шахс интихоб мешаванд. Агар шиноси соҳибмансаб дорӣ, вазифа ҳам пайдо мешавад. Вазифаро ишғол кардӣ, оҳиста-оҳиста корро ёд мегирӣ, шиори рӯз гардидааст. Баъдан, қисмати аъзами мансабдорони мо ба бемории шӯҳратпарастӣ гирифтор шудаанд. Яке мехоҳад аз дигаре мошини қиматтари хориҷӣ бихарад ва худро чун мансабдори баландпоя нишон бидиҳад. Агар боре мушоҳида карда бошед, мебинед, ки ҳатто дар як кишвари мутараққӣ соҳибмансабон ба худ иҷоза намедиҳанд аз ҳисоби буҷаи кишварашон ба аспи ҷоҳу ҷалол - "роскош" биншинанд. Масрафи як мошини хориҷӣ баробар ба маоши 5 - 6 корманд дар як моҳ аст. Агар мошину қасрҳоро хешони камбағали вазирон тақдим кардаанд, харҷи он аз куҷост?!

Шахспарастӣ ва усули маҷлисороӣ

Зуҳуроти парастиши фардият ва ё шахспарастӣ ба зинаҳои баланде расида, ки ҳатто мансабдоракони сатҳи поёнӣ пояшонро ба сатҳи шахсиятҳои аввал баробар месозанд. Ду даҳсола аст симоҳои раҳбарикунанда иваз намешаванд, шояд курсиҳоро ба «мерос» гирифтаанд? Тарзи маҷлисгузаронӣ, муҷриминро аз ҷой баланд кардану сарзанишу тавҳин гуфтан меъёри низоми ҷадид гаштааст.

Агар раис бигӯяд, ки фалонӣ, ман бо ту кор намекунам, «каппаи он фалонӣ аллакай сӯхтааст», на қонуни меҳнат вуҷуд дораду на собиқаи кориву таҷруба ва ин бечора маҷбур мешавад, ки бо хоҳиши худаш аз кор равад.

Дар давоми таҷрубаи корӣ борҳо шоҳид шудаем, ки шахсони тасодуфӣ сари мансаб нишастаанду зимоми идораро дар даст доранд. Агар чунин набуд, пас чаро дар тӯли 20 соли Истиқлол ислоҳоте дар иқтисоду умури бонкии кишвар ба амал наомадааст. Нархҳо аз назорат берун шуда, пули миллӣ рӯз ба рӯз дучори таваррум аст, ҷуз Тоҷикистон дар дигар кишварҳо ҳанӯз ҳам шинохта нашуда, муодили истифодаи он муайян нагардидааст. Истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ дида намешавад, колои чиниву узбакӣ рафҳои дӯкону бозорро пур кардааст, ки бад-ин васила асъор аз кишвар бидуни мамониате берун мешавад. Агар заҳмати муҳоҷирини корӣ набошад, бегумон дар кишвар "одамхӯрӣ" сар мешавад.

Ислоҳот зарур аст

Ин ҷо мо чанд пешниҳоду дархосте дорем, ки агар масъулини давлату ҳукумат онҳоро ба назар бигиранд, фикр мекунам ба манфиати рифоҳи мардум ва пешрафти кишвар хоҳад буд:

1.Афроди мансабдор бояд фидоии ватану миллат бошад, манофеъи миллӣ ва аҳкоми давлатдориро муроот намоянд, забони тоҷикиро бо тамоми асолатҳояш бидонанд, аз таъриху фарҳанги миллат огоҳ бошанд, ғуруру номуси миллиашон ҳамеша барои миллат ҷӯш занад, дар амал ватандӯсти асил бошанд.

2.Тағйироти ҷиддии кадрӣ дар умури давлатдорӣ бояд роҳандозӣ шавад, кадрҳо тибқи қобилияту истеъдоду дониш, дар асоси озмуни ошкоро ба вазифаҳои муҳими давлатдорӣ ва раҳбарӣ таъйин шаванд. Ҳар мансабдор пеш аз ишғоли вазифа савганд ёд кунад, ки ба мардум ва ватан хиёнат намекунад. Ва агар савганди хеш шикаст, сахт муҷозот шавад.

3.Ҳама гуна зуҳуроти шахспарастӣ аз байн бардошта шавад. Кор то ҷое расидааст, ки аксҳои шахсиятҳои аввали давлат дар даромадгоҳҳои рестуронҳо, мушаххас рестурони "Фарангис" дар ҷамоати "Россия" бо шиорҳои хандаоваре насб шудааст.

4.Масрафҳои моҳонаи мансабдорони давлатӣ ҷиддан таҳти назорат қарор дода шавад, ҳар як вазорату муассисаву корхона дар иртиботи масрафҳояшон дар назди мардум ҳисобот бидиҳанд. Ин кор дар Ҷопон ва Олмон пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ амалӣ шудааст.

5.Раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоёт аз вазоифи ишғолиашон сӯъистифода нанамоянд, ҳайсият ва обрӯи Президенти кишварро бо заҳмати ҳалолу софдилона, садоқат ба ватану мардум баланд бардоранд, на бо хокпошӣ ба чашми мардум.

6.Ҳама гуна интихоботҳо озоду воқеъан демократӣ баргузор гарданд ва бо аҳзоби сиёсӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда машварат доир гардад.

7.Решаи фасод дар амал бурида шавад ва фосиду фасодкор ба ҷазоҳои сангин кашида шаванд.

8.Хушомадгӯёну чоплусон, ки бо аъмоли хеш суду манфиъате бардоштанианд, ба ҷазо гирифтор ва аз вазифаҳои ишғолиашон фавран барканор шаванд. Шояд пас аз ин мо миллате сарфарозу сарбаланд дорои ғуруру номус аз нав ба воя расем.

9.Маоши муаллимони макотиби ҳамагонӣ ва донишгоҳҳои кишвар вобаста ба нарху навои рӯз баланд бардошта шавад, вазифа гузошта шавад, ки омӯзгору донишманд дар паи илм омӯзондани миллат бошанд. Ин табақаи ҷамъият бояд мушкилоте дар зиндагии худ надошта бошанд, ба ҷуз тарбияи миллати солим. Маоши ҳадди ақали муаллимони макотиби ҳамагонӣ на камтар аз 300 доллари амрикоӣ бошад.

10.Падидаҳои шуми қавму маҳалгароӣ, ки боиси бадбахтӣ ва нокомии миллат аст, пурра аз байн бардошта шавад. Онҳое, ки даст ба ин аъмоли шум мезананд, ба ҷазои сангин кашида шаванд.

11.Аз пардаҳои телевизион бо коҳиш додани барномаҳои дилбазани рақсу суруд дарси хештаншиносӣ аз тарафи беҳтарин фидоиёну донишмандони миллат тадрис гардад.

12.Бо ҳамзабонон, кишварҳои Эрону Афғонистон рафтуомад бидуни раводид амалӣ гардад, барномаҳои муштараки телевизиониву радиоии ҳамзабонон бидуни мамониат нашр шавад.

13.Тадриси алифбои ниёкон дар тамоми макотиб ба роҳ монда шавад ва ба ҷои литсейҳои туркӣ литсейҳои миллӣ ва форсӣ ҳам таъсис дода шаванд.

Ибодуллоҳи Оқилпур

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97