Дипломатияи обӣ: Аз баҳси Роғун то ТАЛКО

Сиёсат 10.10.2011 10:04

Бӯҳрони дипломатия

Bahsi_RogunЧанд муддат аст, ки як масъала- муносибати байни Узбакистон ва Тоҷикистон дар маркази диққати матбуоти тоҷик аст. Бисёриҳо менависанд, баъзеҳо дониста, баъзеҳо надониста. Инҷониб низ мақолае навишта ва хостам дар рӯзномаи "Садои мардум" чоп кунам. Вале кормандони ин нашрия барои нашри он изҳори омодагӣ накарданд.

Мушкил ин ҷо ба ақидаи мо миёни мардуми ду кишвар нест- ин якдигарнофаҳмиҳо танҳо дар дипломатия мавҷуданд. Аниқтараш миёни сарварони ду кишвар сари масъалае тафоҳуми назар уфтодааст ва ин як ҳолати табиӣ аст. Дар таърих чунин ҳолатҳо бисёр рух додаанд. Масалан миёни Никита Хрущёв ва Мао-тсе-Дун ҳамин вазъият ба вуҷуд омада буд. Вале алоқаҳои илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ канда нашуданд ва дар охир кори худро ба фоидаи ду миллат анҷом доданд. Фаъолияти ин институтҳоро дипломатияи халқӣ номидаанд. Ба ёд биёрем, ки соли гузашта як гурӯҳи эҷодии хурди Узбакистон сафари Тоҷикистон кардананд, ки чӣ қадар фараҳовар буд. Бовар дорем, ки ҳамин тавр дар Узбакистон ҳам ҳунармандон, адибони моро мухлисонашон бесаброна мунтазиранд.

Обанборҳо ва ҳисоби оддии арифметикӣ

Аз олимони тоҷик бо таассурот сухан гуфтанӣ нестем, вале яқин аст, ки дар Узбакистон ҳам олимоне, ки асли воқеаро дарк карда бошанд, камтаранд. Аз ин рӯ таърихи бунёди обанборҳо эшонро бисёртар ба ташвиш меорад.

Бинобар ҳамин як савол дар байни олимони иқтисоддони мо ва ҳам Узбакистон гузошта, ҳамзамон ҷавобашро мегӯем. Обанбор бештар ба фоидаи кист? Тоҷикистон ё Узбакистону Туркманистон?

Агар ин масъалаи арифметикиро, ки дар мактаби миёна ёфтан мумкин аст, анҷом диҳем, қазия рӯшан мешавад.

Мувофиқи маълумотҳои фаннӣ обанбори Роғун 13,1 млд метри мукааб обро ҷамъ мекунад. Агар қутри обанборҳоро дар Узбакистон 2 метр ҳисоб кунем, пас барои нигоҳ доштани ҳамин қадар об барои узбакҳо 13 млд. метри мукааб: 2 =6,5 млд метри мураббаъ:10000 метр=650,000 гектар замин лозим мешавад.    

Узбакҳо ҳисобу китобро аз мо хубтар медонанд, мефаҳманд, ин қадар замин чӣ фоида оварда метавонад? Хайр агар се ё чаҳор метр бошад. Роҳи халосӣ аз мушкилот нест.

Хонандаи азиз, чаро аз шумо пинҳон дорем ва асли гапро нагӯем? Мо замони шӯравиро мазаммат мекунем ва нақшасозиҳоро дар истеҳсолот маззоҳ мекунем, ба ҳоли Госплан механдем. Биёед, худатон қазоват кунед.

Вақте ки "Баҳри тоҷик"-ро (обанбори Қайроқумро) дар вилояти Суғд сохтанд, оби он асосан барои деҳқонон ва барзгарони Узбакистон ва Туркманистон пешбинӣ шуда буд. Бинобар он, ки дар Тоҷикистон замини киштзор хеле кам мешуд, Ҳукумати Шӯравӣ чун ҷуброн аз ҳисоби биёбонҳои Мирзочӯл барои мо замин ҷудо кард.    

Масоҳати обанбор ва замини киштро ба сафҳа намеорем. Чунки ҳисобу китобҳо он вақт дақиқ буданд. Ҳаминро бояд бигӯем, ки ба ҳар ҳол товони зарар пӯшонда шуд ва пахтакориву сабзавоткории узбакҳо хеле пеш рафт. Барои кушодан ва омода кардани биёбон чун замини кишт мардуми Тоҷикистон низ заҳмати кам накашиданд.

Вақте обанбори Норак сохта шуд, истифодаи оби ин баҳр низ барои кишварҳои поёноб пешбинӣ шуда буд, чун дар Тоҷикистон заминҳои кишт зери об намемонданд, масъалаи хисороти замин дар миён гузошта нашуд. Вале ин дафъа барои Тоҷикистон замин не, таъмини нафт ва газ аз Узбакистон ва Туркманистон ба нақша гирифта шуда буд. Минбаъд ҳам бо оғози сохтмони обонбори Роғун таъмини нафту газ аз ҳамин кишварҳо дар нақша монда буд.

Шояд мутахассисони Узбакистон ҳоло ҳам сохтмони "Баҳри тоҷик"-и якумро (Қайроқумро) фаромӯш накарда бошанд, дар акси ҳол баъди шиносоӣ ба ҳалли муодилаи болоӣ, бо дилу ҷон на танҳо розӣ мешуданд, балки дар сохтмони он саҳм низ мегирифтанд.

Роҳи ҳал тавофуқи солим аст

Bahsi_Rogun._02Ҳадс мезанам, ки чун мутахассисони мо хомӯшанд, олимони Узбакистон амиқтар фикр ва дар зимн пешниҳод мекарданд, ки дар паҳлӯи хате, ки аз Узбакистон ба Тоҷикистон меояд, лӯлае барои об гузаронем. Масалан, аз обанбори Норак , ё беҳтараш аз обанбори Роғун. Чунки аз ин ҷо то Бухоро об худ сарозер меравад, ба гузоштани насос зарурате намемонад. Кӣ медонад, баъди 5-6 сол чӣ мешавад? Оби чашмаҳо рӯз то рӯз кам шуда истодаанд. Обҳои зеризаминии Узбакистон аксаран сернамаканд, ки тасфияи онҳо хеле сермасраф аст. Оби Омӯ низ аллакай барои ошомидан норавост. Поёноби киштзорҳо онро гилолуд ва бо пестисидҳо заҳролуд мекунад. Вале оби тозаи ин ду обанбор ба тасфия ниёз надорад.

Ҳамин гуна пешомад Туркманистонро низ интизор аст. Бо тавофуқи солим Узбакистон метавонист чун кишвари транзитӣ барои интиқоли оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба Туркманистон низ кӯмак кунад.                                                                               

Вазифаи хонагӣ барои дипломатияи мардумӣ

Ҳар як амал вақт ва соати иҷро дорад. Барои он мо ба фаъол шудани дипломатияи халқӣ даъват мекунем, ки дар ҳолати сард будани муносибатҳо гапҳои наву мушкилоти нав пайдо мешаванд. Аз ҷумла гирдиҳамоиҳову эътироз ба муқобили корхонаи алюминии Тоҷикистон шоҳиди ин гуфтаҳост. Ҳар вақт нав кардани ҳадафи "Зарба дар ҷанги иттилоотӣ" усули озмудашудаи мутахассисони ин соҳа аст. Мардуми Узбакистон аз мавзӯи обанбори Роғун хаста шудаанд, бинобар ин мавзӯи ТАЛКО то хеле вақт нав хоҳад буд.

Ташкил шудани як ниҳоди ҷавонон бо номи "Камолот" дар Узбакистон низ падидаи неке нест. Ин созмон миёни комсомол, дружинаҳои халқӣ, ДҷС (Дӯстони ҷавони сарҳадбон) ва ДОСААФ- и замони Шӯравӣ ташкилотест, ки бештар дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ амал мекунад. Ин мавзӯъ ҳам метавонад дар рӯзномаи нишасти дипломатияи мардумӣ ҷойгир бошад.

С.Саидов,   рӯзноманигор

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97