Доди моро ба «Барқи Тоҷик» расонед!

Сиёсат 05.10.2011 07:38

barqi_tojik-1._VA_dodҲанӯз ду сол муқаддам дар рӯзномаи "Миллат" №35 (209) аз 3 сентябри соли 2009 мақолае таҳти унвони "Хоҷа боғ дорӣ?" нашр шуда буд, ки дар он аз вазъи риққатбори мактаби ҳамагонии №7 деҳаи Шаҳиди Бобохони ноҳияи Балҷувон сухан мерафт. Зикр гардида буд, ки мактаб соли 1947 сохта шуда, хеле фарсудаву бидуни пойдевори сементӣ аст. Дар рӯзҳои боронӣ синфхонаҳо мечаканд, деворҳои он ҳамагӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, имрӯзу фардо фурӯ хоҳанд рафт.

Пас аз нашри мақолаи мазкур, шахсони масъули ноҳияи Балҷувон ва вилояти Хатлон дар робита ба ин масъала санҷиши ҳаматарафа гузаронида, тамоми далелҳои дар мақола овардашударо дақиқ санҷиданд, ки ҳамаашон дуруст баромаданд.

Моҳи апрели соли 2010 бо ташаббуси Вазорати маориф ва масъулони вилояти Хатлон сохтмони мактабро аз ҳисоби буҷаи вилоят ба нақша гирифтанд. Ба ин мақсад 600 ҳазор сомонӣ ҷудо намуданд, ки бо ин маблағ мебоист 10 синфхона ва 2 утоқи корӣ месохтанд.

Фармоишгар ФУКС-и минтақаи Кӯлоб бо сардории Бозоров Нуриддин ва пудратчӣ ташкилоти Таъмири ноҳияи Балҷувон аст. Барои шурӯъи корҳои сохтмони мактаби мазкур моҳи майи соли 2010 ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд, ки бо ин маблағ як қисми таҳкурсии биноро сохтанд. Дар соли 2011 маблағи 200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Аз маблағи зикргардида ҳамагӣ 80 ҳазор ба пудратчӣ ҷудо намуда, боқимондаи маблағро то ҳанӯз дар ихтиёри сохтмончиён қарор надодаанд, ки онро ба анҷом расонанд. Бинобар сабаби аз тарафи Фармоишгар ҷудо нашудани маблағ, Пудратчӣ имкон надорад, ки аққалан маоши сохтмончиёро пардохт намояд.

То имрӯз аз маблағи ҷудогардида ҳамагӣ 6 синфхонаро бо хишти лойӣ сохтанд, вале то ҳол болои он пӯшонида нашудааст ва рӯзҳои наздик ҳам нияти пӯшонидани онро надоранд. Қисми бинои кӯҳнаи мактаб чаппа шудааст ва имрӯз шароит таврест, ки мо хонандагонро дар се баст дар синфхонаҳо ҷой дода наметавонем. Шароит имкон намедиҳад, ки аққалан ба бачаҳо дарси дуруст дода шавад.

Гузашта аз ин дар деҳа, ки дорои 120 хоҷагӣ мебошад, шурӯъ аз соли 1971 симчӯбҳои барқ иваз нагардида, ҳар лаҳза имкони ба вуҷуд овардани хатарро ба миён меорад. Дар фаслҳои баҳору зимистон ба ҳангоми вазидани шамол симчӯбҳо мисли дори ларзон ҳар лаҳза метавонанд ба замин биафтанд ва фалокатҳои гӯшношунидеро ба вуҷуд биоваранд. Махсусан симчӯбҳои назди мактаб моро хеле ба ташвиш овардааст. Ҳарчанд дар ин масъала чандин маротиба ба раиси Ширкати саҳҳомии холдингии "Барқи тоҷик" мӯҳтарам Ёров Абдулло муроҷиат карда бошем ҳам, мутаассифона то имрӯз натиҷае ҳосил нашудааст.

Мехоҳем бифаҳмем, ки чаро Фармоишгари ФУКС-и минтақаи Кӯлоб ва Ширкати саҳҳомии холдингии "Барқи тоҷик" то имрӯз маблағгузории сохтмони мактабро қатъ намуда, барқчиён симчӯбҳоро иваз наменамоянд? Имрӯзу фардо фасли сарди зимистон фаро мерасад ва ҳамон шаш синфхонае, ки бо хишти лойин сохта шудаанду болояшон пӯшида нашудааст, ҳатман фурӯ хоҳанд рафт.

Шеваи мактабсозии фармоишгар ФУКС-и минтақаи Кӯлобро ҳарчанд шӯъбаи маорифи ноҳия, ҳукумати ноҳия, Вазорати маориф ва дигар масъулон хуб медонанд, вале то имрӯз касеро парвое нест, ки фарзандони мардум дар куҷо ва чӣ гуна таҳсил менамоянд. Ҳарчанд Президенти кишвар зимни сафари кориашон ба ноҳияи Балҷувон дар масъалаи фаро гирифтани кудакон ба таҳсил ва фароҳам овардани шароити мусоид барои хонандагон махсусан таъкид намуда буд, вале боз ҳам мебинем, ки ҳидоятҳои Сарвари давлатро масъулин ё нодида мегиранд ва ё амдан онро иҷро намекунанд. Чунин тарзи кору фаъолият зарбаест ба сиёсати таълиму тарбия ва саводнокии мардум, ки яке аз самтҳои афзалиятноки стратегияи давлат дар соҳаи маориф мебошад. Бо чунин мактабу бо чунин шароит оё бача дуруст таҳсил карда метавонад? Дар ҳоле, ки мактаби мазкур бадтар аз ҳамон мактабҳои кӯҳна аст, ки дар китобҳо хондаем.

Суоли матраҳ ин аст, ки чаро маблағе, ки барои сохтмони мактаб пешбинӣ гардидааст, то ҳанӯз ҷудо намешавад? Агар кадом нуктаи номафҳуме дар ин амалҳо мавҷуд бошад, пас мо ки мехоҳем мактаб дошта бошему фарзандонамонро босавод кунем, бояд онро бидонем. Чаро бояд фарзандони мо ба иллати бемасъулиятии иддае чанд бемактаб бошанду бесавод шаванд? Пас шиоре, ки "ояндаро ҷавонон месозанд", ба чӣ маъност дар ҳоле, ки аз чунин ҷавонон бо чунин мактабу шеваи таҳсил оянда бӯйи умеде нест. Тамоми фақру бадбахтивубекориии ҷавонон ва ба амалҳои номатлубу нохушоянд даст задани онҳо маҳз бесводӣ ва ихтисосманд набудани онҳост, ки бо айби маҳз як гурӯҳе аз масъулон сар мезанад. Вой бар ҳоли ҷавононе, ки дар чунин мактаб таҳсил мекунанд ва ба оянда умед мебанданд.

Редаксияи мӯҳтарам! Танҳо кӯмакҳои беғаразонаи Шумо метавонад мушкилоту дархостҳои моро ба гӯши масъулон бирасонад. Мехоҳем фарзандони мо гӯлу бесавод набошанд, то дар оянда дар бунёди ватани азизи худ ақкалан коракеро анҷом дода тавонанд.

Бо арзи эҳтиром,

Б.Талбаков- муаллими мактаби №7

Б.Иброҳимов- раиси маҳаллаи деҳаи Шаҳиди Бобохон,

Ҷ. Бӯриев- духтури бунгоҳи тиббӣ ва чанд тане дигар аз сокинон.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97