Тоҷикистон бояд як рӯзро мотам эълон кунад

Сиёсат 21.09.2011 20:07

Burhonuddini_Rabboni_terrorПрезиденти пешини Афғонистон, раиси Шӯрои Олии Сулҳи ин кишвар, роҳбари Ҷунбиши Исломии Афғонистон, сарвари нуҳзати муқовимати мардуми Афғонистон дар тайи 40 соли ахир, як тоҷики озодаву сарбаланду ғурурманд Устод Бурҳониддини Раббонӣ, ки 71 сол дошт, 20 сентябр дар манзили хеш дар шаҳри Кобул кушта шуд.

Ҳамроҳ бо Устод Раббонӣ чаҳор нафари дигар дар ин таркиш ба ҳалокат расида, ноиби ӯ, Маъсум Станакзай захмӣ шудааст. Ҷунбиши Толибони афғон бо изҳороти сухангӯи худ Забеҳулло Муҷоҳид масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтааст.

Бурҳонуддини Раббонӣ, яке аз сиёсатмадорони машҳури Афғонистон дар солҳои ишғоли Афғонистон ба ҳаракати муқовимат раҳбарӣ карда, Ҷамъияти исломии ӯ нирӯҳои таҳти фармони Аҳмадшоҳи Масъудро зери чатри худ дошт. Вай дар сахттарин давра раҳбари Афғонистон буд ва талоши зиёде кард, то як кишвари ҷангзадаро ба сӯи салоҳ ва осоиш пеш барад.

Онҳо Русҳоро шикаст доданд ва ин шикаст ба умри кишвари абарқудрати СССР нуқта гузошт ва дунёро дар моварои сиёсати ҷадид қарор дод. Аммо толибон дар соли 1996 ҳукумати ӯро аз Кобул берун ронданд ва кишварро ба ҷанги давомдор кашонданд. То замоне, ки Раббонӣ ҳукуматро ба Ҳомиди Карзай таҳвил дод, аксари кишварҳои ҷаҳон Бурҳонуддини Раббониро раҳбари қонунии Афғонистон мешумурданд. Пас аз оғози ҷанги ҷадид бо ширкати эътилофи байнулмилалии таҳти сарварии Амрико бо канор рафтанаш аз тахти Кобул Раббонӣ ҳамоно яке аз чеҳраҳои калидӣ дар Афғонистон боқӣ монд.

Бо назардошти ин ногузир Раббонӣ раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон баргузида шуд.

Аммо фаротар аз ин ҳама Бурҳонуддини Раббонӣ дар дастёбии тарафҳои даргири тоҷик ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон саҳми аслӣ дошт ва мулоқоте, ки ӯ барои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифони тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Хусдеҳи Афғонистон тартиб дод, гардишеро дар гуфтушуниди сулҳи тоҷикон ба вуҷуд оварда, раванди оштӣ ва тафоҳумро наздик кард.

Сайидамир Зуҳуров, вазири амнияти вақти Тоҷикистон бо шунидани хабари шаҳодати устод Раббонӣ шадидан изҳори таассуф кард: "Хидмати ин шахсият барои сулҳи Тоҷикистон бениҳоят бузург аст. Худи ӯ ҳам инсони хубу неке буд."

Мӯъмин Қаноат, шоири саршиноси тоҷик, устод Раббониро пешвои ҳамаи қавмҳои Афғонистон хонд ва қатли ӯро як зоеаи бузург ва ҷинояти нобахшиданӣ унвон кард: "Куштани Устод Раббонӣ душманӣ аст ба миллат, ки бахшиданӣ нест. Мо аз он нируҳое, ки ин корро кардаанд, интиқом мегирем. Чораи дигар надорем". Ӯ афзуд, ки дар маҳфилҳо аз Устод Раббонӣ ба унвони "марди бузург, олим, файласуф ва яке аз ҳакимону мардони хирадманди Афғонистон" ном бурда мешавад. Ин унвонро барои ӯ касе тақдим накардааст. Ӯ олим ва донишманди риштаи фалсафаи нақшбандия буд. Ӯ як марди ориф, пок ва ватанпарвар буд ва кулли ҷомеаи Афғонистонро ҳамчун бародар ва ҳамчун дӯст мепазируфт ва истиқбол мекард ва барои пешрафти Афғонистон ҳамеша дар талош буд.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, рӯҳонии саршиноси кишвар, ки ҳамагӣ ду рӯз қабл, 18 сентябр бо Бурҳонуддини Раббонӣ дар ҳамоиши "Бедории исломӣ" дар Теҳрон мулоқот доштааст, аз хидматҳои ӯ дар истиқрори сулҳи тоҷикон ва бозгашти муҳоҷирони тоҷик ба ватан бо қадрдонӣ ёд карда, гуфт, ки дар ҳақиқат хидматҳои устод барои мо - муҳоҷирони Тоҷикистон дар Афғонистон бисёр бузург буд. Ба муҳоҷирон аз ҷиҳати таъмини ғизо ва ҷои зист зиёд кӯмак карданд. Ҳамчунин, барои ҳарчӣ зудтар қатъ шудани ҷанги тоҷикон ва бозгашти муҳоҷирон ба ватан низ хидматҳои зиёде намудаанд. Ӯ дар охирин сӯҳбаташ бо устод Раббонӣ дар Теҳрон роҷеъ ба вазъи Тоҷикистон, аз ҷумла вазъи диндорон ва тасвиби қонун дар бораи масъулияти волидайн гуфтугӯ кардааст.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, аз устод Раббонӣ ба унвони як шахсияти ҷаҳонӣ ёд кард: "Бо рафтани ӯ, сулҳ дар Афғонистон латмаи сахте дид. Устод Бурҳонуддини Раббонӣ яке аз шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳонӣ буд, чунки онҳо дар ҳама мавридҳо, на танҳо дар мавриди сулҳи Афғонистон, балки тамоми минтақа талош мекарданд. Бахусус, ба наздикӣ як паёме ба мардуми Тоҷикистон дар нашрияи "Миллат" доштанд ва дар он ҷо масъалаи сулҳи Тоҷикистон ва нигоҳ доштани онро матраҳ намуданд. Ман низ давоми даҳ-понздаҳ сол пеш сӯҳбатҳое бо ин устоди бузург доштам ва аз ӯ хотираҳои хубе ҳам дорам. Марги устод боиси нигаронии зиёд аз давом додани музокираи сулҳ дар Афғонистон аст, чунки устод Раббонӣ раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон буданд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ сари ин шахсият эътимод дошт ва аксари мардуми Афғонистон ба ин шахсият боварӣ доштанд. Ҳоло намедонам, ки дигар чӣ шахсияте дар Афғонистон барои сулҳи ин кишвар нақши калидӣ хоҳад дошт. Масъалаи сулҳи Афғонистон шояд масъалаи мустақиле бошад. Аммо ин сулҳ бо рафтани Бурҳонуддини Раббонӣ латмаи сахте дид ва мешавад гуфт, ки муваққатан ба шикаст мувоҷеҳ шуд".

Акбаршоҳ Искандаров, сарпарасти вақти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар 27 июни соли 1992 дар раъси ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон ба Кобул рафта буд, бо Бурҳонуддин Раббониро табрик бигӯяд, кушта шудани Устод Раббониро бо андӯҳи зиёд таслият гуфт: "Устод Раббонӣ танҳо нафаре буд, ки тамоми гурӯҳҳо дар Афғонистон ба ҳарфи ӯ гӯш медоданд. Кушта шудани Бурҳонуддини Раббонӣ на танҳо барои Афғонистон, балки барои Тоҷикистон низ талафоти бузург аст. Чунки эшон яке аз шахсиятҳои маъруфи миллати мо ва боиси ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон буданд".

Акнун ғамхору ғамгусор ва пуштвонаи тоҷикон ба Ҳақ пайваст ва ин миллатро сағир кард. Худо биёмурзад мардони некномро!

P.S. Аз президенти Тоҷикистон тақозо дорем, ки як рӯзро дар саросари кишвар азои умумӣ эълон кунанд. Дар ғайри ин сурат мо аҳди бародарии худро адо накардаем.

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97