Муҳиддин Кабирӣ: Устод пеши миллат моро қарздор карду рафт

Сиёсат 21.09.2011 12:10

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун!

Kabiri_va_RabbaniШаҳодати Устод Бурҳониддин Раббонӣ, сулҳҷӯйтарин сиёсатмадори муосири Афғонистон ва минтақаро барои тамоми сулҳҷӯён, ватандӯстон ва андешамандони Афғонистону Тоҷикистон тасаллият мегӯям ва аз Худованд барояш ҷаннати фирдавс ва барои хонадону пайвандонаш ва ҳамаи муҳиббону мухлисонаш дар саросари ҷаҳон сабри ҷамилро таманно дорам. Марде аз мо рафт, ки номи худро дар таърихи Афғонистон ва ҷаҳон ҳамчун сиёсатмадори дурандешу ҳаким, пешвои исломии одилу муътадил ва ватандӯсти воқеъӣ сабт намуд. Рафтани ӯ барои ҳама миллатҳои минтақа талафот аст, вале барои тоҷикон бузургтарин талафот дар солҳои ахир мебошад. Ӯ рамзи тоҷикият ва исломият буд. Муҳаббати ӯ ба миллати тоҷик марзҳоро убур карда буд ва ҳар тоҷик дар саросари ҷаҳон гармии ин муҳаббатро эҳсос мекард.

Шаке нест, ки шаҳодати ӯ барои садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик замони ҷанги хонумонсӯз мусибатест, баробари аз даст додани падар. Ӯ имконоти кишвари ҷангзадаашро бо ҳаммиллатони муҳоҷири хеш тақсим менамуд ва боз худро маъзур медонист, ки коре карда натавонистааст. Тасаллияти худро ба ҳама муҳоҷирини онвақта ва аз номи онҳо ба мардуми афғони намакдору меҳмоннавоз баён менамоям. Агар мо тоҷикон барои сулҳу ваҳдати хеш аз касе миннатпазир бошем, пас ин касон Устод Раббонӣ ва шаҳид Масъуд мебошанд, ки душманони миллат ҳардуро аз мо гирифтанд. Ӯ ҳамон қадар дар ғами сулҳи мо тоҷикон буд, ки ғами сулҳи Афғонистонро мехӯрд. Дар Тоҷикистон сулҳро овард ва дар роҳи сулҳи Афғонистон ва ба ҳайси Бунёди сулҳи ин кишвар ба шаҳодат расид.

Ду рӯз қабл аз шаҳодаташ дар шаҳри Теҳрон дидор ва сӯҳбат доштем ва аз ҳар калимааш ғамхорӣ ба миллату мазҳаб метаровид ва кас эҳсос мекард, ки барои миллат мисли як падар ғам мехӯрад. Даъвати моро барои омадан ба Тоҷикистон дар ин ҳафта қабул намуд ва ваъда дод, ки пас аз бозгашт ба Кобул омодагии сафар ба Душанберо мебинад. Бехабар аз он, ки дигарон омодагии ҷиноятеро алайҳаш дида истодаанд ва иҷоза нахоҳанд дод, ки васиятҳои ахирашро барои миллат дар ватани мо карда бошад. Нигарон буд аз баъзе равандҳои кишвари мо ва самимона мегуфт, ки ин корҳо ба нафъи душманони дину миллат мебошанд ва ҳатман сӯҳбатҳое бо дӯстону бародарони масъул дар Тоҷикистон хоҳад кард.

Суханронии ду рӯз қаблашро дар Теҳрон пеши назар меорам, ба хусус лаҳзаеро, ки аз раисикунандаи ҷаласа як дақиқа вақти иловагӣ хост, то ҳарфи охир ва шояд муҳимтарин дар ҳаёташро бигӯяд. Гӯё ҳис мекард, ки аз дасти ҳамватану ҳаммазҳабаш кушта мешавад ва ба аҳли толор гуфт: «Инҷо ки ҳама уламо ва андешамандони олами ислом нишастаем, биёед ҳамагон монеъи кушта шудани мусалмон ба дасти мусалмон шавем ва ҳаром будани ин амалро эълон намоем». Ин даъвати самимӣ ва таровида аз аъмоки қалб ва имон худашро наҷот надод, вале шояд ки дигаронро сари ақл биёрад ва ҳазорҳо қурбониҳои олами исломро, ки ба дасти бародарони худашон кушта мешаванд, наҷот бидиҳад.

Ӯ ҳар чизе ки аз дасташ меомад барои миллату ватану динаш кард ва масъулияти хешро пеши Парвардигораш анҷом дод. Афсус, ки мо натавонистем қарзи худро барои он ҳама заҳматҳояш пеши миллат каме ҳам бошад, адо намоем ва ин орзуе, ки бояд чанд рӯз баъд амалӣ мегашт, орзу боқӣ бимонд. Ҷояш дар раёсати фахрии Анҷуман холӣ хоҳад буд.

Ёдат ба хайр ва ҷоят ҷаннат бод, Устоди азиз!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97