Шикасти муллои бехабар дар муқобили Сангаки «қошуқшӯ»

Сиёсат 21.09.2011 08:02

Мулло зи сиёсати ҷаҳон бехабар аст,

Аз макру фиреби ину он бехабар аст.

ҳарчанд зи душманони дин безор аст,

Худ олати дасти душманону бехабар аст.

Sangaki_QoshuqshuИн абёт аз чакидаи хомаи шоире бо номи Хубии Самарқандӣ аст, ки Худо раҳматаш кунад, хуб гуфтааст. Ин Хубӣ худ низоми болшевикӣ ва бехудоиро напазируфт ва тарки Ватан кард, вале фаҳмида буд, ки ҳамеша тӯли таърихи дароз дарвозаҳои Ислом ва миллат ва Бағдоду Балху Бухорову Самарқанд, Ҳисору Хатлону Дарвозро барои аҷнабиёну саҳрогардон ва ҳама муғулу қарлиқ, манғиту барлос ва ҳатто асокири сурхи Ленин дар солҳои 20- уми қарни ХХ маҳз ҳамин муллоҳои "зи сиёсати ҷаҳон бехабар" боз кардаанд ва ё як омили аслии шикасти давлатҳои миллии тоҷикӣ ва ба зери занҷири бардагӣ уфтодани тоҷик маҳз бо дахолати бевоситаи муллоҳо роҳандозӣ шуда.

Уламо Ватанро ба Қарахониён фурӯхтанд

Албатта чун ин ҷо аз худфурӯшӣ ва хиёнати муллоҳо ҳарф мезанам, муроди банда он нест, ки рӯҳониёни муаззами мо ҳамагӣ хиёнаткору ҷинояткор будаанд ва тӯли таърих танҳо ватанфурӯшӣ карда бошанд. На, балки ҳадафи банда он аст, ки ҳамеша дар миёни ин табақаи таъсиргузору болонишини ҷомеъа афроде буда, ки ба ормонҳои миллӣ ва давлатдории миллӣ хоставу нохоста ва огоҳу ноогоҳ хиёнат карда ва болои миллату ватан мушкил андар мушкил овардаанд. Мулло ҳамеша фарди пешқадаму пешгоми ҷомеъа ва аз мақому манзалати хоссае бархӯрдор буда ва то ҳанӯз ҳам чунин аст. Ва нақши муллоҳо дар тарбияти ҷомеъа басе бузург мебошад. Ва таърих номи зиёд муллову сӯфиву шайху авлиёро дар сафҳаи хеш барои ҳамеша маҳфуз дошта, ки дар муқобили истилогарону ғосибони аҷнабӣ мардонавор ҷангида ва ҷоми шаҳодат нӯш кардаанд. Ёд кардани номи Шайх Аттори Валӣ, Хоҷа Шақиқи Балхӣ, Шайх Ҳотами Асам ва Шайх Наҷмуддини Кубро кофист, ки бидонем дар миёни диловарони Ватан ва муҷоҳиддини миллати мо чӣ афроде бузург барои хоки муқаддас ва мардхези Хуросон, барои дифоъ аз Ислом ва муслимин ҷонбозиҳо кардаанд. Чун мулло ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи мардуми боимон ва худопарасту худотарси тоҷик ва қавли рӯҳониён марҷаи тақлиди омм қарор доштааст, аз ин рӯ камтарин хиёнати он нобахшиданист, ҳамчуноне ки камтарин хидмати ӯ дар роҳи Ислом, дифоъ аз муслимин ва марзу бум бойиси ситоиш ва қадр аст. Ба иззати нафси ҳеч муллои имрӯзи тоҷик нарасад, вале таърих гувоҳ аст, ки дарвозаҳои Бухороро дар замони Сомониён ҳам ба рӯйи Қарахониёни турки бодиягард ҳамин муллоҳои мӯътабару мӯҳтарами мо пас аз бо онҳо забон ёфтан боз карда буданд ва сархӯри як давлати муқтадири тоҷикӣ гаштанд. Ҳарчанд шояд имрӯз бигӯянд, ки давлати Сомониён рӯ ба таназзулу суқут оварда буд ва дигар он замон ҳеч фатвое садди роҳи ғасби Бухоро аз ҷониби Қарахониён шуда наметавонист. Шояд, вале судури ҳамин як фатво номи муллоҳоро бад кард ва ин хиёнати онҳо дар сафҳаи таърих боқӣ монд. Чун амири Сомонӣ хост, ки аз нуфуз ва қудрати уламои дини кишвараш истифода бикунад то онҳо мардумро дар муқобили ғосибони саҳронаварди қарахонӣ ба ҷиҳод даъват бикунанд, ин муллоҳои мо, ки дилозурда аз амир буданду бо қарахониёниён маслиҳате пешакӣ доштанд, ба амир гуфтанд, ки Қарахониён ҳам мусалмонанд ва ҳанафимазҳабанд ва ҷоиз нест ҷиҳод бар алайҳи бародари мусалмон. Аҷаб фатвое шаръӣ, ки бар зарари тоҷик анҷом шуд. Рӯҳониён бо ин амал, яъне фурӯхтани хоки ватани хеш ба қарахониён аз амири Сомонӣ қасди хеш ситониданд. Интиқоме сахту нангин, ки баҳояш фурӯхтани Ватан буд.

Нимчамулло муборизони ванҷиро фурӯхт

Дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Ванҷ гӯристони кӯҳнаву ноободе ҳаст, ки мардум то ҳанӯз аз он чун "Гӯри Манғит" ёд мекунад. Ва соли 1993 дар деҳаи Одешти ин ноҳия аз як пири бедордили ванҷӣ шунида будам, ки мегуфт, муборизаи озодихоҳонаи мардуми Ванҷро бар алайҳи манғитҳои ғосиб, ки баъди шикасти раҳбари муқовимати Шоҳигарии Дарвоз Мир Оламгир дар чаҳоряки сеюми асри Х1Х ба ин сӯ ҳаракат кардаанд, ҷавонмарде сарсупурда ва ватанхоҳ ва сахт худотарс аз мардуми Ванҷ раҳбарӣ мекардааст. Тайи се моҳ ин марди ватанхоҳу мубориз дар муқобили лашкари бешумори манғит бо сесад размандаи хеш истодагарӣ карда ва бо фитнаи чанд тан нимчамуллои ба манғит фурӯхтаву мансабваъдашудае ба шаҳодат мерасад. Ёди азизи он ҷавонмарди шӯҷоъи ванҷӣ гиромӣ бод, ки аз фитнаи ҳамшаҳриҳои асолатбохтааш дар роҳи озодии сарзаминаш ҷон бохт. Ва дар солҳои 20- уми қарни бист ҳам иддае аз муллоҳои тоҷик фатво доданд, ки "Болшавик бо хости Худо омада ва муқовимат дар муқобили лашкари ҷаррори Сурх кори беҳуда аст". Ҳарчанд таърих шоҳиди талошу пайкор ва муборизаи шаҳодатталабонаи муллоҳое амсоли Эшони Султон ва Махдуми Фузайл аст, вале боз ҳам рӯҳониёни манфиатҷӯ, буздилу тарсу ва асолатбохтаву хешро бо пайсаву ҳадяҳои русӣ фурӯхтае дар ҳар манотиқи хоки тоҷик буд, ки камар ба хидмати болшевик бастанд ва нирӯҳои истиқлолталаб ва муҷоҳиду мубориз саркӯб шуданд.

Динфурӯшон дар тариқати Ленин саргин шуданд

Ва чун Диловаршоҳи Ғозӣ ҳам бо ғурури тоҷикона дар қаламрави Дарвоз тайи як панҷсола зарбаҳое ҷонкоҳ ба камари ғосибони русӣ мезад ва аҷнабиён илоҷе ҷуз ин наёфтанд, ки барои шикасти ин сипаҳсолори матинирода аз нирӯҳои зархариди дохилӣ, аз нуфузи рӯҳониёни бесаводи беғурур истифода бикунанд ва дар миёни лашкари ин диловармарди разманда ва муборизи ватанхоҳ фитна барангезанд. Ва фитна ҳамон фатвои ба ном шаръӣ ва дар асл ғайришаръие буд, ки "Аморат суқут кард, Амир гурехт, аз мубориза бояд даст кашид ва ба хости Худо гардан мебояд ниҳод." Ва имрӯз дигар ному ёди неке аз он муллоҳои фитнагару фатводеҳ нест, вале номи Диловаршоҳи сафшикан то ҳанӯз мояи ифтихори ҳамшаҳриҳои ӯ, рамзи муқовимат, ватандӯстӣ, диловарӣ ва мадфани гиромиаш зиёратгоҳи хосу омми Дарвоз аст.

Муллоҳо дар соли 1990 ҳам иштибоҳ карданд

Ва дар соли 1992 низ бо айби муллоҳо нирӯҳои озодихоҳи тоҷик бадном ва садои истиқлолхоҳии тоҷик хомӯш шуд. Ва бар асари ҳамин пештозиҳои муллоҳо дар сиёсату муборизаҳои истиқлолталабӣ, ва ноогоҳии онҳо аз кору сиёсатҳои дунёӣ ва аз таърих сабақ нагирифтанҳо буд, ки нирӯҳои мардумӣ парешону сарафканда ва унсурҳои необолшевикӣ ба қудрат расиданд. Агар аз талошу муборизаҳои рӯҳониёне чун Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода ва Устод Нурӣ дар роҳи истиқлоли миллат қадр кунем, ба ҳеч ваҷҳ наметавонем аз хиёнату дасисаҳои муллое ба исми Абдуғаффори Танка ва чанд тани дигар аз думравону муридони ин қозии собиқи ҳаракати наҳзати ислом фаромӯш созем. Ва аслан ҳамроҳ шудани рӯҳониён ба муборизаҳои миллӣ- озодихоҳӣ ва истиқлолталабӣ дар авоили солҳои 90- уми қарни рафта, иштибоҳе буд, ки имрӯз бори вазнине бар дӯши мо эҳсос мешавад. Ва чун дар як сари замбари Сулҳи Тоҷик рӯҳониён- муллоҳо қарор доштанд, ба иззати нафси касе нарасад, сулҳи мо комилан ба манфиати як ҷониб хатм шуд, ки инро ҳама, аз ҷумла тарафдорони ҳамон муллоҳо ҳам имрӯз хуб дарк кардаанд. Ва агар муллоҳои мӯътабари мо ва аъзои Ҳизби наҳзати ислом имрӯз даъво пеш оваранд, ки мо ба бузургтарин дастовард- сулҳи саросарӣ ноил шудаем ва ҳадафе ҷуз ин надоштем, ман тайёрам, ки бо онҳо баҳс кунам ва тасбит созам, ки чунин нест ва ҳамроҳ шудани онҳо ба раванди муборизаҳо ва он ҳама пешдастии онҳо дар ҷодаи истиқлолхоҳӣ иштибоҳе буд, ки бар манфиати миллат ва нирӯҳои миллӣ анҷом нашуд.

Шояд то ҳанӯз аз ёди насли калосол нарафта бошад, ки дар солҳои 1990- 92 дар баъзе аз манотиқи кишвар як навъ мусобиқаи масҷидсозӣ шурӯъ шуд. Кор ба ҷое расид, ки ин амали неку сутуда бойиси ихтилофоти қавмӣ дар миёни ҷомеъа гардид. Ғармӣ дигар ба масҷиди кӯлобӣ намерафт, ҳисорӣ ҷое дигар ва дуртар аз вахёчӣ барои худ ибодатхона сохт, обигармӣ аз пушти муллои ғозималикӣ намоз хонданро барои хеш ор донист. Дарвозӣ чун дид, ки масҷид дар маҳаллаи ромитиҳо аст, онро тарк кард. Ва ҳамин тавр масҷид, ки ҳамеша як макони муқаддас ва омили иттиҳоди мусалмонҳо буд, он замон ба ғайбатхона ва ҷои низоъву кашмокаш табдил шуд, ки ин гуна ранг гирифтани кор ба тафаккури мардум таъсири манфӣ гузошт. Кор ҳатто ба ҷое расид, ки чуноне як дӯст бароям нақл кард дар авҷи муноқишоти дохилӣ сабабгори ҳама хунрезӣ масҷидро дониста аҳли як маҳалла масъалаи барандохтани масҷиди деҳаашонро ба миён гузоштанд. Ва дар он миён марде зираку худотарс чун мебинад, ки воқеъан аҳли маҳалла аз будану доштани масҷид сахт нороҳатанд, хеле як пешниҳоди оқилона матраҳ мекунад, ки писанди ҳамагон мешавад ва бо ҳамин масҷид аз нобудӣ раҳо меёбад. Ӯ пешниҳод мекунад, ки масҷидро вайрон накунанд ва барояш иҷозат бидиҳанд то онро ба дискотека ва ҷои шаробнӯшиву рақсу бозӣ табдил бидиҳад. Масъала бо ҳамин ҳал мешавад, он ҷавонмард сохтани дискотекаро кашол медиҳад ва баъди чанде оташи ғазаби мардум ҳам фурӯ нишаст ва он масҷид дубора ва то имрӯз ибодатгоҳи аҳли он маҳалла аст.

Гар шиновар нестӣ, по бар лаби дарё манеҳ...

Ва як камбуди ҷиддӣ ва нуқси аслии аксари кулли муллоҳои мо он буд ва ҳаст, ки сиёсатмадор нестанд, вале ба сиёсат даст олуда мекунанд. Донистани Қоидаи Бағдодӣ ва оёте чанд аз Қуръони шариф ҳанӯз нишони ҳамадонӣ ва расидан ба пояи сиёсат ва донишмандӣ нест. Мардум дар симои мулло Исломро мебинад ва мулло таҷассуми дин аст, аз ин рӯ қабл аз ба сиёсат гаравидан мулло бояд андеша аз он бикунад, ки камтарин кору аъмоли ӯ, ҳар як ҳарфу рафтори ӯ дар мадди назари мардум аст ва як хато ва сухани ноҷои мулло метавонад ҷомеъаро ба шӯр ангезад. Чандин касонро дида будам, ки мегуфтанд, аз дасти ҳамин муллоҳо намозхониро бас кардам, ё дигар ба масҷид нарафтам ва амсоли ин. Яъне дигар барои як мусалмони одӣ фармони Худову рафтори мулло як аст, зеро ӯ Худоро дар чеҳраи мулло дидаву шинохтааст. Ва лағзиши як мулло дар назараш баробари лағзиши дунё аст, чуноне ки марги як мулло барояш ҳамсони марги олам менамояд. Ёд дорам як муллои сиёсатмадори тоҷик аз рӯи минбари баланде мегуфт, ки фалон китобро нахондаам, вале ин ҷо мехоҳам дар бораи ҳусну қубҳи он андешаи худро бигӯям. Инсоф ку, маънӣ куҷост, ки китобро нахонда бошему сари он қазоват бикунем?! Ҳамин аз сиёсатбехабарӣ ва ноогоҳӣ ва нохонда қазоват карданҳои муллоҳои мо аст, ки то ҳанӯз ҷомеъа дар шинохти ҳаққу ботил, ҳалолу ҳаром ва донистани вақти намозу оғозу анҷоми моҳи рӯза раҳгум аст.

Дар "Ватан бо хасу хор зистан" бас нест?

Ва ҳамин аст, ки ҷаҳони насроният, яҳуд ва буддоиҳо дар андешаи тақсиму тасарруфи мулки дунёянд, вале муллоҳои мӯҳтарами мо тасаллоямон медиҳанд, ки Амрико Даҷҷол асту дил хуш доред, ки Масеҳи мунҷӣ мерасад. Ва мо дигар аз мутолиаву андеша кардан мондаву дар интизори омадани Масеҳи наҷотбахш ва Маҳдии одил нишастаем. Ҷойи он ки ин муллоҳо моро ва давлатро бигӯянд, ки дар андешаи пешрафти иқтисод бошед, илмро гиромӣ донед, ба ихтироъоту истеҳсолот даст занед, дуздиву порахӯриро камтар кунед, аз баҳри қасру кушксозӣ бигзаред, ба таҷлили пурдабдаба ва қилу қоли нозарури иду ҷашнҳо хотима бидиҳед, ки намегӯянд ва баръакс худ ҳам шарику гирифтори ҳамин раванд гаштаанд. То мо майна об карда, рокетҳои дуру наздикзан насозем, Амрико аз мо наметарсад ва Русия ҳам моро шарики ҷиддии стратегӣ намедонад ва рӯи мо ҳисоб нахоҳад кард. Ва меояду ҳамин гуна нописандона Окно- и моро мегираду барои 49 сол лашкарашро дар мулки тоҷик ҷо мекунад ва мо шабу рӯз аз телевизион ба ёди он гузаштагони ориёии хеш, ба рӯҳи Муқаннаву Испитамону Абумуслим санои беҳад мегӯему аз Тоҷикистон мехоҳем, ки "Ватан ҳастӣ бас аст, бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст". Ва агар ҳамин тавр Чин нисфи заминамонро бигираду Русия Окно- ву фурудгоҳи Айниро соҳиб шавад ва Амрико ҳам чизе дигар бихоҳад, барои мо ҳамун хору хаси Ватан мемонад.

Ҳусни Муборак қариб аст, бимирад, мулло хабар надорад

Биёем сари муллоҳо, ки дар ин ҳама сару савдои Ватан гуноҳи онҳо ҳам кам нест. Ва як мулло овоз баланд намекунад, ки чаро чунин асту чунон шуд. Бадбахтии ҷомеъаи мусалмонии мо дар он аст, ки аксари имом- хатибони мо бо баҳонаи дин аз давлат ҷудост дар рӯёрӯи ҳазору як мушкилоти мардум ин кори ҳукумат аст гуфта, бар лаб мӯҳри хамӯшӣ задаанд, ки яқинан фардо, дар он Рӯзи бузург Худованд ҳатман гунгҳоро гӯё хоҳад кард. Ва бубинед, дар як Тоҷикистони саросар мусалмон ва пур аз мулло касе ба ҷуз Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода дар масъалаи манъи кӯдакони то 18 сола барои рафтан ба масоҷид овоз баланд накард. Магар танҳо қозикалони собиқи Тоҷикистон Қуръоу аҳодис хондаву аз ҳукми Худову Расули гиромӣ сари масъалаи намоз хабар дорад? Дигар муллоҳо оё намедонанд, ки намози бо ҷамоат аз 12 солагӣ фарз аст. Шояд намедонанд ва кошкӣ ин хомӯшиашон аз нодониашон будӣ, на аз тарси ҳокимон. Агар дар сӯҳбати хоссаи баъзе аз ин муллоҳои "хапак"- и мо бишинӣ, аз Аршу Курсӣ гап мезананд, гирди биҳишту дӯзах се бор даврат мезанонанд, бо Ҷабраил сад бор салому бо Азизил ҳазор бор ҷанҷол мекунанд, вале дар баробари мушкилоти ҷомеъаи худ сукут мекунанд ва дар ҷаҳони Ислом имрӯз чӣ мегузарад, тасаввурот надоранд. Ҳамин чанд рӯз қабл буд, ки як муллои ошноямро дидам, ки мегуфт: Ин Ҳуснӣ Муборак аз вазифа рафтаасту мо бехабар. Гуфтам, Муборакро беш аз шаш моҳ қабл аз вазифа равонданд ва имрӯзҳо рӯи тахти равон меорандаш ба додгоҳ ва мебарандаш ба бемористон. Ана ҳамин муллои ошнои мо дар маърака гапро ба касе намедиҳад, хабар дорад, ки рӯзҳои шанбеву якшанбе дар кӯҷо оши наҳору хатми Қуръон аст, вале аз кору ҳаводиси ҷаҳон шаш моҳ баъд хабар меёбад. Аксари муллоҳо ва имомону хатибони мо "Шоҳнома" он тараф истад, ки баъзе куфраш медонанд, "Маснавии маънавӣ", "Гулистон" ва Мирзо Бедилро нахондаанд. Аз Истиқлоли кишвар 20 сол гузашт. Дар ин муддат боре нашуд, ки баробари муслимини дунё моҳи Рамазонро оғоз карда ё дар як рӯз баробар бо онҳо намози иди Фитр гузорида бошем. Ҳамин сол хурсанд шудем, ки раиси нави Шӯрои уламои дини кишвар Қорӣ Сайидмукаррам оғози моҳи Рамазонро баробар бо аксари кишварҳои ҷаҳон бароямон муайян намуд. Вале анҷоми ин моҳи муборак боз ихтилофбор омад. Ҳизби наҳзати ислом ва чанде аз рӯҳониёни мӯътабар бо ҷамъи пайравону ихлосмандону муридони хеш ҳам як рӯз қабл аз рӯзи муқарраркардаи муфтӣ Қорӣ Сайидмукаррам ид карданд. Ва бубинед, мо ҳатто бо вуҷуди ҳазору чорсад сол мусалмон будан то ҳанӯз дар масоили муҳимми динӣ гапамон як нест, лидери ягонаи динӣ надорем, то ҳарфаш ҳадди ақал дар масъалаи рӯзаву намоз барои ҳама мусалмонони кишвар масдари тақлид бошад. Итоат накардани хеле аз мусалмонони кишвар ба ҳарфи раиси Шӯрои уламои дин дар масъалаи анҷоми моҳи шарифи Рӯза як навъ баёни эътирози онҳо бар алайҳи сиёсати динситези ҳукумат ва муллоҳои дастнишондода талаққӣ мешавад. Дар тасмимгирӣ сари анҷом бахшидани моҳи Рамазон бо диди хеш амал кардани ҲНИТ ва чанде аз рӯҳониёни кишвар аз ҷумла хонадони Тураҷонзодаҳо бо ҷамъи бешумори пайравону ихлосмандонашон бояд ҳушдоре бошад барои муфтии нав то дар роҳи ҳалли камтарин ихтилофот бо ҳама донишмандони исломӣ мудом дар тамосу гуфтугӯ бошад, на дар низоъ, чун вазифаи исломиаш аст, то ин тафриқаҳоро аз миён бубардорад. Ҷойи баҳс набояд "оши наҳор" бошаду кунҷи работ, балки дар миёни ҷомеъа аз минбарҳои баланд дар доираи одоби баҳ ин қазия мавриди баҳсу гуфтугузорҳо бояд қарор дода шавад.

Баҳси Мулло Ҳайдар бо Қозӣ дарс бояд шавад

Ба хотир биёред, ки як омили аслӣ ва катализатори муҳимми ҷанги дохилии Тоҷикистон ин тезу тунд шудани ихтилофот миёни қозикалони вақти кишвар Акбари Тураҷонзода ва қозии Кӯлоб Ҳайдари Шарифзода буд. Аз ин ихтилофи дар аввал ночизи ду рӯҳонии саршиноси кишвар, ки имкон дошт он бо роҳи гуфтугӯ бартараф гардад, доираҳои манфиатҷӯи дохилӣ ва берунӣ хеле моҳирона ва айёрона истифода карда, як миллатро, ҷонибдорони ду хидматгори расмии динро дар муқобили ҳам қарор доданд ва ба муноқишаи тоҷикон ҷомаи мазҳабӣ пӯшониданд. Ва бо ҳамин муборизаи миллии ақшори бедори тоҷик ва ихтилофоти ҷадидону кӯҳнагароён ба муллоҷанги шадид табдил ёфт.

Муллоҷанг "вовчик"-у "юрчик" зойид

Муллоҷанге, ки то ҷое мулло дар назари мардум шум шуд. Ва баъди ҳамин ҷонибдорони Ҳукумати муросои миллӣ "вовчик" ва тарафдорони Фронти халқӣ "юрчик" ном гирифтанд. Ва ростӣ чаро ҷонибдорони Фронти халқӣ "юрчик" ном гирифтанд, то ҳанӯз намедонам ва шояд худи онҳо ҳам то имрӯз надонанд, ки чаро замоне "юрчик" буданд, вале ҷониби дигарро барои он "вовчик" мегуфтанд, ки гӯё муллоҳои сиёсатбозу сарвари онҳо аз ақоиди мазҳаби ваҳҳобия пуштибонӣ доштаанд. Ва ҳамон гӯши бинӣ буриданҳое, ки дар оғози ихтилофоти хунини тоҷикон дар Вахшу Бохтар ва Қӯрғонтеппа амалӣ мешуд, на кори дасти "юрчик" буду не аз "вовчик". Ин корро онҳое мекарданд, ки Ҳоҷӣ Акбарро бо Ҳоҷӣ Ҳайдар ҷанг андохтанд ва тоҷикро ба "юрчик"- у "вовчик" ҷудо намуданд. Агар ин "вовчик"- ғармӣ гӯшу бинӣ мебурид ва он "юрчик"- кӯлобӣ ба мусла кардан қодир мебуд, чаро баъдан дар Душанбе гӯши ғармиеро набуриданд ва дар Қаротегин ҳеч кӯлобие мусла нашуд. Ҷавоб маълум аст; гӯшу бинибурҳо кайҳо кори худро анҷом дода буданд, оташи ҷангро афрухтанд, ду бародар аз нодонӣ ва гирифтор ба дасисаи дигарон хуни ҳам мерехт ва муслагарони ҷисми тоҷик дар оташи афрухтаашон аз дур истода дастони касифу ҳарому сиёҳи хешро гарм мекарданд, ки шикаста бод дастонашон.

Фронти халқӣ Мулло Ҳайдарро дар масҷид шинонд, пирӯз шуд

Як сабаби пирӯзии Фронти халқӣ он буд, ки дар сафи мубориза ва ҷангҳои хеш ҳеч муллоеро наздик шудан намонданд. Ҳатто ҳамон Ҳоҷӣ Ҳайдари Шарифзодаро ҳам канор заданд ва гуфтанд, ки бишин дар масҷид ва дуъо кун, ки сиёсат, ҷанг ва ҳукуматдорӣ кори мулло нест. Ва сабаби нокомии нирӯҳои мардумӣ ва истиқлолталаби тоҷик, иллати аслии суқути Ҳукумати муросои миллӣ ҳамин буд, ки муллоҳо дониставу надониста, вақту бевақт ба кори давлату ҳукумат таъсир мерасониданд.

Муллои дунёбехабар Эронро шум кард

Магар дар ҳамон соли 1992 аз тариқи телевизион пахш кардани барномаи хабарии Ҷумҳурии исломии Эрон ва шунавонидани оятҳои Каломи шариф сахт зарур буд, ки бо амри мулло Абдуғаффор ин корро масъулини Кумитаи радио ва телевизион анҷом медоданд. Амали як мулло ва дахолати ноҷои ӯ ба кори ҳукумат, ки аз бесаводӣ ва ноогоҳии ӯ аз сиёсатҳои ҷаҳонӣ шаҳодат медод, зарбаи мӯҳлике ба нирӯҳои мардумӣ зад ва умри Ҳукумати муросои миллиро кӯтоҳтар кард. Магар беҳтар набуд, ки ҳамин муллоҳо чӣ ҳизбию ғайриҳизбӣ дар ҳамон даврони бедориҳо ва оғози давлатсозиҳо дар гӯшаи масҷиду мадрасаҳо менишастанд ва дар ҳаққи мардони муборизу истиқлолҷӯи миллат дуъои хайр мекарданд. Ва оё сахт зарур буд, ки бояд ҳатман ҳамин муллоҳо лаҷоми раёсати муборизаро дар ҳамон замон ба даст медоштанд? Ва агар ҳадаф аз мубориза ва майдоннишиниашон гирифтани қудрат набуд, пас чаро ба муборизаҳо ҳамроҳ шуданд, дар ҳоле, ки нирӯҳои демократӣ аз маҳбубияти мардум бархурдор ва раҳбарони "Растохез"- у Ҳизби демократ дар уҳда кардани кор хеле муваффақ ҳам шуда буданд.

Пешгӯии Сангаки "қошуқшӯ"

Чун ин сатрҳоро менависам як ҳодиса ба ёдам омад. 2 сентябри соли 1992 дар Қӯрғонтеппа, дар майдони назди бинои ҳукумати вилоят, ки имрӯз шаҳрдории Қӯрғонтеппа маскан дорад, раҳбари Фронти халқӣ Сангак Сафаров бо ҷамъе аз ҷонибдоронаш гирдиҳамоӣ орост. Мухолифини Сангак низ он ҷо ширкат доштанд. Шахсе бо номи мулло Қурбон, ки бо лақаби мулло Коля маъруф буд ва чанд муддат бо Сангак дар зиндонҳои Шӯравӣ ҳамнишин будааст, дар ҳамон гирдиҳамоӣ бо раҳбари Фронти халқӣ дар пархош шуд. Ин ду зиндонии собиқ, ки баъди раҳоӣ яке бармен ва дигаре мулло шуда буд, дар мазҳари омм дар ҳаққи ҳамдигар суханҳое пасту баланд радду бадал карданд. Мулло Қурбон ҳатто Сангакро "ложкамойка"- қошуқшӯ ном бурд, ки ин қошуқшӯӣ дар зиндон кори пасте будааст ва онро зиндониёни тарсончаку камқуввату дардманд анҷом медодаанд. Сангакро, ки мегуфтанд дар зиндон "Пахан" будааст, ин таҳқир ё фошгӯии ҳамнишини собиқаш хеле сахт расид ва баландгӯякро ба даст гирифта гуфт:

"Дар ёд бигиред, агар пешвоятон Қурбун ва ҳамин муллоҳо бошанд, ба ҳеч ҷо намерасед." Бо гузашти камтар аз ду моҳ аз ин суханони Сангак дидем, ки ӯ воқеъан ба ҷое расид, пирӯз шуд ва хеле зиёд беҷойҳоро ҳам ҷое расонид, вале онҳое, ки мулло Қурбону дигар муллоҳо раҳбарашон буд, овораву гурезаву бечораву дарбадару номуроду ноком гаштанд. Албатта ман гуфтанӣ нестам, ки Сангак валӣ буд, вале ӯ бо ҳамон ақлу тафаккури хеш дониста буд, ки пештозии муллоҳо дар муборизаҳои миллӣ бар суди муборизаи ӯст ва нахоста ба мухолифинаш ҳушдоре ҳам дода буд, ки муллоҳоро аз симмати роҳбарӣ дур кунед, ки ҷое намерасед.


Толибшоҳи Сайидзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97