Дипломи сурхи байтории Афзалов вазъи чорпопарвариро беҳ накард

Сиёсат 15.09.2011 10:02

Муруре ба 20 соли истиқлол дар Хатлон

Afzalov_0101Хатлон калонтарин вилояти кишвар маҳсуб меёбад, ки соли 1992 дар масоҳати 24, 6 ҳазор километри мураббаъ таъсис ёфта, гарчанде 17% масоҳати умумии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, аммо 80% маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро истеҳсол мекунад. Дар 20 соли охир нуфуси аҳолӣ аз 1 млн. 816 ҳазору 800 ба 2 миллиону 693, 9 ҳазор нафар расидааст. Шурӯъ аз даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шахсиятҳои зерин ба ҳайси раиси вилоят дар Хатлон кор кардаанд. Соли 1991 раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар вилояти собиқ Қӯрғонтеппа Абдулло Ахмедов, баъдан дар замони даргириҳои хунин як муддат Нуралӣ Қурбонов ҳокими вилоят буд. Тобистони соли 1992 собиқ раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Қадриддин Аслонов аз марказ барои идора кардани вилояти собиқи Қӯрғонтеппа фиристода шуд. Аммо дар музофоти ҷануб, ки сиёсати ҳокимияти муваққатии кишвар таъсиргузор набуд, ҳокими вилоят аз тарафи раисони навоҳӣ дастгирӣ наёфта, баръакс асир афтода, баъдан кушта шуд.

Ҳукумат дар Хатлон

Тирамоҳи соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон фармони нахустини худро баровард, ки дар асоси он вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ҳамроҳ шуда, вилояти Хатлон таъсис ёфт. Ҳамин тавр, Иззатулло Ҳалимов раиси кумитаи тадорукоти Хатлон ва Эшбурӣ Эсанқулов муовини ӯ таъин шуданд. Аммо Иззатулло Ҳалимов бинобар вазъи сиҳатӣ ҳамагӣ 70 рӯз вилояти навтаъсисро роҳбарӣ кардааст. Баъдан аз 1-уми январи соли 1993 Абдуҷалол Салимов раиси вилояти Хатлон таъин шуда, то соли 1995 дар ин вазифа кор мекунад. Соли 1995 як муддат Абдумаҷид Достиев ба ҳайси иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон аз пойтахт ба маркази вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа омада буд. Баъдан бо Фармони Президент Давлаталӣ Шарифов ба ҳайси раиси вилояти Хатлон таъйин шуда, то соли 2001 дар ин вазифа кор кард. Шоҳидони вақт иброз медоранд, ки Абдуҷалол Салимов ва Давлаталӣ Шарифов дар вазнинтарин рӯзҳои тақдирсози миллату давлати тоҷикон масъулияти аз ҷиҳати ҷуғрофию сиёсӣ гармтарин вилояти кишварро ба ӯҳда доштаанд. Ҳарчанд сол то сол пояҳои давлатдорӣ дар марказ мустаҳкам мешуд, аммо идоракунии ҳокимият дар сатҳи як вилояте, ки дар ҳарду минтақааш аз се як роҳгузар метавонист дар бағал силоҳ дошта бошад, кори саҳлу осон набуд.

"Мошина"-и бақуввати Амиршо Миралиев

Аммо 10 феврали соли 2001 вақте Амиршо Миралиев раиси Хатлон таъйин шуд, дар кишвар сулҳу субот ҳукмфармо буду ҳукумат дар марҳилаи мустаҳкамкунии пояҳои давлатдорӣ қарор дошт. Воқеъан ҳам раиси вақт Миралиев дар зарфи 5 солу 9 моҳи раисии Хатлонро ба ӯҳда доштан дар масоили тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, мустаҳкамнамоии пояҳои давлатдорӣ ва умури идоракунии ҳокимияти маҳаллӣ даст ёфта, ба гуфте сиёсати ҳукуматро то сатҳи ҷамоатҳои деҳоти Хатлон шинонда буд. Баъди аз раисии Хатлон рафтани Амиршо Миралиев сиёсатмадорони минтақа дар ҳаққаш мегуфтанд, ки фурсате дар ихтиёр дошт, ҳамаро ҷой ба ҷой карда, ба истилоҳ "мошинаи идоракуни"-и ҳокимиятро сохта тавонист.

5 соли бурду бохти раиси Афзалов

Ҳамин тавр, марҳилаи барқарорсозии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба хусус соҳаи кишоварзӣ ва аз бунбасти иқтисодӣ баровардани соҳаи пахтакорӣ ба вақти раиси нав Ғайбулло Афзалов рост омад. Воқеъан ҳам дар таҳаввулоти соҳаи пахтакории вилоят устуворию пофишориҳои ҳокиме, ки дар лобалои монеаҳои мавҷуда мавқеъгириҳои ошкоро дошт, нақши ҳалкунанда бозид. Дар мисоли он ки;

1) Маҳз дар ҳамин давра хоҷагиҳои бо ном деҳқоние, ки аз ҳисоби садҳо гектар замини саҳмдорон таъсис ёфта, даромади он ба кисаи нафарони ангуштшумор мерафт, таҷдид шуданд. Имрӯз теъдоди хоҷагиҳои хурди деҳқонии Хатлон ба беш аз 32 ҳазор адад мерасад.

2) Дар самти маблағгузории соҳаи пахтакорӣ сармоягузорон аз "бозӣ" бароварда шуданд. Роҳи тақаллубкориҳо дар тақсимоти чигити бесифат гирифта шуд.

Хулоса, Афзалов, ки дар нишасти нахустинаш бо хабарнигорон ба ҳайси ҳокими Хатлон ваъда дода буд; "Монеаҳои соҳаи пахтакорӣ ба тадриҷ бартараф карда мешаванд", масъаларо дар доираи имкониятҳои мавҷуда иҷро кард. Бахусус соли гузашта, бори аввал дар таърихи 20 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон иҷро шудани нақшаи пахтасупории вилоят, самараи ҳамон тасмимҳои ҷиддӣ дар ҳалли мушкилоти соҳа мебошад.

Ҳарчанд дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқи Хатлон пешравиҳои зиёде мушоҳида мешаванд, аммо кори Раис- дорандаи дипломи сурхи факултаи байтории Институти хоҷагии қишлоқ дар самти рушду тараққиёти соҳаи чорподории вилояти Хатлон омад накард. Сабаб, замони ба раисии Хатлон омадани Ғайбулло Афзалов бештари хоҷагиҳои чорподории вилоят хусусӣ шудаву системаи рушди соҳа қариб аз байн рафта буд. Ҳарчанд дар панҷ соли охир баҳри барқарор кардани фермаҳои дар гузашта номдор иқдоме гирифта мешуд, аммо бенатиҷа. Зеро сараввал дар маҳаллаҳо тақдири соҳа ба дасти нафарони бефаҳм афтодаву ба таъмини чорпо бо ғизои лозима аҳамият дода намешуд. Алъон дар ду се ноҳия фермаҳои пешрафта мавҷуданд, аммо онҳо талаботи вилоятро бо маҳсулоти ширию гӯштӣ қонеъ карда наметавонанд. Аз ҳамаи кори самарабахше, ки замони раисии Афзалов дар ин ҷода рӯи даст гирифта шуд, ин ташкили клиникаҳои байторӣ дар маҳаллаҳост, ки ҳадалимкон дар ҳоли амалӣ шудан аст. Оғози сол ваъдаҳое барои аз дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ овардани моли хушзот ба гӯш мерасид. Аммо ба гуфтаи чорподорони собиқадор чунин иқдомҳо роҳи ҳалли мушкилӣ нест. Зеро то кишти хӯроки чорпо дуруст ба роҳ монда нашаваду сехҳои коркарди лаблабӯ, ҷуворимакка барои истеҳсоли сабӯсу кунҷора, ва "комбикорм" (маҷмӯи хӯроки серғизо) аз нав фаъол нашаванд, мавзӯи хушзот кардани моли калони шохдорро матраҳ кардан, оқилона ба назар наменамояд. Мо чорпои дар гузашта хушзоти худро бинобар камғизоӣ аз даст додаем, - мегӯянд собиқадорони соҳа.

Фазои саноатии Хатлон; памперсу дандоншӯяк аз хориҷ

Соли 1991 дар ҳудуди вилояти Хатлон ҳамагӣ 75 корхонаи саноатӣ арзи вуҷуд дошт. Имрӯз теъдоди корхонаҳои саноатии Хатлон ба 271 адад мерасад. Нахустин корхонаҳои саноатӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар охири солҳои 1993 ва оғози соли 1994 бунёд гардидаанд. Дар ин давра ду адад корхонаи табъу нашр ва коргоҳҳои масолеҳи сохтмонӣ, инчунин 16 адад корхонаҳои саноати сабук ба фаъолият оғоз кардаанд. Аммо дар ин давра якбора теъдоди корхонаҳои хӯрокворӣ аз 27 адад ба 8 адад пойин рафт. Бо мурури замон соҳибкорони маҳаллӣ моҳияти корхонаҳои хӯроквориро дарк карда, ба барқарорсозӣ ва бунёди чунин коргоҳҳо шурӯъ карданд. Дар айни ҳол теъдоди корхонаҳои саноати хӯрокворӣ дар қаламрави Хатлон ба беш аз 70 адад мерасад. Ҳамчунин дар давоми 20 соли охир якчанд муддат кор накардани бузургтарин корхонаҳои саноатии вилоят, афзоиши бақияпулиҳои ин корхонаҳо, ихтисори коргарони корхонаҳое мисли Тоҷик- Азоти шаҳри Сарбанд, корхонаҳои коркарди гандум, пӯст, равған аз масоили доғи соҳаи саноати Хатлон ба ҳисоб меравад. Мутаассифона дар Хатлон бунёду ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолӣ муҳимтарин маҳсулоти рӯзгор алъон оғоз наёфтааст. Манзури мо номгӯи 20- 22 маҳсулоти воридотие мебошад, ки мардум барои он ҳудуди 20- 25% буҷети оилаҳои худро сарф мекунанд. Маводи шустушӯйӣ, атриёт, сару либос, бозичаву дигар маҳсулот барои кӯдакон ва маҳсулоти аввалияи рӯзгор. Хулоса, аз хамираи дандоншӯйии калонсолон то "памперс"- и кӯдакон ҳама аз хориҷи кишвар вориди бозори мо мешавад.

Фазои кишоварзӣ

Танҳо дар панҷсолаи охири соҳибистиқлолии Тоҷикистон вазъи соҳаи пахтакории Хатлон дар ҳоли беҳтар шудан аст. Ба истиснои қарзҳои ҳангуфти бонкӣ ва сармоягузорони алоҳида хоҷагидорон дар ду соли охир аз кишту парвариши пахта изҳори қаноатмандӣ доранд. Ҳарчанд дар парвариши пахта хоҷагидорон ба коргарони худ музди меҳнат пардохт намекунанд. Аз таҳлилҳои оморӣ бармеояд, ки дар 20 соли соҳибистиқлолӣ мо дар парвариши пахта ба нишондиҳандаҳои соли 1991 нарасидаем. Зеро соли 1991, ки ҳанӯз сохтори коллективӣ побарҷо буд, деҳқонони хатлонӣ аз майдони 189 ҳазору 510 га замин барои хирмани Шӯравӣ 528 ҳазору 5 тонна пахта ҷамъ оварда, ҳосилнокии "тиллои сафед"-ро (истилоҳи раҳматии Леонид Брежнёв) аз ҳар гектар ба 28,1 сентнерӣ расонида буданд. Соли 1999 соҳаи пахтакории Хатлон ба гирдоби мушкилот печид ва ҳосилнокии пахта аз ҳар гектар ҳамагӣ 11,3 сентнериро ташкил медод. Дар соли 2010- ум дар Хатлон аз майдони беш аз 100 ҳазор гектар 202 ҳазору 027 тона пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ҳосилнокии он аз ҳар гектар 20,1 сентнериро ташкил медиҳад. Дар таърихи 20 солаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон нишондоди "рекордӣ"- и пахтакорони Хатлон ба замони раисии Амиршо Миралиев, ба соли 2004- ум рост меояд, ки деҳқонон 334 ҳазору 079 тона пахта ҷамъоварӣ карда буданд. Гарчанде, ки ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 18,7 сентнерро ташкил медод.

Дар дигар бахшҳои соҳаи кишоварзии Хатлон нишондиҳандаҳои оморӣ сол ба сол зиёд мешаванд. Аммо арзиши чунин маҳсулот дар бозори дохил ба ҳадде боло рафтааст, ки сабабгори он омилҳои дохилианд, на берунӣ.

Ба ҳаққи "Бобои Деҳқон"

Ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи дунё чунин андеша ғолиб аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии шаҳрнишин мебояд барои рушди деҳот барномаҳои ҷадидро мавриди амал қарор дод. Аммо дар мо бештар маблағҳои буҷет барои ободонию рушди шаҳрҳои кишвар сарф мешавад. Ба ҳар ҳол барои таҷриба мебоист, ки дар навоҳие аз кишвар лоиҳаҳои мушаххас барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми деҳот тарҳрезӣ ва амалӣ карда шаванд. Чунин иқдомҳо дар соҳаи боғдорию сабзавоткорӣ дар баъзе навоҳӣ рӯи даст гирифта шудааст, аммо на дар соҳаи пахтакорӣ. Чанде қабл вазири кишоварзии Русия ваъда дод, ки барои рушди деҳот барномаҳоеро рӯи даст доранд, ки сар аз соли 2015 мардуми шаҳрнишин дар деҳот зиндагӣ карданро орзу хоҳанд кард. Аммо дар назди вузарои мо вазифаи дигар истодааст, ки барои иҷрои он ба суоли зерин ҷавобу чораҷӯйӣ кунанд: Чӣ бояд кард то мардуми заҳматкаш, ба хусус ҷавонон аз деҳот фирор накунанд?

Фазои фарҳангии фалаҷшуда

Afzalov_0303Санъат ва театрҳои касбии Хатлон дар замони соҳибистиқлолии кишвар қариб хусусияти мавсимӣ пайдо кардаанд. Дар чанд соле, ки фаъолияти театрҳои марказиро мушоҳида мекунем, ба ҷуз дар арафаи ҷашнҳо дар дигар рӯзҳои муқаррарӣ эълони намоиши ин ё он асари бадеиро дар кӯчаҳо дучор омадан амри маҳол аст. Вазъи китобхонаҳои оммавӣ дар ҳолате, ки буданд, боқӣ мондаанд. Ба хусус вазъи китобхонаҳои деҳот хароб буд, харобтар шудааст. Зеро баъди ба истифода додани китобхонаҳои бузург дар шаҳрҳои калон иддае аз масъулин дастуру супоришҳоро бобати пур кардани растаҳои китобхонаҳои замонавӣ нодуруст фаҳмидаанд. Ба фикри ман манзур аз ҷамъ овардани адабиёт аз мардум китобхонаҳои шахсие буд, ки соҳибмулконашон ба нафақа баромадаанду, китобҳо дар ҷевон бекор мехобанд. Аммо бо ин шевае, ки дар баъзе аз маҳаллаҳо китобҳоро барои пур кардани рафи китобхонаҳои марказӣ ҷамъ карда истодаанд, оянда баҳси насли деҳот кадом китобро хонад, пайдо шуданаш мумкин аст. Паҳлӯи дигари мавзӯъ ин таъмин кардани китобхонаи навбунёди Хатлон бо адабиёти классикӣ ва асарҳои ба фарҳангу маънавиёти мо созгор мебошад. Ба ҳар воситае адабиёти лозимаро бознашр бояд кард. Мо дар чанд соли охир ба таъмиру ороиши майдонҳои оммавӣ диққат додаем, аммо ба таъмири рӯҳу тинат ва инкишофи зеҳнии мардум кори судбахшеро ба сомон расонида натавонистем. Ҳукумати марказӣ осорхонаву китобхонаҳои замонавӣ бунёд кард. Вале агар китобхона замонавӣ ҳам бошаду дар рафҳои китобмониаш адабиёти мансуб ба идеологияи солҳои 70- уми асри гузашта бошад, ба хонандаи ин адабиёт таъсири бади маънавӣ мерасонад. Мисли дигар воситаҳои идеологии замони карахтӣ аз қабили пайкараҳои Ленин, ки то ҳанӯз дар баъзе деҳаҳо побарҷост. Масъулини маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам дар қатори баъзе деҳоти дурдаст, то кунун аз пайкараи Ленин дил канда наметавонанд. Хуб бигирем, дар деҳот ёфт мешаванд одамоне, ки то кунун орзуи СССР- ро мекунанд, аммо дар фазои маънавии боғи марказӣ- фарҳангии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки мардум барои истироҳат сайругашт ҳатто бо мақсади ба роҳат фикр кардан он ҷо мераванд, ҳанӯз идеологияи "ленинизм" ҳукмфармост.

Ман,- мегӯяд як ҳамсӯҳбати эҷодкори мо,- барои илҳом гирифтан саҳару бегоҳ дар ин боғ сайругашт мекунам. Аммо вақте ҳайкали Ленинро мебинам, илҳоми дилам мемирад. Бо кадом мақсад то имрӯз Ленинро ба идеалҳои миллии мо иваз накардаанд? О, намешуд, ки ҳамон пайкараи зебои Бобоҷон Ғафуровро дар назди ҳукумат нею дар даруни боғ, дар ҷойи истироҳати мардум мегузоштанд. Бе ин ҳам дар роҳи назди ҳукумати шаҳр ҳаракати нақлиёт зиёд буда, мардум аз ҷиҳати равонӣ ва шитобкорӣ ба Бобоҷон Ғафуров таваҷҷӯҳ карда наметавонанд. Э- эй, -ангушт ба ҷабин зада меравад, шоири пиронсол…

Фазои иттилоотии Хатлон холист

Нақши расонаҳои хабарӣ дар баланд бардоштани маърифати мардум ва воқифгардонии аҳолӣ аз ҳаводиси ҷаҳон ончуноне, ки муҳим арзёбӣ мегардад, дар музофот ба фаҳми он намераванд. Вагарна баҳри рушди ВАО аз буҷетҳои маҳаллӣ низ маблағҳо ҷудо карда метавонистанд, аммо имрӯз инро наметавонанд. Хатлон аз зумраи вилоятҳои аз ҷиҳати рушди ВАО қафомонда ҳисобида мешавад. Алъон дар маркази Хатлон се ҳафтанома "Хатлон"- 5600 нусха, "Новый Хатлон"- 2700 нусха ва "Дӯстлик"- 1800 нусха нашр мешаванд. Ҳамчунин дар минтақаи Кӯлоби вилоят ҳафтаномаи "Кулябская правда" фаъол аст. Аммо дар Хатлонзамин матбуоти мустақил гиёҳҳои мавсимиеро мемонанд, ки умри дароз надоранд. Ахиран ҳафтаномаи "Пажвок" низ аз нашр монд. Баъди "Бомдод" ҳафтаномаи "Пажвок" дуввумин нашрияи мустақили ҷамъиятӣ - сиёсӣ мебошад, ки як муддат фазои иттилоотии вилоят ва фаротар аз онро гарм намуда, баъдан суқут кард.

Дар соҳаи радио ва телевизион, фазои иттилоотии вилоятро аслан шабакаҳои сартосарии Тоҷикистон ва дар навоҳии марзи Узбакистон ва Афғонистон пур мекунад. Бинобар иттилои Саидшо Пиров, директори маркази интиқоли мавҷҳои радиотелевизиони Хатлон, айни замон мавҷҳои телевизионҳои "Шабакаи 1-ум", "ТВ-Сафина", "Баҳористон" ва "Ҷаҳоннамо" 90% қаламрави Хатлонро фаро мегиранд. Мавҷҳои радиои "Тоҷикистон" ва "Садои Душанбе" то 97% фазои вилояти Хатлонро фаро мегирад. Аммо дар таъмини фазои иттилоотии Хатлон бо мавҷҳои радио телевизиони маҳаллӣ мушкилиҳо ҳанӯз ҳалли худро пурра наёфтаанд. Тибқи маълумоти ба дастомада имрӯз телевизиони вилоятии "Хатлон" ҳамагӣ ба 50- 60% қаламрави вилоят мерасаду халос. Ба гуфтаи директори ТВ- Хатлон Ҳамро Салимов айни замон барои интиқоли мавҷҳои телевизиони вилоят ду мавҷпахшкунак насб шудааст, ки ин барои фарогирии тамоми ҳудуди вилоят басанда нест. Азбаски бештар аз навоҳии Хатлон дар байни кӯҳҳо ҷойгир аст, мебояд ё дар тамоми шаҳру навоҳӣ асбобҳои мавҷпахшкуниро насб кард ва ё тариқи моҳвора пахши барномаҳоро аз тариқи моҳвора ба роҳ монд, аммо барои ба моҳвора баромадан маблағҳои зиёд лозим меояд, ки имрӯз телевизион ва буҷетҳои маҳаллӣ имкони молии пардохти онро надоранд.

Пурсишҳо собит месозанд, ки айни замон радиои вилоятии Хатлон барои мардум дастрас нест. Масъулини соҳа мегӯянд, ки онҳо барномаҳои радиоиро аз тариқи шабакаи радиои "Тоҷикистон" рӯзе 1 соату 40 дақиқа пахш мекунанд. Гуфта мешавад, ки алъон бо дастури Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон барои таъмини Хатлон бо мавҷпахшкунакҳои радиоӣ харидорӣ шуда ва дар ояндаи наздик радиои Хатлон низ аз шабакаи мустақил пахш хоҳад шуд.

Фазои пас аз ҷашни Истиқлол

Afzalov_0202Хулоса, дар 20 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Хатлон қадам ба қадам ба пеш мераванд. Аммо суръати рушд дар баъзе самтҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ нест ва шояд худи ҳукумати марказро ҳам қонеъ карда натавонад. Алъон, ки мо дар баробари истиқбол аз ҷашни 20 соли соҳибихтиёрӣ бо саволи "Дар 20 соли соҳибистиқлолии давлатӣ то куҷо расидем?" ҷавоб меҷӯем, ҳамзамон ба ин савол низ посух бояд ҷӯст, ки дар панҷсолаи оянда чӣ бояд кард, то дар баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар ва маънавиёти ҷомеъа таваҷҷӯҳ баробар равона гардад. Зеро агар иқтисоди пешрафта надошта бошем, маънавиёти ҷомеъаро баланд бардошта наметавонем ва баръакс бемаърифатӣ иқтисодиёти пешрафтаро фалаҷ мегардонад. Аз ин рӯ шахсияте, ки умури идоракунии 5 соли ояндаи Хатлонро ба ӯҳда хоҳад гирифт, бояд пеш аз ҳама ба ин ду масъалаи ба ҳам тавъам иқтисодиёт ва маънавиёт таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намояд. Зеро Хатлонзамин дар ҳамин марҳила қарор дорад.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97