Муждаи Истиқлолро кай шунидед ва чӣ эҳсос доштед?

Сиёсат 10.09.2011 10:58

Istiqloli_soli_19919 сентябр аз Рӯзи ба Истиқлол расидани Тоҷикистон 20 сол пур мешавад. «Миллат» ба чанд тан афроди шинохта бо суъоли «Муждаи Истиқлоли Тоҷикистон кай ба Шумо расид ва чӣ эҳсосе фарогиратон буд?» муроҷиат намуд. Дар зер посухи эшон манзури хонандаи гиромӣ мегардад.

Раҳматкарими Давлат,

Rahmatkarim_0101журналист

Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон дар рӯзи 9 -сентябри соли 1991 таҳти фишори тазоҳургарони майдони Озодӣ қабул ва эълон шуд. Ман он рӯз дар майдони Озодӣ будам. Ин майдон, ки ҳукумати Фронти халқӣ онро баъди пирузии худ майдони Дӯстӣ ном кардааст, то қиёмат майдони Озодӣ хоҳад монд. Ин майдон баъди сари ин ҳукумат ба номи аслии худ бар мегардад, тардид надорам. Ёд дорам, ки баъди қабули Эъломияи истиқлол дар порлумон Қадриддин Аслонов, раиси Шӯрои олӣ ва сарпарасти раёсати ҷумҳурӣ бо ҳамроҳии бархе аз ҷонибдорони истиқлол, ки онҳо зиёд набуданд, аз дохили порлумон хориҷ шуд ва ба минбари майдони Озодӣ омад. Ӯро Тоҳири Абдуҷаббор вақти аз бинои порлумон хориҷ шуданаш ҳамроҳӣ мекард. Ҳеч яке аз онҳое, ки ҳоло лофи истиқлол мезананд ва акнун ихтиёр доранд, дар он лаҳза Аслоновро ҳамроҳӣ намекард. Инҳо он вақт муқобили истиқлол буданд. Баъд мазаи истиқлолро чашиданд. Аз хурд то калонашон. Вақте дар порлумон Эъломия қабул шуд, дар майдон яке кулоҳ, донишҷӯёни зиёд сумкаву папкаи худро ба осмон ҳаво медоданд. Ман сумка надоштам, пиҷакамро бардовардам ва ҳаво медодам. Маҳҷуб ва Толибшоҳ низ он лаҳза дар ин майдон буданд. Ва боз дӯстони зиёди дигаре, ки метарсам, номашонро бигирам, то зиёне нарасадашон, бим дорам, ки ҳатто ширкат дар минтинги Истиқлол низ дар назари ин баъзе манкуртҳо ҷурм менамояд. Аммо сад ҳайфи беҳтарин андеша, ки бо бадтарин шева амалӣ шуд ва мешавад. Ҷанги дохилӣ посухи душманони тоҷик ба ҳамин истиқлолталабӣ буд, ки тоҷикро куштанд ва ғулом карданд. Баъдтар ин андеша ба дасти касоне уфтод, ки сазовори он набуданд. Ин истиқлоле, ки дорем, он Истиқлоли Тоҳири Абдуҷаббор нест.

Mahkfmov_054Қаҳҳор Маҳкамов,

нахустин Президенти Тоҷикистон

- Дар хона будам, ки хабари эълон шудани Истиқлоли Тоҷикистон ба гӯшам расид. Бисёр хурсанд шудам. Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистонро ба ҳамаи шаҳрвандони кишвар табрик мегӯям.

Turajonzoda_0522Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода,

қозикалони собиқи Тоҷикистон

-Мо он лаҳза дар Шӯрои Олӣ нишаста будем, ман вакили мардум будам. Мо дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ масъалаи маҳкум намудани ГКЧП- и Маскав ва эълони Истиқлолияти Тоҷикистонро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода будем. Мансабдорони ҷумҳурӣ ҳанӯз ҳам намехостанд, ки кишвари мо соҳибистиқлол бошад. Русия, Узбакистон ва Қирғизистон аллакай истиқлоли хешро эълон карда буданд. Мо чанд тан вакилони мардумӣ, ки намояндаи нирӯҳои демократӣ будем, амсоли марҳум Тоҳири Абдуҷаббор, шодравон Аслиддини Соҳибназар, Шарифбек Ёқубов, Ҳайдаршоҳ Акбаров, Абдулло Ҳабибов ва чанд тани дигар сахт пофишорӣ кардем, то Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистон қабул шавад. Мо аз ҷумлаи ҷонибдорони ҳақиқии Истиқлол будем ва огоҳона аз соҳибистиқлолии кишварамон тарафдорӣ мекардем. Тоҷикистон хеле дертар ба истиқлол расид, пештар ҳам мо сари ин мавзӯъ мегуфтем ва хостори он шуда будем, ки дивизияи 201- уми русӣ моликияти Тоҷикистон эълон шавад, вале мегуфтанд, ки барои нигоҳ доштани артиш ва силоҳу муҳимот маблағ надорем. Ҳатто мо роҳҳои нигоҳ доштани артиш ва силоҳро гуфтем, ки як миқдор силоҳу техникаи низомиро мефурӯшем ва бо он пул хароҷоти боқимондаашро мебарорем. Вале бояд бигӯям, ки дар ин масъалаи муҳим, яъне Истиқлол аксари вакилони мардумӣ он замон хомӯш буданд. Мисли имрӯз набуд, ки лофи соҳибистиқлолӣ мезананд.

MUmin_Qanoat_04Мӯъмин Қаноат,

Шоири халқии Тоҷикистон

- Ростӣ, хуб дар ёдам нест, ки кай ин паёмро шунидам, чун он шабу рӯз дар Маскав будам ва вазифаи раиси Кумитаи умури байнулмилалиро дар Парлумони Шӯравӣ бар уҳда доштам. Корам хеле зиёд буд. Ин Истиқлолро ба мо касе надод, Шӯравиро пош доданд ва Маскав гуфт, ки бигиред, мана Истиқлол, шумо медонеду сару собунатон. Касе барои Истиқлол мубориза набурда буд. Яке тасодуфӣ ин Истиқлол омад ва мардум ба даркаш нарасиданд. Ман медонистам, ки сари худ будани Тоҷикистон бисёр хавфнок аст, уҳда кардани ҷумҳурӣ душвор аст, аз ин рӯ то ҷое хафа ҳам шудам.

KaBiRI.034785Муҳиддин Кабирӣ,

вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси ҲНИТ

Рӯзе, ки истиқлолияти Тоҷикистон эълон шуд, банда дар шаҳри Санъои Яман донишҷӯ будам. Ин хабарро ману боз чаҳор нафари тоҷики ҳамсабақам, аз тариқи телевизиони давлатии Яман шунидем. Ростӣ, ин хабар бароямон фараҳбахш буд, аммо байни мо донишҷӯён гуногунфаҳмие сар зад. Ду нафар, ману Ардашер Қодирӣ, ки ҳоло яке аз масъулини Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аст, бо хушӣ аз истиқлолият истиқбол кардем. Зеро ҳар дуи мо дар донишгоҳ аз ҷумлаи фаъолони ҳаракатҳои миллӣ озодихоҳӣ будем ва дар референдуми охирини Шӯравӣ мухолифи бозмондани СССР овоз дода будем, ки худ маънии истиқлолияти Тоҷикистонро дошт. Аммо ду нафар ҳамсабақи дигарам аз ин хабар нохушнуд буданд ва нафари панҷумӣ бетарафӣ зоҳир мекард.

Боз як воқеъаи ҷолибе аз ин рӯз дар лавҳи хотирам мондааст. Соҳиби манзиле, ки мо иҷора менишастем, таҳсилкардаи донишгоҳи олии Иттиҳоди Шӯравӣ ва корманди давлатии Яман буд. Баъди шунидани ин хабар ба манзили мо омад ва мегирист. Вақте сабаби гиряашро пурсидем, гуфт, ки агар Яман пора пора шуда аз байн биравад, ман чандон ғусса нахоҳам хӯрд, вале барои пошхӯрии Шӯравӣ ғамнокам. Ҳолати он марде, ки шаҳрванди як кишвари ғайр буду дар пошхӯрии Шӯравӣ мотам гирифта ва бештар аз кишвари худаш ғусса мехӯрд, барои банда хеле аҷиб менамуд.

ashurboyАшӯрбой Имомов,

номзади улуми ҳуқуқ

- Он вақт дар вазифаи муовини раиси Кумитаи назорати конститутсионӣ кор мекардам ва дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз фанни Соҳибихтиёрии давлатҳо ба донишҷӯён дарс мегуфтам. Муждаи ба Истиқлол расидани Тоҷикистонро ҳамон лаҳзаи эълон шуданаш фаҳмидам, чунки ман дар маркази воқеъоту ҳаводиси он замон қарор доштам. Расидан ба Истиқлол орзуи ҳар тоҷики бедор буд. Афроди пешқадами ҷомеъа аз истиқлоли миллӣ мегуфтанд. Ҳамеша орзу мекардам ва ҳам умед доштам, ки рӯзе ҳатман кишвари мо ба Истиқлол мерасад. Ва бениҳоят аз шунидани муждаи Истиқлоли Тоҷикистон шод шуда будам.

Gulrukhsor_04444Гулрухсор,

Шоири халқии Тоҷикистон

- Ман депутати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ будам ва он вақт дар шаҳри Маскав қарор доштам. Он замон ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ яке паси дигаре аз Истиқлоли хеш дарак медод ва Тоҷикистон ҳам Истиқлоли хешро эълон кард. Аниқ имрӯз дар хотирам нест, ки кай ва дар куҷо хабари соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ба гӯшам расид.

jabborova_marhaboМарҳабо Ҷабборова,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон

-Он замон ман дар Душанбе, дар Донишгоҳи омӯзгорӣ дар вазифаи муовини декани факултаи филология кор мекардам. Аз шунидани хабари ба Истиқлол расидани Тоҷикистон хурсанд шудам, ҳарчанд медонистам, ки душвориҳое моро дар пеш аст. Ҳамон замон авзоъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ он қадар хуб набуд. Ман ҳамон вақт ҳам ҳамеша аз ахбори кишварам огоҳ будам, матбуотро мутолиа мекардам ва худи он соате, ки Истиқлоли Тоҷикистон эълон шуд, ман хабарашро фаҳмидам. Ва аз фурсат истифода карда, Рӯзи Истиқлоли кишвари азизамро барои ҳама ҳамватанони шарифам таҳният мегӯям.

Муҳаммад Ғойиб,

директори Шабакаи якуми ТВТ

- Баъди ин қадар ҷангу кашмокашҳо дигар аз куҷо хотира мондааст. Ягон саволи дигар бошад, марҳамат. Ҳа, ба ёдам омад, ман он вақт дар Кӯлоб будам, дар вазифаи раиси идораи радио ва телевизиони аилояти собиқи Кӯлоб фаъолият доштам.

Akbari_sattorАкбаралӣ Саторов, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Ман дар соли 1991 муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва ҳуқуқи рӯзномаи парлумонии "Садои мардум" будам ва замони эълони истиқлол дар ҳамон сессия ширкат доштам. Ҳарчанд гӯш кардем, лекин ягон эҳсосоте- на шодӣ на фараҳ дар мо пайдо нашуд, баръакс як эҳсоси вазнинӣ буд. Худи мо ва аксари мардум дарк намекарданд, ки ин истиқлолияташ чист. Бисёриҳо гумон мекарданд, ки боз як бозии навбатӣ аз Кремл ба сари мо бор карданиянд. Воқеъан бозии ғамгин ва хунрез шуд. Лекин дар ҳамон давр ками дар кам мардум кадом як чизро эҳсос мекард, ки истиқлолият чӣ аст, чӣ медиҳад ва барои чист? Баъдан дидем, ки як даврае расид, ки ҳар як шахс ҳато як корманд бояд, ки масъулиятро ба ӯҳдаи худ мегирифт. Аллакай давраи масъулият буд ва мо нахустин бор эҳсос кардем, ки ба ҷойи мо дигар касе ҳал намекунад. На танҳо дар давлатдорӣ балки дар худи ҳар шахс ҳам. Худи ман ҳам дар мактаби шуравӣ хонда, баъдан мактаби олиро низ дар ҳамин система хатм кардаму омадам, ки он давлате дигар нест. Давлате пайдо шуд, ки номуайян буд. Ба ин хотир ҳар кас як давраи бисёр сахтеро, ки масъулияти зиндагии хеш ва масъулияти давлатдории хешро ба дӯш гирифтан даркор буд, ки мо ҳамон вақт бардоштан натавонистем ва ин бор барои мо вазнинӣ кард қариб буд, ки миёни миллатро бишиканем. Аммо баъди қурбониҳои зиёду парокаднашивӣ тавонистем боз бо ҳам биёем. Шукр кардан даркор, баъзеҳо механданду ҳатто масхара мекунанд, ки чи ҳамин истиқлол?. Бовар кун як ҳуҷраи хоната таъмир карданӣ мешавӣ ғамат мегирад. Як кишваре, ки як кисаи тиҳӣ буд ва ба ин рӯзҳо расидем. Ба қадри ин чизҳо оли дертар мерасем. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки дар сари қудрат бошем вале на ҳама метавонанд сари қудрат бошанд. Аммо ин имкон надорад раҳбар як кас мешавад. Як қисмати мардумон одатан раҳбарӣ мекунанд. Ин ҷашнро мо бояд оҳиста оҳиста дар дили мардум ҷо кунем, ки ба қадри ҳамин чиз расанд ва онро пурра дарк кунанд.

Tolibshohi_SaidТолибшоҳи Сайидзода

Банда 9 сентябри соли 1991 шоҳиди бевоситаи бузургтарин ва гуворотарин ва пурфараҳтарин ҳаводиси ҳамаи давру замон ва таърихи дуру дарози миллати Тоҷик будам. Ин Рӯзи эълони Истиқлоли Тоҷикистони азизи ман буд. Ва то кунун он фараҳу шодмонӣ маро тарк накарда ва он ифтихор аз ҷони ман нарафта, ки минҳайси як соҳибватани бедор он Рӯзи таърихӣ ва тақдирсоз банда ҳамроҳ бо ҳазорон мардуми бедори кишварам дар Майдони Озодӣ, дар пойтахти Тоҷикистонам шаҳри дӯстдоштании Душанбе қарор доштам. Он замон банда ба ҳайси омӯзгори дабиристони васат дар ноҳияи Бохтар фаъолият доштам ва аз он ҷо бо нишони ҳамраъйӣ ба мардуми истиқлолхоҳи Майдони Озодӣ ба пойтахт омадам. Ва он рӯз бо донишманди фарҳехтаи тоҷик, устод Муҳаббати Қаноат дар ин Майдон, Майдони мубораке, ки касби Истиқлол кардани Тоҷик то абад ба номи он муҳкам сабт аст, нидои "Истиқлол"- у "Озодӣ" мезадем. Яке дидем, ки Қадриддин Аслонов, раҳбари Тоҷикистон, тоҷикмарди озодаву нозанин, ки чӣ ҷои пинҳон кардан, ҷавонмардеро болобаланду зебо чун ӯ дигар надидаам, аз бинои Парлумон ба сӯи минбари "Озодӣ" меомад. Ва банда бо шитоб рафтам ва аз пушти сарвари давлатам роҳ ҷониби минбар гирифтам. Ӯ на муҳофиз дошту на роҳбаладе. Мардум роҳро ба сӯи Аслонов худ боз мекард ва ӯ аз миёни издиҳоми мардум бовиқору бо ғурури тоҷикона қадам мезад. Ва ин тоҷикмарди навдавлат, ки эълони Истиқлоли Тоҷик дар таърихи миллат ба номаш сабт аст ва ин шарафи бузург ёри ӯ шуда буд, он замон, ки табассуми зебо дар лаб ва сарбаланд сӯи минбари "Озодӣ" мерафт то ба мардумаш муждаи Истиқлолро бирасонад ба гӯшаи хотираш ҳам намеовард, ки баъди 12 рӯз дасисабозону мансабталошону манфиатҷӯён аз ҷумлаи ёрону пирони собиқи коммунисташ тавтеъаи нангинеро бар алайҳи ӯ роҳандозӣ карда, бо баҳонаи сарнагун шудани ҳайкали доҳии коммунистон -Ленин худи ӯро аз мақоми раҳбарии кишвари Тоҷик сарнагун хоҳанд кард. Ва Қадриддин Аслонов дар канори Меъмори Истиқлоли Тоҷикистон, Устод Тоҳири Абдуҷаббор рӯйи минбар истод ва муждаи Истиқлоли Тоҷикистонро ба мардум расонид. Ман касеро хушбахттар он лаҳза аз Устод Тоҳири Абдуҷаббор надида будам. То кунун табассуми ширину малеҳ ва гардани болои Устоди зиндаёд ба ёди ман боқист. Сад дареғу вовайлато, ки баъдан гардани болои Меъмори Истиқлоли Тоҷик шикаста шуд ва он табассуми зебову маънидор, ки хоси Ӯ буд ва ҳам зебаш медод, бо тамом аз чеҳраи нурониву тоҷиконааш ғайб зад.

Дар остонаи 20 солагии таҷлили Истиқлол аз рӯи тақозои вазифа мансабдорони зиёдеро, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба қудрат расидаву пешу пушту дохили коргоҳашонро имрӯзҳо пур аз шиору плакатҳои ҷашнӣ кардаанд, мепурсам, ки муждаи Истиқлол кай ба гӯшашон расид ва он лаҳза чӣ эҳсосе онҳоро фаро гирифт, осафо, сад ҳайфо, ки ҳатто намедонанд он Рӯзи таърихӣ, Рӯзи асосии Миллат дар куҷо ва банди чӣ коре буданд. Ёдам омад, соле пеш аз Муҳаммадхоҷаи Хоҷа, як пири равшанзамири бохтарӣ суъоли болоро карда будам, чашмонаш барқ зад ва гуфт, ки 9 сентябри соли 1991 дар замини пахта барои говам алаф мечидам, яке ҳамсоя наздам омаду гуфт, "ҳарчӣ озод шудем". Гуфтам, чӣ гап шуд? Хабарам дод, ки аз Душанбе меояд ва он ҷо имрӯз Аслонов Тоҷикистонро соҳибистиқлол эълон кард. Аз хурсандӣ алаф начидам ва он рӯз говамро гушна гузошта, ҳамсояро барои ин муждаи хушро расонданаш зиёфат додам. Имрӯз пири огоҳу озодманиш Муҳаммадхоҷаи Хоҷа дар ҳаёт нест, рӯҳаш шоду манзили ахираташ обод бод, вале муборак бод Истиқлоли Тоҷик ба фарзандону пайвандони Муҳаммадхоҷа ва ба ҳама бедорони миллат, ки воқеъан Истиқлоли миллатро мехостанд ва бо соҳибистиқлол шудани кишварашон ифтихор мекарданд. Ҳарчанд Муҳаммадхоҷа низ чун ҳазорон мардони истиқлолхоҳ мазаи ин неъматро дуруст начашид, соли 1992 бо аҳли хонаводааш гуреза шуд, азобу маҳрумияти дарбадарӣ кашид, таҳқир дид, вале то охирин нафаси зиндагӣ мегуфт, ки ин мо будем, ки аз Истиқлол мегуфтем ва баъдан ҷабрамон карданд.

Ёди ҳама мардони истиқлолҷӯ ва муборизони роҳи озодии миллат гиромӣ бод!

20- умин соли Истиқлолат муборак, Тоҷикистони ман!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97