Падари ин Истиқлол Тоҳири Абдуҷаббор ном дорад

Сиёсат 09.09.2011 11:14

Тифле бо номи Истиқлол

Tohiri_Abdujabbor_01Як тифли 1 сола 20 сола мешавад ва ба воя мерасад. Тифле, ки ба мисли Мӯсо ҳазорсолаҳо ин миллат ва қавм интизораш буданд ва он ҳамеша ба мисли Исо наҷотдиҳандаи ин миллати рӯҳан бузургу ҷисман шикаста ёд шудааст. Ҳамеша поянда будану озод буданро ин миллат бо будани ин тифли акнун 20 сола медиданд. Тифле, ки чун ханҷари Рустами Достон ҳимоятгари сарзамини ин миллат ва ба мисли Фирдавсӣ соябони фарҳангу забони ин миллати камтолеъ шинохта шудааст, то расми хуби ин миллат поянда бимонад.

Барои таваллуд шудани ин тифл абармардони миллатсоз ва равшанфикрони роҳи озодӣ дар тӯли асрҳо талошҳое, карданд то, ки Модар- Замини ин миллат обистан шавад ва тифл ба дунё биояд. Талошҳо ва шиканҷаҳо ҳама пушти сар шуду асрҳо идома ёфт ва саранҷом бо талошҳои таърихии он миллатсозон ва фарзандони ҷасуру огоҳи муосири ин миллат, ки дар поён номи онҳо ёдоварӣ хоҳад шуд, дар таърихи 9 сентябри соли 1991 ин тифл ба дунё омад. Тавлид шудани тифл муҳимтарин ҳодисаи сиёсӣ ва фарҳангиву таърихии ин миллат буд, ки имрӯз мо шоҳиди ҷашни 20 солагии он ҳастем. 20 сол боз тифле чун мани 10 сола 30 сола шудам, сару садои тавлиди тифл зеҳнҳо ва ақлҳоро фаро гирифта. Ҳама ба исми он ифтихор дошта, ҳама ҷо исми он овезону вирди забонҳост. Ҳама аз доштани ӯ хушу баъзеҳо аз ному мартабаи ӯ сархуш. Исми тифле, ки 20 сол боз тамоми фазои кишвар, зеҳнҳо, кӯчаҳову толорҳоро фаро гирифтааст "Истиқлол" номгузорӣ мешавад.

Падари ин тифл Тоҳири Абдуҷаббор аст

Нуқтаи марказие, ки бояд дар ин ҷо матраҳ шавад ин аст, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ, ки Ҳокимияти Шӯравӣ ҳанӯз лаҷоми роҳбарият дар дасташ буд ва лаҳзаҳое, ки роҳбарони давр ҳам дар хоби ғафлат буданд, танҳо касе, ки ҷасурона, олимона, одилона ва ошиқонаву тоҷикона барои озодӣ ва тавлид шудани тифли акнун 20 сола мубориза бурд ва зарурати будани Ӯро аз ҳама бештар эҳсос мекард, ин Меъмори Истиқлоли Тоҷикистон Устод Тоҳири Абдуҷаббор буд. Ва бешак метавон эшонро, ки дарду орзуи ҳама миллат ва пеш аз ҳама рӯшанфикрони ин миллатро дар гузаштаву ҳозира дарк карда буд ва барои идомаи кори онҳо якҷоя бо дигарон мубориза мебурд, падари ин тифл, яъне падари Истиқлоли Тоҷик унвон кард. Албатта тамоми мардуми тоҷик пеш аз ҳама рӯшанфикрон ва донишмандони тоҷик барои озодӣ ва истиқлоли миллати хеш кӯшишҳои зиёдеро анҷом додаанд, ки онҳоро низ метавон ҳамчун қаҳрамонони роҳи озодӣ ва Истиқлоли Тоҷик шинохт. Аммо касе, ки ба таври системанок, яъне ба таври назариявӣ олимона ин падидаро тарҳрезӣ кард ва ба таври амалӣ, сиёсатмадорона барои ба даст овардани он мубориза мебурд, Устоди зиндаёд Тоҳири Абдуҷаббор буд. Ин ҳақиқатест, ки бояд пазируфта ва хидматест, ки бояд қадрдонӣ шавад.

Суолҳо ва вожаҳои калидӣ

Истиқлол, ки дар боло таърихчаашро барои миллате, ки Тоҷик ном гирифта гуфтем, падидаест муҳим барои ҳар як миллат ва халқияти ҷаҳон. Чаро Истиқлол муҳим аст, мазмун ва моҳияти Истиқлол ва озодӣ чи аст ва барои инсонҳо чӣ аҳамияте дорад? Ин падидаҳо аз куҷо сарчашма гирифтанд? Истиқлоли сиёсӣ ва давлатӣ аз истиқлоли фикрӣ ва фардӣ чӣ тафовут дорад? Оё Истиқлоли комили як миллатро чӣ гуна метавон унвон кард? Ва саранҷом оё мо Истиқлоли комилро доро шудем ва ё хайр…? Ин суолҳое ҳастанд, ки дар идомаи мақола кӯшиш мешавад то ба таври фишурда ба онҳо ҷавоб дода шавад.

Истиқлол, озодӣ, адолат, демократия ва дигар арзишҳои бунёдие, ки таммадуни имрӯзаи ҷаҳонӣ дорад ва дар заминаи онҳо рушд мекунад, барои ҳар як миллат ва инсон арзишҳоеанд баландпоя ва инсонсоз, ки бе нишонаҳое аз ин арзишҳо миллат ва инсонро ба маънии томаш наметавон дид. Ин арзишҳо ва падидаҳо дар воқеъияти ҷаҳон ва фазои илмӣ ҳамчун механизми аслӣ дар замони нав ва бо ворид шудани ҷаҳон ба раванди модернизм бо тамоми ҳастӣ, арзи ҳастӣ карданд ва дар воқеиятҳо ҳамчун механизм ба кор даромаданд. Падидаҳои мазкур маҳсули дунёи нав буда, аз ҷониби бузургтарин рӯшанфикрони асрҳои охир махсусан муҳаққиқони ғарбӣ шакл ва тақвият дода шуданд. Яъне ҷузве аз дастоварди ҷомеъаҳои ғарбиён ҳастанд. Истиқлол ва озодӣ ҳам дар миёни ин арзишҳо ва падидаҳои тамаддуни муосир, унсурҳо ва арзишҳоеанд бунёдӣ, ки дар шаклгирии миллатҳо ва давлатҳои миллӣ нақши муҳимро гузоштаанд. Маҳз бо шарофати озодӣ ва истиқлол инсонҳо ва давлатҳо тавонистанд миллатҳои худро бо хоҳиши худ ва дар заминаи арзишҳои худ бисозанд. Аз ин ҷост, ки донишманди англис Актон Лорд мегӯяд, ки "таърихи инсоният таърихи муборизаи инсонҳо барои озодӣ будааст " ва ҳадафи онҳо ҳамеша гирифтани тасмими хеш ба дасти миллатҳои хеш будааст.

Гарчанде, ки аз замонҳои қадим падидаҳо ва консепсияҳои озодӣ ва истиқлолхоҳӣ барои аксари миллатҳои ҷаҳон махсусан барои миллати форсу тоҷик як унсури ошно ва наздик будааст, аммо Истиқлоли миллӣ ва давлатӣ ба маънии имрӯзааш дар як чаҳорчӯби илмӣ ва механизми сиёсӣ, ки давлатҳои миллӣ дар заминаи он арзи вуҷуд карданд, падидаи нав буда, хоси замони нав мебошад. Вагарна инсоният аз замони пайдоишаш то имрӯз ба ҳар восита то андозаи зарурати хеш барои озодӣ мубориза бурдаанд ва таълимоти кӯҳани чӣ сиёсию фалсафӣ ва динӣ низ аз ин арзишҳо ёд кардаанд. Аммо тавре ки ёд кардем, ба таври илмӣ ва системанок миллатҳо танҳо баробари ба вуҷуд омадани давлатҳои миллӣ барои арзишҳое чун озодӣ ва истиқлоли миллии худ мубориза бурда, миллатҳои худро дар заминаи ин падидаҳо шакл дода, дахлнопазирии кишварҳои худро ҳифз намуданд.

Хотимаи пояи ҳукумати Поп дар ғарб

Дар адабиёти илмӣ вожаи Истиқлоли сиёсӣ, ки дар аввал маънии васеътарро ба худ касб мекард, ҳамчун "суверенитет", ки дар забони асл "sovereignty" ёд мешавад, омадааст. Ин мафҳум ва консепсияе ҳаст, ки пеш аз ҳама аз ҷониби рӯшанфикрон ва созандагони арзишҳои либералии асрҳои муосири Ғарб ташаккул дода шудааст. Албатта олимоне аз қабили Ҳинслей ва дигарон ҳастанд, ки мегӯянд, падидаи мазкур ҳанӯз дар Юнони қадим дар андешаҳои Арасту ва дигарон шакл гирифта буд. Аммо худи мафҳуми суверенитет дар адабиёти илмӣ ва пайдоиши давлатҳои дорои суверенитет, яъне давлатҳои миллӣ дар воқеъияти ҷаҳон танҳо дар замони нав шакл гирифтанд. Асосан баъд аз сулҳи Вестфал дар соли 1648, ки давлатҳои миллӣ дар асоси миллатҳо дар Аврупо шакл гирифта, Истиқлол ва дахолатнопазирии худро эълон намуданд. Яъне суверенитетро дар кулл ноил шуданд. Аз ин ҷост, ки баъзе аз олимон ишора мекунанд, ки консепсияи мазкур борои илми сиёсатшиносӣ то асри 16 бегона буд .

Тавре дар боло ишора шуд, мафҳуми суверенитет, ки пояи андешаи Истиқлол аз он об мехӯрад ва ё дар баъзе мавридҳо ҳаммаъно ҳам дониста мешавад, мазмуни васеътар доштааст ва пайваста боз васеътар ҳам гаштааст. Чун суверенитет танҳо ба маънии як Истиқлоли сиёсӣ маҳдуд нашуда, балки ҳамчун қудрати комиле фаҳмида мешавад, ки як миллат бояд барои худаш дошта бошад. Қудрати комил, абсолютӣ (куллӣ) ва контролнашавандае, ки як давлати соҳибистиқлол дар тамоми умури дохилӣ ва хориҷияш бояд дошта бошад ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз берун идора нашавад. Яъне ҳам сулҳу ҷанг ва тамоми роҳбарият ва иродае, ки як миллат дар тасмимгирии худ ҳамчун як қудрат дорад. Аз ин хотир инро ҳамчун "қудрати комил" "supreme power" ҳам ном мебаранд. Қудрате, ки як давлати миллӣ акнун навобаста аз касе ва чизе дар дохили худаш аз масоили қонунгузорӣ шурӯъ карда то масоили сиёсати хориҷӣ дорад.

Падида ва консепсияи суверинитет аз тарафи донишмандон ва рӯшанфикрони тамаддунсози ғарбӣ, ки бунёди арзишҳои тамаддуни муосир аз тарафи онҳо рехта шудаанд, ташаккул дода шудааст. Ин падидаро Бодин дар адабиёти илмӣ бунёд гузошт ва сипас файласуфони муосири дигари ғарбӣ Гобс, Локк ва Руссо онро тақвият дода, то зинаи олии худ расондаанд. Инҳо касоне буданд, ки пояи тамаддуни муосири Ғарбро рехтанд ва андешаи Истиқлолро ташаккул доданд. Яъне аз дидгоҳи назарӣ заминаҳои давлати миллиро рехтанд ва бар пояи ҳукумати Поп хотима доданд.

Бодин аввалин рӯшанфикр ва файласуфи барҷастаи ғарбие ҳаст, ки консепсияи суверенитетро ба таври илмӣ ва системанок ташаккул додааст. Вай мазмун ва фаҳмиши муосири суверенитетро муаррифӣ кард. Бар андешаи ӯ суверенитет ин тавоноӣ ва қудрати комил ва абадии давлат аст. Ин нуқтаи баландтарини истиқлол чи дар умури дохилӣ ва берунӣ мебошад. Ба андешаи ӯ танҳо Худованд ва қонунҳои табиат аз ӯ болотар ҳастанду халос . Ӯ дар муқобили Попи Рум ва Империяҳои вақт сувереинитетро ба давлат ва махсусан ҳамчун қудрати дахлнопазир ва комил ба монарх, яъне шоҳ мансуб медонист. Марзи ӯ то ҳамон ҳадд буд, ки ин қудратро, яъне суверенитетро аз Поп талаб кунад, ки ба монарх ба ҳайси роҳбари як миллат ва давлат ба ӯ дода шавад, аммо на болотар аз ин, яъне на ба ҷумҳурӣ ва мардум. Аммо коре, ки Бодин кард, қадами аввалин буд, ки истиқлоли давлатии миллатҳоро дар фаҳмиши муосираш пешниҳод намуд.

Бунёди истиқлоли фардӣ дар Ғарб

Баъд аз Бодин консепсияи суверенитет ва Истиқлол дар корҳо ва назарияҳои Томас Гобс, Ҷон Локк ва Руссо ташаккул дода шудааст. Масхусан, андешаи мазкур аз дидгоҳи Локк ва Руссо комилан ранги дигарро ба худ гирифт. Яъне онҳо суверенитет ва Истиқлолро ҳамчун қудрати комил бештар ба миллат дар кулл таъалуқ донистанд, на бар ҳоким ва монарх чун Бодин. Онҳо арзишҳои бунёдии ҷомеъаи имрӯзаи ғарбиро бунёд гузоштаанд. Аз ин ҷост, ки Локкро барҳақ падари либерализми ғарбӣ меноманд. Чун ӯ дар андешаи худ истиқлоли фардӣ ва фикриро, ки пояи асосии истиқлоли як миллат аст, ташаккул додааст. Ва суверенитетро ҳамчун қудрат бештар ба онҳо мансуб донистааст. Ӯ ҷонибдори монархияи либералӣ (liberal Monarchy) мебошад . Локк аз Инҷил иқтибосҳои зиёдеро дар хусуси озод офарида шудани инсон меорад ва исбот мекунад, ки истиқлол ва озодӣ дар ҷомеа бештар ба инсон рабт дорад.

Аммо нуқтаи охиронро дар ташаккул додани истиқлоли фардӣ ва фикрӣ дар таърихи ғарб Руссо бозидааст. Аз ин хотир ӯро поягузор ва ҳимоятгари андешаи классикӣ "республика", яъне "ҷумҳурӣ", ки пояи асоси истиқлоли фардӣ ва демократӣ дар заминаи он ташаккул ёфтааст, медонанд. Дар инқилоби Фаронса ҳам, ки ҷанбаи амалӣ дорад, таъсири андешаҳои Руссо хеле ҷиддӣ будааст. Руссо бо андешаҳои қавии хеш суверенитетро ҳамчун қудрате, ки роҳбарият ва қонунгузориро бар даст дошт, ба худи мардум ва инсонҳо марбут медиҳад. Дар ин ҷо мебояд гуфт, ки маънои суверенитет ҳамчун қудрат ва давлати дорои суверенитет ҳаммаънои мафҳуми давлати миллӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки дар забони англисӣ ҳам "sovereign state" ва "nation-state" ҳаммаъно истифода мешаванд. Ва он қудрати комил ва абсолютие, ки ҳамчун суверенитет ёд мешавад, ба давлати миллӣ рабт дорад. Ва Руссо ҳам дар ин ҷо он марзе, ки Бодин гузошта буд, бар акси он кард. Яъне истиқлоли фардӣ ва тасмими тамоми миллатро дар умум авлавият донист. Ӯ мегӯяд, суверенитет, яъне тасмим чӣ дар масоили давлатдорӣ ва умури хориҷӣ бояд дар дасти мардум бошад. Бодин консепсияи "суверенитети обсалютӣ" ва куллиро (absolute sovereignty) инкишоф дода буд, ки бештар дар симои як миллат ба як шахсият таааллуқ дошт. Аммо Руссо консепсияи "суверенитети мардумӣ ва халқиро"-ро (popular sovereignty) инкишоф дод, ки дар он ҷо мавқеъи шахсият ва мардум дар марказ меистод. Ин ба он маънист, ки ҳокимият ва истиқлол мардумӣ бошад. Ин аст истиқлоли фикрӣ, фардӣ ва миллӣ, ки муҳимтарин бахши консепсияи истиқлол шинохта шудаст. Ва кишварҳои ғарбӣ тавре дар боло ишора кардем, зина ба зина онро ба даст овардаанд.

Чуноне ки дидем, тамоми асосгузорони андешаи муосири тамаддуни ғарбӣ талош карданд то қудратро аз дасти Поп ва Императорон бигиранд ва истиқлоли сиёсиро ба миллатҳо ва давлатҳои миллӣ бидиҳанд то тасмими худро худи онҳо барои худ бигиранд. Яъне Истиқлол муҳимтарин падидае буд, ки давлатҳои миллиро шакл дод. Ва дар аввал ҳамон қудрату Истиқлол хоси монарх буд ва чуноне дидем бо ташаккули андешаҳои демократӣ ва либералии Локк ва Руссо он ба худи мардум интиқол ёфт ва мардумӣ шуд.

Истиқлоли давлати тоҷикон

Tohiri_Abdujabbor_03Он чӣ ки дар боло мушоҳида кардем, қисмате буд, ки ба таърихи афкори сиёсӣ ва назарияи Истиқлол рабт дошт. Акнун бар мегардем ба баҳси Истиқлоли кишваре ба номи Тоҷикистон, ки таърихи начандон дур ба мисли истиқлоли кишварҳои ғарбӣ дорад, то бубинем, ки дар амалӣ кардани назарияҳои дар боло пешниҳодшуда чӣ қадар муваффақ шудааст.

Дар мавриди Истиқлолияти сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон, ки имсол 20 солагии он ҷашн гирифта мешавад, суханҳо ва шиорҳову навиштаҳои зиёде шудааст, ки кас истиҳола мекунад, чизе илова кунад. Аз ин хотир кӯшиш мешавад то фишурдаи масъала матраҳ шавад. Чуноне ки медонем ва ҳамеша ишора мекунем, Истиқлоли давлатӣ ва озодӣ барои миллати тоҷик ҳамеша муҳим ва арзиши бунёдӣ будааст. Тоҷикон навобаста аз ҳама мушкилоти таърихии хеш дар ҳама давру замон барои озодӣ мубориза бурданд ва аз худ ҳамчун қавми озодагон ва озодманиш ёд кардаанд. Аммо барои бунёди кишваре бо исми Тоҷикистон, ки ҳамчун давлати миллӣ шинохта шуд, тоҷикон дар ду асри охир асосан муборизаҳои зиёдеро пушти сар кардаанд. Қадамҳои аввал дар заминаи ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистони Шӯравӣ гузошта шуд. Таърихи тоҷикон гувоҳ аст ва ҳар як фарди тоҷик аз он ҳодисаҳо ва кашмакашҳову машаққатҳои мардон ва рӯшанфикрони бузурги тоҷик, ки хушбахтона имрӯз қаҳрамони Тоҷикистон ва миллати тоҷик ном гирифтаанд, медонад. Хулоса, тоҷикон дар саҳифаи таърих ва харитаи ҷаҳон, ки бо номҳои миллатҳо номгузорӣ мешавад, ҷойгоҳи худро ҳамчун ҷумҳурии Шӯравӣ бо кӯшиши қаҳрамонҳои роҳи озодӣ ва Истиқлол пайдо кард. Аммо тавре медидем ва шоҳидаш шудем, он ба ҳайси як давлати комилан дорои суверенитет ва давлати миллӣ соҳибистиқлол набуд. Тасмими ин миллат дар дасти худаш набуд, на дар умури дохилӣ ва на хориҷӣ, балки дар дасти миллати бузургтар ва ё "бародари бузургаш" буд. Яъне Шӯравӣ як империяи нав бо шеваҳои муосири давлатдории навин буд. Дар он низом озодӣ ва истиқлол арзишҳои хатарнок буданд, чун пояи он низом бар андешаи зӯр ва ғайридемократӣ бунёд ёфта буд. Дар он замон на фақат кишвар, балки фардҳо, зеҳнҳо, ақлҳо, афкор дар умум истиқлол надоштанд ва ғулом буданд. Чун, ки ғулом тарбият кардан хоси ҳар кишвари дорои низоми тоталитарист.

Аммо бо идомаи кӯшишу талошҳои рӯшанфикрони тоҷик дар охири солҳои Шӯравӣ ҷанбаҳои истиқлоли тоҷик каме бошад ҳам рушд кард. Махсусан қабули забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар қонунгузории Шӯравӣ як қадами ҷиддӣ буд. Ва саранҷом бо талошу кӯшишҳои минбаъда дар таърихи 9 сентябри соли 1991 орзуи деринаи таърихии як миллате бо номи Тоҷик амалӣ шуд, ва Истиқлол ба маънии томаш ба дасту пойи худ омад.

Истиқлоле, ки баъзеҳо барои он хуни дил рехтанд, Истиқлоле, ки баъзеҳо интизораш ҳам набуданд ва диданаш ҳам намехостанд, Истиқлоле, ки ин миллати бузурги ба ном фаромӯшшударо дар харитаи ҷаҳон оғоз дод, саранҷом, омаду омаду омад…

Аксарияти донишмандони чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷӣ омадани Истиқлоли Тоҷикро ҳамчун як тӯҳфа барои ин миллат мехонанд. Мегӯянд, Истиқлол барои мо тӯҳфаи таърихист. Яъне бародари бузург ба мо гуфт, ки акнун тақдиру тасмими шумо дар дасти худи шумост. Дар сурате, ки давлатмардони он замон интизори ин набуданд ва хоҳиши инро ҳам надоштанд. Онҳо ба мисли ҳамон парандаи қафасӣ лаззати озодиро фаромӯш карда буданд ва намедонистанд, ки онҳо ва гузаштагони онҳо парвоз мекарданд ва онҳо низ бояд парвоз бикунанд.

Хулас, то як андоза дуруст аст, ки Истиқлоли Тоҷикистон ба мисли тӯҳфа дода шуд, аммо ин ба он маъно нест, ки дар ин саҳна касе барои озодӣ ва Истиқлол кӯшиш ва хидмат накарда бошад. Кӯшишҳои озодихоҳӣ дар осору шеърҳо ва андешаҳои рӯшанфикрони роҳи озодии миллат дар солҳои охир ҳамеша таҷассум меёфт. Онҳо ба ҳар роҳ дар дил ва зеҳнҳои тамоми миллат лаззати ишқ ба озодиро парвариш карданд. Натиҷаи кори онҳо буд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун бузургтарин арзиши миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ ҳанӯз дар замони Шӯравӣ мақоми давлатӣ гирифт. Ин кори осон набуд, чун мубориза ҳам бо нирӯҳои хориҷӣ ва ҳам дохилӣ буд. Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикиро на танҳо аз берун, балки дар дохил низ зиёд одамоне буданд ва ҳанӯз ҳам ҳастанд, ки намехоҳанд. Барои ҳамин Истиқлол агар тӯҳфа ҳам бошад, тӯҳфа барои ҳамон мардумест, ки дар ин роҳ мубориза карданд. Яъне тӯҳфа низ ба касе тақдим мешавад, ки арзанда бошад. Масалан, хидмати Устод Тоҳири Абдуҷабборро ҳамчун фарзанди роҳи озодӣ ва талошҳои устодони барҷастае ба мисли Муҳаммадҷон Шукурӣ, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир, Гулрухсор ва дигаронро чӣ тавр метавон нодида гирифт?! Инҳо буданд ва ҳастанд...

Тоҳири Абдуҷаббор марди озода

1989_Anjumani_Rastokhez_02Аммо шахсияте, ки чун файласуфони ғарбӣ бо андешаву фикраш олимона барои Истиқлоли ин миллат мубориза мебурд ва бо амалаш огоҳона ва содиқона дар сиёсат ҷасурона қадам мегузошт, ин Меъмори Истиқлоли Тоҷик Устод Тоҳири Абдуҷаббор буд. Чаро Тоҳири Абдуҷаббор? Пеш аз ҳама ӯ кореро анҷом медод, ки дар таърихи мардуми мусалмон ва Шарқ кам ба чашм мерасад. Яъне ба ҳайси як донишманд ва равшанфикр ҷасурона ҳарфашро мегуфт, овозашро барои Озодӣ ва Истиқлол дар баробари сиёсати Шӯравӣ баланд мекард ва ҳамзамон сиёсатмадорона одилонаву содиқона барои амалӣ шудани андешаи худ мубориза мебурд. Ҳатто ин таҷриба дар таърихи Ғарб ҳам кам дида мешавад, чун дар он ҷо низ бештар донишмандон ҷасурона мегуфтанд, вале дигарон онҳоро амалӣ мекарданд. Ӯ ягона равшанфикри сиёсатмадоре буд, ки самимӣ буд ва ҳама корро содиқона мекард. Думболи вазифа намегашт, чун пеш аз ҳама Ӯ ғуломи нафси хеш набуд. Ва бояд гуфт, ки танҳо касе метавонад барои миллат ва ҳақиқат мубориза барад, ки ғуломи нафси хеш нест. Комилан пеш аз ҳама дар даруни худаш марди озод бошад. Ин беҳтарин хислати эшон буд, ки ба ҷуз ҳақиқат ва озодии ин миллат чизи дигар намехост. Ӯ ба ҳайси як равшанфикри роҳи озодӣ бо мақолаҳои илмии хеш мардум ва ҷавононро бедор месохт ва бо тасмимгириҳо ва кӯшишҳои худ дар амал низ ҳамеша мубориза мебурд. Бештар аз ҳама ин дардро эҳсос мекард ва лазату ширинии озодии ин миллатро ҳам. Ӯ танҳо ягона фарзонамарде буд, ки барои аввалин бор барои доштани як Истиқлоли комили сиёсӣ ва миллӣ Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистонро таҳия карда, ба мардум ва парлумон пешниҳод намуд. Ва мутаассифона ӯ аз ҷониби Шӯрои Олӣ пазируфта нашуд. Ӯ се бор дар шаклҳои гуногун Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистонро ба Шӯрои Олӣ пешниҳод карда буд, аммо ҳеч кадоме аз онҳо пазируфта нашуданд. Навобаста аз он дар таърихи 9 сентябри соли 1991 худи Шӯрои Олӣ онро шармандавор расман пазируфт. Чун илоҷи дигар ҳам надошт. Ба қавли ӯ "пурарзиштарин ва муқаддастарин чиз барои инсон бояд Озодӣ ва Истиқлоли миллаташ бошад". Ӯ ҳамеша шиорҳоеро ба мисли "бедор бояд шуд" "ғуломӣ бас", "озодӣ мехоҳем" ва ғайраро ҷасурона ва олимонаву тоҷикона мегуфт. Аммо мутаассифона дар он замон на ҳама кас инро эҳсос мекард.

Муҳимтар аз ҳама он буд, ки Устод Тоҳири Абдуҷаббор на танҳо ба ҳайси як сиёсатмадор барои Озодӣ ва Истиқлоли давлат ва кишвари хеш рӯйирост мубориза мебурд, балки ӯ муҳимтарин зинаи озодӣ ва истиқлоли як миллатро ба маънии истиқлоли фикрӣ ва фардӣ дарк карда, баррасӣ менамуд. Дар сурате ки дар он замон дар мадди аввал танҳо Истиқлоли давлатӣ меистод. Яъне ӯ ба мисли поягузорони андешаи истиқлоли фикрӣ ва фардӣ Руссо ва Локк, ки бунёди тамаддун ва давлатдории навинро гузоштаанд, ин андешаҳоро муҳим медонист ва мегуфт, ки шарти асосӣ - ин Истиқлол ва Озодии инсон аст. Агар инсон озод набошад, инсон нест, чун ӯ мавҷуди озод аст. Ва ӯ ҳамеша таъкид бар ин мекунад, ки худи мардум дар умум бояд барои ҳар амали ҷомеъа тасмим бигирад то ҳукумат мардумӣ бошад. Ин андешаҳое ҳастанд, ки то ҳанӯз кам равшанфикрон дар ҷомеъаҳои шарқӣ аз онҳо ёд мекунанд.

Вазъи истиқлоли фикрӣ ва фардӣ дар Тоҷикистон

Чаро мо гаштаю баргашта дар хусуси истиқлоли фард, мардум, инсонҳо ва фикр сухан мегӯем. Чун имрӯз мо Истиқлоли давлатиро ба даст овардем (масъалаи он ки имрӯз ҳеҷ кишвари дунё истиқлоли комили иқтисодӣ ва ғайраро надорад ва замони давлатҳои миллӣ ба охир расидааст, баҳси алоҳида аст, мо дунболи он намеравем). Ва дорем ҳамеша рӯзи 9 сентябрро ба ҳайси ҷашни Истиқлоли миллат бо як дабдаба ҷашн мегирем. Аммо Истиқлоли тоҷик ба он марзҳо ва назарияҳое, ки Руссо ва Локк ишора кардаанд, яъне истиқлоли фардӣ ва фикрӣ, ки либерализм ва демократия ҳам дар заминаи ҳамон андешаҳо амалӣ шудааст, расидааст ва ё хайр?

Ба Истиқлоли воқеӣ нарасидаем

Албата не, мо то ҳанӯз ба ин зинаи истиқлоли фардӣ ва фикрӣ, ки муҳимтарин бахши истиқлолияти як миллат дар кулл мебошад, нарасидаем. Ва ё то андозаи бояду шояд ба он муваффақ нашудаем. Агар инсонҳо ва миллат истиқлоли фикрӣ ва фардӣ надошта бошанд, миллат дар умум Истиқлоли комил надорад. Ин андешаест, ки дар афкори сиёсии назарияи истиқлол омадааст ва ин роҳест, ки бояд тай шавад. Дар ин роҳ мо чанд мушкилро доро ҳастем. Пеш аз ҳама мушкилоти таърихӣ ва дигараш мушкилоти зеҳнӣ ва илмӣ аст. Мушкилоти таърихӣ ҳамон ҳаст, ки мо таърихан "бештар зердаст будем, на забардаст" (ибораи донишманд Меҳмоншоҳ Шарифов) ва барои дигарон сухансозиҳо кардему созишҳо. Ин дар тафаккур ва ҳувияти миллати мо таъсири худро гузоштааст. Имрӯз баъзеҳо мегӯянд, ки ин суханҳоро набояд гуфт, ки мо хуйи ғуломӣ ба худ гирифтаем ва ғайраву ҳоказо. Аммо то ба кай мо дурӯғгӯйӣ мекунем ва аз воқеъияти худ мегурезем? Ҳамеша худро ба осмон мебардорему камбуди худро иқрор намешавем. Аз ҳамин ҷост, ки мо наметавонем ислоҳ шавем, чун болои камбудамон кор намекунем ва худро аз берун ва ё аз паҳлӯ дидан наметавонем. Ин ҳақиқати тағйирпазир аст, болои он кор бояд кард. Аз хуб гуфтани худ ҳеч воқеъият тағйир намеёбад ва мушкилот ҳам осон намешавад. Имрӯз дар ҳавои суханҳои осмонии худ ҳатто донишмандон ҳам маст шуда, аз масъулияти воқеъии худ, ки кушодани гиреҳҳо ҳаст, фаромӯш мекунанд. Фикр мекунанд бо он сухансозиҳо мушкилиҳо худ ба худ нобуд мешаванд. Имрӯз раиси ҷумҳур ҳам мегӯяд, роҳҳоро нишон диҳед, пешниҳод кунед, кашфиёт кунед, аммо мо пойбанди он суннати ғуломӣ шудаем, фикр карданро фаромӯш кардаем. Ва ин дар пусту устухони мо ҷо гирифтааст. Аз ин ҷост, ки Мавлоно Иқбол мегӯяд,

Банд дар по нест, дар ҷону дил аст,

Мушкил андар, мушкил андар мушкил аст.

Яъне он суннат дар дилу ҷони мо ҷой гирифтааст, ки ба мисли маризӣ, ки табобат мехоҳад то ба истиқлоли фардӣ ва фикрӣ бирасем.

Дуввум ин, ки бештаре аз мардуми мо муҳиммият ва зарурати истиқлоли фикриро пеш аз ҳама дар симои равшанфикрони ҳақиқӣ дарк накардаанд. Ҷомеъаҳои ғарбӣ тамоми барномаҳое, ки барои ҳали мушкилоташон тарҳрезӣ мекунанд, дар заминаи андешаҳои равшанфикрони ҳақиқии худ, касоне, ки воқеъиятро ба таври шояду бояд мебинанд ва таҳлил мекунанд, ҳастанд. Онҳоро истифода мебаранд то мушкилоташонро тезтар ҳал кунанд ва ҷомеъа дар якҷоягӣ барои ҳалли масъалаҳо камар мебандад. Тамоми азҳоби сиёсӣ, нирӯҳои ҷамъиятӣ, олимон ва донишмандон, ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ғайра. Дар мо бошад замоне, ки Устод Мӯъмин Қаноат ба ҳайси як донишманди таҷрибадида ва равшанфикри барҷаста пешниҳод кард, ки як чизи нав бигӯед, пешниҳод кунед, суханҳои беҳуда нагӯед, нафаҳмидандаш ва душманаш хонданд. Яъне онҳое, ки ин суханҳоро нафаҳмиданд ва бар муқобили ӯ навиштанд, маълум мешавад, ки моҳият ва зарурати истиқлоли фикрӣ ва фардиро ҳам намедонанд. Онҳо фикр мекунанд, хидмат ба миллат кардаанд, аммо намедонанд, ки ба ҷуз хидмати хирсона кори дигареро анҷом надодаанд.

Зеҳнҳоро шустушӯй бояд кард

Масъалаи дигар чуноне, ки гуфтем, ин заъфи фарҳанги сиёсӣ ва дониш ҳаст. Мардуми мо аксар то ҳанӯз моҳият ва маънои истиқлоли фикриро ҳамчун падидаи пешбарандаи ҷомеъа нашинохтаанд. Намедонанд, ки ин чӣ падида аст ва чи гуна ба миллат ва давлат метавонад хидмат кунад. Вобаста ба ҳамин мавзӯъ як сенария ба ёдам меояд. Як вақтҳо дар телевизион барномае бо номи "Микрофони озод" оғоз шуда буд. Дар он барнома аз як ҷавони донишҷӯи тоҷик пурсиданд, ки чӣ пешниҳод ва мушкилоте дорӣ? Ӯ дар ҷавоб пурсид "ин микрофони озод аст, ин ҷо озод ҳар чӣ мехоҳам бигӯям?" ва аз пурсанда суол кард, ки "пас ман метавонам озодона як рақс кунам?" Бубинед, ки як ҷавони тоҷик то кадом андоза истиқлоли фикрӣ ва озодиро мешиносад, ин аслан хандаовар аст ва чӣ гуна бо ин миллат метавон миллати дорои истиқлоли фикрӣ, ки зинаи болотарини Истиқлоли миллат аст, сохт?! Дар ин роҳ на танҳо ҳукуматҳо ва низом гунаҳкор аст, балки худи миллат бо тамом мариз аст. Банда дар ин робита мегӯям, ки камбудӣ аз худи мардум аст, на аз ягон ҳукумати ноҳия ва маҳал. Инро метавон як маризии ҷиддӣ хонд. Маризие, ки таърихист ва табобаташ ҳам корест сангин. Чун зеҳнҳои инсонҳоро ба мисли биноҳо наметавон ба зудӣ сохт. Аз ин хотир мо ба табибон ва хирургҳои инсонсозу қавие ба мисли Локк, Руссо, Мавлонои Рум, Муҳаммад Иқбол ва ғайраву ғайра ниёз дорем то дар ин сарзамин шахсиятҳоро бисозанд ва зеҳнҳоро шустушӯй кунанд.         

Пас чӣ бояд кард?

Ин чанд мушкилоте буд, ки мо дар роҳи бунёди истиқлоли фикрӣ ва фардӣ дорем. Аммо дар ин роҳ кӯшишҳо ҳам дар соҳаи маорифи кишвар ва ҳам аз тарафи нирӯҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ дида мешавад. Ҷашни 20 солагии Истиқлоли кишвар ҳам як қадам дар ин роҳ хоҳад буд. Ва дар охир ҳаминро гуфтанием, ки Истиқлоли комили ҳар як миллат аз истиқлоли солим ва тавонои фикри инсонҳои он миллат сахт вобаста мебошад. Аз ин хотир зеҳнҳо, андеша ва ботини ҳар соҳибватанро чун ватан озод бояд кард то миллат дар кулл соҳибистқлол бошад. Дар ин маврид яке аз Бундеспрезидентҳои Олмон, сиёсатмадори барҷаста Теодор Ҳойс хеле зебо мегӯяд, ки мо тоҷикон бояд дар зеҳнамон сабт кунем ва ҷашни 20 солагиро бо ин шиор оғоз кунем: "Озодии аксарияти комили миллат аз озодии ботинии ҳар фарди он миллат сарчашма мегирад"...

Аҷами Калонзод, сиёсатшинос

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97