Ҷойгузини Кабирӣ кист: Ҳусайнӣ, Саидиброҳим ё Тураҷонзода

Сиёсат 07.09.2011 16:47

Кабирӣ ва васияти Нурӣ

kabiri_0101Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қарор кардааст, ки 24 сентябри соли равон анҷумани навбатии ҳизбро дар шаҳри Душанбе баргузор намояд. Расонаҳои хабарӣ гуфтаанд, ки дар ин анҷуман масъалаи интихоби раиси ҳизб баррасӣ мешавад. Агар воқеъан ин масъала дар анҷумани ҲНИТ рӯ занад ва мавриди баррасӣ қарор бигирад, пас суъол ин ҷост, ки оё Муҳиддин Кабирӣ, ки тайи 5 соли ахир раҳбарии ин ташаккули шинохташудаи сиёсии кишварро бар уҳда дорад, боз барои панҷ соли баъдӣ ҳам муддаъии курсии раёсати ҳизб хоҳад шуд? Ва агар Муҳиддин Кабирӣ аз мақоми раиси ҳизб истеъфо диҳад, пас ҷойгузини ӯ кӣ ҳоҳад шуд? Ва ҳам агар номзадии Кабирӣ ба мансаби раисӣ пешниҳод шавад, ки метавонад дар баробари ӯ даъвои соҳиб шудан ба курсии раҳбарии ҳизбро бикунад? Чуноне маълум аст, ҷаноби Кабирӣ дар моҳи сентябри соли 2006 баъди даргузашти муассис ва раҳбари фақиди ин ҳизб устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба мақоми раиси ҲНИТ баргузида шуд. Ҳамон замон гуфта мешуд, ки ба мансаби раиси ҲНИТ Давлати Усмон, яке аз поягузорони расмии ин ҳизб ва Сайидиброҳими Назар дигар аз афроди саршиноси ҳизб довталаб ҳастанд ва ҳатто қозикалони собиқи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзодаро низ аз номзадҳои эҳтимолӣ ба маснади раисӣ медонистанд. Вале аъзои ҲНИТ тибқи васияти раҳбари хеш Сайид Абдуллоҳи Нурӣ амал карда, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро ба мақоми раисӣ шинонданд. Мавлавӣ Абдулҳай, аз чеҳраҳои шинохтаи ин ҳизб зимни суханронии худ дар ҳамон анҷумане, ки Кабирӣ ба мақоми раисӣ нишаст, гуфт, ки ҳарчанд устоди марҳум Нурӣ васият накард, ки Кабирӣ ҷойгузини эшон бошад, вале васият ду хел мешавад, қавлан ва феълан. Чуноне Паёмбари акрам ҳам нагуфт, ки баъди сари ӯ зимоми умури мусалмонон ба Абубакри Сиддиқ вогузор шавад, вале аз Абубакр хостани имоматии намози мардумро, дар ҳоле ки Расули гиромӣ зинда буд, маънии онро дошт, ки баъди сари ӯ халифаи мусалмонон Абубакр аст. Ва устод Нурӣ ҳам дар ҳоли барҳаёт буданашон Кабириро муовини аввали хеш ва баъдан иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳизб таъин кард. Ин далели он аст, ки баъди сари устод Нурӣ ҳаққи раисӣ Кабирирост,- изҳор дошта буд Мавлавӣ Абдулҳай. Ва баъди суханронии ин мақоми аршади ҳизб масъала комилан рӯшан шуд, ки зӯри беҳуда задани каси дигар барои соҳиб шудан ба маснади раиси ҲНИТ беҳуда аст. Ва агар касе ёри устод Нурист барояш қарз аст, ки тибқи амалкарди ӯ амал кунад. Ва ҳамин тавр, Муҳиддин Кабирӣ ба ҳайси раиси ҳизб, Муҳаммадшариф Ҳимматзода ба симмати раҳбари маънавии ҲНИТ ва писари бузурги устод Нурӣ Қорӣ Муҳаммадҷони Нурӣ ба симмати узви Раёсати олии ин ҳизб интихоб шуданд. Ва инак панҷ сол боз ин ҳизб зери раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ фаъолият мекунад.

Панҷ соли чолишҳои ҲНИТ таҳти роҳбарии Кабирӣ

Дар ин миён раҳбари маънавии ҳизб, донишманди шинохтаи улуми динӣ, ҷаноби Ҳимматзода аз дунё гузашт ва дигар дар суфуфи ҲНИТ ҳеч тағйироту таҳаввулоте ба вуқӯъ напайваст, магар ин ки ҳамин сол яке аз чеҳраҳои шинохта ва собиқадори ҳизб Мавлавӣ Қосими Раҳим баъди 8 соли зиндон ба озодӣ баромада, дубора ба фаъолиятҳои сиёсӣ даст зад. Ва суханронии ин мулло ва сиёсатмадори ҳизб дар ҷаласаи ҷамъбастии ҲНИТ моҳи апрели соли равон, ки мегуфт, мардумони дигар ба кайҳон мепаранд, инструктору конструкторҳо доранду дар мо риш асту салла ва воҳима аз минбарҳо дар миёни ҷомеъа ва аъзои Ҳизби наҳзати ислом сару садоҳои мухталиферо ба бор овард ва аз ҷумла рӯзноманигор Раҳматкарими Давлат дар як матлаби хеш навишта буд, ки "Мавлавӣ Қосим баъди раҳоӣ аз маҳбас ба дарки воқеъияти имрӯзӣ расида, вале намешавад ҳама муллоҳои наҳзатро ҳаштсолӣ зиндон кард, то камтар аз ришу салла бигӯянду ба умқи пешрафтҳои ҷаҳони имрӯз расидагӣ дошта бошанд". Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раҳбарияти он соли равон, аниқтараш пас аз интихоботи парлумонии баҳмани соли 2010 мавриди интиқоди шадиди чӣ ҷонибдоронаш, аз сари ихлосу дилсӯзӣ, ки ҳизб натавонист ормону умедҳо ва овозҳои ба тарафдориаш додаи онҳоро дифоъ бикунад ва бо гирифтани ду курсӣ дар парлумон бо баҳонаи осону содаи "ба хотири сулҳу субот" иктифо кард ва осуда шуд ва ҳам мухолифинаш, ки аз хусумату бадбинӣ барои то ҷое тундравӣ ва танқиди ҳукумат онро танқиду мазаммат карданд, қарор гирифт. Ва то ҷое ин ҳизбро ҳатто мехостанд дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаи Рашт гирифтор созанд. Боздошти Ҳусниддин Давлатов, вакили ин ҳизб дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт, бародари Алии Бедакӣ бо гуноҳи ҳамкорӣ бо силоҳбадастони ғайриқонунӣ вазъияти ҳизбро хеле буғранҷ намуд. Вале ҲНИТ аз ин вазъият берун ҷаст ва гирифтори мушкили дигар гардид.

Рекламаи ройгони ҲНИТ дар нашрияҳои давлатӣ

Шоири саршиноси тоҷик Бозор Собир дар охирин мусоҳибаи хеш ҳангоми дар Тоҷикистон буданаш, бо "Миллат" 5 январи соли равон пешниҳод кард, ки фаъолияти ҲНИТ қатъ ва ин ҳизб баста шавад. Андешаи шоири тоҷики муқими Амрико ончунон ба тану ҷони ҳукумат созгор омад, ки дар хеле аз нашрияҳои расмии шаҳру навоҳӣ ин пешниҳоди Бозор Собир дар бораи бастани ҲНИТ ҳатто бидуни иҷозаи рӯзномаи "Миллат" бознашр шуд. Ва "Миллат" барои ҲНИТ хидмати арзишмандеро анҷом дод, ҳам фаъолияти ин ҳизб аз тариқи расонаҳои хабарии ҳукуматӣ, ки дар бораи он аслан то он рӯз як сатр ҳам наменавиштанд, таблиғ шуд, ҳам андешаи бастани ҳизб хунсо гардид.

"Бозӣ"-ҳои анҷуманӣ

Акнун биёем сари асли масъала, ки агар Кабирӣ курсии раисиро раҳо кунад ва дубора нахоҳад мудаъии раҳбарии ҲНИТ бошад, пас ҷойгузини ӯ кӣ хоҳад шуд? Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ ва роҳбари ситоди тадорукотии Анҷумани ҳизб дар робита ба ин мавзӯъ гуфтааст, ки Кабирӣ номзади аслӣ ба ин мақом боқӣ хоҳад монд, агарчӣ имкони аз тариқи алтернативӣ интихоб шудани раис низ вуҷуд дорад. Ҷаноби Ҳайит афзудааст, ки аксари аъзои Раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз фаъолияти Муҳиддин Кабирӣ, ки муддати панҷ сол аст, ки раёсати ҳизбро бар уҳда дорад, қаноатманд ҳастанд ва фикр мекунам, ки яке аз номзадҳо ӯ хоҳад буд.

Дар доираҳои коршиносӣ ва маҳофили ҷудогона бар эҳтимоли бурузи рақобатҳо дар заминаи дастёбӣ ба курсии раёсати ин ҳизб миёни афроди шинохтаи мақомоти болоии он ишораҳо мешавад.

Бархе аз коршиносон бар ин андешаанд, ки вокунишҳои хеле заъиф, иқдомоти номуассир ва номуваффақи роҳбарияти кунунии ҳизб дар қиболи натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли гузашта, қабули бархе қонунҳо аз сӯи давлат, ки мустақим фазои диниро то ҷое маҳдуд сохтааст, қисмате аз аъзои Раёсати олии ин ҳизбро сахт нигарон карда ва эшон бар ин боваранд, ки дар сурати иваз нашудани чунин сиёсат ҲНИТ бештар ҷойгоҳ ва мақоми худро дар ҷомеа аз даст медиҳад.

Ин нигарониҳо дар ҳоле ки бахше аз собиқадорон ва ба истилоҳ мавлавиҳои ҳизб аз фаъолиятҳои раҳбарияти имрӯзӣ ва махсусан Кабирӣ норозианд ва пас аз сари кор омадани Кабирӣ дар тасмимгириҳо нақши худро аз даст додаанд, имкон дорад дар рафти кори анҷуман ошкор шаванд.

Ҷаноби Ҳайит низ рад намекунад, ки дар остонаи баргузории анҷуман ҳар гуна "бозӣ"-ҳо шояд сурат бигирад ва ҳам бархе аз "афроди норозӣ" мавриди ин бозиҳо қарор бигиранд. Шояд ҳамин расонаӣ кардани интихоби раиси ҲНИТ низ як бозиест, ки аз ҷониби худи масъулони наҳзат роҳандозӣ шуда, то таваҷҷӯҳи бештари ҷомеъаро ба ин мавзӯъ ҷалб бикунад. Ва ҳам бад- ин васила ҲНИТ аз Кабирӣ ва Кабирӣ аз хеш чун як ҳизбу раҳбари ислоҳотхоҳу демократ таблиғ мекунанд ва ба дигар аҳзоби сиёсӣ, масалан сотсиал- демократ ва халқии демократӣ нишон додан мехоҳанд, ки солҳо ба курсии раҳбарии ҳизб такя задани як шахс нишони пешрафтагӣ ва бар суди ҷомеъа ҳам нест ва ин амал, яъне ҳукмронии тӯлонии як нафар ба симмати раиси ҳизб мавҷудияти озодандешӣ ва мардумсолориро ҳатто дар дохили он ҳизб зери суъол мебарад. Ва ҳама даъвои бунёди ҷомеъаи мардумсолорӣ кардани аҳзоби сиёсие, ки дар номашон калимаи "демократия" доранду принсипҳои демократиро дар амалкарди дохилии хеш риоя намекунанд, шарҳ надорад.

ҲНИТ танҳо рақиби сарсахти ҲХДТ

ҲНИТ дар қиёс бо аҳзоби то ҳанӯз зиндаи сотсиал- демократ, сотсиалистӣ ва ҳизби кӯҳансолтарини Тоҷикистон- коммунист ва аҳзоби парлумонӣ шудаи аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ захираи хуби кадрӣ ва низоми дурусти кору фаъолият дорад. Ин ягона ташаккули сиёсии мухолиф аст, ки воқеъан бӯйи ҳизб мекунад ва дар тамоми навоҳии ҷумҳурӣ сарсахтона амал дорад. Ҳеч кадом аз аҳзоби сиёсии дигари кишвар дар пояи ҲНИТ нест ва имкону тавони бо он баробарӣ карданро ҳам надоранд, албатта ба истиснои ҳизби ҳокими халқии демократӣ, ки ҳама нуфузу қудрати хешро дар сояи давлати Эмомалӣ Раҳмон ёфтааст. Вале ҲНИТ, ки мегуфтанд бо рафтани муассисаш марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ барҳам мезанад ва ё мисли ҳизби демократу сотсиалист ба чанд фирқаву гурӯҳ ҷудо мешавад, бо гузашти 5 сол аз реҳлати Нурӣ то ҳанӯз чун як нирӯи сиёсии таъсиргузори ҷомеъа аз худ дарак медиҳад.

Интихобот- 2010 ва ҲНИТ - ҳизби мазлумон

Ва дар интихоботи парлумонии баҳмани соли 2010 ин ҳизб он қадар азхудгузаштагӣ нишон дод, ки ҳарифони сиёсии хешро то ҷое дар тарсу таҳлука гузошт. Иштибоҳу заъфи Кабирӣ ва Раёсати олии ҳизбаш ҳам ҳамин буд, ки аз он ҳаққи хеш, аз райъи онҳое, ки бо сад умед ба ҷонибдорӣ аз ҲНИТ ба назди сандуқҳои интихоботӣ рафта буданд, мисли муборизаи қаблазинтихоботиаш қотеъона дифоъ накард ва чун як гунаҳкор ва мисли ҳамеша "мо як сари замбари сулҳем" гуфта, бо ҳамон ду курсии аз замони устоди марҳум Нурӣ ба мерос монда, қаноат карданд. Танҳо коре, ки карданд бо баргузории як ҷаласа интихоботро беадолатона ва хешро мазлуму ситамдида донистанд. Ва иддае гумон доштанд, ки Кабирӣ бо нишони эътироз ҳадди ақал худ аз ҳамон курсии вакилӣ даст мекашад ва онро дар ихтиёри нафаре аз ёронаш хоҳад дод, вале ҳамагон шоҳидем, ки чунин нашуд.

Ҷойгузини Кабирӣ кист: Ҳусайнӣ ё Сайидиброҳим?

Husaini_010101Акнун дар бораи он ки кӣ метавонад даъвогари курсии раиси ҳизби наҳзат бошад. Имрӯз дар ҲНИТ афроде ҳастанд, ки метавонанд нотарсида зимоми раҳбариро ба даст бигиранд ва муваффақ ҳам бигарданд. Бархе аз соҳибназарон аз Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагон ном мебаранд, ки имрӯз як чеҳраи шинохтаи ин ҳизб аст. Ҳусайнӣ аз собиқадорони ин ҳизб буда, суханрониаш дар Парлумон рӯзи қабули қонуни масъулияти падару модар хелеҳоро такон дод. Сайидиброҳими Назар низ метавонад яке дигар аз мудаъиёни курсии раёсати ҳизб бошад. Чанде қабл дар робита ба ҳамин мавзӯъ гуфта буд, ки "агар рӯзе дар наҳзат дигар ҳама сари банда биоянд ва гӯянд не, шумо раис бошед, пас ман инро масъулият медонам, на даъво". Ва акнун суъол ин аст, ки оё 24 сентябр дар анҷумани ҲНИТ сари он масъала меоянд, ки Сайидиброҳим раиси ҳизб бошад. Агар чунин шавад, дигар маълум аст, ки ҷаноби Назар раҳбариро мепазирад ва онро барои худ масъулият медонад.  

Ҳусайнӣ ва Сайидиброҳим ҳарду ба намояндагӣ аз ба истилоҳ "наҳзатиҳои кӯлобӣ " буда, то ҷое бо ҷавви қудрати имрӯзии кишвар олудагӣ ва қаробат доранд. Ва дар сари раҳбарии як ҳизби мухолиф будани намояндаи минтақаи ҳоким то ҷое роҳро барои ҳалли бисёр масоил боз мекунад ва ҳам «забони мурғонро мурғон» медонанд. Ҳусайнӣ ва Сайидиброҳим беш аз Saidibrohimi_Nazar25 соли ҳаёти хешро ба ин ҳизб бахшида шоҳиди ҳама шикасту рехт, хушиву нохушӣ, майдоннишиниву ихтилофоти сангину нангин бо ҳамшаҳриҳо, ҳиҷрату ҷанг, мазаммату маҳрумиятҳо, сулҳу бозгашти шарафмандона ва фаъолиятҳои озоди беш аз як даҳсолаи ин ҳизбанд. Дар ин миён аз номзадии Муҳаммадҷони Нурӣ, писари муассиси ҳизб устод Нурӣ сӯҳбат кардани расонаҳои хабарӣ навиди тоза ва пешниҳодест, ки касро ба тафаккуру андеша мебарад. Қорӣ Муҳаммадҷони Нурӣ алъон раиси ҲНИТ дар шаҳри Душанбе буда, хеле ҷавон аст, ҳарчанд дар домони муассиси ҳизб ва ба қавле бо «нони наҳзат» бузург шудааст, вале таҷрибаи камтари амалӣ дорад. Ба ҳар сурат ӯ метавонад ва чун як фаъоли ҳизб ин ҳақро ҳам дорад, ки ба худ иҷоза бидиҳад то ба дарёфти курсии раҳбарии ҳизбе, ки бунёдгузораш қиблагоҳи марҳумаш устод Нурӣ мебошад, даъвогар бошад. Номи Муҳаммадалии Ҳайит дигар аз шахсиятҳои шинохтаи ин ҳизб, ки дар қиёс бо Ҳусайнӣ ва Сайидиброҳим собиқаи камтари узвият дар ҲНИТ- ро дорад, низ ҳамчун номзади эҳтимолӣ ба мақоми раҳбарии ҳизб ёд мешавад. Вале нуктаи ҷолиб ин аст, ки бархе дунболи ин андешаанд, ки замоне фаро расида, ки воқеъан Муҳиддин Кабирӣ бояд аз мақоми раисӣ биравад ва хешро барои мубориза ва талошҳои баъди ин панҷсола аз ҳар ҷиҳат омода бисозад.

Бозгашти Тураҷонзода ба сӯи ҲНИТ имкон дорад?

Ва дар марҳилаи ҳозир, ки дунё, ба хусус кишварҳои исломӣ гирифтори сад кайду бало ва мушкилоту ноамнӣ ҳастанд, ҲНИТ ба як раҳбари дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон, ба хусус дар олами Ислом матраҳ ва маъруф сахт ниёз дорад. Ба бахти баланди ҲНИТ имрӯз чунин чеҳраи маъруфу шинохта дар Тоҷикистон мавҷуд аст, ки он ба андешаи соҳибназарон Ҳоҷӣ TurajonzodaАкбари Тураҷонзода мебошад. Ва дар ҳоли ҳозир барои панҷ соли дар пеш буда, агар зимоми раҳбарии ҲНИТ- ро ин шахсияти шаҳир, ки таҷрибаи хуби сарварӣ ва идорӣ дорад ба даст бигирад, ки дар ҷаҳони Ислом аз эътироф ва эҳтироми хосса бархӯрдор аст, ба нафъи ин ҳизб хоҳад буд. Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода метавонад бо нуфузи дошта, дониш ва зиракии сиёсии хеш, ки хоси ӯст, роҳро, замон ва заминаро барои ҳам Кабирӣ ва ҳам ҳизби ӯ ҷиҳати амалӣ сохтани аҳдофу ормонҳояшон омода бисозад. Вале мушкил танҳо ҳамин аст, ки Тураҷонзода узвияти наҳзатро надорад ва ҳам маълум нест, ки қозикалони собиқи кишвар оё омода аст, ки агар чунин пешниҳоде аз ҷониби ҲНИТ сурат бигирад, онро бипазирад. Ва боз ҳам меоем сари ҳамон гуфтаи узви Раёсати олии ҲНИТ Сайидиброҳими Назар, ки дар як сӯҳбати хеш гуфта буд, "табиӣ аст, ки ҳар як кас ивазшаванда аст". Дар ин миён то ҳанӯз ҳарфе аз довталаби мақоми раисии ҳизб шудани Давлати Усмон, дигар аз поягузорони ин ҳизби мазҳабӣ нест, вале гуфта шуд, ки "дар арафаи баргузории анҷуман ҳар гуна "бозӣ"-ҳо шояд сурат бигирад". Ва кӣ медонад, шояд яке аз ин бозигарон номзади улуми сиёсӣ, вазири пешини иқтисод Давлати Усмон бошад. Ба бовари бештари коршиносон дар айни ҳол Муҳиддин Кабирӣ, раиси имрӯзи ҲНИТ шахси муносиб ва сазовор ба курсии раҳбарии ҳизб аст, вале ба ҳар сурат мо рӯзи баргузории анҷумани ҲНИТ- ро интизор мешавем. То бубинем, Кабирии демократ дар фазои сиёсии кишвар чӣ кишт хоҳад кард.

Толибшоҳи Сайидзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97