Юсуфи ман баҳри ин бозор нест

Сиёсат 12.08.2011 12:56

Said Sharif 28Худованди азза ва ҷалла дар офриниши кулли махлуқот, бахусус инсон чӣ шеваву асрори ниҳоне дорад.  Ба дӯсти мо акои Муллосаидшариф (мо ҳама пайвандон, Саидшариф Шарифовро байни худ ҳамин тавр ном мебурдем) Худованд баъзе хулқу атвор ва сифатҳои ҳазрати Юсуф (алайҳи салом)-ро дода буд. Қомати баланди мавзун, дасту бозувони паҳлавонона, чашму абрувони зебо, ҳусни расо, чеҳраи хандону босалобати андаке майл ба табассуми аз таҳти дил хуруҷ карда, чунон бо ҳам мувофиқ уфтода буданд, ки ягон одами бори аввал ба ин шахс вохӯрдаро ҳеҷ гоҳ бетаваҷҷуҳу бетафовут намегузоштанд ва ӯро маҷбур менамуданд, ки як маротибаи дигар бар ин нақши офаридаи худовандӣ назар афканад. 

 

Салобату фар ва матонату тадбиркории юсуфии ӯ аз назари мардони росттинату одили дар сари вазифаҳои масъул буда пинҳон намонд. Дар замони шӯравӣ идораи техникаи хоҷагии кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ яке аз корхонаҳои бонуфузтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Ҷамоати меҳнатии ин коргоҳро бештар он замон мардумони пешқадами худшиносу аз ҳар ҷиҳат нисбат ба аҳолии таҳҷоӣ пешрафтаи аврупоинажоди ватани собиқ - тоторҳои қримӣ, русҳо, украинҳо ва ғайра таъсис медоданд. Ин мардуми ҳадду ҳаққи худшинос ҳам кори хуб мекарданд ва ҳам мувофиқи корашон ҳаққу ҳуқуқ талаб менамуданд. Баъд аз ба кори дигар гузаштани сарвари корхона Эдуард Николаевич Микритичев бо ӯ дар бораи таъйин кардани каси дигар маслиҳат карданд. Вай бидуни фикру андешаи зиёд ҳамоно ҷавоб дод: "Ин идораро ба ғайр аз сармуҳандиси колхози "Зарафшон" Саид Шарифов каси дигар аз ноҳия роҳбарӣ карда наметавонад". Баъди омӯзишу барасии ҳамаҷониба ин таклиф аз тарафи ҳукумати вақт дастгирӣ меёбад ва Саидшарифи 29-сола роҳбари ин муассиса таъин карда мешавад. Сарвари нав корро чунон хуб ба роҳ мемонад, ки дар давоми фаъолияташ корхона ҷолиби мусобиқаи умумииттифоқӣ мегардад.

Ҷавонтарин раиси ноҳия дар Иттиҳоди Шуравӣ
Соли 1973. Вақте ки раиси ноҳияи Мастчоҳ Ҳ. Раззоқов ба кори дигар рафт, интихоби раиси комиҷроия пеш омад. Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба ин вазифаи масъул Саидшариф Шарифовро пешбарӣ намуд. Ӯ он замон 32 сол дошта, дар байни раисони комиҷрояи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷавонтарин раис маҳсуб мешуд. Барои раиси ҷавон ва тоза интихобшуда бори масъулияти гароне дар пеш буд. Ҳамон сол корҳои азхудкунии навбати дуввуми дашти Дилварзин идома дошт ва равиши корҳоро дар ин самт тезонидан зарур буд. Ниҳоят соли 1974 сохтмони иншоотҳои обёрӣ ва дигар зерсохторҳои истеҳсолӣ дар ин мавзеъ ба охир расид. Қариб 16 ҳазор гектар, ё ба ибораи дигар як баробар масоҳати киштзори ноҳия зиёд мегардад.

Дар рӯзҳои аввали киштукори заминҳои нав нарасидани об боиси арзу шикоятҳои роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ гардид. Раис баъди тадқиқу омӯзиши масъала тарҳи ташкили ситоди обёрии ноҳияро пеш мегузорад ва дар мавсими киштукор ва обёрӣ ба ин кор тамоми фаъолони ноҳияро ҷалб намуда, худ роҳбарии ситодро бар душ мегирад. Дар байни хоҷагиҳо навбати об ташкил карда мешавад ва ҳама, чи ононе, ки киштзорҳояшон дар поёни каналҳои обгузар ҷой дошт ва чи он хоҷагиҳое, ки дар сари ин каналҳо воқеъ буданд, дар замони раисии Саид Шарифович аз об баробар истифода мекарданд.
Агар имрӯзҳо гузоратон ба Мастчоҳ афтад, ҳарчанд аз кори кишоварзӣ дур бошед ҳам, ба зудӣ бесару сомонии кори кишоварзони ин ноҳияро эҳсос мекунед. Онҳое, ки дар сари обанд, ё дасти дарозу айёрӣ ё пӯштибоне дар ҳукумати ноҳия доранд, зироаташон ҳамеша сарсабз аст ва он бечораҳое, ки аз ин гуна шароит ва "қудрат" бархурдор нестанд, зироаташон ҳамеша сӯхтаву беоб аст. Мо ин ҷо кори касеро наҳй заданӣ нестем, ин мавзӯъи дигар аст, вале нодида гирифтани ҳолати харобгунаи диёреро, ки зодаи он ҳастам, аз рӯи инсофу адолат намедонам. Модом ки бар ин масъала андаке дахл шуд, ин чизро нагуфта гузаштан бештар беинсофию ноадолатист. Ҳамон заминҳо ваҷабе зиёд нашудаанд, ҳамон каналҳои обёрӣ бо ҳамон зарфияти пешин, ҳамон миқдори об боқӣ мондааст, вале барои чӣ имрӯз аксарияти заминҳои зархези ин ноҳия аз нарасидани об кишту кор намешаванд? Ба ин суол бояд пеш аз муаллиф дастандаркорони вилояту ҷумҳурӣ ҷавоб гӯянд. Модоме ин масъала саридастӣ аз ҷониби банда ба миён гузошта шуд, мо низ ҷавоб гӯем: Ин мушкилиро танҳо дар сурати ба роҳ мондани мудирияти комил метавон ҳал намуд

Мудири тавоно тартиби амалӣ гардонидани ин ё он барномаро худ кор карда мебарояд ва онро ба системаи мушаххас дароварда, худ амалӣ мегардонад. Ин амал яке аз суннатҳои сарварии С. Шарифов буд. Ӯ бо принсипнокӣ ва қатъияти гуфтори худ, ки ҳамеша аз одиливу росткории ӯ маншаъ мегирифт, системаи беҳтарини идораи тақсими оби ноҳияро барпо намуда буд, ки он садди роҳи ҳама гуна беадолатиҳо дар тақсимоти оби ноҳия мегашт. С. Шарифов ин механизмро худ дар зери назорат мегирифт ва намегузошт, ки ҳеҷ кас худсарона аз об истифода барад.

Боре сари дастурхон пиёлаи чойро аз дастам гирифта афзуданд: "Агар пойгоҳҳои обкашӣ хуб кор кунанд, чой ҳам аз гулӯ бароҳат мегузарад". Он замон ҷавон будам, вале бо вуҷуди он масъулиятшиносу дар кор сахтгир будани акои Муллосаидшарифро хуб медонистам, вале бо гузашти вақт ба умқи маънои гуфтаи он кас сарфаҳм рафтам. Дар ин суханҳо чи гуна зимомдорӣ ва масъулиятшиносии юсуфӣ ниҳон будааст. Агар пойгоҳҳои обкашӣ кор накунанд, об намешуд ва кишту манзари мардум аз беобӣ хушк мегашт.

Раис дар воқеъ хоҷагидори хуб буд. Ҳатто ҷузъитарин чиз аз назари ӯ берун намемонд. Он солҳо ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чун ҷамоат тобеъи Мастчоҳи нав буд. Он замон дар ин мавзеъ ноҳия зиёда аз 124 ҳазор гӯсфанд дошт. Чупонӣ чигуна шуғли заҳматталаб аст, ҳама хуб медонанд. Раис барои аз машаққату азоби зиёдатӣ озод намудани ин мардуми заҳматкаш ба Кумитаи радио ва телевизион омада, дархост мекунад, ки ҳангоми расонидани пешгӯии обу ҳавои кишвар, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро низ аз хотир набароранд. Ва аз ҳамон вақт инҷониб вазъи обу ҳавои ин минтақа тариқи родиёи Тоҷикистон эълом карда мешавад.

Як миллон тонна пахтаи раис ва ашки ятим
Як дӯсти ба омор сару кор доштаам, боре аз банда пурсид: "Медонӣ ноҳияи Мастчоҳ аз рӯзи таъсисёбиаш то ҳол чӣ қадар пахта истеҳсол намудааст?"
- На, аз куҷо донам?
Сипас худи ӯ ҷавоби суолашро дод:
- Агар ноҳияи Мастчоҳ аз рӯзи таъсисёбиаш 1700000 тонна пахта истеҳсол карда бошад, бештар аз як миллон тоннаи он ба давраи раисии С. Шарифов рост меояд. Дар ин кор аз ҳама бештар ҳиссагузор будани ӯро касе рад намекунад. Ин рақамро ба ғайри масъулони идораи омор ва шахсони ба рақам сарукор дошта, касе дар Мастчоҳ ба гӯшаи хаёли худ намеоварад. Вале ба хонадони мусибатзадае рафта, сари ятимеро падарвор сила намудани раисро дар ин ҷо ҳамеша ёдоварӣ мекунанд.

Раис ҳамеша ғамшарики мардум буд. То замони раисии С. Шарифов касе аз роҳбарони сатҳи ноҳиявӣ дар шикасту рехти мардуми оддӣ (ба истиснои хешу ақрабои худашон) намерафтанд. Ин шахс барои арзи таслият ва хондани фотеҳа ба хонаи тамоми мардуми ноҳия мерафтанд ва минбаъд ин амали раис барои раисони дигар як таъомул гардид. Раиси иттифоқи касабаи кормандони кишоварзӣ Муллокӯчак Қурбонов дар бораи ин хислати С. Шарифов дар омади сухан боре чунин нақл кард:
"Он вақт дар Алмаато сафир таъин шуданд. Барои коре ба Мастчоҳ омаданд ва дар як сӯҳбат ба ман чунин таъкид карданд: "Бобо, Худоё, аз сари касе мӯе кам нашавад, вале ҳаёт ҳамин аст. Дар набудани ман дар Ватан шахсони фавтидаро дар хотир нигоҳ доред ва ман ки омадам, ҳатман ба таслият меравем, зеро ки дар тӯли ҳаёт бо ин мардум нону намакро бо ҳам дидаем, барои ман қисме падару модар, қисме хоҳару бародар ва фарзанд гаштаанд". Як вақт муддати тӯлоние ба Ватан наомада буданд ва дар ин фосила ашхосе чанд аз олам даргузаштанд. Ҳамроҳи раис (мастчоҳиён аз рӯи муҳаббату ихлос С. Шарифовро чунин ном мебурданд) тамоми ноҳияро гашта, ба 50 хона рафта дуову фотеҳа хондем".
Он замон бо вуҷуди серию пурӣ гоҳо баъзе намуди молу коло камёфт мегардид. Дар ҷамоати Оғзикенти ноҳия бештар узбакон ва миллатҳои дигар зиндагонӣ мекарданд. Раис дар вақти тақсими ин гуна ашё даставвал ҳаққи ин мардумро ҷудо менамуданд ва ё ба зердастон супориш медоданд, то ҳамеша чунин амал кунанд, зеро ин ҷо ин бародарон аққалиятанд, мабодо ин амал боиси малоли хотири онҳо нагардад.

Суннату анъанаҳои давлатдорию зимомдории гузаштагони ба ору номӯс барои С. Шарифов ҳаргиз бегона набуд. Ҳамеша дар кори роҳбарии худ аз онҳо истифода менамуд. Имрӯзҳо аз кишвар баромада рафтани аҳолии бумӣ як одати маъмулӣ гардида, кам касеро аз давлатмардони мо ба ташвиш меоварад ва аксар вақт хелеҳо худро бо калимоти забонзада ва бегонаи "глобализатсия", "интегратсия" ва ғайра тасаллӣ дода, аз оқибати фоҷеабори он ҳаргиз намеандешанд. Дар замонҳои пеш тарки қаламрав намудани аҳолӣ барои амирон, ҳокимони давр як амали нангин дониста мешуд.

Замони дар вазифаи котиби якуми райкоми ноҳияи Зафаробод кор кардан аз куҷое огоҳ мешавад, ки чанд оилае аз колхози ба номи Ленини ноҳияи Мастчоҳ бо сабаби танқисии рӯзгор аз ноадолатиҳои роҳбарони хоҷагӣ кӯчида ба вилояти Ҷиззахи ҷумҳурии ҳамсоя рафтаанд. Баъди шунидани хабар С. Шарифов ба Ҷиззах  рафта, онҳоро ёфта, ба Мастчоҳ баргаштанашонро хоҳиш мекунад. Муҳоҷирон истодагарӣ намуда, мегӯянд; "мо аз дасти ин золимон дигар ба Мастчоҳ барнамегардем".

Раис пофишорӣ мекунад ва мегӯяд: "Модоме ки ба Мастчоҳ рафтанӣ набошед, биёед ман шуморо ба назди худам ба Зафаробод мебарам".  Онҳо, ки чи гуна роҳбар будани раиси худро хуб медонистанд, ҳарфашонро ду накарда, ба Зафаробод меоянд ва имрӯз ин хонаводаҳо дар сафи хоҷагиҳои беҳтарини ноҳия ном бурда мешаванд.

Баробари ба ноҳияи Зафаробод омадани С. Шарифов кори зафарободиҳо ранги дигар мегирад. Колхози овозадори ба номи Ленини ноҳияи Ҷ. Расулов, ки раиси он А. Самадов буд, дар ин ноҳия замин дошт ва аз он ҷо назар ба заминҳои дар ғулакандоз доштааш бештар пахта мегирифт. Раиси овозадор аз мақому мартабаи худ истифода бурда, ҳамеша обро аз реҷаи муқарраргардида бештар гирифта, дар кори кишоварзони зафарободӣ монеа эҷод мекардааст. Ин амали раиси қаҳрамонро котибони пешинаи райкоми Зафаробод "мабодо раис-бобо наранҷанд" гуфта, нодида мегирифтаанд. Ногуфта намонад, ранҷиши раис-бобо маънои ба вазифа видоъ карданро дошт. С. Шарифов аз ин ҳол огоҳ ёфта ба назди раис мераванд. Раиси пасипардагии ҳамонвақтаи Тоҷикистон на аз асп мефарояду на аз узангу.

С. Шарифов ин масъаларо дар маҷлиси кумитаи ҳизбии вилоят гузошта, ба зудӣ ҳал шуданашро дархост мекунад. Кумитаи вилоятии ҳизб ба ҷои дастгирӣ ба котиби райкоми Зафаробод маслиҳат медиҳад, ки хубтараш аз баҳри ин масъала гузашта, боиси ранҷиши хотири раиси овозадору қудратманд нагардад. Вале С. Шарифови росттинату адолатпеша ҳеҷ аз райъи худ нагашта, бо тадбири масчоҳиён бо зурӣ ҳаққи оби зафарободиёнро кашида мегирад ва ҳақро ба ҳақдор мерасонад.

(идома дорад)
Неъмат Неъматзода, рӯзноманигор

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97