Моҳе, ки дарҳои дӯзах баста мешаванд

Сиёсат 12.08.2011 12:52

ramadan 27Рӯза панҷум рукни ислом
Шукри беандозаи Парвардигор, ки моро ба моҳи шарифи Рамазон расонид.
Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ҳукми Худованд буда, мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Худованд мефармояд: "Ай мусалмонон фарз карда шуд бар шумо рӯза, тавре ки фарз шуда буд бар умматоне, ки пеш аз шумо буданд, то шумо парҳезгор шавед".

(Сураи Бақара 183) Инчунин Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) фармудаанд: "Ислом бар панҷ поя бунёд шудааст: 1. Шаҳодат бар ин ки ҷуз Худо маъбуде нест ва Муҳаммад (с) фиристодаи ӯст. 2. Адои намоз. 3. Пардохтани закот. 4. Ҳаҷҷи байтуллоҳ. 5. Доштани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон".


Чаро бояд дар Рамазон рӯза бигирем?
Аз оят ва ҳадиси зикршуда ба мо ҳукми рӯзаи Рамазон маълум гардид. Инчунин маълум мешавад, ки агар шахсе намоз, закот ва ҳаҷро ба ҷо биёрад ва рӯзаи Рамазонро тарк кунад, аз азоби қиёмат наҷот намеёбад. Худованд ин моҳро моҳи худ номида, савоби як ибодатро чандин маротиба зиёд гардонидааст. Дар ин моҳ дарҳои биҳишт боз ва дарҳои дӯзах баста мешаванд. Ҳамаи ин раҳмат ва ба фазли Худованд аз барои бандагонаш аст.

Дар Рамазон чӣ бояд кард?
Дар ин моҳи муборак ҳар қадаре тавонем вақти худро дар ибодати Худо гузаронем ва аз фазилатҳои ин моҳ сарфароз гардем. Расули акрам (с) ҳар вақте ки ҳилоли моҳи Раҷабро медид дуо мекард: "Ай бор Худоё, моҳҳои Раҷаб ва Шаъбонро бар мо муборак гардон ва моҳи Рамазонро бар мо насиб фармо". ("Маъҷаму завоид" ҷилди 2 саҳ. 165. ) Шумо андоза кунед, ки аз моҳи Раҷаб сар карда, Паёмбарамон ба моҳи Рамазон тайёрӣ медиданд. Мо ҳам бояд қадри ин моҳро бидонем ва аз пеш ба он тайёр шуда бошем, то аз баракат ва фазилатҳои он сарфароз гардем.         

Танҳо рӯза доштан басанда нест!

Аксарият фикр мекунанд, ки ин моҳ танҳо ба доштани рӯза маҳдуд мешавад. Бояд донист, ки рӯза доштан дар ин моҳ яке аз фаризаҳои ин моҳ аст, ки фазилатҳои бешумор дорад ва тарккунандаи он гунаҳкор аст. Вале ҳамчуноне ки пештар зикр кардем, дар ин моҳ ҳар амали неке, ки ба ҷо орем дар он савоби бисёр аст. Пас дар ин моҳ монанди рӯза таровеҳ ҳам шарт аст. Паёмбар (с) фармудааст: "Худованд рӯзаи Рамазонро аз бароятон фарз гардонидааст ва қиёми онро, яъне қоим кардани намози таровеҳро аз бароятон суннат гардонидаам. Пас ҳар шахси бо имон ва бо умеди савоб, агар рӯзаи Рамазонро дорад ва намози таровеҳро ба ҷо орад аз гуноҳ чунон пок мешавад, ки гӯё ӯро модараш нав таваллуд карда бошад". ( Суннани Насоӣ ҳадиси 2206.) Дар ҳадиси дигаре омадааст, ки Паёмбар (с) фармудаанд : "Шахси бо имон ва умеди савоб, ки намози таровеҳро бихонад, Худованд ҳамаи гуноҳҳои гузаштаашро мебахшад". ( Бухорӣ ҳадиси 2009.) Аз ин ҳадисҳо мо фазилати намози таровеҳ ва аҳаммияти хондани онро дар ин моҳи муборак фаҳмидем.

Намози таровеҳро чӣ гуна мехонанд?

Донишмандони Ислом тариқаи хондани намози таровеҳро ба мо ин тавр фаҳмондаанд: "Барои марду зан дар моҳи шарифи Рамазон 20 ракаат намози таровеҳ баъди намози хуфтан ва қабл аз намози витри воҷиб бо ҷамоат бигузоранд суннат аст". (Ҷамоат хос барои мардон аст; Фатвои Шомӣ, ҷилди 1 саҳ.44.)

Дар Рамазон Қуръони карим тиловат бикун!

Тиловати Қуръони карим низ дар ин моҳ аҳаммият ва фазилат ва муносибати хосе дорад. Худованд ин моҳро барои нозил кардани китобҳои осмонии худ интихоб кардааст. Тавре яздони пок дар сураи "Бақара" фармудааст: "Моҳи Рамазон, ки дар он Қуръон нозил шудааст, (яъне аз лавҳи маҳфуз ба осмони дунё ) китобе, ки мардумро роҳбарӣ ва мутаамини далоили ошкори ҳидоят аст". (Сураи Бақара, саҳ.185.) Имом Аҳмад дар Муснади худ аз Василаи ибни Асқоъ (р) ривоят мекунад, ки Паёмбари (с) фармудаанд: "Саҳифаи Иброҳим (а) дар якумин рӯзи Рамазон нозил шуд. Таврот дар шашуми Рамазон, Инҷил дар сенздаҳум ва Қуръон дар 24 уми Рамазон нозил гардид. Дар ривояти Ҷовид (р) омадааст, ки Забур дар шашум, Инҷил дар ҳаждаҳуми Рамазон нозил шудааст. (Тафсири ибни Касир.)
Ба ҳар ҳол то ҷое, ки метавонем, барои тилловати Қурон дар ин моҳи муборак вақти худро дареғ надорем, то аз фазилати он моҳ маҳрум нашавем. Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят мекунад, ки Паёмбари (с) фармудаанд: " Ҳар кас ҳарфе аз китоби Худоро бихонад, барои ӯ як некӣ аст ва як некӣ даҳ бор подош орад". Намегӯям алиф, лом, мим як ҳарф аст, балки алиф як ҳарф, лом як ҳарф ва мим як ҳарф аст. (Ҷомеъи Тирмизӣ, ҳадиси 2912. ) Ин башорати Паёмбар (с) аз барои хонандаи Қуръони карим дар ғайри моҳи Рамазон аст, аммо дар Рамазон, ки Худованд аз фазлу карами хеш савоби як амалро чанд бор зиёд кардааст. Пас чи қадар савоб мегирифта бошад? Имом Абуҳанифа (р) дар моҳи мубораки Рамазон Қуръони каримро дар як шабонарӯз ду мартаба, яъне як бор субҳ, як бор шом хатм мекарданд. Илова бар ин дар тӯли як моҳи муборак ҳангоми хондани Таровеҳ Қуръони каримро хатм мекарданд. Ҷамъ дар як моҳ 61 бор ишон Қуръонро хатм мекард.
Аллома ибни Обиддин низ, дар як шабонарӯз як маротиба Қуръонро хатм мекарданд. Дигар бузургон низ дар ин моҳи муборак хатми Қуръонро борҳо ба ҷо меоварданд.

Рӯза ва намози нафл

Нисбат ба дигар моҳҳо дар ин моҳ ба намози нафл бояд таваҷҷӯҳ дод. Зеро дар ин моҳ савоби як нафл ба фарзи моҳҳои дигар баробар аст ва савоби як фарз баробари ҳафтод фарзи моҳҳои дигар аст. Пас мо каме ба намозҳои худ бояд таваҷҷуҳ кунем, ки дар ин моҳи муборак ба адои фароиз чӣ қадар побандӣ мекунем ва чӣ қадар ба нафлҳо изофа мекунем, инчунин дар ин моҳ аз закоти фарзӣ ба додани садақаи нафлӣ зиёда таваҷҷуҳ бояд кард. Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос мегӯяд: "Саховати Паёмбар (с) дар моҳи Рамазон аз боди равон ҳам тезтар мешуд". (Бухорӣ, ҳадиси 6.)

Рӯза ва шаби Қадр

Як неъмати бисёр бузурге дар ин моҳи муборак ба номи шаби қадр вуҷуд дорад. Он шабе аст, ки Худованд (ҷ) онро аз ҳазор моҳ беҳтар гуфтааст. Худо мефармояд: "Ту чи донӣ ки Шаби қадр чист? Шаби қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст". (Сураи қадр, ояи 2-3.) Пас шахсе, ки як шабро бо ибодат гузаронад, гӯё 83 солу 4 моҳ ибодат кардааст. Паёмбар (с) фармудааст: "Шахсе, ки дар шаби қадр ба имом ва нияти савоб ба ибодат қоим шавад, тамоми гуноҳҳони гузаштааш бахшида мешаванд". (Бухорӣ, ҳадиси 2014.) Уламо мегӯянд, ки мурод аз қиём барои ибодат дар ин шаб намоз хондан аст ва инчунин тиловати Қуръон ва зикр ҳам дуруст аст. Дар таъини шаби қадр дар байни олимон ихтилофҳо вуҷуд дорад, аксарияти онҳо ба ин ақидаанд, ки шаби қадр дар даҳаи охири Рамазон дар рӯзҳои тоқ аст. Ин қавл ба ҳадиси ривояткунандаи ҳазрати Оиша мувофиқ меояд. Ӯ аз Паёмбари (с) ривоят мекунад: "Шаби қадрро дар шабҳои тоқи даҳаи охири Рамазон ҷустуҷӯ кунед". (Бухорӣ, ҳадиси 2017.) Тибқи ҳадиси боло шаби қадр бояд дар шабҳои 21, 23, 25, 27 ва 29 ҷустуҷӯ карда шавад. Пас ин неъмати бузургро набояд аз даст дод. Кас ҳар қадар, ки тавонад, дар даҳаи охир ибодатро нисбат ба дигар шабҳо зиёдтар кунад, то аз баракати шаби қадр маҳрум нашавад. Ҳазрати Анас мефармояд: "Вақте ки моҳи Рамазон даромад, Паёмбар (с) фармуданд:  "Моҳе фаро расид, ки дар он шабе ҳаст аз ҳазор моҳ беҳтар, ҳар кас аз ин шаб маҳрум шуд, гӯё аз тамоми хайр маҳрум гардидааст".

Рамазон ва эътикоф

Дар даҳаи охири Рамазон як амали дигар аст, ки онро эътикоф гӯянд. Эътикоф низ аҷри фаровоне дорад. Фазилати эътикоф дар он аст, ки худи Паёмбар (с) ҳамеша дар даҳаи охир онро ба ҷо меовард". Ҳазрати Оиша ривоят мекунад, ки Муҳаммад (с) то поёнии умраш даҳаи охири Рамазонро эътикоф менишаст. (Бухорӣ, ҳадиси 2025.) Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос мегӯяд, ки Паёмбар (с) гуфтаанд: "Муътакиф (шахсе, ки дар эътикоф нишастааст) аз гуноҳҳон маҳфуз мемонад ва барои ӯ ҳамон андозае некӣ навишта мешавад, ки барои анҷомдиҳандаи ҳамаи ин некиҳо навишта мешавад". (ибни Моҷаъ.) Фуқаҳо мегӯянд, ки эътикоф дар даҳаи охири Рамазон суннат аст, дар масҷид аз барои мардон ва дар хона аз барои занон. (Баҳру роиқ, ҷилди 2 саҳ. 523.) Хулоса моҳи мубораки Рамазон бузургтарин неъмати Худованд барои мусалмонон аст, ба шарте қадри ин неъмат ба ҷо оварда шавад. Яъне намоз, намози таровеҳ, Қуръон хонда шавад, закоти мол дода шавад, он гоҳ кас аз ин неъмати Иллоҳӣ баҳравар мегардад.

Фоидаҳои Рӯза

Он чи зикр кардем, субути аҳком, фоида ва фазилатҳои Рамазон аз рӯи шариат буд. Донишмандони муосири Шарқу Ғарб низ фоидаҳои ботиниву зоҳирии рӯзаро аз барои инсон аз рӯи таҷриба собит мекунанд ва онро аз барои ислоҳи инсоният ва ҷомеъа судманд медонанд.

Аз ҷумла, рӯза:

  1. Инсонро дар мактаби сабру шикебоӣ тарбият менамояд.
  2. Хештандорӣ ва худконтролкуниро ба инсон омӯзиш медиҳад.
  3. Назму ҳамоҳангиро дар миёни мардуми мусалмон густариш медиҳад.
  4. Ишқу дилбастагӣ ба адолат ва баробариро дар вуҷуди инсон решадор месозад.
  5. Отифаи меҳрубонию дилсӯзӣ ва эҳсоси масъулиятро дар ботини одам бедор месозад.
  6. Шарру фасод ва разоили ахлоқиро дар миёни мардум коҳиш медиҳад.
  7. Меъдаро полоиш ва покиза менамояд.
  8. Баданро аз боқимондаҳои хӯрок ва ошомиданӣ пок мегардонад.
  9. Фарбеҳии зиёди баданро коҳиш медиҳад.
  10. Муҳимтар аз ҳама хислати парҳезкорӣ ва поку нек зистанро дар инсон тақвият медиҳад.

Яке аз олимони машҳури Амрико Мок Фодин, ки дар ин хусус таҷрибаи зиёд гузаронидааст, мегӯяд: "Ҳар инсон ба рӯза эҳтиёҷу зарурат дорад, агар чанде бемор ҳам бошад. Зеро он зарарҳое, ки аз ғизову доруҳои истеъмолӣ ҷамъ мешаванд, организми касро вазнину гарон месозад ва инсон худро бемор ҳис мекунад, ин зарарҳо ниру ва қуввати ӯро кам месозанд. Ва онҳо аз бадани ӯ ба рӯза доштан дур мешаванд".  Аз ҳамин хотир аст, ки баъзе мардуми Ғарб рӯзаро дӯст медоранд ва ба эҳтиром қоиланд. Мушоҳида мекунем, ки баъзе мамолики Ғарб аз барои мусулмонҳо ҳар шароити ибодатро дар ин моҳ муҳайё месозанд. Инро ҳам шунидаем, ки дар баъзе шаҳрҳои Бритонёи Кабир дӯконҳое ҳастанд, ки аз ними шаб дӯкони худро боз мекунанд, то ки мардуми мусалмон аз ғизоҳои тару тоза бо нархи арзон истифода бубаранд.

Алҳамдулилоҳ 97 % мардуми кишварамон мусулмонанд ва ба қайдгирии ҷашну маросимҳои исломӣ дар солҳои охир аз ҷониби ҳукумат қобили таърифанд. Умед аст, ки дар ин моҳи муборак ҳамаи шароитҳоро аз барои мардум фароҳам меоранд ва тамоми камбудиҳои назаррасро рафъ месозанд. Тавассути телевизиону расонаҳои хабарӣ ба занҳои мусулмон ва мардҳои соҳибузр, ки ба масҷидҳо ҳозир шуда наметавонанд аз аҳкоми рӯза ва фазилатҳои он огоҳ созанд. Бисёр хуб мешуд, ки телевизионро ҳади ақал ним соат ба тиловати Қуръони карим музайян гардонанд.

Дар бештари масҷидҳо сабаби ихтилофу парокандагии мардум баъзе домуллоҳои камсавод ҳастанд, ки аз усули даъват ва мавъиза огоҳ нестанд ва ҳақиқати исломро ба мардум расонида наметавонанд. Мисоли зоҳири он ин аст, рӯз то рӯз сафи намозгузорон зиёд шудааст, алалхусус ҷавонҳо, вале боз ҳам ҳамон корҳои бад ва суханони зишту қабеҳ дар байни ҷавонҳо мушоҳида мешавад. Дар масҷидҳо домуллоҳоеро вазифадор кунанд, ки соҳибилм бошанд, ҷавонҳоро ба сӯи меҳру муҳаббат ба ватан ва ба хидмати мардум даъват намоянд ва аз хиёнат ба миллату ватан, даст задан ба корҳои бад, ки ҷомеъаро ба табоҳӣ мебарад, боз доранд. Ин гуна мо метавонем ҳақиқати рӯзаро ба ҷо биорем ва аз фоидаҳои он сарфароз гашта, мулки худро обод кунем.

Муҳаммадфаррухи Абдуллозода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97