САД СОЛ БОЗ МЕГӯЕМ, МУШКИЛ ҲАЛ НАМЕШАВАД. ЧАРО?! АЗ МОСТ, КИ БАР МОСТ

Сиёсат 12.08.2011 12:50

BuKHOROI  SHaRiffff 26Тӯли чандин сол навиштем, ки норасоии таҷҳизоти тиббию табибони баландихтисос, болоравии арзиши маҳсулот дар бозорҳо, мушкили дастрасии мардум ба замини наздиҳавлигӣ, бекорию сатҳи пасти таълиму тарбия, дастнорасии мардум ба ҳукуматдорони маҳаллӣ, беадолатии судҳо ва коҳиш ёфтани маънавиёти наврасону ҷавонон мушкилоти умдаи мардум аст.

Акнун мардумоне, ки солҳо аз гирдоби мушкилоти иҷтимоӣ баромада наметавонанд, барои коргузории давлат масъала эҷод мекунанд. Яъне мансабдорони маҳаллии мардумгурез эътимоди мардумро ба ҳукумат коста гардонида, мардумро марказгурез кардаанд. Акнун масъулини ҳукуматҳои маҳал дигар ҷойи гурез надоранд ва муҳимтарин масоиле, ки ба эҳсоси онҳо нохун мезанад, ҳамин мушкилиҳои иҷтимоии мардум аст, ки бояд ҳаллу фасл кард.

Акнун, ки ҳукумати марказ барои расидагӣ ба мушкилоти мардум таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад, мебояд тавассути қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ вазъи иҷтимоии ҷомеаро мавриди таҳлил қарор дода, дар ошкор ва ҳалли мушкилиҳои умумии мардум саҳим бошад. Аслан дар марказ роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум матраҳ мешаванд, аммо масъала ин аст, ки мушкилоти иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли он дар ҳукуматҳо бо таври умумӣ муҳокима мешаванд. Ин аст, ки дар бештар маврид аз кӯмаку дастгириҳо ба аҳолии музофот вазъи иҷтимоӣ беҳтар намешавад. Яъне проблемаҳои асосӣ ҳалли худро намеёбанд.

Масъалаи №1

Ба таваҷҷуҳи масъулинини тандурустӣ!
Яке аз масъалаҳои ҳалталаби умумии ҷомеа ин вазъи солимии шаҳрвандон мебошад. Дар рӯзҳои қабули раисони шаҳру навоҳии Хатлон бештар шаҳрвандоне муроҷиат мекунанд, ки беморанду ниёз ба кӯмакпулӣ доранд. Пурсишҳо собит менамоянд, ки имрӯз масъалаи №1-и ҳукумат ин ҳалли мушкилиҳои самти тандурустии ҷомеа мебошад. Зеро ҳеч гуна идеология ва ҳар гуна кӯмакҳои хайриявӣ ҳам дар баробари ҳалли мушкилоти соҳаи тандурустӣ барои халқ муҳим нест. Иқдоми ҳукуматӣ ҷиҳати таъмини муассисаҳои тиббии шаҳри Кӯлоб бо таҷҳизоти зарурӣ далели ба хубӣ дарк намудани ин нукта аз ҷониби масъулин арзёбӣ мегардад. Аммо муҳимтарин масъалаи ҳалталаби соҳаи тандурустии вилояти Хатлон ин норасоии ташхисгоҳи муосир мебошад. Имрӯз беморони деҳот барои аз ташхиси "тамограф" гузаштан хароҷоти ду баробар намуда, ба пойтахт мераванд. Аз ин рӯ дар посух ба ин савол, ки; "Агар ба ҷойи Авзалов раиси вилоят бошед, дар мадди аввал кадом мушкили мардумро ҳал мекунед?"- аксарияти сокинони хатлонӣ як ваъда медиҳанд: "Беморхонаи марказии вилоятро бо "тамограф" таъмин мекунам"! Барои дастрас намудани чунин таҷҳизот ҳатто метавон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағ ҷудо намуд. Чаро не? Аслан бояд вакилони халқи шаҳру навоҳӣ ва вилоят дар иҷлосияҳо пешниҳод намоянд, ки барои беҳдошти сатҳи иҷтимоии аҳолӣ аз буҷетҳои маҳаллӣ маблағ ҷудо карда шавад. Агар ҳамин як норасоии "Томограф"-и тиббиро дар Хатлон таҳлил кунем, бовар мекунем, ки дар як сол чӣ миқдор маблағи мардум барои хароҷоти зиёдатии онҳо барои рафту омад ба пойтахт сарф мешавад. Мусаллам аст, ки вазъи иқтисодии мардум ба сиёсат ва мушкилоти молии давлат ба ҳаёти иҷтимоии мардум бетаъсир намемонад.

Мушкили дигар дар соҳаи тандурустӣ ин бунёд ва беҳдошти бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот мебошад. Барои фаъол намудани бунгоҳҳои тиббӣ дар бештари деҳоти вилоят ба истиснои таъмини онҳо бо духтурон дигар ягон мушкил вуҷуд надорад. Ба хусус дар ҳамин шабу рӯз, ки бо дастури ҳукуматҳои маҳаллӣ дар тамоми маҳаллаҳои ҷамоати деҳот бунёди варзишгоҳҳои хурд ба таври чашмгир ҷараён дорад. Агар солимии ҷомеа дар мадди аввал бошад, мебояд нахуст бунёди бунгоҳи тиббӣ ба роҳ монда шавад, баъдан майдончаҳои волейболбозӣ. Зеро барои аҳолии деҳоте, ки аз беморхонаи маҳал дар масофаи 3 километр дуранд, мушкили аввал таъсиси бунгоҳи тиббӣ ва таъмини он бо духтурони кӯмаки аввалия мебошад.

Дар баробари ин ки бемориҳои аз мушкилоти иҷтимоӣ сар зада вазъи баъзе оилаҳоро вазнинтар мегардонад, боз як "нағма"-и тиббӣ буҷаи оилаҳои бемордорро муфлистар менамояд. Бори аввал нест, ки дар сӯҳбатҳои масъулини соҳаи тандурустии шаҳру навоҳии Хатлон бо рӯзноманигорон мавзӯи "ҳамкорӣ"-ҳои кормандони соҳаи тандурустӣ бо ширкатҳои воридкунандаи маводи тиббӣ матраҳ мешавад. Масъала ин аст, ки дар "касалбозор"-и Тоҷикистон доруҳои навбаромаде ворид шудаанд, ки нархи он дар нисбати маводи табобатии маъмулӣ якчанд баробар баландтар аст. Аммо баъзе табибони моро аз фармудаҳои тиббиашон ҳам маълум аст, барои ба савдо рафтани ин доруҳо ҳамкорӣ мекунанд. Як шоҳиди чунин ҳодиса, ки фармудаи тиббии духтурро ба мо нишон дод, иброз медорад, ки агар қаблан бо фармудаи тиббии духтур барои табобати дарди миён ба маблағи 30 - 40 сомонӣ дору мехарид, баъди пайдо шудани доруҳои навбаромад духтурон барои як марҳилаи табобатӣ доруҳое мефармоянд, ки барои харид кардани он аз 90 то120 сомонӣ лозим меояд. Баъзе табибон иброз медоранд, ки доруҳои ба тозагӣ ба фурӯш бароварда, аз доруҳои қаблӣ бартарие надоранд. Аммо ҳамкории баъзе табибон шояд бо воридкунандагон ё истеҳсолкунандагони ин "медикамент"-ҳо бошад, ки бозори ин доруҳо дар Тоҷикистон "гарм" аст. Далели даст доштани баъзе духтурон ба гардиши доруҳои навбаромади тиббӣ ин аст, ки онҳо дар фармудаҳои худ нишонаҳои махсус мегузоранд. Ҳатто рақамҳои телефони беморон ҳам дар фармудаҳои тиббӣ дарҷ карда мешавад. Ё ин қоида ба тозагӣ баромадаасту мо бехабарем?

100 сол боз мегӯем, аммо…

Ба таваҷҷуҳи масъулини саноату иқтисод!
Мушкили дигаре, ки ҳамчун омили хатарзо барои ноамнӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ унвон мегирад, ин болоравии бесобиқаи арзиши маҳсулоти ғизо ва маводи сӯхт мебошад. Ҳанӯз 100 сол қабл рӯзноманигорони нахустин нашрияи тоҷикии "Бухорои Шариф" роҳи баромадан аз вартаи иқтисодиро пешкаши ҳокимони вақт гардонида буданд. ҳатто 100 сол пеш Садриддин Айнӣ, Аҳмади Дониш, Фитрату Мулҳим дар матлабҳои хеш низ ёдрас мекарданд, ки то замоне мамлакат содиркунандаи маҳсулоти хому воридкунандаи истеҳсолоти хориҷ аз кишвар аст, иқтисодиёти кишвар рушд нахоҳад кард. Аммо дар тӯли як аср ин масъала роҳи ҳал пайдо накард, ки накард. Агар бигӯем, ки дар тӯли 70 соли ҳукумати Шӯравӣ Маскав лозим шумурд, ки тоҷикон танҳо истеҳсолкунандаи маҳсулоти хоми пахта, бошанд, на соҳиби молҳои саноати худӣ. Аммо ман аз масъулини идораи саноати кишвар ва пахта-"магнат"-ҳо пурсиданиам, ки чӣ мушкилоте монеъи он мешавад, ки мо ҳосили пахтаи худро дар кишвар коркарди пурра карда наметавонем?! Албатта ҳукуматдорон ҳам ҷонибдори он нестанд, ки маҳсулоти хоми пахтаи тоҷик ба хориҷ аз кишвар содир карда шавад. Зеро медонанд, он маблағе, ки аз ҳисоби боҷи гумрукии содироти маҳсулоти хом ба буҷаи кишвар ворид мешавад, дар баробари даромад аз коркарди пурраи пахта дар дохили кишвар ночиз аст. Боиси таассуф аст, ки маҳсулоти хоми пахтаро ба нархи ночиз ба кишварҳои хориҷ содирот мекунему маҳсулоти аз пахта истеҳсолкардаи хориҷиҳоро бо нархи даҳчанд харидорӣ мекунем. Дар умум содироти маҳсулоти хоми пахта на ба нафъи мардум асту на ба фоидаи давлат. Акнун хулоса бароред, ки шиори "пахта боигарии мост", имрӯз ба кадом аз гурӯҳҳои ҷомеъа тааллуқ дорад. Як сабаби асосии пешрафт накардани мо ҳамин аст, ки мо истеҳсоли худиро наметавонем дуруст роҳандозӣ кунем.

Замин сар мехӯрад, сари бесоҳибро

Ба таваҷҷуҳи ҳукумати марказӣ
Мавзӯи дигаре, ки боиси норозигии мардум аз фаъолияти ҳукуматҳои маҳал шуда метавонад, ин тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ мебошад, ки мебоист дар мадди аввал ба ниёзмандон дода мешуд. Ҳарчанд бо супориши роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят комиссияҳо оид ба тақсимоти қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъсис дода шуд, аммо онҳо вазифаи худро одилона иҷро карда натавониста истодаанд. Мушкили асосӣ дар дастрасии сокинони ниёзманду камбизоати деҳот ба заминҳои наздиҳавлигӣ ин аст, ки то ба тасвиб расидани қарорҳои ҳукумат бобати ҷудо намудани ин замин як миқдор заминҳо ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон ҷудо шуда буд. Ҳамин тавр ташаббуси ҳукумат бобати таъмини оилаҳои эҳтиёҷманд ба заминҳои наздиҳавлигӣ дар баъзе ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои Хатлон ба нафъи онҳоест, ки қаблан заминҳоро ғайриқонунӣ ҷудо намуда буданд. Акнун баъзе масъулин ба ҷойи дар назди қонун ҷавоб додан, ба роҳат он заминҳоро ба расмият хоҳанд даровард.

Пешгирӣ аз фурӯши ғайриқонунии заминҳо аз ҷониби намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз пурпечидатарин мушкили ҳукуматҳои маҳал мебошад. Бешак ин "пӯпанак"-е, ки дар домани ҳокимиятҳои маҳал печидааст, маҳсули эҷоди худи онҳо мебошад. Бубинед, дар зарфи 10 соли охир нисбати чандин нафар масъулини кумитаҳои заминсозӣ, роҳбарони ҷамоатҳои деҳот ва муовинони расиони ноҳияҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда шуд. Аммо ба ҷавобгарӣ кашидани баъзеи онҳо ба мақомоти дахлдор осон муяссар намешавад. Чунки аксарияти онҳо вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои худ буда, бе ризояти ҳамтоёнашон боздошту кушодани парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо номумкин аст. Пӯшида ҳам нест, ки баъзе афроде бо ном намояндагони халқ дар маҷлисҳои маҳаллӣ аз чунин ҷинояткорон пуштибонӣ намуда, барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо ризоят намедоданд. Ана ҳамон вакилоне, ки аз номи мардум дар иҷлосияҳои маҳаллӣ намояндагӣ доранд, аз ашхосе, ки ба тақсимоти ғайриқонунии замин гумонбар дониста мешуданд, пуштибонӣ мекарданд. Акнун фаҳмидед, ки мушкилоти сиёсии ҳукуматҳои маҳаллии мо дар чист?

Дар замони ҳукумати шӯравӣ як механизатор ё говҷӯши ферма имконият дошт, ки "депутати СССР" интихоб шавад. Имрӯз як ба рӯйхати вакилони маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳо назар кунед, ку чанд фисади вакилони ноҳиявию вилоятро намояндагони синфи коргар ташкил медиҳанд?

Дар замони мо баъзе мансабдорони маҳаллӣ ба он ҳадде "шавқ"-и вакил шудан пайдо кардаанд, ки ҳатто дар муборизаҳои интихоботӣ бар қиболи номзадҳои пешбари намудаи анҷумани ҳизби хеш номзадии худро пешбарӣ намуданд. Шахсан худам дар интихоботи охирини вакилони маҷлисҳои вакилони маҳаллӣ мушоҳида кардам, ки чӣ гуна номзади пешбарӣ намудаи анҷуманҳои ҳизби ҳоким дар баробари номзадҳои худпешбар, ки аксари онҳо ҳам мансабдору узви ҳамин ҳизб буданд, "овоз" гирифта натавонистанд. Шарҳи бештари ин мавзӯъро ба вақти дигар мегузорем. Алъон як андеша пайдо шудааст, ки вакил шудан ба хотири "депутатскый неприкосновенности" як дарди ҷомеаи мо мебошад, ки рӯз ба рӯз афроди бештарро сироят мекунад.

Гунаҳкорони бегуноҳ

Хулос, марказгурезии мардуму коҳиш ёфтани ҳисси ватандорию ватандӯстии онҳо ҳосили кору муносибати худи мансабдорони сатҳи маҳал аст, ки  бо мардум доштанд. Ҳамзамон сабабгори дар баъзе маҳаллаҳо таъйин шудани кадрҳои фавқулода ва бетафовутии ин гуна мансабдорон ба мушкилоти иҷтимоии ҷомеа натиҷаи аъмоли худи мардум аст, ки масъулияти шаҳрвандӣ надоранд. Натанҳо масъулияти шаҳрвандӣ надоранд, балки мебинанд, ки нобинову чоҳ аст, вале хомӯширо ихтиёр мекунанд. Гуноҳ мекунанд. Ҳамин тавр бемасъулиятии шаҳрвандону иддае ҳукуматдорони маҳаллӣ ҷомеаи моро аз рушду инкишоф боз медоранд. Алъон барои раҳоӣ аз мушкилоти печида вақт аст. Аммо вақт моро интизор намешавад.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97