Ба президентӣ арзандаанду ба раисии ҳизб не?!

Сиёсат 12.08.2011 12:45

HizbbbHHooo 25Аз президентӣ даст кашидан осон нест!
Мо бисёр вақт сарони ҳукуматҳо ва давлатмардони кишварҳои дуру наздикро аз он ки муддатҳои тӯлонӣ қудратро дар қабзаи оҳанини хеш нигоҳ доштаанд, интиқод кардаем. Аз Зайналобиддин бинни Алӣ, ки дар Тунис 23 сол қудратро дар даст дошту ибтидои соли равон зери фишори мардуми ба шӯр омадаи кишвараш ба Арабистони Саъудӣ фирор кард, гуфтем, аз Ҳуснӣ Муборак, ки беш аз сӣ сол дар Миср президент буд ва баҳори имсол дар пайи тазоҳуроти тӯлонии Майдони Таҳрири Қоҳира аз қудрат барканор шуд, навиштем, аз Алӣ Абдуллоҳи Солеҳ ҳам ки 32 сол давлатро дар Яман сарварӣ мекард ва аз тарси мардуми ба шӯр омадаи кишвараш осемасар бо баҳонаи беморӣ ба Арабистони Саъудӣ паноҳанда гардид, ҳарф задем.

Аз Муаммар Қаззофӣ, ки беш аз чиҳил сол ва то кунун раҳбари Либия ҳаст ва ин "револютсионер"-и сарсахт, ба истилоҳ Че Гевараи африқоӣ ба мушкилоти сахте бо мардуми кишвараш мувоҷеҳ аст, гуфтем. Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримовро ҳам барои он ки 22 сол боз дар сари қудратанд, интиқод мекунем. Вале ин лаҳза баҳси мо сари қудратҳои дарозумр ва раҳбарони солҳо дар курсии давлатдорӣ нишаста нест.

Ин бор мо аз фарҳанги истеъфо хоҳем гуфт. Аз раҳбарони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯем, ки бархе аз эшон 15 солу 20 сол дар сари раҳбарии ҳизбҳои хеш нишаставу бо ҳар баҳона ҷуръату ҷасорати аз симмати сарварӣ канор рафтанро надоранд ва саҳеҳтараш намехоҳанд. Ва мо фаромӯш накардаем, ки тарки сарварӣ намудан кори саҳлу сода нест, чуноне расидан ба қудрат ҳам як кори осоне нест. Агар курсии сарварӣ ба осонӣ ҳам даст дода бошад, вале тарки курсӣ мушкил аст. Агар тарки курсии раисии як ҳизб ин қадар мушкил аст, пас чӣ расад ба даст кашидан аз сарварии як кишвар. Мусаллам аст, ки мансаб ширин аст, қудратманд будан одамро нирӯ ва шукӯҳ мебахшад.

Таҷрибаи 101 сола ва тарс аз сарнавишти ҳизб
Мо дар Тоҷикистон аҳзобе дорем, ки шояд ҳатто сад нафар аъзо надоранд, дар калонтарин шаҳрҳои кишвар; Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ созмонҳои ибтидоӣ ва ҳатто масъули ҳизбашонро надоранд. Ва бо вуҷуди он ки ҳизб ба ном вуҷуд дорад, вале раиси ҳизб ҷуръати аз вазифа рафтанро надорад. Баъзан ҷасорат ҳам агар пайдо кунанд, мушкилашон ин аст, ки намедонанд раисиро ба кӣ бовар кунанду биспоранд? Ғайр аз худашон дигар шахсияти шинохтае дар ҳизбашон нест. Ин ҳақиқат аст. Ҳамин чанд рӯз қабл Шодӣ Шабдолов намедонам бори чандум аст, ки дар ҳисобаш раҳгум задаам, бо он ки 20 сол боз раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аст, боз дар ин ҳизб раис интихоб шуд. Шабдолов мегӯяд, ки афроди шойистае ҳастанд, ки истеъдоди раҳбарӣ доранд, аммо ӯро бештар сарнавишти ҳизб ва ғояҳояш дар Тоҷикистон нигарон кардааст. Ба андешаи ӯ эҳтимол дорад нафаре, ки ҷойгузинаш мешавад, ба хотири мансаб ба ақидаҳои ҳизб хиёнат бикунад. Ин андешаи раиси як ҳизби соҳиби таҷрибаи 101 сола аст. Агар як ҳизби таҷрибаи яксаду як сола дошта ҳади ақал даҳ шахсияти дар ҷомеъа матраҳе надошта бошад, ки дар рӯзи анҷуманаш барои ишғоли курсии раисӣ ҷаҳду талош сурат бигирад, пас он ҳизб тамом шудааст. Суқут кардааст. Агар имрӯз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон як нафареро пайдо накардааст, ки мӯйсафеди Шабдоловро ба истироҳат гусел кунад, пас он чӣ болотар гуфтам, ки ин ҳизб потенсиали кадрии хешро адо кардааст, ғалат нест. Шабдолов тарс аз он дорад, ки «як теъдоди муайяне ҳаст, ки мехоҳад баробари ба даст овардани мақоми раиси ҳизб бо президенту ҳукумат ба тиҷорати мансаб нишинад». Ва мегӯяд, ки «ин гуна рафиқонро мо аслан намегузорем, ки ба ҳизб наздик шаванд, зеро дидем, ки нав котиби вилоятии ҳизб мемонем, ки ҳукумат як вазифа медиҳад ва ӯ ҳизбро партофта пушти мансаб медавад ва ҳамин, ки бӯи вазифаро шамиданд, мегурезанд». Рост мегӯяд ҷаноби Шабдолов, ки «ин хел рафиқ чӣ даркор?»

Ғами имрӯзашро Шабдолов бояд даҳ сол пеш мехӯрд

Вале бубинед, Шабдолов дар бист соли раҳбарии ҳизбаш як рафиқе наёфтааст, ки курсии раисиро ба ӯ бовар кунад, яъне як ҷойгузини хешро тайёр накардааст. Масалан оё намешуд Шабдолов раҳбарии ҳизбро ба Исмоил Талбаков, ки қариб 12 сол муовини ӯст, ё Субҳон Сафиаълоев, раиси созмони Ҳизби коммунист дар шаҳри Душанбе бовар кунад? Ё ин рафиқон ҳам бо расидан ба мақоми раҳбарии ҳизб бо  ҳукумат ба тиҷорати мансаб мешинанд? Ва ҳамин, ки бӯи вазифаро шамиданд, аз ҳизб мегурезанд?  Ва агар Исмоил Талбаков арзандаи мақоми раиси ҳизб нест, пас чаро номзадии ӯро коммунистон дар интихоботи соли 2006 ба курсии раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод карда буданд? Ин чӣ хел мешавад, ки ба мақоми президентӣ арзанда бошиву ба вазифаи раиси як ҳизб не? Ё он вақт коммунистон ҳамту як бозии сиёсӣ карда буданд? Яъне номзад доред(?), бале дорем! Ба назар чунин мерасад, ки ҳизби коммунисти Тоҷикистонро Шодӣ Шабдолов то рӯзи буданаш (илоҳӣ умраш дарозу танаш бедард бод) "сварка" кардааст. Ва ман ҳамчун як фарди то ҷое аз сиёсат огоҳ ба ҷуз ҳамин се тан дигар ҳеч коммунистеро дар ҷумҳурӣ намедонам ва намешиносам, вале медонам, ки аксари ҳамин аъзои Ҳизби халқии демократӣ ҳама замоне коммунисти матинирода ва содиқ ба идеяҳои Ленину коммунизм буданд. Ва гиряҳои бархе аз эшон дар раставу барзани пойтахт рӯзи кандани ҳайкали Ленин дар 24 сентябри соли 1991 ва нутқҳои оташини иддае дигар коммунистдепутатҳо дар ҷаласаи парлумон ба дифоъ аз ҳайкали Ленин ва идеяҳои абадзиндаи доҳии пролетарҳо то ҳозир пеши чашмони ман аст. Ва имрӯз мебинам, ки ҳамон коммунистони матиниродаи собиқ аз ғояҳои пешқадами ҳизбе дигар бо ҳарорат сухан мегӯянд ва он қадар аз худ садоқат нишон доданӣ мешаванд, ки гӯё дар ҳеч давру замоне ҳеч ҳизбу доҳиеро ситоиш накарда бошанд. Бо рафтани ҳамон коммунистраҳбарони матин ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба зону нишаст.

Шоҳкарим - коммунисте дар хидмати ҳизби ҳоким
Як замоне, 20 сол қабл ин ҳизб дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор аъзо дошт, имрӯз он чӣ Шабдолов мегӯяд, ки 70 ҳазор аъзо дорад, камтар касон бовар мекунанд. Дар 20 сол ин ҳизб беш аз 80 дар сади аъзояшро аз даст додааст. Масъалан, дар зодгоҳи ман як замоне дар ҳар хона як коммунист мезист, имрӯз ба ғайр аз муаллими Шоҳкарим, дигар як нафар коммунист нест. Ин муаллими коммунист дар интихоботҳо ба манфиати ҳизби ҳокими халқии демократӣ кор мекунад ва ҳатто барои номзади ҳизби коммунист овоз намедиҳад. Ҳизби сотсиал- демократро аз оғози бунёдаш, яъне аз соли 1995 то имрӯз Раҳматилло Зоиров сарварӣ мекунад.

Сотсиал- демократҳо низ тайи чанд соли ахир як нафаре пайдо намекунанд, ки раиси 16 сол сол боз бар курсӣ такя задаи хеш Раҳматилло Зоировро иваз намоянд. Яъне ҳизби коммунист ва ҳизби сотсиал- демократ дар такяи Шабдолов ва Зоиров ба по истодаанд. Аҷиб аст, ки ин аҳзоб даъвои қудрат доранд, вале як нафаре пайдо нест, ки раисонашонро иваз кунад.

Як замоне барои раисии ҳизб талош буд
Ёд дорам, моҳи ноябри соли 1999 анҷумани Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор гардида буд. Ба вазифаи раиси ҳизб чанд тан шахсияти арзандаву даъвогар бархост, ки миёнашон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси вақти "Тоҷиккомунсервис", Аслиддин Соҳибназаров, муовини аввали раиси Кумитаи андоз, Худойбердӣ Холиқназарзода, вазири меҳнат, Ҷумъабой Ниёзов, узви Комиссияи оштии миллӣ, Абдунабӣ Сатторзода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Ойниҳол Бобоназарова, раиси Бунёди "Ҷомеъаи кушода"- Фонди Сорос аз он ҷумла буданд. Воқеъан он замон Ҳизби демократ ба маънои пуррааш ҳизб буд. Шаш нафар шахсияти шинохта ҳар кадом омода буд, ки раҳбарии ҳизбро бар дӯш бигирад. Ва бо аксари орои вакилон Муҳаммадрӯзи Искандаров раис, Ҷумъабой Ниёзов, муовини аввали раис, Аслиддини Соҳибназар ва Худойбердӣ Холиқназарзода муовинони раиси ҳизб интихоб шуданд. Акнун суъол ин ҷост, ки оё ин ҳизб имрӯз ҳамчунин шахсиятҳои дар ҷомеъа шинохта ва потенсиали кадриро дорад, ки дар сурати ба истеъфо рафтани Масъуд Собиров, раиси имрӯзии Ҳизби демократ ҷойгузини ӯ шавад. Шахсан ман чунин шахсиятҳоро намебинам. Бо вуҷуди эҳтироме, ки ба дӯстам Ҳайдулло Абдуллоев, муовини Масъуд Собиров дорам, вале ӯро дар мақоми раисии ин ҳизб тасаввур карда наметавонам. Пас агар Собиров бихоҳад, ки аз раҳбарии ҳизби демократ канор биравад, ҷойгузини ӯ кист?

Агар Кабирӣ ба истеъфо равад…
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро аз соли 1993 то вопасин нафаси хеш, 14 августи соли 2006 Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (ёди азизаш ба хайр бод) раҳбарӣ мекард. Нурӣ бо вуҷуди он ки худ бунёдгузори ҲНИТ буд, 13 сол расман раисии ҳизбашро бар дӯш дошт ва дар зиндагиаш мақоми раҳбариро ба касе надод. Наҳзатиҳо мегӯянд, ки Нурӣ чанд бор хостааст то аз вазифа канор равад ва фарҳанги истеъфоро роиҷ созад, вале пайравонаш ӯро нагузоштаанд. Вале Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баъди сари хеш ду шогирду вориси сазовор Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва Муҳиддини Кабириро ёдгор гузошт. Ҳимматзода имрӯз нест, (Худо аз Ӯ розӣ бошад) вале Муҳиддини Кабирӣ муваффақона кори устодони шарифи хешро идома медиҳад. Ва аз ҳама раҳбарони аҳзоби сиёсии собиқаи беш аз як даҳсола дошта Кабирӣ ягона шахсиятест, ки ҳамагӣ панҷ сол боз раиси ҳизб аст. Ва ӯ дар як мусоҳибааш ошкоро изҳор дошта буд, ки барои рафтан аз мақоми раҳбарии ҳизб омода аст, вале ишораи нозуке дошт, ки агар анҷумани ҳизби наҳзат чунин бихоҳад. Вале суъоли матраҳ ин аст, ки оё анҷумани навбатии ҲНИТ хостори ба истеъфо рафтани Кабирӣ ҳаст? Ва агар чунин шавад, пас қоимақоми Кабирӣ кист? Ҳайит, Ҳусайнӣ, Сайидиброҳим?

Абдуҳалим Ғаффоров бояд дар муҳоҷират бошад?
Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистонро беш аз даҳ сол аст, ки Абдуҳалим Ғаффоров сарвар аст. Як ҳизбе содаву беозор, мисли раҳбараш. Ӯ ин ҳизбро бо кашмокашу хуни ҷигар шуданҳо аз Мирҳусайн Нарзиев гирифт. Мегӯяд, ки аксари аъзои ҳизбаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Пас, оё ин равост, ки аксари аъзои ҳизб дар ғурбат бори муҳоҷират бикашаду раиси ҳизб дар Душанбе кару фар карда бигардад. Фикр мекунам, раҳбари ҳизб бояд ҳамроҳи аъзову ҷонибдоронаш бошад, якҷо бо онҳо нешу нӯши зиндагиро бичашад. Ин як пешниҳод аст, вагарна ба ҳеч ваҷҳ намехоҳам, ки боз як тоҷике сар ба ғурбат бизанад. Агар Ғаффоровро ҳам рӯзе андешаву хоҳиши аз вазифаи раиси ҳизб рафтан ба ёдаш бирасад, кӣ ҷойгузини ӯ мешавад, намедонам. Зеро дар ин ҳизб танҳо Ғаффоровро медонам. Дар бораи ду ҳизби дигар, ки барқосо дар арафаи интихоботи президентии соли 2006 расман номнавис шуда буданд ва онҳоро баъзан расонаҳои хабарӣ аҳзоби «кисагӣ» ном мебаранд, яъне ҳизби аграрӣ ва ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ин ҷо чизе намегӯям. Раҳбарони ин аҳзоб аз шахсиятҳои шинохтаи кишвар ҳастанд. Ҳизби аграриро академик Амир Қарақулов ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодиро профессор Олим Бобоев сарварӣ мекунанд. Олим Бобоев ягона раиси ҳизб буд, ки ба илтифоти президенти кишвар ноил гардида ва чанд соле дар симмати вазири нақлиёт ва коммуникатсия фаъолият намуд. Дигар ҳеч раиси ҳизбе дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон вазир набудааст. 

Жириновский ва Зюганов ҳам ба истеъфо нарафтанд
Дар Русия низ Геннадий Зюганов мисли Шодӣ Шабдолов беш аз 20 сол раиси ҳизби коммунист, Владимир Жириновский ҳам беш аз ду даҳсола сарварии ҳизби либерал- демократиро ва Григорий Явлинский 18 сол ин ҷониб раиси ҳизби демократии "ЯБЛоко"-ро бар дӯш доранд. Имрӯз наметавон ҳизби коммунистро бе Зюганов, либерал- демократро бе Жириновский ва "ЯБЛоко"- ро бе Явлинский тасаввур кард. Вале фарҳанги истеъфо бояд роиҷ  шавад.     

Акнун суъол ин ҷост, ки фарҳанги истеъфо аз раҳбарии як ҳизби сиёсӣ кай дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана медарояд? Кадоме аз руасои аҳзоби сиёсӣ ин ҷуръату ҷасоратро дорад?

Толибшоҳи САЙИДЗОДА

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97