Инсон халифаи Худо дар замин аст

Сиёсат 12.08.2011 12:38

Muhammadi Ibrohim 23Ин масъала аз сатҳу вазъи андеша ва тафаккури диндории ҷомеъа маншаъ гирифта, баёнгари фаҳмишу амалияи динии афроди ҷомеъа мебошад, Аз ин назар баҳси ақл ва ақлоният як амри ҷиддию муҳим ба ҳисоб рафта, бар пӯёии фарҳанги динӣ таъсири ҷиддие хоҳад гузошт.

 

ПАНҶ НАВЪИ МАЪРИФАТ

Донишмандон дар ҳаёти ҷомеъаи инсонӣ панҷ навъ маърифатро табақабандӣ кардаанд, ки ҳар кадом ба даҳҳо ва ё шояд садҳо шоха тақсим мешаванд, ки иборатанд аз: Маърифати ақлӣ, маърифати динӣ, маърифати илмӣ, маърифати ҳунарӣ, маърифати шуҳудӣ.
Бе ягон муболиға метавон таъкид намуд, ки таълимоти ислом бар тамоми маорифи зикршуда, иҳота дошта, бахше аз таълимоти он марбут ба баҳсу масъалагузориҳои ақлӣ ва ақлонӣ мебошад. Ислом ба унвони ҷавонтарин дини осмонӣ ҳам ба мабоҳиси нақлӣ ва ҳам ба масоили ақлӣ таваҷҷуҳ дошта, ба унвони як мактаби комил роҳнамои башар буда ва ҳаст. Аз он ҷойе, ки ҷомеъаи мо як ҷомеъаи динмеҳвар ва динбовар аст ва бечуну чаро исломро ҳамчун мактаби эътиқодии худ қабул кардааст, фарҳанги он низ таҳти таъсири арзишҳои исломӣ қарор дорад. Ақлоният ҳамчун як намуна ё улгуи рафторӣ метавонад, дар ҳамаи бахшҳои зиндагии мо чӣ дар ҳавзаи дину диндорӣ ва чӣ дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва ғайра риоя ва амалӣ шуда, мусоидаткунандаи рушду тавсеаи ҳамаҷонибаи ҷомеъа ва кишвар гардад.

НАБОЯД ТАҚЛИДГАР БОШЕМ

Пеш аз онки ба мавзӯи дар боло зикршуда посух диҳем, аҳамият ва зарурати ин масъаларо таъкид карданиям, ки таваҷҷӯҳ намудан ба мавзӯи ақлоният дар шароити кунунии ҷомеъаи тоҷик як амри иҷтинобнопазир ва зарурӣ мебошад. Зеро вазъи зиндагӣ ва хосту талаботи асри ҳозир чунин тарзи зиндагиро металабад. Ҳамчун мусулмони муъосир набояд ҷомеъаи хурди мо танҳо бо зеҳнияти тақлидгар роҳи зиндагӣ ва ояндаи худро тай намояд. Қолабшикан ва рушдёбандагӣ низ дар ҳаёти маънавӣ лозим ва зарур гардидааст. Пешвоён ва рӯҳониёни тоҷикро лозим омадааст, то манзалати худро бо анҷоми хидматҳои шойиста, ҳамчун вориси пайғамбарон ҳифз кунанд. Ақлоният ҳамчун як тарзи фаҳмиш ва равиш барои ислоҳи ҷомеъа масъалаи муҳим мебошад. Воқеъан, уламо ва рӯҳониёни кишвар ҳарчанд дар солҳои охир каму беш ба масъалаҳои фиқҳӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, рисолаҳо ва китобҳо нашр намуда бошанд ҳам, вале дар масоили ақлонӣ ва фалсафӣ таҳқиқоту таълифот ё анҷом надодаанд ва ё агар анҷом додаанд, бисёр каму нокофӣ будааст, дар ҳоле ки ҷомеъа ба доштани чунин як фазои илмӣ низ ниёзманд аст.

ДИН БА СУБОТУ АМНИЯТ ПАЙВАСТ АСТ

Равандҳои тезу тунди ҷаҳонишавӣ, махсусан аз буъди фарҳангии он моро водор менамояд, то мутахассиси соҳаи динро бо силоҳи андеша ва мантиқи қавӣ муҷаҳҳаз намоем, то ҳам дар муқобили хурофоту тангназариҳои мавҷуда ва ҳам дар муқобили мактабу равияҳои динӣ-мазҳабии воридотӣ ҳофиз ва ҳимоятгари эътиқодоти солиму пешрафта дар ҷомеа буда, дар таъмини амнияти кишвар нақши мусбати худро гузорад. Зеро дар шароити имрӯзаи ҷаҳон ва минтақаи мо дар канори дигар омилҳо дин низ бо суботу амният вобастагии зиёде пайдо кардааст.
Вақте исломро дар маҳдудаи хосе аз маълумоти забоншинохтӣ, фиқҳ, сӯфимаслакӣ ва монанди инҳо омӯзиш диҳем, аз як рӯҳонӣ ё пешвои динӣ ҳам бояд интизор дар ҳамин сатҳ бошад. Вале ба назар мерасад, ба ҷойи шикоят аз уламои динӣ ё синфи рӯҳонии кишвар маорифи диниро ислоҳ ва тақвият бахшидан ва ҷавобгӯи зиндагии муъосир намудан зарур шудааст. Зеро дин ва бовар ба он як амри воқеъӣ ва исботшудаест, ки беш аз ҳазор сол аст, ки дар ҳаёти мо ҳузури фарогир дошта ва дорад. Пас бояд маърифати диниро аз ҳар ҷиҳати лозим такомул бахшид. Ба қавли Абӯнасри Форобӣ ҳам нақл ва ҳам ақл дар якҷоягӣ маърифати диниро шакл медиҳанд ва дар чунин як фазои мӯътадили фикрист, ки раванди рушди маънавии ҷомеъа масири мантиқии худро пурсамар тай менамояд.

МАФҲУМИ АҚЛ ВА АҚЛОНИЯТ ДАР ИСЛОМ

Ҳамон тавре  ки қайд гардид, бахше аз таълимоти Ислом, ки ба унвони баҳси ақида матраҳ аст, ҷаҳонбинии фалсафӣ ё ақлонии исломро дар бар мегирад ва аз ҳамон оғози зуҳури ин дин ба унвони бахши ҷудонашавандаи таълимоти он арзи ҳастӣ дорад. Агарчи раванди баҳамоии ақлу нақл дар фарҳанги динии мо фарозу нишеби хосси худро дошта ва дорад, аммо мутакаллимон ва файласуфони исломӣ ҳамчун қувваи асосии пешбаранда ва дифоъкунандаи ҷаҳонбинии ислом дар тамоми давраҳои буҳронӣ ба кӯмаки фақеҳон шитофтаанд. Онҳо на танҳо дар муқобили мухолифон забони бурранда ва мантиқи ғолиб доштаанд, балки муаммоҳои зиёдеро, ки дигарон бо он рӯбарӯ буда, низ ҳал намудаанд. Хонандаи мӯҳтарам метавонад ба вазъи илму дониши ҷомеъаи исломӣ дар замони хилофати Аббосиён таваҷҷӯҳ кунад. Зеро дар ҳамин давраи таърихӣ аст, ки марказҳои илмию пажӯҳишӣ ва ҳалқаҳои мунозираҳои мухталифи илмӣ ба авҷи худ расида, даҳҳо асари илмию фалсафӣ арзи ҳастӣ намудааст, ки ҳама аз ҷойгоҳи дониши ақлӣ дар канори дониши нақлӣ ҳикоят мекунад.

Аврупоиҳо ва ақлоният

Агар бо як таҳлили муқоисавӣ ба воқеъияти таърихӣ назар намоем ва ба ҳаёти пайравони яке аз динҳои бузург, яъне масеҳият таваҷҷӯҳ кунем, мушоҳида мешавад, ки баъд аз асри панҷуми мелодӣ вақте масеҳият ва таълимоти неоафлотуниён асоси андеша ва тафаккури аврупоиёнро ташкил дод, ақлоният аз муҳити фикрӣ ва фарҳангии он сарзамин фосила гирифт, чунки на масеҳият ва на таълимоти неоафлотуниён ба ақл чандон баҳо ва арзиш қоил набуда, баракс бо беэҳтиромӣ ва назари таҳқир ба он нигоҳ мекарданд. Аммо пеш аз ин дар Аврупо ақлоният собиқа дошт ва танҳо пас аз футӯҳоти Искандар ва шикасти Юнон буд, ки он фазои андешасоз ба рукуд ва муҳити андешасӯз мубаддал гардид.
Дар асрҳои 11-12 вақте ки осори ибни Сино ва ибни Рушд ва дигар андешаварзони мусулмон ба забонҳои аврупоӣ тарҷума шуд, аврупоиҳо бо ақлонияти арастуӣ ошно шуданд ва метавон таъкид кард, ки аз ҳамон давра буд, ки тухми тафаккури ақлонии Аврупо кошта шуд ва ҳамин тамаддуни наву қудратманде, ки имтиёзаш тавлиди илму андеша ва технологияҳои пешрафта аст, натиҷаи ҳамон ошноӣ ва истифода аз ақлоният аст. Аммо ин ошношуданҳо ва ҳаракатҳо низ бе мухолиф набуда, фишори зиёде ба намояндагони пешрави илму фалсафаи Аврупо ворид мешуд, ки аксари он аз ҷониби намояндагони калисо ва рӯҳониён анҷом мегардид.

ҚУРЪОН ВА ИСТИФОДА АЗ АҚЛ

Ин ниҳоди бонуфуз бо таваҷҷӯҳ ба таълимоти инҷилҳо ва эътиқоди пешвоёни он, яъне рӯҳониён ба таҳқири ақлу андеша мепардохт ва бо ҳар роҳу васила аз рушду пешрафти ин бахш аз илм пешгирӣ мекард. Дар таълимоти инҷилҳо омадааст, ки "Худо аз тафаккур хурсанд намешавад, балки аз ҷабру ҳайрат шод мегардад. Инсон агар нодон бошад, бештар ба саодат мерасад ва Худо мехоҳад, олимонро расво кунад".
Калисо ба ҳамин гуна мазмунҳо такя дошта, мутобиқи шароиташ ақлониятро дар он сарзаминҳо таҳқир мекард. Ин ниҳоди динӣ дар баҳси ақлоният се навъ ақлро матраҳ менамуд, ки иборат буданд аз; ақли илоҳӣ, ақли худбунёд ва ақли моддӣ.  
Албатта, метавон гуфт, ин масъалаҳои сохта ба фарҳангу муҳити исломӣ ҳам кашонда шудааст. Дар ҳоле, ки дар Ислом ва таълимоти қуръонӣ мо ҳаргиз шоҳиди таҳқири ақл нестем, баракс дар Қуръони карим такрор ба такрор зикр ёфтани вожаҳои яъқилун, таъқилун, улул абсор, ятафаккарун ва монанди онро мушоҳида мекунем, ки ба вуҷуди ин қувваи муҳим дар вуҷуди инсон ишора ва таъкид дорад. Шикоятҳои қуръон  низ ҳамеша аз мардуме ҳаст, ки аз истифодаи ин қувваи асосиву муҳим бебаҳра ё камбаҳраанд, ҳатто ояте ҳаст, ки аз аҳли дӯзах мепурсанд, ки чаро бо ин сарнавишт дучор шудаед? Мегӯянд: чашму гӯш ва ақлу ҳуши худро ба кор нагирифтем ва истифода нанамудем ва ин сарнавишти мо шуд. (сураи "Мулк", ояи 10.)

ОЁ САНГУ ЧӮБПАРАСТОН АҚЛ НАДОРАНД?

Воқеъан, ҷомеъаи мо пайрави дине ҳаст, ки ҳатто ба як шахси бесаводу оддӣ низ мегӯяд; усули динро бояд бо ақли худ қабул кунӣ. Дар таълимоти ислом қабули тақлидии  усули дин дуруст дониста намешавад, дар ҳоле ки калисо мегӯяд: дар айни нобоварӣ имон биёвар. Аз назари калисо имон зидди ақл аст, аммо ислом чунин андешаро зидди ҳаёт ва қонунҳои зиндагӣ медонад. Аз назари ислом ақл як қувваи худбунёде ҳаст, ки ҳеҷ зиддияте бо имон надорад. Баръакс, вақте  имону ақл ҳамзамон ба кор гирифта шавад, зиндагии инсон аз ҳар ҷиҳат бо камолу рушди худ дар ҳамоҳангӣ қарор мегирад, ки ин ҳамон ҳидоят аст. Аз ҳазрати Умар (р) пурсида шудааст, ки магар Шумо қабл аз Ислом ақл надоштед, ки бутҳову сангҳо ва ҳатто як донаи хурморо тавоф мекардед? Умар (р) ҷавоб додаанд, ки мо ақл доштем, аммо ақли мо ҳидоят надошт. Яъне, имоне, ки ҳидояти комилро доро бошад, дар зиндагии араби пеш аз ислом вуҷуд надошт. 
Дар ҳаёти инсон ду қувва барои фаҳм муаррифӣ шудааст, ки яке ҳис ва дигаре ақл аст. Албатта, дар мактаби тасаввуф бар кашфу шуҳуд ҳам таъкид гардидааст, аммо он умумӣ набуда, балки ба афроди хос тааллуқ дорад. Дар таърихи ҷомеъаҳои мусулмон масъалаи ақл ва эътибор ба он давраҳо ва хусусиятҳои гуногуни худро доштааст, ки пардохтан ба он мавзӯи дигареро металабад.

ИНСОН ХАЛИФАИ ХУДО ДАР ЗАМИН АСТ

Акнун ки ба мақому арзиши ақл дар ислом ишорае шуд, метавон ақлониятро чунин таъриф намуд: Ақлоният, яъне рафтор ё гароише, ки бар ақл  ва ҳукмҳои ақлӣ устувор аст. Ақл як қувва буда, ақлоният бошад, рафтору биниш мебошад. Масалан,  вақте  мегӯем, ки он мактаб ё дин ақлонӣ нест, ба ин маъно ҳаст, ки усулу фурӯъи он дин бар ақл устувор нагардидааст. Албатта,  наметавон ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти инсонро ақлонӣ донист, вале инро низ набояд фаромӯш кард, ки танҳо фарқи инсон аз мавҷудоти дигар дар ҳамин коромадии қувваи ақл дар вуҷуди ӯст.
Дар таълимоти ислом бар асолат ва каромати  инсон таъкид мешавад, зеро аз миёни ҳамаи мавҷудот инсон аст, ки халифа ва ҷонишини Худо дар замин интихоб шудааст, ки ободии дунёро бар дӯши худ мегирад. Бинобар ин худи ҳамин масъулиятпазирӣ аз тарафи инсон эътирофи мақоми ақл ва рафтори ақлонӣ доштани ӯ мебошад.
Аз назари ислом инсоне, ки қудрати фикр кардан ва андешидан надорад, таклифу масъулияте ҳам надорад, мисли кӯдакон ва шахсони ноқисулақл. Дар таълимоти ислом инсоне, ки болиғ ва рашид мешавад, бояд бо ақли худ дар пайи ҳақиқат бошад, ҷустуҷӯ кунад, бипурсад, таҳлил намояд ва баъд аз он интихоб кунад.

РАФТОРИ МО ҶАВОБГӮИ ТАЛАБОТИ ИСЛОМ НЕСТ

Шакку тардиде, ки Декарт, файласуфи аврупоӣ матраҳ намуд, дар асл муътазилиёни мусулмон 500-600 сол пеш аз ӯ шакли комили онро матраҳ сохта буданд. Дар ҷомеъаи мо вақте дар бораи ҷаҳонбинии исломӣ баҳсу мунозираҳо баргузор мешавад, гоҳе бе ягон асоси қонеъкунанда ва огоҳии дуруст аз таълимоти ислом ба он таънаи догматизм зада мешавад ва гӯё дин (ислом) мағзи инсонро хушк мекарда бошад. Аммо таълимоти кадом дин чунин хислатро дорад, таълимоти ислом ё дини дигар?
Ин тарзи фаҳмиш асосан мероси давраи гузашта, гоҳе аз рафтори баъзе афрод ва қисме аз рӯҳониён маншаъ мегирад, ки воқеан ҷойи баҳс дорад. Аммо шояд Ислом танҳо дине ҳаст, ки ҳамаи маърифатҳои дар боло зикршударо ҳамзамон дар таълимоти худ ҷой дода аст. Агар зиндагӣ ва рафтори мусулмонон,  махсусан рафтори ҷомеъаи мо ҷавобгӯи талаботи ислом ва зиндагии муъосир нест, ин чизи дигар ва баҳси дигар аст.
Воқеъан, баъзе урфу одатҳои даступогире дар ҷомеъаи имрӯзи мо амалӣ мешаванд, ки дар бисёр ҳолатҳо тавҷеҳи динӣ надошта, балки бо мабонӣ ва усули ислом низ дар таззод мебошанд. Лекин мардум онҳоро ҳамчун амале, ки дин ба он дастур додааст, иҷро мекунанд ва мутаассифона аз идомаёбии ин гуна амалҳо қисме аз рӯҳониён ҳимоя намуда, дар он манфиати хешро мебинанд.  Аммо ин далел намешавад, ки бе мутолиа ва таҳқиқ дар таълимоти ислом ба он тӯҳмати догматизм зада шавад.

АВОМИЛИ ЗАЪФИ МАҚОМИ АҚЛ

Омили дигаре, ки сабаби заиф шудани мақоми ақл дар фарҳанги динӣ ва рафтори ҷомеъа шуда, омили таърихӣ мебошад, яъне дар гузашта рӯҳониёни бонуфуз ва пешвоёни динӣ то ҳудуди зиёде монеъи мабоҳиси ақлӣ шуда, аз пешрафту такомули он ҷилавгирӣ  мекардаанд. Махсусан, замоне ки тариқатҳои тасаввуф ва мактабҳои тасаввуфӣ ривоҷ ёфт, бархӯрди мафҳуми ишқ бо мафҳуми ақл мавзӯи асосии осори шахсиятҳое чун Имом Ғаззолӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Шайх Наҷмиддини Розӣ ва садҳо шахсияте аз ин қабил  бузургон қарор гирифт, дар ниҳоят аз ҷойгоҳ ва арзиши корбурдии ақл ва ақлоният дар фарҳанги динӣ коста шуд.
Албатта, фиқҳи ҳанафӣ ҳамчун мактаби роҳнамои амалияи динӣ истинботҳои ақлиро аз тариқи қиёс дар худ ҳифз кардааст. Аммо сояи қавии фарҳанги тасаввуф ва тариқатгароӣ коромадии онро то ҳудуде заиф намудааст. Дар фарҳанги тасаввуф ҳаққи пурсишу савол вуҷуд надорад ва мурид дар муқобили муршид ва пири худ ҳеҷгуна пурсише наметавонад дошта бошад. Муршид ақлу фаҳми куллест, ки ҳар амри ӯ воҷиби итоат ва анҷом аст. Бинобар ин чунин тарзи диндорӣ ва равишу фаҳмиш ҷойгоҳи ақлро ки ҳикмати ҳар амреро мехоҳад дарк намояд, заифу нокоромад мегардонад. Шикояти қисме аз файласуфони мо ҳам аз ҳамин тарзи фаҳмиши дин аст. Аз ин рӯ, фурсати он фаро расидааст, ки дар фаҳмиши дин ва равишу биниши диндорӣ аҳамияти фаротар аз нигоҳи суфигароёна ва фиқҳӣ дода шавад ва улуми ақлия ва заминасозии фаҳмиши ақлонии дин низ рушд ёбад.

Муҳаммади  ИБРОҲИМ, пажӯҳишгар

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97