Худсӯзии даҳшатбор дар Нуробод

Сиёсат 12.08.2011 12:36

A Sukhtagi 22Тоҷинисо Раҷабоваи 26 сола рӯзи 30 июн бар асари бемории сӯхтагӣ соати 11-рӯз пас аз даҳ рӯзи беморӣ дар манзили падараш дар деҳаи Яхчи ноҳияи Нуробод аз олам даргузашт ва барои баъзе аз намояндагони ҳукумати ин ноҳия "вазъияти фавқулода" ба охир расид. Аз ин зани бечора як духтари хурдсол - Ширини 3 сола боқӣ мондааст.

Тоҷинисо рӯзи 19 июн, соати 9-и бегоҳ дар манзили шавҳараш дар деҳаи Кумбаки ҳамин ноҳия худро оташ зад ва соати 10-и шаб ба беморхонаи марказии ноҳия интиқол дода шуд. Қиссаи ғамангези худсӯзии Тоҷинисо печидагиҳои зиёд дорад, вале воқеа бар асари хушунати хонаводагӣ - муносибати хушунатбори аҳли хонаводаи шавҳараш сар задааст.

МУАММОИ АВВАЛ

Раҷабова Тоҷинисо, пас аз он ки аз тарафи хушдоман ва хоҳарони шавҳараш аз деҳаи Кумбак, ҷамоати Яхак-Юсти ноҳияи Нуробод ронда мешавад, муддати 15 рӯз дар хонаи падараш дар деҳаи Яхч зиндагӣ мекунад. Рӯзи 16-уми июн шавҳараш Ғайзулло Сафаров, ки дар маҳалли Испечаки шаҳри Душанбе дар иҷоракорӣ буд, бо телефон ба ӯ занг мезанад, ки ба хонааш биёяд, вале Тоҷинисо мегӯяд, ки ӯро хушдоманаш бо духтаронаш аз хонааш рондаанд. Шавҳараш мегӯяд, ки ӯ ҳоло дар Душанбе аст, вале Тоҷинисо то деҳаи Сариҷӯй (4 км то Яхч ва 15 км то Кумбак) биёяд, бародараш ӯро ба хонаашон меорад. Чун бародари шавҳараш ӯро ба деҳаи Кумбак ба хонааш меорад, маълум мешавад, ки шавҳараш дар хона будааст, вале ба ӯ дурӯғ гуфтааст.
Дар маҳаллаи Испечаки шаҳри Душанбе, дар маҳалли сохтмоние, ки  Сафаров Ғайзулло кор мекунад, ҳамкоронаш гуфтанд, ки Ғайзулло пеш аз воқеа барои модараш 300 сомонӣ пул равон кардааст ва мо-дараш дере нагузашта, ба зудӣ ӯро ба деҳа даъват кардааст. Ва пас аз 2 - 3 рӯзи рафтанаш ин воқеа рух додааст. Тоҷинисо дар хонаи падараш ба апааш Гуланор гуфтааст, ки хушдоманаш ва хоҳарони шавҳараш ӯро аз хона пеш кардаанд. Тоҷинисоро, ба гуфтаи худаш, пас аз он ки ба хонааш бармегар-дад, аҳли хона бо таҳқиру дашном истиқбол мегиранд. Вай се рӯз тоқат мекунад, вале дар рӯзи охир ҳавсалааш ба сар меояд ва худро оташ мезанад. Дар ин воқеа рафтори шавҳараш Ғайзулло хеле мармуз ва пурсавол аст. Агарчи ӯ мисли як ҷавони бехабар аз воқеа ва ғамхор ба занаш вонамуд мешуд, вале даъвати таъҷилии модараш ба деҳа, хомӯшии ӯ дар баробари бадрафтории модару хоҳаронаш нисбат ба занаш ҳазор савол халқ мекунад.

МАНБАИ ХУШУНАТ

Хушдоманаш - Мӯъминова Зайналбӣ, хоҳарони шӯяш Ҷумъагули 20 сола ва Сафаргули 17 сола, ки дар рӯзҳои баъдӣ нисбат ба арӯси оташсӯхтаи хонадонашон худро ғамхор вонамуд мекарданд, ба гуфтаи муфаттишон, дар ин воқеа "қаҳрамони асосӣ" ҳастанд.
Насим Раҳимов - корманди шӯъбаи ҷустуҷӯии ШКД-и ноҳия ба хабарнигорон гуфт, ки тафтишот рӯшан кардааст, ки Тоҷинисо бар асари фишору таҳдиди хушдоман ва хоҳарони шавҳараш ба ин кор даст задааст ва парвандаи ҷиноиро муфаттишон ба Бӯров Қудратулло - муфаттиши прократуруи ноҳия супоридаанд. Муфаттиш Н. Раҳимов гуфт, ки Тоҷинисо дар рӯзи аввали пурсиш гуфтааст, ки дар натиҷаи оташи танӯр сӯхтааст. Вале дар рӯзи дуввуми пурсиш иқрор кардааст, ки хешовандони шавҳараш ӯро барои гуфтани ин дурӯғ маҷбур кардаанд. Муфаттиш Раҳимов гуфт, ки Тоҷинисо дар рӯзи дуввуми пурсиш муфассалтар сӯҳбат карда ва гуфтааст, ки хушдоман ва хоҳарони шавҳараш, пас аз бозгашт ба хонааш дубора ӯро аз хона ронданӣ шуданд, рӯзҳои дароз ӯро таънаву маломат мекарданд ва ӯ дигар тоқат наоварда, худро оташ задааст. Яъне ин воқеаи нангин бар асари фишори рӯҳиву равонӣ рух додааст.
Дар сайти радиои "Озодӣ" аз торихи 30.06 2011 навишта шудааст, ки "Ҳангоми бозпурсии муфаттиш, бародари Тоҷинисо Зарробиддин низ ҳузур доштааст, аз забони Тоҷинисо дар бораи худсӯзии хоҳараш нақл мекунад: "Гуфт, ки мана хушдоману қайсингилҳоям (хоҳарони шавҳар) ҷанг карданд ва гуфтанд, ки бо шаттакорӣ (лагадкӯбӣ) аз хона берунат мекунем. Хоҳарам то ин ҳодиса 15 рӯз дар хонаи мо буд, лекин ба хонаи хушдоманаш баргашту баъди се рӯз ин ҳодиса рух дод".
Ба қавли шоҳидон, вақте ки шавҳари Тоҷинисо ба вай занг мезанад, ки аз хонаи падараш баргардад, Тоҷинисо ба ҳарфи шавҳараш гӯш дода, ба хонаи хушдоманаш бармегардад.
Як шоҳиди айнӣ мегӯяд: "Вақте, ки вай ба хонаи шавҳараш баргашт, қайсингилҳояш шӯриданд ва гуфтанд, ки ба зӯр ӯро ба хонаи падараш бурдаанд, боз чаро баргаштааст. Пас аз ин хархаша, Тоҷинисо ночор ба худсӯзӣ даст мезанад".
Бародаронаш Заробиддин, апааш Гуланор, хешовандони дигараш аз деҳаи Яхч ҳангоми сӯҳбати муфаттишони ноҳия бо ҷабрдида иштирок доштанд, ки сабти шаҳодати онҳо мавҷуд аст.

МУАММОИ ДУВВУМ

Дуруст аст, ки бар асари оташ ҳамаи бадани Тоҷинисо сӯхта буд. Аммо барои мо хабарнигорон, як воқеият хеле пурмуаммо ба назар мерасид. Тасаввур кунед, қариб ҳамаи бадани Тоҷинисо, аз ҷумла рӯяш сӯхта буд, вале танҳо мӯи дарози сараш, ки олудаи "солярка" буд, аз сӯхтан эмин мондааст.  Ба назари шумо аҷиб нест? Охир, мӯи инсон, ки худ як маводи сӯзанда аст ва ба болои ин дар "солярка"-и оташангез тар аст, чаро бо сӯхтани қариб тамоми бадани Тоҷинисо оташ нагирифтааст? Як ҳолдон мегуфт, ки мӯи ҷабрдидаро пас аз сӯхтан, дар солярка тар кардаанд, вагарна бо ин сӯхтане, ки ӯ сӯхтааст, ҳеч наметавонист, ки мӯи аз солярка тар оташ нагирад. Вале ку муфаттиши боадлу инсоф, ки ин муаммо ва муаммои рафтори "мусичаи бегуноҳ" - шавҳари Тоҷинисоро фош кунад?
Бо вазъияте, ки дар ин чанд рӯзи охир миёни хабарнигорон ва мақомоти хурду калони ин ноҳия ба вуҷуд омадааст, бо бовар метавон гуфт, ки дигар ҳеҷ муфаттише қудрат ва ҷуръати тафтиши ҷиддӣ ва боинсофонаи ин воқеаро надорад. Ба назар мерасад, ки ҳамаи дастандаркорони ин воқеа ҳамроҳ бо хешу табори Тоҷинисои ҷавонмарг қарор кардаанд, ки дар бораи ин воқеа ба ҳеҷ кас чизе нагӯянд ва ҳатто вонамуд кунанд, ки чунин воқеа нашудааст.

КУҶОСТ САВГАНДИ ГИПОКРАТ?

Рӯзи 22.06. 2011, соати 9. 45 мо чанд нафар хабарнигор дар беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод будем. Аз Хоҷаев Киромуддин - мудири шӯъбаи ҷарроҳӣ хостем, то дар бораи вазъи бемор ба мо маълумот бидиҳад. Аммо ӯ гуфт, ки бе иҷозати сардухтур Шомуртазоев Саймирзо чизе гуфта наметавонад. Ҷаноби Саймирзо дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, ки пас аз 15-20 дақиқа худаш ба бемористон меояд ва ҳамаи вазъиятро шарҳ медиҳад. Аммо интизории мо пас аз 3 - 4 соат ба сар омад, чунки аз акаи Саймирзо дигар дарак нашуд.
Ин ҳамон ҷаноби Шомуртазоев аст, ки се рӯз пеш аз марги Тоҷинисо, барои халос шудан аз мушкил, ҷасади нимҷони ӯро (ба гуфтаи худашон 92-95% сӯхта) ба бемористони шаҳри Душанбе равон кардааст. Бемори нимҷон Тоҷинисоро дар бемористони Душанбе қабул накарданд ва гуфтаанд, ки чаро чунин беморро задаву куфта ба Душанбе овардаанд? Хешовандон ӯро дубора ба ноҳия бурданд, вале ин бор ба хонаи падараш. Бо ҳамин Шомуртазоев ва табибони ҳозиқи шаҳраки Комсомолобод аз масъулият халос шуданд. Ин масъулияти табибест, ки ба фармудаи Гипократи бузург савганд хӯрда ва беморро аз дармонгоҳ берун кардааст, то ин ки бимирад, вале ёрии ночизи худро аз ӯ дареғ доштааст.

ҲАЙ-ҲАЙ, ҶАНОБИ СИЯМАРДОВ, ё КОММУНИЗМ ДАР НУРОБОД!

Кормандони телевизиони "Ҷаҳоннамо" барои ошноӣ бо воқеа ба ноҳияи Нуробод ва деҳаи Яхч рафтанд. Вале мақомоти ҳукумати маҳаллӣ сафари онҳоро шояд чун "амали террористӣ" қабул карданд ва раиси ноҳия Саидамир Сиямардов бо корманди ТВ "Ҷаҳоннамо" дар рӯзи истироҳат ба кабинеташ даъват карда, ҷангу ҷанҷол мебардорад, онҳоро тарс медиҳад, бадгӯиву таҳқир мекунад. Сиямардов дар ҳузури хабарнигорон ба раиси Кумитаи радио ва телевизион Асадулло Раҳмонов занг мезанад. Ва ба журналистон фармон мешавад, ки ҳеч коре накарда ба Душанбе баргарданд.
Дар ин миён рафтори раиси ноҳия Саидамир Сиямардов, раиси ҷамоати Яхак-Юст ва чанд балегӯю ҳамроҳони онҳо, ки сафари хабарнигорони телевизиони "Ҷаҳоннамо"-ро ба як ҳодисаи даҳшатбор нисбат дода, сару садоро дар тамоми қаламрави ноҳия баланд карданд, як бадрафторӣ ба озодии баён аст. Даъвои асосии онҳо ин буд, ки чопи мақола ва намоиши телевизионии ин ҳодисаи пеш аз ҳама иҷтимоӣ - ин шарманда кардани ноҳия аст! Яъне дар Нуробод, одамон намемиранд, бо ҳам ҷангу хархаша намекунанд ва ҳеч мушкил надоранд. Ин ҷо коммунизм ғалаба кардааст.
Дар чанд рӯзи охир раиси ҷамоат Т. Абдуллоев ва чанд мансабдори дигар атрофи хонаи Раҷабовҳо ва тамоми деҳаи Яхчро ба зери назорат гирифта буданд ва аз хонаи аввали даромадгоҳи деҳа ҳамаро назорат мекарданд, ки ҳеҷ журналисти "хира" вориди деҳа нашавад. Ин ҳамон категорияи ба истилоҳ, рӯшанфикронанд, ки ҳамеша худро ғамхори мардум медонанд, ба гарданашон тавқ баста, дар назди мардум боифтихор қадам мезананд. Вале агар рафтори касе ба онҳо писанд наафтад, онро дар назди раҳбарон ба андозае сиёҳ мекунанд, ки аз ҳазор душман бадтар маълум мешавад. Ин корро баъзе "рӯшанфикрон"-и Яхч амалӣ карданд. (Мо ин далелҳоро дар ҳар шакле сабт кардаем, аммо ба хотири осудагии шоҳидон номи онҳоро намегирем, зеро бархе мақомдорон ба сарашон бало меоранд).
Мақомдорони Нуробод дар ин ҳодисаи нангин аз як амали хушунатбори дигар ҳам истифода кардаанд. Бародарону хоҳарони ҷабрдидаро таҳдид кардаанд, ки ба ҳеҷ кас дар ин бора сухан нагӯянд, зеро "дар ин деҳа бояд зиндагӣ кунанд-ку!". Ҳоло, ҳатто пас аз марги Тоҷинисо ҳам наздиконаш ҷуръат надоранд, дар бораи марги хоҳарашон чизе бигӯянд. Кор ба ҷое кашидааст, ки пайвандони Тоҷинисои ҷавонмарг аз гуфтани оддитарин сухан дар бораи фарзанди падарашон метарсанд.

ТАРСИ УМУМӢ ДАР НОҲИЯ

Пас аз марги Тоҷинисо ба мақомоти ноҳия занг задем, то аз рафти тафтишот огоҳ шавем, вале ҳама аз посух гуфтан сар мепечиданд. Дар ин миён Саймирзо Шомуртазоев - сардухтури ноҳия ба аҷаб суханҳои берабту бепоя ва бемасъулиятона гуфтааст. Ӯ аз шарҳи ҳоли бемор,  ҳангоми дар бемористон буданаш фирор мекунад. Вай дар сӯҳбати телефонӣ аз хабарнигорон бо исрор талаб мекард, ки ба Нуробод ба назди ҷанобашон бираванд, он гоҳ вай вазъи беморро шарҳ медиҳад. Вале рӯзи 22. 06. 11 чанд нафар журналист беш аз 3 - 4 соат дар саҳнаи беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод мунтазири ташрифи ваъдашудаи ҷаноби Шомуртазоев шуданд, аммо ҷанобашон кор доштанд, бинобар ин ба бемористон наомаданд. Агар ҳоло бишнаванд, ки кадом журналист ба Нуробод омадааст, ӯ ҳатман худро "дар Душанбе мегирад".
Охир, инсоф бояд дошт. Воқеаи Нуробод як воқеаи зиндагии ҷомеаи башарист, ки бо айби ҳукумат ва ҳамаи мардум нашудааст. Балки амалан як воқеаи иҷтимоист, ки дар бисёр нуқтаҳои дунё чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд. Ва хабарнигорон ин воқеаро барои он нашр мекунанд, ки минбаъд дар сар задани чунин ҳодисаҳо пешгирӣ ба амал биёяд, на "барои шарманда кардани як ноҳия" - ончуноне ки Сиёмардов ва дигар мансабдорони ин ноҳия ҳамаро бо ин сухан метарсонанд.
Мо боварӣ дорем, ки ҳеҷ гоҳ мақомоти баландпояи Тоҷикистон, ҳукуматдорони асилу бофарҳанг барои нашру пешгирии он мухолиф нестанд. Хабарнигорони асил ин мавзӯъро на барои он чопу нашр мекунанд, ки рейтинги хабаргузориҳояшонро баланд бардоранд. Балки хабарнигор дар назди мардум масъулият дорад, ки воқеаро бигӯяд, барои пешгирии он аз коршиносон маслиҳат пешниҳод кунад. Имрӯзҳо чандин созмонҳои хориҷӣ барои пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ барномаҳои гуногунро дар Тоҷикистон ба роҳ андохтаву кор мекунанд. Хушунати хонаводагӣ танҳо дар Нуробод нест, балки ин дарди калон дар ҳама ҷо мавҷуд аст. Ва мақсади одамони боандеша пешгирӣ аз бадбахтӣ, тарбия ва огоҳ кардани мардум, якҷоя амал кардан бо мақомоти ҳукуматӣ барои дигарбора рух надодани чунин воқеоти мудҳиш аст, на чизи дигар.
Сарнавишти Тоҷинисо дар Тоҷикистон ҳодисаи ягона нест, балки ҳар сол даҳҳо занони ҷавону духтарон бар асари хушунати хонаводагӣ ва моҷарои хонаводагӣ худро ба оташ мекашанд ё ба дарё меандозанд.
Ба навиштаи сайти "Озодӣ", "Саодат Мӯъминова  корманди Кумитаи занҳои Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҷамоатҳои ноҳияҳо машваратхонаҳо фаъол ҳастанд, вале сокинони навоҳии дурдаст, хусусан ноҳияҳои кӯҳистон мегӯянд, ки аслан чунин машваратхонаҳо вуҷуд надоранд.
Ҳарчанд роҳбарони Кумитаи зан ва оилаи Тоҷикистон мегӯянд, мизони худкушии занон бар асари хушунат коҳиш ёфтааст, аммо бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои масоили занону кӯдак дар Тоҷикистон мегӯянд, ки мизони хушунат дар Тоҷикистон дар нисбати як панҷсолаи қабл 13 дарсад афзудааст.
Созмони занони маълумоти олидор дар Тоҷикистон мегӯяд, ки роҳи аслии коҳиш додани мизони хушунат, боло бурдани маърифати занон, махсусан дар деҳоти дурдаст мебошад.
Тибқи иттилоъи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ки соли гузашта бо ҳадафи мубориза бо зӯроварӣ як маркази вижа таъсис додааст, хушунат на танҳо дар дохили хонаводаҳо, балки хориҷ аз ин доира низ вуҷуд дорад. Тибқи ин манбаъ, аз 70 то 80 дарсад шикоёте, ки ба вазорат ворид шудаанд, 55% мавориди хушунат дар хонаводаҳо будааст.

Шоҳзодаи Нур,
махсус барои «Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97