Кишвардор беҳтар ё президент?

Сиёсат 12.08.2011 12:33

Умед Ҷайҳонӣ як ҷавони ҳушманду озода ва фарҳехтаву худшинос, як тоҷики огоҳу соҳибандеша, ки дар шаҳри Маскав зиндагӣ дорад, аз тариқи Фейсбук назароту пешниҳодоти ҷолиберо сари масоили забон, имло, ному номгузорӣ матраҳ месозад, ки ба андешаи ин ҷониб донистани он ҳама барои хонандаи "Миллат" аз манфиат орӣ нест.

Ҷойи зикр аст, ки имрӯзҳо як идда ҷавонони огоҳу донишвар ва миллатдӯсту соҳибназар дар дохилу хориҷи кишвар умр ба сар мебаранд, ки воқеъан андешаҳояшон омӯзанда ва назару пешниҳодоташон ҷолиб аст ва бояд (!) ин ҳама бойиси таваҷҷуҳ ва баррасии Марказҳои тадқиқотиву омӯзишии давлату ҳукумат бошад. Ва ҳадафи ин марказҳо ҳам бояд кашфи истеъдодҳо ва омӯзишу баррасии афкору пешниҳодоти шаҳрвандони огоҳу соҳибназар ва ба ҷомеъа ироъа намудани онҳо бошад. Як ҷавони донишпажӯҳи тоҷик ба исми Фирдавсии Нуралиён, ки дар шаҳри Қоҳира фаъолият дорад, дар шабакаи ҷаҳонии Интернет сомонае бо унвони "Анҷумани адабиёт ва забони тоҷикӣ" созмон дода, ки як кори хеле муҳим ва иқдоми шойиставу ватанхоҳонаест. Кореро, ки бояд Кумитаи забон ва истилоҳот, Академияи улуми кишвар ё Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ, забон, адабиёт ва мероси хаттӣ анҷом медоданд, ки накарданд. Ва Фирдавсӣ, ворису номбардори ҷадди оламшинохтааш Ҳакими Тӯсӣ тани танҳо кори як Пажӯҳишгоҳро анҷом дода ва имрӯзҳо ният дорад, ки аз ҳисоби бародарони бедордил ва хоҳарони фарҳехта гурӯҳи кориеро барои тарҷумаи торнамоҳои маъруф созмон бидиҳад, бо дастандаркорону мудирони Фейсбук дар тамос шавад ва забони тоҷикиро низ бар зимни забонҳои ҷаҳонӣ ва интернетӣ шомил созад. Ва агар дар ин ҷода комёб шавад, ба торнамоҳои дигар мисли Твиттер, Майл.ру, Йаҳу ва ғайра бипардозад. Чӣ иқдоме бузургу сутуданӣ! Кореро, ки бояд ҳукумат барои забону миллаташ бикунад, вале накардааст ва маълум ҳам нест, ки кай мекунад. Ва бори миллат, нангу номуси ҷаҳонӣ сохтани забони давлатии кишварро як ҷавони донишвар, як ҳамватани азизу мӯҳтарами мо бериё, бемаъошу бевазифа, беминнату бетамаъ ва ҷавонмардонаву ҷасурона бар дӯш гирифтааст, ки Худо тавфиқаш диҳад ва комёбу растагор бошад. 
Масъалаи ному номгузории муассисоту созмонҳои давлативу ҳукуматӣ як масъалаи хеле баҳсталаб ва бойиси бознигарии зуди зуд аст. Бубинед, имрӯз ба ҷои кӯтоҳу мӯъҷаз навиштану гуфтани масъалан, "ҳукумати ноҳияи Рӯшон" аз ибораи чанд ошёнаи "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон" кор мегирем. Оё чандошёна навиштани номи як кумитаву ташкилот магар пешравие ба кори он меорад? Ё ба касе обрӯву иззат ва савлату ҷалол мебахшад? Оё касеро дидаед, ки гуфта бошад:
-Ман ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи… рафта будам?!
 НЕ! Касе чунин нагуфтааст ва ҳам нахоҳад гуфт. Ҳама мегӯянд: Ба ҳукумати ноҳияи … рафта будам. Сода, фаҳмо ва одӣ! Ва агар номи он ташкилот "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия" бошад, пас чаро раҳбарашро кӯтоҳу осон раиси ноҳия ном мебарем, на раиси мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия?! Чанде қабл пешниҳоде ҳам матраҳ шуда буд. ки ба ҷойи вожаи лотинии "президент" дар навиштору гуфтори тоҷикӣ мафҳуми «Кишвардор» мавриди истифода қарор бигирад. Масъалан, бигӯем ё бинависем, ки Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва фикр мекунам, ин хеле хушоянду ҷоуфтодаву ҷаззоб аст. Ба ҳамин хотир мо тасмим гирифтем, ки чанд пешниҳоди тозаи Умед Ҷайҳониро ба дасти чоп диҳем ва баҳсу баррасии ин мавзӯъро ба муҳокимаи озоду ошкорои хонанда ҳавола намоем.
Маҷлис, Шӯро ё Анҷуман?

Моддаи 9- и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом мекунад, ки "ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад". Бар асоси моддаи 48- и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти қонунгузор - мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Тоҷикистон, "Маҷлиси Олӣ" ном дорад, ки аз ду Маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
"Маҷлис" вожаест арабӣ ва дар забони форсии имрӯз се маъно дорад;
1. ҷое, ки гурӯҳе дар он гирд омада ва нишастаанд;
2. ҷое, ки аъзои қувваи қонунгузорӣ (маъмулан намояндагони интихобӣ) гирд меоянд;
3. ниҳоди қонунгузорӣ

Дар замони Шӯравӣ ингуна ниҳодро "шӯро" меномиданд, ки муодили истилоҳи русии "совет" буд. "Шӯро" низ вожаест арабӣ ва дар забони форсии имрӯз дар чаҳор маъно ба кор меравад;

1.амал ё фароянди гирд омадани гурӯҳе дар як маҳал барои машварат кардан;
2.гурӯҳе, ки барои машварат дар коре гирд меоянд;
3.ниҳоде, ки аъзои он барои ройзанӣ ва тасмимгирӣ дар мавриди корҳои муайяне интихоб шудаанд;
4.       маҳалли истиқрори он ниҳод.
Муодили ин вожаҳо дар забони тоҷикӣ "анҷуман" аст, ки дар порсии миёна "hanjaman" ва дар авестоӣ "*han-jamana-" (аз "*hanjamana-" дар иронии бостон ба маънии ҳамгом шудан) буда, ба маънои "ҳамоиш" ва "ҳамандешӣ" аст. Бино бар додаҳои таърихӣ, дар гаҳи бостон бузургону раҳбарони тираву таборҳои ориёӣ "анҷуман" меоростаанд ва якеро "сарвари анҷуман" интихоб ва масоили рӯзгорашонро баррасӣ ва ҳаллу фасл мекардаанд. Ин шеваи раҳбарӣ дуруст маънои "парламент"-ро дорад ва аз он дар "Авесто" борҳо ёд шудааст. Дар забони форсии имрӯз "анҷуман" гурӯҳеро гӯянд, ки барои ройзанӣ ва ҳамфикрӣ дар роҳи дастёбӣ ба ҳадаф ё ҳадафҳои муайян дар ҷое гирд меоянд ва ҷои гирд омадани он гурӯҳро низ чунин меноманд". Вожаи "анҷуман" аз назари маъноӣ қобили муқоиса аст бо вожаи аврупоии "конгресс" (ниҳоди қонунгузорӣ дар бархе аз кишварҳо), ки бозмонда аз лотинии "congressus sum" аст, ба маънои "гирди ҳам омадан".
Ин вожа дар мӯътабартарин фарҳангҳои забони форсӣ, аз ҷумла "Луғатномаи Деҳхудо" ва "Фарҳанги забони тоҷикӣ", ба маънои маҷлису маҷмаъ омадааст ва раиси маҷлисро "сарвари анҷуман" овардаанд бо мисоле аз Ҳазрати Шайх Саъдӣ, ки фармуда:

Басе саъй кардам, ки
фарзанди ман,
Пас аз ман шавад сарвари анҷуман.

Бо дар назар гирифтани ин собиқаи таърихӣ ва бори маъноӣ, мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Тоҷикистонро метавон "Анҷумани Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва раиси онро "Сарвари Анҷуман" номид.Барои парҳез аз такрори тӯтивори вожаи "маҷлис" дар ибораи "Маҷлиси намояндагон ё Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" беҳтар аст, ки Маҷлиси миллӣ номгардон ва "Шӯрои миллӣ" номида шавад. Ҳамчунин дар пайравӣ аз шеваи кишвардории Ашкониён ин ниҳодро метавон "Меҳистон" номид ё ин ки Маҷлиси намояндагонро "Кеҳанҷуман" ва Маҷлиси миллиро "Меҳанҷуман" хонд.

РАЁСАТ Ё ДАФТАР?

Истилоҳи расмии "Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргардон аз истилоҳи русии "Управление государственной службы при Президенте Республики Таджикистан" аст. Пеш аз он ки барои ин истилоҳ муъодил ҷустуҷӯ кунем, аввал бояд донем, ки "хизмати давлатӣ" чист ва "хизматчии давлатӣ" кист?
"Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хизмати давлатӣ (Душанбе, "Эҷод", соли 2009, саҳ. 472) ин истилоҳотро чунин таъриф мекунад:
"Хизмати давлатӣ (хизмати давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ) - фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудааст".
"Хизматчии давлатӣ - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол намудааст".
Ин таърифҳо баргардон аз русӣ ҳастанд ва дарёфтанашон басо душвор аст. Аммо дар пешгуфтори ҳамин "Санадҳо" гуфта мешавад: "Махзанҳои таърихӣ исбот намуданд, ки давлат ва давлатдории аҷдодони мо аз ҳазорсолаи дуюми пеш аз милод ифтитоҳ меёбад. Дар бораи аз ин қабл низ арзи ҳастӣ намудани салтанатҳои тоҷикӣ ҳам сарчашмаҳо гувоҳӣ медиҳанд".
"Дар тӯли қарнҳо давлатдории тоҷикон борҳо дучори таназзул гашта аз нав эҳё ва такомул ёфтааст. Ташаккули давлати Сомониён мисоли нодири таърихшумули давлатэъмории тоҷикон буда, дар ин марҳилаи таърихӣ идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии ниёгони мо омӯзгори оламиён гардид".
Кордорон дар замони Сомониён
Чун ин санад аз Сомониён ва давлаташон ёд мекунад, низоми кишвардории ин дудмонро баррасӣ кардам. Низоми кишвардории Сомониён баргирифта аз подшоҳии Сосониён буд. Дар замони Сосониён "хизматчиёни давлатӣ"- ро "кордорон"  меномиданд. Ҳамин истилоҳ дар замони Сомониён низ корбурд дошта ва Фирдавсии бузург дар "Шоҳнома" аз он фаровон баҳра бурдааст. Чунончӣ, ҷое аз забони Ардашери Бобакон гӯяд:

Набояд, ки аз кордорони ман,

Зи сарҳангу ҷангӣ саворони ман.
Бихуспад касе дил пур аз орзӯй,
Газоянда бо мардуми некхӯй.

Дигар
ҷо оварда:
Чу рафтӣ сӯи кишваре кордор,
Бад- ӯ шоҳ гуфтӣ дирам хор дор.

"Луғатномаи Деҳхудо" ба нақл аз дигар фарҳангҳои тафсирии порсӣ оварда; "кордор" - вазири подшоҳро гӯянд ва "кордорон" ҷамъи он аст, ки "вазирон" бошанд, омил, волӣ, ҳоким, соҳибмансаб, вакил, маъмур.
"Фарҳанги забони тоҷикӣ" низ "кордор"-ро "корпардоз, иҷрокунандаи корҳо, амалдор, мансабдор" гуфта ва аз Садри Зиё намуна овардааст: "Ҳазрати эшон … ба ҳеҷ коре муқайяд намегаштанд, … корҳо билкулл маътал мемонд, кордорон ва талабагон музтару ҳайрон мешуданд".
Ин намунаҳо гувоҳанд, ки истилоҳи "кордор" дар забони порсии тоҷикӣ ЯК ҲАЗОР СОЛ (аз Ҳаким Фирдавсӣ (935 - 1020) то Садри Зиё (1865 - 1932)) корбурд дошта аст. Ҳамин истилоҳро Фарҳангистони забону адаби порсии Ирон ҷойгузини истилоҳи фаронсавии "charge d'affaires" ("уҳдадори умур") кард, ки он "маъмури сиёсиест, ки дар ғиёби сафири мухтор ва ё сафири кабир муваққатан намояндагии давлати худро назди давлати дигаре уҳдадор мешавад". Баробари русии "кордор" "поверенный в делах" аст. Ин истилоҳ дар Тоҷикистон корбурд надорад ва бояд ба ҳамин маънӣ пазируфта шавад.
Дигар вожае, ки метавонад ҷойгузини истилоҳи "хизматчиёни давлатӣ" шавад, "коргузорон" аст. Бино бар тафсири "ФЗТ", "коргузор" "касест, ки корҳоро анҷом медиҳад". Носири Хусрав дар "Сафарнома" оварда: "Дар он шаҳр марде буд, ки вайро Абулъало Маъарӣ мегуфтанд. Нобино буд ва раиси шаҳр ӯ буд. Неъмате бисёр дошт ва бандагону коргузорони фаровон ва худ ҳама шаҳр ӯро чун бандагон буданд".
Як вожаи дигар "корсоз" аст, ки "ФЗТ" онро "анҷомдиҳандаи кор, хидматгузор, мададгор" маънӣ карда ва "Деҳхудо" низ ҳамин маъниро бо ашъоре аз бузургони шеъру адаби порсӣ таъид мекунад.
Акнун натиҷа бояд гирифт, ки кадоме аз ин истилоҳот порситар аст; "хизматчии давлатӣ", "кордорон", "коргузорон" ва ё "корсозон"? Бечуну чаро "хизматчиёни давлатӣ" порсӣ нест. Вожаҳояш гӯё, ки порсиянд, аммо қолабу рехту бофташ порсӣ нест. Аммо ҳар кадом аз он се вожа, ба танҳоӣ ва бе сифату муайянкунандаи "давлатӣ", ин мафҳумро мерасонанд.         
Аз ин рӯ, қолабу рехту бофти истилоҳи расмии "Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" низ порсӣ нест. Гуфтем, ки он баргардон аз истилоҳи русии "Управление государственной службы при Президенте Республики Таджикистан" аст.
Болотар зикр кардем, ки қолабҳои вожасозии русӣ бо сохторҳо ва қоидаҳои забони порсӣ созгор нестанд. Ҳамин "коргузорӣ" дар забони порсӣ худ ба маънии "управление делами" аст (ниг. Фарҳанги тоҷикӣ-русӣ, сарвожаи "КОРГУЗОРӣ"), аз ин рӯ, ниёзе нест, ки "раёсат" ва "идора" бад- он часпонда шавад.     
Бар ин асос, ин ниҳодро кӯтоҳу расо метавонем "Дафтари коргузорӣ"  биномем.

"Саридораи геология ё Созмони заминшиносӣ?"
Номи "Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" рӯбардошта аз "Главное управление геологии при Правительстве Республики Таджикистан" аст. Ҳамтои ин саридора дар Ирон "Созмони заминшиносӣ ва иктишофоти маъдании кишвар" ном дорад. Ҷолиб аст, ки номи ин созмон дар англисӣ "Geological Survey of Iran" аст, ки баргардон аз порсӣ нест.
Бо таваҷҷуҳ ба хешкории ин ниҳод (ниг. http://www.gst.tj/), онро метавон "Созмони заминшиносӣ ва конҷӯӣ" ё "Созмони заминшиносӣ ва конпажӯҳӣ" номид.

ОЁ ДОНИШСАРОИ АЙНӢ БЕҲТАР НЕСТ?


Равиши имрӯзаи номгузорӣ дар кишвари мо реша дар замони Шӯравӣ дорад ва бо суннати номгузории тоҷикӣ созгор нест. Номи донишгоҳҳо, фарҳангсароҳо ва дигар ниҳодҳои омӯзишӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ қолаби русӣ дорад ва бо корбурди ибораи "ба номи" сохта шуда, ки баргардони вожаи русии "имени" аст. Номгузорӣ бо корбурди ибораи "имени" дар забони русӣ низ пешинаи камтар аз 100- сола дорад ва пас аз инқилоби болшевикии Русия саросари кишвари Шӯравиро фаро гирифт.
Номгузорӣ бо корбурди "ба номи" барои мардуми порсизабон аз беху бун бегона аст. Аз ин рӯ, номҳое чун "Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ" ва ё "Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ" тоҷикӣ нестанд.
Дар забони порсӣ "донишгоҳи омӯзгорӣ"- ро "донишсаро" меноманд (ниг. сарвожаи "Донишсаро" дар "Луғатномаи Деҳхудо"). Аз ин рӯ, муъодили дақиқи номи 8-ошёнаи "Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ" "Донишсарои Айнӣ" мешавад. Ин ном дар қолаби "Мадрасаи Низомия" ва "Мадрасаи Мири Араб" рехта шуда ва тоҷикӣ аст.
Ҳамин вожаи "донишсаро" қолабе шуда барои сохтани "фарҳангсаро" ва дигар вожаҳо, аз ҷумла муъодиле барои "театр". Азбаски "намоиш" дар забони порсии имрӯз ҳам муъодили истилоҳи "театр" аст ва ҳам "спектакл" ва театрро пештар "намоишхона" низ мехонданд, метавон сохтмонашро "намоишсаро" ва хешкорияшро "иҷрои намоишномаҳо" таъриф кард. Афзун бар ин, операву балету спектакл ҳама шохаҳое аз ҳунарҳои намоишӣ ҳастанд ва "намоишсаро" метавонад номе муносиб барои "театр" бошад. Бино бар ин, ба ҷои номи 8-ошёнаи "Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ" кӯтоҳакак метавон "Намоишсарои Айнӣ" гуфт.
"Донишсаро", "фарҳангсаро" ва "намоишсаро" ҳама дар як қолаб сохта шуда, ки пешнамунааш "корвонсаро" аст.
Умед Ҷайҳонӣшаҳри Маскав

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97