Аҳмад Валӣ Карзай: «Карзай подшоҳ будан мехоҳад»

Сиёсат 12.08.2011 12:25

AhMad Vali 20 MasudСубҳи 5 июли соли равон дар меҳмонсарои "Пойтахт"- и шаҳри Душанбе таҳти унвони "Низоъ ва сулҳофарӣ  дар  Афғонистон: вазъ  ва  пешомад"  мизи гирде доир шуд, ба кори хеш шурӯъ намуд. Ин Мизи гирд бо ибтикори  Кумитаи  сулҳ ва  ризоияти Тоҷикистон,  маркази  таҳқиқи  Афғонистон  ва  минтақа, созмони  "Маркази  технологияи сиёсии  "Полит - Контакт" сурат мегирад.

Ҳамойиши мазкур ду рӯз идома ёфта дар он як  қатор  масъалаҳои  муҳими   марбут  ба  ҷанбаҳои  иҷтимоии ихтилофоти  Афғонистон, омилҳои сиёсӣ  ва  хусусияти  онҳо  дар  ихтилофоту  низои  Афғонистон  мавриди баҳсу баррасӣ  қарор  мегиранд. Дар кори ин ҳамойиш коршиносону сиёсатшиносон ва намояндагони Сафоратҳои Афғонистон, Ирон, Покистон, Узбакистон, Қазоқистон, Русия, аз ҷумла сиёсатмадорони шинохтаи Афғонистон Аҳмад Валӣ Масъуд, бародари сипаҳсолори зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд ва раиси Бунёди байнулмилалии Аҳмадшоҳи Масъуд ва Латифи Пидром, шоир, раиси Ҳизби Кунгураи миллӣ ва вакили Парлумони ин кишвар ширкат ва суханронӣ намуданд. Махсусан суханронии Аҳмад Валӣ Масъуд хеле ҷолиб буд. Аз ин рӯ тасмим гирифтем, ки он суханрониро ба таври муфассал пешниҳод намоем.

АҲМАД ВАЛӢ МАСЪУД:
"ЯК ДАВЛАТИ ДУР
АЗ МАРДУМ ДОРЕМ."

Нухбагони Афғонистон, давлатмардони Афғонистон дар тӯли таърих дар муқобили ҳам низоъ доштанд, кашмокаш доштанд, кашмокашҳои хонадонӣ ва низоъҳои қавмӣ. Ва ин кашмокашу низоъҳо бойиси он шуд, ки дар Афғонистон як давлати муқтадири миллӣ ба вуҷуд наояд, ниҳодсозӣ сурат нагирад ва ҳар тарафе, ки шикаст хӯрд, аз кишвари ҳамсоя ё давлате тақозои кӯмак кард ва ба ҳамин тартиб пойи кишварҳои минтақа ва лашкаркишиҳои ҷаҳонӣ ҳам ба Афғонистон дохил шуданд. Ва аз ҳамон аввали таърих мебинем, ки мушкили аввалии Афғонистон дар байни худи афғонҳо мушкили раҳбарӣ ва мушкили қудрат буда ва аз ин мушкил кишварҳои хориҷ истифода карданд ва рақобатҳои минтақаӣ боло гирифт ва лашкаркашиҳои ҷаҳонӣ сурат гирифт, ки мутаассифона қурбонии бузурги он мардуми Афғонистон буда. Дар тӯли таърих мардуми мо фақат қурбонӣ дорад, ҳадди ақал дар се даҳаи ахир милюнҳо мардуми Афғонистон кушта шуданд. Ин як масъалаи одӣ нест. Ва имрӯзҳо, ки дар иртибот ба масоили сулҳ дар Афғонистон сӯҳбат мешавад бояд аз ин фарзияҳо ва формулҳо ё ибороти содангоронаи сулҳ ё ҷанг фаротар биравем. Бояд дар иртибот ба ҳалли масоил ва шакли асосӣ ва сохтори қудрат ва эҷоди тафоҳум ва муштаракоти худ ҳарф бизанем. Дар ин робита ба ду мавзӯъи охире, ки мехоҳем ҳарф бизанем ин аст, ки ман ба он андеша мувофиқам, ки  мушкили асосӣ мушкили раҳбарии афғонҳо аст. Мувофиқам, ки Афғонистон иқтисод ё зарфияти иқтисоди хуберо дорад. Аммо мутаассифона раҳбарони сиёсии Афғонистон натавонистанд аз ин иқтисоди хуби Афғонистон истифода ба манфиати миллат кунанд. Ва ба ҳамин нисбат буда, ки иқтисод натавонист тавассути сиёсат раҳбарӣ шавад. Ва имрӯз мушкили калон дорем, ки Афғонистон минҳайси як бори дӯши иқтисодӣ ба гардани ҷаҳони берун афтида. Мувофиқам бо онҳое, ки мегӯянд, ибтидо мушкил мушкили худи нухбагони сиёсии Афғонистон аст. Аммо дар айни ҳол бояд бигӯям, ки падидаи хатарноки терроризм қаблан гуфтам, ки як падидаи ҷаҳонӣ аст, ҳадди ақал чаҳор омили уҳда дорад. Як омили он заъфи давлати Афғонистон аст. Омили дуввуми он бозиҳои дугонаи Покистон ва эҷоди марофизи терроризм ва полисаи Покистон дар худи Покистон аст. ҳич  кас наметавонад инро инкор кунад. Магар чанд моҳ қабл бо вуҷуди инкори мукаррари Покистон, ки гӯё онҳо терроризмро ҳимоя намекунанд оё Усома бинни Лодан ва ҳамроҳонаш дар наздикии пойтахти Покистон- Исломобод кушта нашуданд? Оё даҳҳо ва садҳо террорист дар худи Покистон дастгир ва кушта нашуданд? Оқои Парвиз Мушарраф, ки ҳамвора инкор мекард, ки дар Покистон маркази террористӣ қарор надорад, оё билохира масъулини баландпояи Покистон ва садри аъзами феълии ин кишвар эътироф накарданд, ки дар худи Покистон терроризм вуҷуд дорад?! Бародарони покистониамон набояд инро инкор бикунанд. Бигузоред то ин ҳамаро якҷо ҳал кунем. Ба дӯстони покистониам мегӯям, ки ман робитаи наздик бо хонум Беназир Буту доштам, бо сафири имрӯзии Покистон дар Афғонистон муносибату равобити нек дорам. Бо бисёре аз дӯстони покистонӣ дар ин бора зиёд сӯҳбат мекунем. Онҳо ҳам мӯътариф ҳастанд, ки як мушкили калон дар минтақа ҳаст ва инро набояд инкор кунем. Мардуми Покистон аз он месӯзанд ва мардуми Афғонистон ҳам қурбонии ин мушкил мешаванд. Ва биёед бубинем, ин мушкил аз куҷо пайдо шуд? Оё аз ин набуд, ки низомиёни Покистон ворисии тарҳеро карданд, дар иртибот ба сиёсати минтақа, ки бойиси ба вуҷуд омадани мушкилоти калон дар минтақа шуд, Афғонистон қурбонӣ шуд, мардуми Покистон феълан домангири он мушкил ҳастанд ва ҳам бойиси он шуд, ки кишварҳои дурдаст вориди минтақаи мо шуданд. Инро бояд эътироф кунем. Пас, чӣ тур бояд кард то масъаларо ҳал кунем? Ду омили дигар ки бойиси пешқадам будани терроризми ҷаҳонӣ шуда, яке ғафлати нирӯҳои сиёсии миллӣ дар Афғонистон ва ҳам ғафлатҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ аст. Инро набояд мо аз ёд бубарем. Мушкили Афғонистон ҳамчунон боқист, ки иртибот дорад бо мушкили минтақа ва ҷаҳон. Дар охир фақат мехоҳам бигӯям, ки замоне, ки аз заъфи давлати Афғонистон ёд мекунем ва замоне, ки мегӯем рақобати миёни нухбагонӣ дар Афғонистон дар тӯли таърих вуҷуд дошта ва ба он нисбат буда, ки дар Афғонистон давлати муқтадири миллӣ бо машрӯъияти боло ба вуҷуд наомадааст ва ниҳодсозӣ сурат нагирифта ва қудрат ба шакли ҳуқуқӣ тақсим нашуда ва қудрат дар инҳисори як нафар ё як гурӯҳ буда, пас ба ин сурат мо мерасем ба имрӯз, ки аз муддати даҳ сол ба ин тараф ҳукумати Афғонистон таҳти сарварии оқои Карзай ин мушкилро дорад. Аз рӯзи аввале, ки оқои Карзай омад, ҳадди ақал як сол баъдаш шурӯъ кард ба ҳасби руқабои сиёсии худ. Шурӯъ кард, ки чӣ тӯр битавонад ба қонуни асосии Афғонистон дастбурд дошта бошад. Чӣ тур бикунад қонуне бисозад, ки худаш подшоҳи мутлақи Афғонистон бошад. Магар имрӯз намебинем, ки чӣ мушкилотеро худи раҳбарии Афғонистон дар дохили кишвар ба вуҷуд оварда? Магар мушкили ҳукумат ва парлумонро намебинем? Магар мушкили эҷоди кумисюнҳои ғайриқонуниро намебинем? Магар мушкили "Кобулбонк", мушкили калони иқтисодиро, ки дар он масъулини давлатӣ ва наздикони оқои Карзай шомил ҳастанд, намебинем? Ин мушкилот аз ҷойи дигар наомад, ин мушкили ҳукуматдорон аст. Мо бо эҳтиром ба ҷаноби Сафири мӯҳтарами Афғонистон дар Тоҷикистон хостем, ки масъаларо бисёр рӯшан бигӯем. Мо мушкили аввалии худро дар Афғонистон дорем, ки мутаассифона бойиси мушкилоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ шуда мисле, ки мо дорои як давлати нобакор, фосид, мутақаллиб, ғайримашрӯъ ва дур аз мардум дорем. Ин мушкили аввалист. Пас чӣ тӯр мо метавонем дар Афғонистон як сулҳи пойдору доимӣ ба вуҷуд биёрем? Ҳатто сулҳеро бо Толибон дошта бошем, дар ҳоле ки марҷиати эътимоди миллӣ вуҷуд надорад. Як давлате, ки мардум ба он эътимод дошта бошад, вуҷуд надорад. Чӣ тӯр мешавад ин механизми хубе барои эҷоди як сулҳи пойдор дар Афғонистон бошад?  Мутмаъин бошед дӯстон, сулҳеро, ки феълан ҳукумати оқои Карзай унвон карда ва як теъдод аз кишварҳои ҷаҳон ҳам дар ақиби он ҳастанд, фақат бозиҳои истихборотист. Ин сулҳи худи Карзай аст. Магар Афғонистон камтар зарфият дошт, агар мешуд, ки раҳбарии сиёсиаш як раҳбарии муваффақ мебуд. Мо мушкилоти зиёд дорем ва намехоҳам зиёд вақти шуморо бигирам.
Бисёр ташаккур!

Толибшо
ҳи САЙИДЗОДА

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97