Мавлавӣ Қосими Раҳим: «Кабирӣ бехато нест»

Сиёсат 12.08.2011 11:56

Mavlavi Qosim 18МОРО РИЗВОНӢ МЕГУФТАНД

- Яъне Шумо дар зиндон пуштибонии ҳизби хешро эҳсос мекардед?
- Бале, бародарони ҳизбиям, устодон ва дӯстону ошноҳо тӯли муддати 8 сол аз ман пуштибонӣ ва бароям дуо карданд.

- Мехоҳам баргардем ба замони ҳиҷрат, ба Афғонистон, ки он ҷо Шумо масъули умури молӣ будед. Мегӯянд, ки ихтилофи собиқ қумандони аршади Иттиҳоди мухолифини тоҷик Ризвон Садиров бо Шумо маҳз сари ҳамин буд, ки вазифаатонро ба як нафари мавриди эътимоди худаш бидиҳад.
- Ман Ризвонро, аввалин бор дар Афғонистон дидам. Ризвон, худро ба Устод Нурӣ алайҳираҳма хеле наздик кард, бо мо ҳам аввалҳо муносибати хуб дошт. Дар аввал намедонистем чӣ мақсад дорад. Баъзе аз бародарон аз ин нороҳат шуданд ва моро, яъне Устод Нурӣ, банда ва мулло Абдуғаффори Бурҳон (Худо раҳматаш кунад)-ро ризвонӣ ном мебурданд. Бо гузашти замоне ошкор шуд, ки мақсадҳои шуме дорад, ҳадафаш нобуд ва пароканда кардани ҳаракати наҳзат, раҳбарони он ва ба даст овардани қудрат ва тасарруфи молу дороӣ буд. Дар даврае, ки банда қойиммақоми устод Нурӣ будам ва устод Нурӣ барои музокираи сулҳ ва табобат берун аз Афғонистон буд, Ризвон ба Афғонистон омад ва дасиса ва тавтиъаеро мехост роҳандозӣ кунад, аммо бо лутфи илоҳӣ ва ҳушёрии раёсат ба шикаст мувоҷеҳ шуд. Ҳар шахси мухолиф ва муқобили худро мехост нобуд кунад. Бинобар ин дар пайи террори Устодон Нурӣ, Тураҷонзода, Ҳимматзода ва банда ва мулло Абдуғаффори Бурҳон ва дигар бародарон шуд. Ӯ як шахси худхоҳ ва шарур буд.

МУҲИМ НОМИ ҲИЗБ НЕ, АМАЛКАРДИ ОН АСТ

- Баҳсҳое ахиран дар атрофи номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сурат гирифт. Ба назари шумо, ки аз ибтидо узви ин ҳизб ҳастед, оё ин беҳтар нест, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам аз ҳамин ҳизби Адолат ва Тавсеъаи Туркия, ки ахиран дар интихоботи парлумонии Туркия бо сарварии Раҷаб Тайиб пирӯзӣ ба даст овард, ибрат гирифта, тағйири ном кунад, ва гомҳои фаротаре бигузорад. Зеро баъзеро мавҷуд будани вожаи ислом дар номи ҳизб мояи тарсу нороҳатӣ ва нигаронии баъзе афроду гурӯҳҳо, махсусан доираҳои сиёсии минтақа ва Ғарб аст.
- Аз он ки Ҳизби адолат ва тавсеъаи Туркия бо интихоботи шаффоф ба пирӯзӣ расид, тамоми афроди бедори дунё ин рӯйдоди муборакро хуш истиқбол намуданд. Онҳо чӣ гуна муваффақ шуданд? Бале, онҳо бо барнома ва рушди ҳамзамону ҳаматарафаи маҷмӯъи арзишҳои инсонӣ ва исломӣ мисли адолату озодӣ, демократия, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динӣ ҳаракат карданд, на фақат бо ришу ҷелаку сала ё бо галстуку причёска, балки бо донишу хираду андеша. Ман фикр намекунам, ки будани калимаи ислом дар номи ҳизби наҳзат дар ҷомеъаи Тоҷикистон мояи тарсу нороҳатӣ ва нигаронии баъзе афроду гурӯҳҳо, махсусан доираҳои сиёсии минтақа ва Ғарб бошад. Балки ҳизби наҳзати исломӣ як ҳизби созандаву пешрав ва мӯътабару шинохташуда ва бо ҳамин исм машҳур ва эътироф шудааст. Ин ҷо номи ҳизб муҳим нест, амалкарди ҳизб муҳим аст. Номи ин ҳизбро мардуми пайрави ин ҳизб интихоб кардааст, баръакс бо ҳамин исми исломӣ, ҳизби наҳзат бояд беҳтарин талош ва хидматро анҷом бидиҳад. Бале, шояд ҳастанд аъзои наҳзат, ки хидмате барои Ислом анҷом надодаанд ва шояд аъзои аҳзоби сиёсии дигар бошанд, ки барои Ислом бештар хидмат кардаанд.

БАЪДИ ҲИММАТЗОДА РАҲБАРИ МАЪНАВӢ КИСТ?

- Ҳамин пешниҳодот ва назару андешаҳои Шумо дар Раёсати олии ҳизбатон ё аз ҷониби раиси ҳизб қобили қабул дониста мешаванд?
-  Назару андешаҳоямро ҳамеша дар ҷаласоти олии ҳизб гуфтаам. Манзури шумо агар  назароти иброзшуда дар ҳамойиши солона ва ин мусоҳиба бошад, ин фикрҳо матраҳ шудаанд, аммо баъзе аз аъзои Раёсати олии ҳизб инчунин меандешанд ва баъзеҳои дигар андешаҳои мухталиф доранд.

- Замоне, ки устод Нур
ӣ аз ин олам гузашт, устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати ислом эълон шуд. Домулло Ҳимматзода ҳам гузаштанд. Ва имрӯз ҲНИТ бе раҳбари маънавӣ аст, оё намешавад Мавлавӣ Қосимро ба ин симмат бипазиранд? Агар Шуморо наҳзатиҳо пешвои маънавӣ интихоб кунанд, қабул доред?
- Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода олими баркамол, мутафаккир ва шахсияти бузург ва нодири ин кишвар буданд ва аз абармардони илмӣ-динӣ- сиёсии ҳизби наҳзати исломӣ мебошанд. Эшон дар ҳоле  ки олими варзида буданд, пас аз ҳашт соли таъсиси ҳизб ба узвияти он дохил шуданд. Яъне ибтидои соли 1982 ба ҳизб омаданд. Дар даврони дар ҳизб будан хадамоти бузург ва осори фикрӣ ва илмии дурахшоне аз худ бар ҷой гузоштааст. Ҷойгоҳи ӯ дар сатҳи устод Нурӣ мебошад, барои ҳамин ӯро мо ба симмати раҳбари маънавӣ пазируфтем. Банда ҳатто дар фикру тасаввурам ин сухани шумо нест ва худро лоиқи ин вазифа дар ин ҳизби илоҳӣ намебинам ва фақат ман як бандаи Худо ва хидматгори дин ҳастам.

ТАЪРИХИ ҲНИТ- РО ТАҲРИФ КАРДААНД

- Шумо қаблан гилае аз таърихнависони наҳзати ислом кардед, ки гӯё баъзе воқеъиятҳоро нодида гирифтаанд ва таърихи ин ҳизбро то ҷое таҳриф кардаанд.
- Бале, гиламанд ҳастам, ки таърихи ҳизби наҳзати исломиро ноқис ва номукаммал ва ҳатто таҳрифшуда рӯи коғаз овардаанд. Таърихнависӣ равишу усули шинохташуда, меъёр ва шароити илмии худро дорад. Шахсони таърихнавис ҳам бо доро будани хусусиёт ва вижагиҳои шахсии хос ва риояти шароити мазкур таърих бинависанд, вагарна таърихи навиштаашон ғайриодилона ва номукаммал ва беэътибор мешавад. Агар бо ин равиши ғалат таърихнависӣ идома ёбад, ҳадаф ва рисолати таърихнигорӣ мунҳариф ва ҳаққи таърих ва воқеъиятҳо адо намешавад. Албатта ҷамъбаст ва тадвини таърихнависӣ муддатзамони муайяне тӯл мекашад то холис ва шаффоф шавад. Бар ҳар сурат тавсияи банда ин аст, бо риояти усули илмии таърихнигорӣ ва аз тамоми шахсони иштирокчӣ ва калидии гузашта ва дар қайди ҳаёт буда, ҳамчун далел, ҳуҷҷат ва санади зиндаи таърихи 38 солаи ҳизб чӣ дар ҳоли ҳозир дар ҳизб ҳастанд ё нестанд, истифода шавад.

КАБИРӢ дар давраи ҳассос раис шуд

- Муҳиддин Кабирӣ ба андешаи Шумо чӣ гуна одам аст, дар раҳбарии ҳизбе, ки Шумо аз поягузорон ва аввалин узви он ҳастед, муваффақ ҳастанд?
- Бародари гиромиам Муҳиддин Кабирӣ шахсияти барҷаста ва машҳури Тоҷикистон, олим ва донишманди ҷавон ва таҳсилкардаи донишгоҳҳои олии дохилӣ ва хориҷӣ, дунёдида, шахси дипломат ва сиёсатмадори баркамол аст, соҳибфикру соҳибназар ва лоиқ ва сазовори раисӣ ҳаст. Такомулёфта дар ҳизби наҳзати исломӣ ва иршодёфтаи устоди марҳум Нурӣ мебошад. Давраи раисии ӯ ба сабаби даргузашти раҳбари ҳизб устод Нурӣ давраи бисёр ҳассос, пурхатар ва нозук буд. Ҳар лаҳза эҳтимоли тафриқа ва парокандашавӣ дар дохили ҳизб вуҷуд дошт. Ин давраи ҳассосро ҳизб бо лутфу инояти илоҳӣ ва бо ҳамкории тамоми бародарони Раёсати олӣ бо тавсияҳои раҳбари маънавӣ устод Ҳимматзода бисёр муваффақ пушти сар кард. Аммо ҷойгоҳи раиси ҳизб дар бароварда кардани аҳдофу барномаи ҳизб бисёр калидӣ ва муҳим мебошад, инсон бекамбуду хато нест ва баъзе ҳолатҳо ва мавридҳо ҳаст, ки амалкарди нопухта ва ноқис сурат пазируфтааст. Аммо мусаллам аст, ки ҳизб ба пешрафтҳо ва муваффақиятҳои назаррасе ноил гардидааст.

ДУ ҶОНИБИ СУЛҲРО МЕБИНЕД?

- Мо дар остонаи як рӯйдоди бисёр муҳим 14- умин соли ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қарор дорем. Оё ҳамин сулҳе, ки шуд он хостаҳои Шумо, яъне раҳбарияти мухолифини собиқро, ки Шумо ҳам як нафари эшон ҳастед, бароварда сохт?
- Хостаи аслӣ ва асосии мо сулҳу субот ва иззату каромати инсон буд ва қисман, яъне аслитаринаш бароварда шуд, аммо қисми дигар қурбонии қисми аслитарин шуд, ки ҳифзи сулҳу субот ва амнияту осоиши миллати азизамон буд. Ба назарам, ки дар сояи сулҳу субот ба арзишҳои волои инсонӣ ва адолату пешрафт мерасем. Албатта сулҳ саҳми ду тараф ва заҳмати ду ҷониб аст.

- Ва Шумо ҳамин ду ҷонибро имрӯз мебинед?
- Биёед инро ҳавола ба мардум мекунем. Мардуми мо огоҳанд, бояд бовар кунем ва қазовати мардумро қабул кунем. Ба ҳар ҳол ин сулҳу ваҳдат пирӯзии миллат буд ва дар охир ин рӯзи Ваҳдатро барои мардуми азиз муборакбод мегӯям. Аз Худованд иззату ободии миллат ва кишварро хоҳонам!

- Ташаккур аз Шумо, барои ин с
ӯҳбати озоду ҷолиб. Сиҳатманду сарбаланд бошед!
- Худованд Шумо ва аҳли қалами "Миллат"- ро нигаҳбон бошад.

Сӯҳбаторо
Толибшоҳи  САЙИДЗОДА 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97