«Бомба» - ҳои зери хок нуҳуфтаи Вахшонзамин

Сиёсат 12.08.2011 11:52

Doruposhak 17» Чаро водии Вахшро дар гузашта вилояти сӯхта ё водии заҳрогин ном мебурданд?
» Оё истеҳсолкунандагони маводи кимиёии «Теодан», «БИ-58», «Дуст» ва «Севин» аз ин заҳрхимикатҳо дар заминҳои кишварзии худ истифода мекарданд?
» Чӣ ҳукумати Шӯравиро водор намуд, ки аз истифодаи заҳрхимикатҳои органикӣ худдорӣ кунад, кашфи теодан дар шири модарон, ё манъ шудани воридоти равғани истеҳсоли СССР ба Ғарб?
» Хатари мазори заҳрхимикатҳо ё «бомба»-ҳои дар хок нуҳуфта.
» Сиёсати давлатии «тиллои сафед» ва заҳрҳои рангоранг.
» Вахшонзамин водии зархез ё мавзеъи таҷрибавӣ барои коромӯзони Кремл?

 

ВАХШ ВОДИИ ЗАРХЕЗ Ё ОЗМОИШГОҲИ ЗАҲРХИМИКАТҲО?

 Насли коргари замони Шӯравӣ хуб дар хотир доранд, ки тӯли солҳои 1960- 1980 ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ кишвари худро ҳамчун давлати дар марҳилаи ободонию бозсозиҳо муаррифӣ менамуд. Аммо дар паси ин «танга» нисбат ба мардуми Осиё сиёсати дигаргуна «пахта-бойигарии мо» ҳукумрон буду барои Кремл аз солимии инсонҳо ва ояндаи ин мардумон дида манфиати молӣ болотар меистод. Вагарна чӣ гуна дар як кишвари аз ҳар ҷиҳат ҳатто илму дониш ҳам пешрафта шиъори «химиякунонӣ асоси рушди соҳаи кишоварзӣ» рӯи кор омада, барои нобуд кардани кирми пахта заҳрхимикатҳои қотиле мисли «Теодан», «БИ-58», «Дуст» ва «Севин», ки ба солимии истифодабарандагон ва муҳити атроф низ хатарнок буд, фаровон истифода мешуд. Дар он замон бисёр мушкил буд, ки нафари худогоҳе аз доираи кашидаи сиёсати вақт берун пой гузошта, садо баланд кунад, ки водии Вахш минтақаи зархез аст, ё мавзеъи таҷрибавии кимиёгарони русу Аврупо?
Ҷамол Камолов, агрономи маъруф аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ иброз медорад, ки дар солҳои 70- уми асри гузашта ӯ дар масъалаҳои манъ кардани дорупошӣ тариқи ҳавопаймо ва ба ҷойи заҳрхимикатҳои сахттаъсири «Теодан», «БИ-58», «Дуст» ва «Севин» истифода бурдани заҳрҳои камтаъсир, пайваста бо ҳукуматдорони ноҳия дар муноқиша қарор дошт. Чандин маротиба мақомоти вақт барои зидди «сиёсат» баромаданаш ӯро мавриди пурсишу истинтоқ қарор додаанд.
Ҷамол Камолов мегӯяд: «Баъди таҷрибаҳои пинҳонӣ бовар ҳосил кардам, ки доруи ба одамон камтаъсири «олтингӯгирд»- ро, ки барои куштани ҳашароти ангур истифода мешуд, метавон ба ҷойи химикатҳои сахттаъсир барои нобуд кардани тортанаки пахта низ истифода бурд. Дар оғоз роҳбарони хоҷагӣ ва ноҳия аз сиёсати боло тарсида, пешниҳоди маро қабул накарданд, аммо баъдан ин таҷриба дар тамоми ноҳияҳои минтақа мавриди истифода қарор гирифт».
Дар он солҳо,- ба ёд меорад ҳамсӯҳбати мо,- барои пешгирӣ аз паҳншавии ҳашароти зараррасон дар соҳаи пахтакорӣ заҳрҳои сахттаъсир фаровон истифода бурда мешуданд. Дар бештар маврид аз асари гармои саҳро коргарон-дорупошҳо оддитарин қоидаҳои бехатарӣ ва ҳатто пӯшидани афзори зидди кимиёиро риоя намекарданд. Бовари кас намеояд, ки дар ҳамон давра Маскав намедонист, ки тариқи тракторҳо пошидани доруҳои сахттаъсир ба саломатии аҳолии атрофи заминҳо низ таъсири марговар мерасонад.

ГОВ АЗ БӮЙИ ЗАҲРХИМИКАТ ВА САГҲО АЗ ХӮРДАНИ ГӮШТИ гов МУРДАНД

Аз рӯи нақли Зубайдулло Анваров, саркори хоҷагии собиқ «Коммунизм»- и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ моддаҳои органикие, ки дар мубориза бар зидди ҳашароти пахта истифода бурда мешуд, то дараҷае хавфнок буд, ки зарфҳои холишудаи доруҳоро дар ҷойҳои махсус зери хок мекарданд. Як маротиба вақте шабона трактори ОВХ дору мепошид, боде вазиду дар масофаи беш аз 100 метр ҳайвонот заҳролуд шуда, фавтиданд. Пас аз шаби дигар галлаи сагҳои деҳа, ки ҷасади гови мурдаро аз хок баровардаанд, заҳролуд шуда мурданд. Баъд аз ин ҳодиса мардум хатари марговар доштани ин доруҳоро дарк карданд. Аммо мардуми оддӣ намедонистанд, ки «Теодан», «Дуст», «Севин» ва дигар доруҳои таъсирнокиашон баланд аз зумраи моддаҳои органикие ба ҳисоб мераванд, ки аз хоку рустаниҳо ба ҳайвонот аз ниҳоли пахта ба чигити он гузашта, ҳамин тавр даҳсолаҳо таъсири худро гум намекардааст. Мутахассисон иброз медоранд, ки солҳои 80-уми асри рафта олимони тиб дар таркиби шири модарон пайдо шудани моддаҳои «Теодан» ё «Дуст»-ро ошкор намудаанд ва ҳукумати вақт истифодаи фаровони заҳрхимикатҳоро маҳдуд кард. Аммо собиқадори соҳаи кишоварзӣ Ҷамол Камолов иброз медорад, ки дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистони советӣ ва сотсиалистӣ истифодаи заҳрхимикатҳои сахттаъсире мисли «Дуст», «Теодан», «Севин» вақте манъ шуд, ки давлатҳои хориҷа нисбат ба истифодаи заҳрхимикатҳо дар коркарди пахтаи Шӯравӣ эътироз баён карда, равғани аз пахта истеҳсолшудаи СССР- ро барои солимии инсонҳо хатарнок ҳисобиданд ва воридоти онро ба кишварҳои худ манъ карданд.
Пиронсолони Вахшонзамин мегӯянд, ки то охири солҳои 80-ум «тиллои сафед» сиёсати асосии давлати Шӯравӣ ба ҳисоб рафта, барои рушди соҳаи пахтакорӣ аз тамоми чораҳо истифода бурда мешуд. Ҳамон сол заминҳои пахтаро ҳашарот зер карду барои наҷоти пахтазорҳо ҳукумати вақт «карантин» эълон кард, мо бовар ҳосил кардем, ки дар мубориза бар зидди ҳашарот барои баъзе роҳбарон пахта аз ҷони одамон ҳам арзиши баландтар доштааст. Шоҳидони вақт гумон доранд, ки яке аз сабабҳои афзоиши бачапартоии модарони ҳомиладор ва зиёд шудани фавт миёни тифлони то 2 сола дар солҳои 80-уми асри гузашта дар водии Вахш бо истифода аз тракторҳои ОВХ пошидани дору дар заминҳои назди аҳолинишин арзёбӣ гардидааст. Аммо дар замони Шӯравӣ чунин ҳодисаҳо танҳо дар ҳуҷҷатҳои зери сарлавҳаи «махфӣ» аз назари омма маҳфуз мемонд.

ҚАБРИСТОНҲОИ КИМИЁӢ ДАР ВАХШОНЗАМИН

Саидаллоҳ Асоев, сардори муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химиякунонии кишоварзии вилояти Хатлон иброз медорад, ки вақте солҳои 80-ум истифодаи заҳрхимикатҳои сахттаъсир дар соҳаи кишварзӣ қатъ шуд, дар дорухонаҳои хоҷагиҳои вилояти собиқ Қӯрғонтеппа заҳрхимикатҳои гексохлориди 30 сола боқӣ монда буд. Бо супориши роҳбарияти навоҳӣ ва вилояти онвақта тамоми заҳрҳои сахттаъсир ба қабристони кимиёии ноҳияи Вахш интиқол дода шуданд.
Аммо дар он солҳо, ки пояҳои давлатдории Шӯравиро бемасъулиятии мансабдорон ба тадриҷ  хароб мекард, на ҳамаи роҳбарони хоҷагиҳо ба безарар гардонидани захираҳои кимиёии хоҷагиҳо диққати ҷиддӣ медоданд. Баъзе хоҷагиҳои вилоят, ки бинобар норасоии маблағ имкон надоштанд захираҳои боқимондаи заҳрҳоро ба қабристони кимиёии Вахш интиқол диҳанд, доруҳои аз истифода баровардашудро, дар ҳудуди хоҷагиҳои худ зери хок мекарданд.
Мутаассифона бо мурури замон қабристонҳои хатарзои кимиёӣ аз хотироти мардум фаромӯш шуданд ва имрӯз дар атрофи ин мавзеъҳои заҳролуд манзилҳои истиқоматӣ бунёд гардидааст. Умуман бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ масъулияти бехатарии қабристонҳои кимиёӣ аз сари ҳамагон соқит шудааст. Одитарин мисол қабристони асосии заҳрҳои кимиёии ноҳияи Вахш шуда метавонад, ки солиёни дароз аз мадди назар дур монда буд. Бадбахтӣ дар он аст, ки мо оид ба хатарҳои биологӣ маълумоти кофӣ надорем ва ё ин хатарро дида наметавонем. Аз ин рӯ натанҳо маҳфузгоҳи заҳрҳои сахттаъсирро зери назорат қарор намедиҳем, балки ин моддаҳои қотилро аз нав аз хок бароварда ҳатто мавриди истифода ҳам қарор медиҳем.
Додоҷон Асланов, собиқадори соҳаи мелиоратсияи вилояти Хатлон иброз медорад, бояд бар муқобили ҳашаротҳои зараррасони кишоварзӣ бо усули биологӣ мубориза бурда шавад. Зеро кишварҳои истеҳсолкунандаи моддаҳои сахттаъсири «Теодан» ва «Дуст» худ нағз медонанд, ки ин заҳрҳои қотил дар сад сол ҳам таъсири худро гум намекунад.

ЧӢ ХАТАРЕ ДАР ПЕШ АСТ?

Собиқадорони соҳа иброз медоранд, ки солҳои пеш дар ҳудуди вилоят озмоишгоҳи биологие таъсис ёфта буд, ки бо роҳи «анамализм» як ҳашаротро барои хӯрдани ҳашароти дигар тайёр мекарданд. Аммо баъдан ин озмоишгоҳ барҳам дода шуд.
Дар ҳамин ҳол Саидаллоҳ Асоев, сардори муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химиякунонии кишоварзии вилояти Хатлон иброз медорад, ки роҳбарияти вилоят ваъда додааст, ки дар ноҳияҳои Фархору Қумсангир  ду адад озмоишгоҳи биологӣ таъсис дода, ҳамчунин озмоишгоҳи биологии ноҳияи Ҷилликӯлро аз нав таъмир намуда, ба истифода хоҳанд дод. Ба гуфтаи ӯ дар вилояти Хатлон муборизаи биологӣ бар зидди ҳашароти зарарасон таҷрибаи нав нест. Чанд сол қабл дар озмоишгоҳҳои биологӣ ҳашаротҳои эмтомуфакҳо, тиллочашмак, габрабирокам, трихогеронҳо истеҳсол шуда, ба майдонҳои кишварзӣ паҳн карда мешуд. Ин ҳашаротҳои судовар ҳашароти зарароварро нест карда, худ ба зироатҳои кишоварзӣ таъсири манфӣ намерасониданд.
Хулоса, дар айни ҳол касе бо боварӣ гуфта наметавонад, ки қабристонҳои заҳрҳои кимиёии истифодаашон манъ шуда, барои аҳолии минтақаҳои гуногуни Хатлон дастрас нест. Зеро агарчанде солҳои охир масъулин ба муҳофизати қабристони асосии заҳрхимикатҳо таваҷҷӯҳ пайдо кардаанд, аммо маҳфузгоҳҳои ғайрирасмии доруҳои сахттаъсир натанҳо аз назорат дур мондаанд, балки фаромӯш ҳам шудааст. Аз ин рӯ обхезию фурӯравии қисми болоии заминҳо ва дастрасии мардум ба ингуна заҳрҳои дар зери хок хуфта барои аҳолӣ хатари марговар дорад.
Дар баробари ин пӯшида нест, ки аз истифодаи нодурусти заҳрҳои кимиёии сахттаъсири замони Шӯравӣ то имрӯз микробҳои «Теодан»-у «Дуст», «Севин»-у ба ин монандҳо дар таркиби набототу ҳайвонот ва ҳатто хуну пӯсти одамон сайру гашт доранд. Аммо то кадом андоза илму технологияи муъосир дар кашфу тоза кардани муҳиту мавҷудот аз ин заҳрҳо имкону тавон дорад, суъолест, ки ҷавобашро бояд мунтазир шуд.

Ҷ
амолиддини Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97