Меҳмоншоҳ Шарифов: Дониши дар девори мактаб мехзадаро дар мағзҳо мех назанед!

Сиёсат 12.08.2011 11:50

Glmekh 16Фаромӯш накунед!
Ва инро набояд фаромӯш кард, ки дар дунёи имрӯз ҳам мағзҳо ва ҳам дилҳоро парвариш бояд кард. Ва фардиятҳои зиндадилро, ки аз фардияти (individual) дилгумкардаи дигарон фарқ дорад танҳо бо истифодаи дурусти арзишҳои исломии хеш тарбият кардан метавонем.

Дар фарқият бо тамаддуни масеҳӣ, ки байни ақл ва имон, дин ва фалсафа, паёмбар ва файласуф девори чинӣ сохтаанд ва калисои католикӣ принсипи "ба ҳама саволҳо ҷавоб дорам"-ро гузошт, дар тамаддуни исломӣ Қуръон ва Ҳадис ҳамоҳангии ақл ва имонро таъмин карда, принсипи "ба саволҳо ҷавоб ҷӯстан"-ро пеш гузошт. Қуръон инсонро ба тафаккур кардан дар рамзҳои ҳақ, ҳастӣ ва ҳақиқат, ба истифодаи ақл даъват мекард, ки ин барои инсон имкони истифода аз ҳар ду сарчашмаро фароҳам меорад. Метавон гуфт, ки Қуръон на танҳо дар ҷаҳонбинии одии мусулмонон (weltanschauung), балки дар фикри фалсафӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо ҳам таъсир дошт ва дорад. То даҳсолагӣ Қуръонро аз бар мекарданд ва Қуръон, ки дар кӯдакӣ аз ёд карда мешуд ва мешавад, ба гуфти Массинён, ин  "нақшаи ҷаҳонӣ"- и воқеъии нозил шуда буд, ки дигар таҷриба кардан (experimentation), фаҳмидан (interpretation) ва арзёбии (evaluation) ҳама гуна рӯйдодҳо (ба воситаи он) танзим карда мешуд". Мақсад аз ин гуфтаҳо на пешниҳод барои ташкил кардани мактабҳои динӣ дар ҷомеаи дунявии Тоҷикистон аст, балки ҳушдори ман аз он аст, ки чаро аз ин арзишҳо, ки Қуръон ва Ҳадис барои пешравии мусулмонон дар масъалаи шинохти таърих, табиат ва таҷрибаи равонии инсон қоиланд, истифода набояд кунем(?). Ҳоло он ки рӯҳи мактабдорӣ, омӯзиш, ки дар тамаддуни исломӣ ба вуҷуд омад, баъдан дар Ғарб яке аз сабабҳои ташкили донишгоҳҳо гардид. Ин масъалаест, ки дар Тоҷикистон ба таҳқиқот ва таҳлили  мустақил зарурият дорад.

 Вазирони мо боғбонҳои хуб набуданд...
Метавон гуфт, ки вобаста ба дониш ва таҷрибаи худ системаи маорифи Тоҷикистон имрӯз танҳо ҷисмест, ки метавонад барои ин миллат, ин ҷомеа ва ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангии системаҳо ва ниҳодҳои он хидмат намояд. Масъалан, дар Покистон баъди истиқлолият дар масъалаи сохтмони системаи маориф мардум ба се гурӯҳ тақсим шуданд; як қисм тарафдори мустаҳкам кардани мадрасаҳои қадимаи хеш, қисме дигар системаи маорифи овардаи англисҳоро ва қисми сеюм мавқеи мобайниро ишғол карданд. Ва ин мушкилот то имрӯз дар системаи маорифи Покистон мавҷуд аст. Мутаассифона роҳбарияти маориф дар Тоҷикистон ба табиати ин система ба таври лозим шинос нестанд ва аз ин рӯ наметавонанд моҳияти онро амалан дигар созанд. Бисёрии муҳаққиқон бар ин фикранд, ки маориф метавонад нақши ду гуна бозӣ кунад. Аз як тараф метавонад сарчашмаи озодӣ ва инкишоф бошад, агар ба дониш ва таҷрибаҳои мухталиф, фикри танқидӣ ва эҷодгар такя кунад, ва инчунин метавонад ба силоҳи фишор ва тарғиби идеологияи беҳуда табдил ёбад, чунон ки дар баъзе кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон инро метавон дид. Дар бораи маорифи Точикистон ҳаминро гуфтан мумкин, ки он ҳолати мобайниро дорад ишғол мекунад, ҳолати "коре накарданро" ё ба истилоҳи худи вазир "таҳаммулпазириро". Ин ҳолатро метавон "шизофренияи фарҳангӣ" ҳам номид. Роҳбарони вазорати маориф роҳи аз ин ҳолат бурунрафтро надида истодаанд. Аз як тараф, захираҳои донишӣ ва таҷрибаҳои пешинаи ин халқро истифода кардан наметавонанд ва аз тарафи дигар, аз дониш ва таҷрибаи мардуми дунё низ дуруст истифода кардан ҳам наметавонанд. Умуман, маориф ин як раванд, ҷараён ва ҳаракат ва дигаргунӣ дар вуҷуди инсонҳо, ҳаёти онҳо ва муҳити зиндагии онҳост, ки онро дар Тоҷикистон дидан наметавон.
Моро намебояд мисли баъзе кишварҳо дар масъалаи донишандӯзӣ ва маориф аз ҳад зиёд тақлидкор буд, чаро ки дониш ва таҷрибаи беҳтарини худӣ ва ҷаҳониро  дорем. Вале ба ин нигоҳ накарда аз сабаби он, ки омӯзиш ва ҳаёт бо ҳам сахт бофтаанд, дар барномаҳои дарсӣ ҳар сол мебояд вобаста ба дигаргуниҳо, ки дар ҷомеа ва истеҳсолот мешаванд, тағйирот ворид карда шаванд. Махсусан илмҳо ва фанҳоеро, ки бо раванди сохтмони ҳаёт ҳамроҳанд ва метавон гуфт, ки худ зодаи инкишофанд ва ба воситаи онҳо чизе ба раванди ҳаёт зам мешавад ва ё ба ин илмҳо чизе ҳамроҳ мешавад ва ба роҳбарият ва қудрат алоқаи зич доранд. Масъалан, вақте барномаҳои таълимии донишгоҳии кишварҳои тараққикарда ва рӯ ба тараққиро боз мекунӣ, ҳатман фаннҳо ва илмҳоеро аз қабили; art & science, business sciences, communication & media sciences, education, family sciences, information systems,business management,computer information technology, fine arts and design, media and mass communication, liberal arts and sciences, engineering, applied sciences and technology, internet science and technology ва садҳои дигарро дучор мешавӣ, ки донишҷӯро бо ҷараёни воқеъии ҳаёт шинос ва омода месозанд. Инҳо фаннҳое буданд, ки ба гуфти Лотард, солҳои 70 -уми асри гузашта ба мағзи ҷомеаи ғарбӣ табдил ёфта ё дар ҳамин раванд буданд. Ин ҷо махсусан ин фаннҳоро ба тоҷикӣ тарҷума накардам, чунки ин калимаҳоро мо дорем, вале маъниҳои кӯҳнаро ифода мекунанд ва инҷо воқеъияти моро тарҷума кардан зарур аст, яъне дигар кардан, то маъниҳои мувофиқ ба ин калимотро дошта бошад. Чаро донишҷӯёни тоҷик дар пайи омӯхтани ин фаннҳо нестанд ва шояд ин фаннҳо дар донишгоҳҳои Тоҷикистон вуҷуд доранд, вале чаро сабаби инкишофи ҷомеъа намешаванд? Инҳо аз ҷумлаи он саволҳое ҳастанд, ки Вазорати маорифи Тоҷикистон бояд дар бораи онҳо фикр кунад...
Чунон ки маълум аст, ҳар як чиз ҳувияти худро дорад ва системаи маорифи ҳар як кишвар, бо онки дорои арзишҳои умумиинсонист, боз аз унсурҳои махсуси худ иборат аст. Ин мисли боғест, ки соҳиби обу хоку ҳавои худ аст ва дарахтони он бепайванд задан меваи ширин, сероб ва хуштамъ медиҳанд. Ва ин табиати асли системаи маорифи тоҷикиро набояд фаромӯш кард, ки ин арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳо, ки дар ин сарзамин ин гуна худӣ ва фарҳангро ба вуҷуд овардаанд, ҳама вақт бунёди аслии ахлоқ ва истеҳсоли дониш ва илм мебошанд. Ва ин вазифаи роҳбарияти маориф аст, ки чун боғбон боғро, системаи маорифро аз ҳар гуна офатҳо нигаҳдор бошад. Мутаассифона бисёрии роҳбарони ин соҳа дар Тоҷикистон, танҳо ба хотири доштани вазифа дар ин соҳа кор карданд ва танҳо "чун шутур ғамзае" карданд... Кори баъзе роҳбарони маорифро метавон ба гуфтаи Нитсше ҷамъбаст кард, ки ба фикрам чунин садо медод,  "…шӯразамин афзуда истодааст ва бадии кор ин аст, ки аксарият онро дар қалб  доранд".

Худӣ ва тарбияи кӯдак
Имрӯз на фақат дар ҷомеаи Тоҷикистон, балки дар бисёр кишварҳо аз фалсафаи аслии маориф бехабар мондаанд, ки ин худ сохтмони худии (шахсияти) инсон аст ва он нуктаи марказии маориф ва маданият аст. Масъалан, чунон ки дар боло қайд кардем, дар ҷомеъаҳои технологии имрӯз хавфи аз байн рафтани арзишҳо ва идеалҳои инсониро ҳис кардан метавон ва инчунин дар бисёр мамлакатҳои тараққикарда дар бораи хавфи аз байн рафтани арзишҳои суннатӣ ва вайроншавии ҳувияти суннатии худ ҳарф мезананд. Ин инсон аст, ки месозад ва вақте инсон ба ғулом ва  манкурт табдил ёфт, вақте инсон худ ба маводи сохтмонӣ табдил шуд ва вақте инсон аз инкишоф ва сохтмони ҷомеа, чун дигарон барои ӯ месозанд, қафо монд дар бораи чӣ гуна маориф метавон ҳарф зад?! Ва акнун инсоният баъди таҷрибаҳои сангини садсолаи охир боз дар хусуси Bildung (сохтмони Худӣ, шахсият) ҳарф мезанад. Ин мафҳумест, ки дар якҷоягӣ ҳам маънии маориф ва ҳам тарбияти худӣ, шахсияти инсонро дорад ва аз тарафи мутафаккирони немис инкишоф дода шудааст (аз Ҳердер ва Ҳёте то Ҳабермас) ва ҳама мардуми соҳибфикри дунё ин маъниро қабул доранд. Тоҷикон дар масъалаи ҳамбастагии маориф, сохтмони шахсияти инсон ва дунёи маънавӣ ва касбии онҳо собиқаи қадим доранд. 
Ва фикр мекунам, дар Тоҷикистон барои тарбия ва таълими дурусти ҳар як кӯдак мубориза бояд бурд. Танҳо бо тарбияи характери ҳар як кӯдак метавон ояндаи Тоҷикистонро воқеъан ба сӯи субот, амният ва хушбахтӣ тағйир ва тараққӣ дод. Роҳҳои сохтмони худӣ (шахсият, субъект, фард), ки дар мактабҳои гуногуни фикрии тоҷикон инкишоф дода шудаанд, дар нигоҳдорӣ ва махсусияти (peculiarity) худӣ ва ҳувияти тоҷикон нақши муҳим бозидаанд. Гузашта аз ин метавон гуфт,  ки ин равандҳои худшиносӣ ва худсозӣ, ки дониш ва таҷриба ҷавҳари он буд, тарзи ҳаёти онҳо шуда буд. Ба хусус ба таври амалӣ ва назариявӣ коркарди раванди худсозӣ аз тарафи мутафаккирони тоҷик дар гузашта барои шинохти иртиқои худӣ ва ҷавҳари субъект, (фард, шахсият, инсон) дар таърихи тафаккури тоҷикон зарурияти зиёд дорад.

Дониши дар девори мактаб мехзадаро дар мағзҳо мех назанед!
Дуруст аст, ки ташаккулёбии шахсияти кӯдак ҳамчун як мавҷуди фикркунанда дар равандест, ки аслан берун аз дахолати устод ҷараён дорад, ҳарчанд ки устодон ва падару модарон дар ин ташаккулёбии шахсияти кӯдак нақши муҳим доранд. (Мутаассифона барои баъзе мутасаддиёни роҳбарияти маориф на фақат талабаҳо, балки муаллимон ҳам "мавҷуди фикркунанда" ҳисобида намешаванд.) Ин ҷо мо бояд муҳит ва сатҳеро ба вуҷуд биёрем ки дар он "ман" - и кӯдак гум нашавад ва раванди худшиносии ӯ дуруст ҷараён гирад. Ин раванди худшиносӣ, худсозӣ ё технологияи худӣ (Foucault) аз якчанд унсур ё хусусиятҳо иборат аст, ки дар ин раванд бо ҳам сахт бофтаанд: Аввалин унсуре, ки раванди ташаккулёбии шахсият, худогоҳии шахс, раванди сохтмони худии кӯдак аз он оғоз мешавад, дониш аст. Роҳҳои дарс додан бояд чунон ташкил  шавад, ки дониш худ дар вуҷуди кӯдакон ба кор дарояд, яъне дарс набояд ба таври механикӣ баргузор шавад ё агар ба гунаи дигар бигӯем, раванди ба кӯдакон дониш омӯхтанро на мисли рехтани чой аз чойнак ба пиёла тассавур кард. Бигузор механизми фаҳмиш дар вуҷуди кӯдак ба кор дарояд ва унсури шубҳа доштан ба ҳар чи ки мебинаду мешунавад, мисли Ғазолӣ, дар ӯ бедор шавад. Вале яке аз роҳбарони аввали маорифи тоҷик, ки сахт дармондаи печидагии роҳи худ аст, усули сабақ додани кӯдаконро ба тарзи домуллоҳои Бухоро пешниҳод мекунад. Ӯ донишҳои дар девори мактабҳо мехзадашударо дар мағзҳо мехоҳад мех бизанад. Ҳадаф шояд гирифтани медалҳо аст, на инсони мустақил ва фикркунанда... Дониш тавре дар боло зикр кардем, қудрат аст ва ба воситаи он кӯдак роҳҳои шинохти воқеъияти худ, худии худ ва дунёро ҳамчун ғайри худ (other) ёд мегирад. Ҳамин гуна дарсҳо ба инсон имкон медиҳанд, ки баъдан, ба гуфти баъзе аз мутафаккирон," ба бозии ҳақиқатҷӯӣ ва адолатҷӯӣ" (Socrates, Foucault)  дохил шавад;
-Унсури дуюм, озодӣ аст, ки бо дигар унсурҳо якҷоя инкишоф меёбад ва ин ҷо баъзе тарафҳои (компонентҳои) дигари сохтмони кӯдак, мисли ирода, ақл, ҳиссиёт ва хаёлот зери фишор, тағирёбӣ ва тарбия қарор мегиранд. Инсоне, ки дар ин раванд аст, метавонад, ба истилоҳи файласуфи сиёсат Исайа Берлин, ҳомили "озодии мусбат" будан, яъне ин инсон метавонад озодии худ ва истиқлоли кишвари худро ташкил кунад. Агар чунин озодӣ дар вуҷуди худӣ сабз нашавад, он гоҳ дигарон болои ӯ "озодии манфиро" бор хоҳанд кард ва ин маълум аст, ки чи гуна озодист. Ба ин маънӣ наздик шайх Абусаид сухане дорад, ба ин шакл; "…агар бори ҳақро набарӣ, чизи дигарро борат кунанд, ки як умр саргардон монӣ";
-Унсур ё хусусияти сеюм ин аст, ки худии кӯдак дар як  раванди таҳаввулёбанда ва динамикӣ қарор мегирад ва вобаста ба тағйирёбии таҷриба ва донишҳо худии ӯ аз як зина ба зинаи дигар мегузарад;
-Хусусият ё унсури чоруми раванди ташаккули худӣ дар кӯдак ин иртиботу муносибат (communication) бо худ ва бо дигарон аст. Кӯдак дар муносибати баробар бо дигарон аз ишқ, дӯстӣ ва мубориза қудратмандтар мегардад;
-Хусусияти дигари ин раванд бо воқеъияти худ рӯ ба рӯ шудан, мардонагии ақлӣ доштан ва тавоноии дидану гуфтани ҳақиқат аст, ки ин санъатро дар Юнони қадим парҳесия (натарсида сухан гуфтан дар баробари золим ҳам) мегуфтанд ва дар тамаддуни исломӣ - тоҷикӣ ба он арзиши баланде қоил буданд. Имрӯз роҳбари аввали  маориф ба ҷои худии кӯдаки тоҷикро дар роҳи асл тарбият намудан, дар мактабҳо ҷорӣ кардани "фанни таҳамулпазирӣ"-ро пешниҳод  намудааст. Таҳамулпазирӣ бисёр арзиши олист, вале оё ин ҷанобон гуфта метавонанд, ки имрӯз кӯдаки тоҷик чиро, ки таҳаммул намекунад?! Имрӯз дар мо бисёр хуб мешуд "фанни фарҳанги таҳамулнопазириро" - нисбат ба ҷаҳл, хурофот, беадолатӣ ва дурӯғ дарс медоданд.
Ин таҷриба ва дониш имрӯз ҳам сахт омӯзанда аст ва танҳо онҳое, ки аз ин раванд гузаштаанд, метавонанд  ҷавобгариро ҳис намоянд ва эҷодкор бошанд, ки ин барои ҳар як кӯдак заруртарин арзиш мебошад. Ин ҷо масъалаи асосӣ танҳо масъалаи пул ва дастгирӣ кардани муаллимон нест, балки масъалаи роҳбарият аст ва гуфтугӯ кардан ва омӯхтан аз дигарон... Имрӯз дар Тоҷикистон, фикр мекунам, ба чанд масъалаи асосӣ бояд диққат дода шавад; а) бештар ба барномаҳои кӯдакистонҳо, мактабҳо, донишгоҳҳо (carriculum) ва интихоби фаннҳои зарурӣ, б) роҳҳо ва усулҳои нави дарс додан  ихтироъ шаванд, ки имконияти дар кӯдак ба вуҷуд овардани он ҳолати равониеро, ки номаш фаҳмидан аст, дошта бошанд то кӯдак имконияти фикр кардан, шубҳа кардан, танқид кардан ва эҷод кардани идеяҳои навтарро дошта бошад ва инчунин соҳиби назари танқидӣ бошад, с) бештар ба озодии ақлонӣ ва маънавии шахсиятҳо ва шуури танқидӣ дар ҷомеъа такя кунанд, ки ба мардум имконияти шинохти худ ва воқеъияти худро медиҳад. 

аз куҷо бояд оғоз кард ва ба куҷо бояд баргашт?
Ғолиб мисрае дорад: "Дил надиҳӣ ба хуби мо, таъна мазан ба зишти мо…" ва он афсӯс, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ба кор намеояд. Имрӯзҳо рӯҳи зиндаи тафаккур ва истеҳсоли дониши нав институтҳои илмӣ -тадқиқотиро, мактабҳо ва донишгоҳҳоро тарк кардааст. Дар баҳсҳои илмӣ ва доираҳои академикӣ доимо садоҳое шунида мешаванд, ки гӯё танҳо ба  саволи "ба куҷо бояд баргашт?" ҷавоб меҷӯянд. Навро ҳам дар гузашта меҷӯянд. Ин рӯҳафтодагӣ ва мурдапарастӣ дар забони баъзеҳо чунин садо медиҳад; "миллат пир шудааст", ҳоло он ки миллат ҳанӯз таваллуд нашудааст. Қисме худро танҳо дар музейҳо мебинанд ва қисме дар пайи ҷустуҷӯи қабристони бонуфузе барои миллати хаёлии худанд. Мардум дар гузаштаҳо, дар таърих, дар арзишҳои ғайр роҳи халосӣ меҷӯянд ва мардонагии онро гум кардаанд, то як бор бигӯянд, ки "эй бародарон, ба ҳеч куҷо барнагардед, балки ба воқеияти худ, ба шаҳри худ, ба хонаи худ, ба мактабҳои худ, ба масҷидҳои худ, ба тоҷикияти худ, ба мусулмонии худ, ба одамияти худ, ба ҳаққи худ, ба ҳаққиқати худ, ба ҳастии худ, ба одамият, ба ростӣ, ба мардонагӣ, ба самимият ва худии худ... ва ба он ҳама ки тоҷикро тоҷик месозад, баргардед".  Воқеиятро рӯ ба рӯ нашудан, дар бораи ҷомеаи худ ва ояндаи он тассавуроте надоштан, амал накардан боиси гурез ба таърих  шудааст. Таърих ба ҷои гурез аз воқеият, ба як санги вазнин ва ба истилоҳи мардуми кӯҳистон ба "санги рӯз" табдил ёфтааст, яъне ба як чизи беҳуда ва фиребдиҳанда...
Овардани ин қиссаи пурҳикмат ва омӯзанда ба маврид аст. Мегӯянд, ки дар яке аз деҳаҳои кӯҳистон "ҳеч гоҳ рӯз намешудааст" то санги дар байни деҳа бударо то субҳи содиқ гирифта гирди деҳа намегардондаанд. Касе намедонист дар кадом замонҳо ин кор оғоз шуда буд ва насл ба насл ин санги "сеҳрнокро" мегардонданд то ба рӯшноӣ бирасанд. То ин ки аз водии дигаре духтареро барои ҷавони ин деҳа арӯс карда оварданд. Чун навбати санггардонии ин ҷавон  буд ва ӯ аз ширинии оғӯш хобаш бурд ва санги "бечораро" он шаб касе гирди деҳа нагардонд. Ҳамчунин  рӯз шуд ва сирри аҷиби садсолаҳо фош гардид. То ҳол байни деҳаҳои кӯҳистон баҳс аст, ки ин духтарак сирри рӯз шуданро ба шавҳараш фаҳмонд, вале қисми дигар бар ин фикранд, ки дар водиҳои  ҳамсоя ҳам чунин санг мегардонданд... Ба ҳар сурат, ҳикмати ин қисса ба он ишорат мекунад, ки дар ҳаёт бисёр мавридҳо на фақат мо тоҷикон, балки инсоният "санги рӯз" мегардонад. Гузашта аз ин, баъзан на фақат арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳо, балки шахсиятҳо бо мақомҳои худ, бо дипломҳои номзадӣ, докторӣ ва академикии худ ба "санги рӯз" табдил меёбанд. Бисёрии ин "сангҳои рӯз" бешармона аз ин ҳолати худ огоҳ ҳам ҳастанд, вале савории мардумро дӯст медоранд ва одат кардаанд ва ҳеч хоҳиши аз дӯши мардум фаромаданро надоранд. Биёед як бор ин сангҳоро ба ҷояшон гузоред то таърихи асл оғоз шавад то он ҳама арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳо амалӣ шаванд. Чуноне ки гуфтем, ҳастӣ, ҳақиқат ва воқеият ҳама дар баробари мост ва бо он мебояд рӯ ба рӯ шуд... 
Бояд донист, ки фасод ва маҳалчигӣ системаҳо ва ниҳодҳои ҷомеаро хароб карда истодаанд ва агар пеши роҳи ин раванд гирифта нашавад, аз чунин система дигар арзиш, идея, қудрати солим ва ҳаракатро наметавон интизор шуд. Чунки онҳое, ки ин корро бояд амалӣ кунанд, сахт дар банди нафси хешанд ва ин система офаридаи онҳост ва онҳо офаридаи ин системаанд. Имкон ва қудрати халос кардани худро  надоранд ва бо тафаккури шахшуда, маҳви идеяҳои аз воқеият дур, масти молҳои ҷилодори беарзиш ва  кӯчагии чиниву туркии хеш, биноҳои сеқабата ва чорқабатаи хеш, мошинҳои беасли гаронбаҳои худ ва дигар тахайюлоти бехирадона дар ин фикранд, ки "бале, ҷомеаи сармоядорӣ ҳамин аст", вале агар аз таърихи ҳақиқии инсоният бохабар бошанд, шояд медонистанд, ки ин дуздии рӯйирост ва ин дурӯғ дар ягон ҷомеаи инсонӣ вуҷуд надошт. 
Ин ҳолатест ки барои як давраи барои мардуми мо ҳалкунанда рӯй дода истодааст. То ҷое ин ҳолатҳо ба раванди ҷаҳонишавӣ пайвастаанд ё қисми зиёди онҳо дар зери таъсири ин раванд арзи вуҷуд кардаанд. Ин раванд барои баъзеҳо прогресс (пешравӣ) ва созандагист, барои қисме вайронӣ, қафоравӣ ва камбағалист. Ва инҷо масъалаи асосӣ ин аст, ки кишварҳое, ки ба ин раванд дохил шудаанд, дар кадом мавқеъ ҷойгиранд. Агар онҳо дар мавқеъи худшиносӣ ва тафсири дурусти воқеъият бошанд, метавонанд дар мавқеъи қудрат ва баъдан сарват будан. Ва масъалаи шинохт ва тафсирро (interpretation) пеш аз ҳама дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳо меомӯзанд ва ёд мегиранд. Боварӣ дорам, ки дониш ва маориф чун дар роҳи аслии худ ва амалкунанда бошанд, мардуми тоҷик аз ҷаҳонишавӣ осебе намебинанд, баръакс ин ҳама арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои навро метавонанд ба фоидаи худ  истифода бикунанд...

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97