Сухани асосиро дар ин қаламрав Чин мегӯяд

Сиёсат 12.08.2011 11:41

Sukhani Khitoy 14Миллат ва иқтисод, ин ду нишонаи асосии мавҷудияти давлат аст. Ба ҳама маълум аст, ки иқтисодиёт ин пояи асосии инкишофи миллат ва пешрафти давлат мебошад. Барои рушди ин соҳа ҳар як давлат ҳамкориҳои гуногуни иқтисодӣ бояд дошта бошад, лекин ин ҳамкорӣ метавонад дар пай хатар ба миллатро низ дошта бошад.

Чин Амрикоро мегузарад
Дар ҳақиқат иқтисоди Чин ин як мӯъҷизаест, ки рушди босуръатеро касб кардааст. Пешрафти босуръати давлати сернуфустарини олам касро дар ҳайрат мегузорад, ки 1,5 миллиард аҳолии худро таъмин намуда, боз мавқеи боризеро дар бозори ҷаҳонӣ ишғол намудааст. Тибқи иттилооти нашршуда, тавлидоти маҳсулоти миллии Чин дар соли 2010 5 триллиону 880 миллиард долларро ташкил дода, ки бо ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷои дуюмро соҳиб гаштааст. Ҷопон на камтар аз 40 сол инҷониб иқтисоди дуввуми ҷаҳонӣ номбар мешуд, як сол қабл тавлидоти маҳсулоти миллиаш нисбат ба Чин 405 миллиард доллар камтар буда, ҷои худро ба Чин дод.
Набояд фаромӯш кард, ки аҳолии Ҷопон даҳ дар сади аҳолии Чинро ташкил медиҳад. Агар ин ду кишварро бо вазъи зиндагонии аҳолӣ муқойиса кунем, некӯаҳволии сокинони Ҷопон даҳ баробар нисбат ба мардуми Чин беҳтар мебошад. Дар ҳар сурат агар чунин раванд идома ёбад, Чин имкон дорад тахминан дар соли 2025 ба ҷойи аввал баромада, ИМА-ро низ ба ҷойи дуввум бубарад. Чин барои ба ин мақсад ноил гаштан аз тамоми имкониятҳояш истифода мекунад. Эҳтимол аст, ки Чин ҳангоми аз ҷиҳати иқтидори иқтисодӣ дар ҷаҳон ба ҷои аввал баромадан, мавқеи сиёсии худро ҳам такмилу тавсеъа диҳад. Чуноне имрӯзҳо ИМА тавассути аслиҳа ҳукмронии худро болои баъзе кишварҳои ҷаҳон қудратнамоӣ мекунад. Аммо Чин дар оянда на ба мисли ИМА, балки бо роҳи осоишта ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ нирӯи худро дар ҷаҳон ба намоиш хоҳад гузошт. Пешрафти босуръати кунунии он барои ҳамин мавқеъро соҳиб гаштан нигаронида шудааст.

Сухани асосиро Чин мегӯяд
Чин тасмим гирифта буд, ки барои бунёди Бонки Созмони ҳамкориҳои Шанхай 8 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад. Сармояи аввалия барои ташкили ин бонк 10 миллиард доллар аст ва ин маънои онро дорад, ки дар тиҷорат дар қаламрави кишварҳои узви ин созмон сухани асосиро Чин хоҳад гуфт. Айни замон кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба он ақидаанд, ки талошу ҳамкориҳои Чин танҳо ба хотири субот ва рушди кишварҳои ҳамсоя мебошад, ин ҳам дуруст аст. Ҳоло Чин барои пурра ба даст овардани иқтидори иқтисодӣ бояд бо чунин рушди босуръат на камтар аз 15 соли дигар пеш равад. Ва Чин ҳамаи он дарҳои бастаи кишварҳои ҳаммарзашро кайҳо бо роҳи осоишта ва тавассути ҳамкории иқтисодӣ ба рӯи худ боз кардааст.

ЧИН ВА ҲАМСОЯҲО

Дар барномаи амалии Чин суботи кишварҳои минтақа дар ҷои аввал қарор дорад. Ва талошу ҳамкориҳои Чин танҳо ба хотири субот ва рушди кишварҳои ҳамсоя мебошад. Оё Чини бузург дар ҳақиқат мехоҳад давлатҳои кӯчаки ҳамсоя пеш раванд ё камбудии худро фикр мекунад? Наход ба монанди Чин давлати абадқудрат аз чизе камӣ дошта бошад? Гарчанде ин кишвар аз ҷиҳати маводи ғизоӣ, техника ва таҷҳизоту либосворӣ таъмин бошад ҳам, лекин ниёз ба моликияти ғайриманқул, яъне заминро дорад, Чин айни замон масъалаи хубтар таъмин кардани аҳолиро бо ҷойи кор ва манзили зист ҷиддан дунболагирӣ мекунад. Аҷиб аст, ки кадом роҳро барои ҳалли ин масъала пеш мегирад. Ва фикр мекунам на он роҳе, ки дар солҳои 40-уми асри гузашта нисбати Иттиҳоди Шӯравӣ барои васеъ кардани сарҳади худ аз он истифода карда буд. Балки бо роҳи сармоягузорию кӯмак, баҳри рушди иқтисодиёти яке аз ҳамсоякишварҳоро тарҳрезӣ мекунад. Кӯмаки Чин он аст, ки корхонаеро месозад, то ягон навъи маҳсулот истеҳсол карда, ниёзи рӯзмарраи мардумро қонеъ гардонад.
Асосан ин корро барои кӯмак на ба рушди иқтисодиёти мамлакатҳои ҳамсоя, балки барои рушди рифоҳи мардуми худаш мекунад. Бо бунёд ва таъсиси корхонаҳо дар ин ё он кишвар як идда шаҳрвандони хешро он ҷо мефиристад ва бад- ин васила то ҷое бекориро коҳиш медиҳад. Чиниҳо солҳо дар он кишварҳо фаъолият карда, бо оҳистагӣ шаҳрвандии он ҷойро соҳиб мешаванд, сипас омехташавии онҳо бо миллатҳои дигар оғоз мешавад. Хатари омехташавии чиниҳо бо ин миллатҳо; узбакҳо, тоҷикҳо, қирғизҳо ва қазоқҳо нисбатан зиёд аст. Суоле ба миён меояд, ки барои чӣ маҳз бо ин миллатҳо?

Чиниҳо ҷойи мардони муҳоҷири Ватан
Чунки ҳам аз мавқеъи ҷуғрофӣ ва ҳам аз сатҳи пасти зиндагонии ин миллатҳо Чин самаранок истифода мекунад. Аксар ҷавонон ва мардони коршоями ин мамолик ҳамчу муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия қарор доранд ва он ҷо оила барпо карда бозгашт ба Ватанро фаромӯш мекунанд. Ва ин холигиро чиниҳо дар ватани ин муҳоҷирони ватанро ба фаромӯшӣ супорида пур мекунанд. Занҳо ва духтарони ин миллатҳо, ки аксаран аз надоштани таҳсилоти касбӣ ё олӣ ва надоштани шуғл наметавонанд мардҳоро зиёд интизорӣ кашанд. Маҷбуран барои таъмини худ бо чиниҳое, ки ин ҷо кору фаъолият мекунанд, оила барпо мекунанд. Охир: "ҳаёт ин мубориза баҳри зинда мондан аст". Албатта: "ҳар гуноҳеро ҷазоест" ин ҷо омехташавии миллатҳо, вайроншавии наслҳо ва забонҳо ба назар мерасад.

Рус беҳтар ё чинӣ?
Хушбахтона, ҳоло ин хатари миллатҳо фаро нарасидааст, лекин; "ҳар дардеро давоест" роҳи раҳойии он низ вуҷуд дорад. Замоне ки ин миллатҳо дар оилаи ягона Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагӣ мекарданд, чунин хатарҳо низ таҳдид мекарданд, вале омехта шудан бо мардуми рус беҳтар аст аз бо чиниҳо олуда шудан. Чунки аксар он дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии мо натиҷаи ҳамон ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ бо мардуми рус ва аз хидмату ёрии беғаразонаи мутахассисони рус аст. Дар оянда низ мо агар бо русҳо ҳамкории наздик дошта бошем, ин барои рушди иқтисоди мо афзалияти бузург медиҳад.                     

ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН

Бузургтарин кишвари сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон кишвари дӯсту ҳамсоя Чин мебошад, ки то имрӯз 2 миллиард доллар ба иқтисоди кишвари мо сармоягузорӣ кардааст. Инчунин савдои дутарафаи мо ба як миллиарду 750 миллион доллар расидааст. Вале ин нишондиҳанда дар муқоиса бо тиҷорате, ки Чин бо дигар кишварҳо дорад, қобили мулоҳиза ҳам нест. Таҳлилҳои иқтисодӣ нишон медиҳанд, ки тақрибан ҳамаи он маблағҳое, ки муҳоҷирони меҳнатии мо аз Русия ба даст меоранд, тавассути Тоҷикистон ба давлати ҳамсояи Чин равон мешавад. Ин боз як далелест барои фаҳмидани он ки мо на он қадар дар зинаи пасти иқтисодӣ қарор дорем. Албатта Чин ин бозори сердаромадро аз даст доданӣ нест, барои ҳамин ҳамкориҳои хешро бо мо ривоҷ хоҳад дод.
Чин ҳамчунин пешбари як қатор барномаи ҳамкориҳои дигар ба монанди бунёди ниругоҳҳо ва таҷдиди роҳҳо мебошад. Чин дар бахши роҳсозӣ дар Тоҷикистон то имрӯз ба миқдори 900 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Дар соҳаҳои дигар бо сармояи Чин хати интиқоли барқи 500 киловатаи шимолу- ҷануб ва хати 220 киловатаи Лолазор- Хатлон, инчунин нақби Шаршар, ки имрӯз мавриди истифода аст, сохта шудаанд. Аммо сармоягузориҳои Чин дар Тоҷикистон ҳадафи геополитикиро ба думбол дорад ва ин абарқудрати ҷаҳонӣ мехоҳад ба ин васила ҳузури худро дар бозори минтақа густариш диҳад. Мутаассифона зери чархи гардуни бешафқат, мисли Тоҷикистон давлатҳои хурду заъиф дар масъалаҳои геополитикӣ ва стратегӣ доимо зери манофеи давлатҳои қудратманд хоҳад монд.
Меҳроҷ ИСЛОМӢ,
Донишҷӯй

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97