Чаро чунин аст, мисле ки дар Аморати Бухоро буд!?

Сиёсат 12.08.2011 11:16

АЗ ГАП БА АМАЛ БОЯД ГУЗАШТ
Мақсад аз рушди маориф ин таъмин ва ташкили ояндаи насли ҷавони Тоҷикистон ва муҳайё кардани як ҷомеъаи донишбунёд ва фикркунанда аст. Ҷомеъаҳои пешрафтаи дунё инро хуб фаҳмидаанд ва имрӯз калимаи еducation, ки ба тоҷикӣ ҳамчун "маориф" тарҷума шудааст, яке аз мафҳумҳои калидӣ дар донишгоҳҳо, дар барномаҳои давлатӣ, дар пажӯҳишгоҳҳо ва умумун дар ҳаёти имрӯзӣ ба ҳисоб меравад.

Худи калимаи "education" аз вожаи лотинии "educate" роҳбарӣ намудан, роҳ намудан ва пеш бурдан мебошад, ки он дар тамаддуни тоҷикон низ чунин маъниро доро буд, ҳарчанд мутаассифона имрӯз ин маънӣ дар корбурд нест. Имрӯз дар ҳама ҷомеъаҳои пешрафта чун дар бораи маориф (education) ҳарф мезананд, ҳатман ба "роҳбарият" ё "мудирият" (leadership) тайёр кардани ҷавонони худро дар назар доранд. Фикр мекунам, имрӯз ба маориф, чунон ки Мартин Бубер (1878-1965) қайд мекунад, "ҳамчун ба воқеъият" муносибат кардан даркор аст, яъне чун маориф мегӯем, бояд ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангии худӣ, иқтисод, сиёсат, иҷтимоиёт, фарҳангро дар ҳаёти мардум дид, ки ин ҳама дар чӣ ҳоланд ва кӯшиши дигар кардани ҳолати бад ва ташкили ҳамоҳангии ин унсурҳои ёдшударо бояд кард. Ва дигар ин ки аз фарҳанги сурат, фарҳанги намоиш ва фарҳанги гап ба фарҳанги амал гузаштан зарур аст. Ва ин фарҳанги амал худ маориф аст, ки барои ба вуҷуд овардани ҷунбишу пешрафт дар тамоми соҳаҳои зарурии ҳаёт ҳамчун ҷон хидмат мекунад. Аз ин сабаб аввалин қадам барои давлати тозаистиқлоли Тоҷик ин ташкил кардани Пажӯҳишгоҳи илмӣ- таҳқиқотии маориф зарур аст, то он битавонад дар ин оғоз дониш ва таҷрибаи тарбия ва таълими худӣ ва дигаронро, ки ба нубуғ ва шавқи мардуми тоҷик мувофиқ аст, таҳлил намуда, пешкаш ва дастрасӣ мардум кунад.Танҳо ба як пажӯҳишгоҳи тайёр кардани муаллимон, ки худ мутахассис ва маводи даркорӣ надорад ва ҷавобгӯи дунёи имрӯз нест, наметавон қаноат кард. Яке аз сабабҳои ба бӯҳрон гирифтор шудани ҷомеъа ва ба "ҷомеъаи бемағз ва театрикунонидашуда" табдил ёфтани ҷомеъаи имрӯзаи тоҷикистон, қаблан қайд кардем, тавре ин бедонишии ҷомеъа ва кундии системаи маориф аст.

Тотору турк тавонист, тоҷик не, чаро?

Ҳарчанд муқойиса нашаванда аст, вале метавон дид, ки баъзе нишонаҳои мушкилоти маорифи давраи аморати Бухоро, дар сатҳи дигар, дар системаи маорифи имрӯзаи Тоҷикистон дар ҳоли ба вуҷуд омадан аст. Масъалан, дар давраи ҳукумати аморати Бухоро аз сабаби беаҳамиятӣ ва бетаваҷуҳии амирон; адами истеҳсолот ва иқтисоди ба илму дониш такя кунанда; инчунин дар зери таъсири ҷомеъаи харобу пароканда пойин рафтани сатҳи дарсу дониш дар макотибу мадрасаҳо ва саводомӯзии сар - сариву кӯр- кӯрона ва стихиявӣ маориф ҳоли нигаронкунанда ва харобе касб кард. Ва вақте мактабҳои тоторҳо дар муддати кӯтоҳ кӯдаконро саводнок мекарданд, барои мардуми Бухоро ба гуфти устод Айнӣ, "… ин гуна эълон ва тааҳудот дар назди мо бухориён, ки аз олам хабаре надоштем, дурӯғ ва лофи беасл" намуд. Ва имрӯз масъалаи донишомӯзии муаллимон ва донишазхудкунии кӯдакон ба чунин мушкил табдил ёфтааст ва боз ҳам ба истилоҳ "мактабҳои туркҳо" дар ин кор ва дар ин самт муваффақанд. Ҳоло он ки дар ин мактабҳо ҳам муаллимони тоҷик кор мекунанд, вале муассисони мактабҳои туркӣ кӯшиш бар он доранд ва кардаанд, ки муҳити мактаб, усули тадрис ва шароити зиндагии муаллимонро ба шароити ҷомеъаҳои солими инсонӣ наздиктар намоянд. Дар ҷомеъаҳои ба бӯҳрон гирифтор махсусан мақоми муаллим сахт коҳиш меёбад ва обрӯву ҷойгоҳи ӯ рӯ ба пойин меравад. Имрӯз дар бораи муаллим менависанд: "Маъоши муаллимон хеле паст аст, ки бо он наметавон дар як моҳ ғизои лозимиро харидорӣ кард. Агар кӯмаки волидон набошад, фикр мекунам, макотиб бе муаллим хоҳад монд"..

ЧАРО ЧУНИН АСТ, МИСЛЕ КИ ДАР АМОРАТИ БУХОРО БУД?

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки имрӯз танҳо касоне дар мактабҳо кор мекунанд, ки солҳо хидмати мактабро кардаанд ё касонеанд, ки дигар ҳеч роҳу илоҷи дигар надоранд ва маҷбуранд бо он пули ночиз қаноат карда, заҳмат кашида, рӯз бубаранд. Аз тарафи дигар ин хӯйи ғуломии тоҷик аст, ки ҳар чӣ сардор гуфт, бояд итоат кард. Аз ин рӯ муаллимро баъзан имрӯз порахӯр, муфтхӯр ва фиребгар меноманд... "Бубинед, ки имрӯз барои муаллим чӣ гуна сифатҳои навро қойил шудаанд, ки дар аморати Бухоро танҳо "бефазлу камолаш" меҳисобиданд. Устод Айнӣ дар ин бора аз забони яке аз устодони худ менависад: "Мирзо Абдулвоҳид марди фозил буд, аҷабо чаро мактабдорӣ кардааст?!" Метавон гуфт, ки маориф на фақат ҳаракат, балки гуфтугӯи наслҳо ҳам ҳаст. Чаро дар Аморати Бухоро, ки онро гаҳвораи тамаддуни исломӣ медонистанд, он арзишҳои баланд, ки Қуръон ва Ҳадис барои инкишофи дониш ва маориф қойил буданд, кор намекард? Чаро имрӯз ҳам ин арзишҳои созандаро намехоҳанд дар системаи маорифи навини тоҷикон эътироф намоянд? Дар ҳар ду ҳолат ҳам на гуноҳи арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳост, балки роҳбарият дар умум ва роҳбарӣ дар маориф махсусан сабаби ақибмонии маориф ва ин ҷомеъаҳо гардидаанд. Агар дар ҳолати аввал ҳанӯз ба ин сатҳ нарасида буданд ва ё натавонистанд таркибҳо, системаҳо ва ниҳодҳои ҷомеъаро ташкил намоянд, дар ҳолати дуввум ин ниҳодҳо, системаҳо ва таркибҳои ҷомеъаро, ки дигарон ташкил карда буданд, хароб намуда, вазифаҳоро авлодӣ карда, роҳбариро ба таври аввалиҳо карданианд.

МӮЗАДӮЗ БОЯД БЕСАВОД БОШАД?

Албатта дар дунёи имрӯзи бозаргонӣ ва сарват, ки худ дониш ва маориф ҳамчун дигар чизҳо харида ва фурӯхта мешаванд, инчунин  як қисме аз маданият бартарияти худро болои маданияти дигар эълон медорад ва инро мо шоҳидем, наметавон маорифро яктарафа бебархӯрд, бе даргириҳо бо арзишҳои дигарон ва арзишҳои умумӣ, ки дар ин раванд мо арзишҳои аслии худро пайдо мекунем, пеш бурд. Хушбахтона, мо аз давраи Шӯравӣ системаи маорифи бобунёди мустаҳкамро мерос гирифтем. Дар масъалаи дониш ва маорифи Шӯравӣ ҳаминро қайд кардан муҳим аст, ки дар фарқият бо гуфта ва амали намояндагони назарияи либералӣ ва маорифпарварии Ғарб, ки ҳар корро аз рӯи фоида мекарданд, дар Шӯравӣ сиёсати маҳви бесаводӣ беҳтарин қадами давлат буд. Масъалан, Волтер (1694-1778) фикр мекард, ки ақл насиби на ҳама мардум аст ва "одамони оддӣ барои он офарида нашудаанд". Ӯ мегӯяд "мо ҳеҷ майл надорем мӯзадӯзон ва хидматгоронро донишманд кунем - ин кори диндорон аст". Дар Шӯравӣ тавонистанд, ки ҳама гуна табақаҳои ҷомеъаро соҳиби хату савод, дониш ва илм намоянд. Вале бадбахтона, дар раванди маҳви бесаводӣ мардуми соҳибфикр, донишманд ва огоҳи тоҷикро аз байн бурданд. Сиёсати болшевикӣ аз босавод кардани он "мӯзадӯзҳо" инсонҳои барои худ гапдаро, мутеъ, инсони коллективиро тарбият кардан буд. Ин ҷо ҳаминро мебояд қайд кард, ки бо ҳамин дониш ва системаи маориф мӯзадӯзони баъзе кишварҳои пасошӯравӣ соҳиби қудрати атомӣ ҳам шуданд, вале на мо. Ин далели он аст, ки ба мо ва дуруст-тараш ба роҳи пеш гирифтаи ҳизби коммунист самимият ва боварӣ надоштанд ва аз ин рӯ дар паси парда дигар гуфтугӯҳо доштанд.

АРЗИШҲОИ ТОҶИКӢ ВА ҲИНДУ

Аслан ғарбиён дар ин масъала таҷрибаи бой доранд - ин ҷо метавон аз таҷрибаи англисҳо (Ширкати Шарқӣ - Ҳиндустонӣ) ёд кард, ки ҳама системаи маорифи ташкил кардаи онҳо дар Ҳиндустон бо мақсади тайёр кардани субъектҳои гапшунави "ботамаддун" ва зиёдтар ба даст овардани фоидаи моддӣ буд. Бо пахши дониш ва арзишҳои модигароӣ англисҳо ахлоқ, фалсафа ва маорифи ҳазорсолаи ҳинду ва мусулмонро ба назар нагирифта, хостанд ахлоқи наве барои мардуми Ҳинд дуруст кунанд. Ҳамчунин дар системаи маорифи Шӯравӣ барои арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикӣ ҷой набуд. Тавре дар боло қайд кардем, зиёд ба идеология дода шудан ва инкори арзишҳои дигари инсонӣ бойиси шикасти фардият гардид ва ин раванд махсусан дар ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ бисёр сахт буд, ки таъсири онро имрӯз ҳам дидану эҳсос намудан метавон. Дар системаи маорифи мо навобаста ба хоҳиши мо, рӯҳи шикаст ва "зердастӣ" на "забардастӣ" (истилоҳҳо аз Ҳайдегер), ки дар ҷомеъаи мо ҳукмрон буд, ҳанӯз аз байн нарафтаанд. Имрӯз қобилияти ин чорчӯбаи системаи маорифро шикастан натавонем ҳам, ақалан дар моҳияти он дигаргунӣ ворид мебояд кард. Махсусан, ба масъалаи забон ва ташаккули худӣ, яъне фардияти мустақил диққат мебояд дод. 

ЗАБОН ТАНҲО МУБТАДО ВА ХАБАР НЕСТ, ЗАБОН ҚУДРАТ АСТ

  Маориф чун ба дониш сару кор дорад, пас он ба қудрат сару кор дорад. Имрӯз мардуми мо забон гуфта, танҳо "мубтадо ва хабар", "суфикс ва префикс" ва ё бандаки изофии "и"-ро мефаҳманд ва аз ҳикмати забон ва назарияи маъниҳо, ки гузаштагони мо инкишоф дода буданд, камтар хабар доранд. Ин маъниро Мавлонои Рум дар "Фиҳӣ мо фиҳӣ" чунин  овардааст: "Ориф пеши наҳвӣ (забоншинос - М. Ш.) нишаста буд. Наҳвӣ гуфт: Сухан берун аз ин се нест, ё исм бошад, ё феъл, ё ҳарф. Ориф ?ома бидарид, ки: Вовайлато! Бист соли умри ман ва саъю талаби ман ба бод рафт. Ман ба умеди он, ки берун аз ин сухане ҳаст, муҷоҳидаҳо кардаам, ту умеди маро зоеъ кардӣ. Ҳарчанд ориф ба он сухан ва мақсуд расида буд, илло наҳвиро ба ин тариқ танбеҳ мекард." Дар дунёи маънӣ будан, яъне талаба ва донишҷӯ имкони шинохти рӯйдоди навро доранд. Ин худ ҳамон тӯҳфаи илоҳӣ ба инсон буд, ки худованд ба инсон қобилияти дарки маъниҳо ва ном ниҳоданро иқрор шудааст. (Қуръон, 2: 31) Ва дигар ин ки, аз рӯи таҳқиқоти Ноам Чомский кадом забон, ки бошад, бо табиати инсоне, ки бо он ҳарф мезанад, сахт бофта шудааст ва ҳамчун воситаи имкони фикр кардан, муносибат намудан бо дигарон ва инчунин дар сатҳҳои бунёдитар барои инсон ҳамчун сарчашмаи қудрати шинохт ва амал, хидмат мекунад. Аз ин рӯ чун мехоҳем ҷомеъаи мо пешрафта бошад танҳо бо забони Тоҷикӣ метавон ба таври воқеъӣ амалӣ кард. Дуруст қайд карда буд Ҳайдегер, ки "забон ин хонаи ҳастист ва дар ин хона мо худро месозем". Аз барномаҳои боғчаҳо ва мактабҳо ба ин масъала диққат бояд дод, ки кӯдакон аз хурдӣ дар домони забони тоҷикӣ худро пайдо кунанд ва фаҳангу ҷомеъаи худро то ҳимояи корҳои илмӣ дар ҳама сатҳҳо бо он бояд ташкил кунанд. Заъифии забон ин заъифии дониш ва маориф ва умуман заъифии воқеъияти мост.

КОМПЮТЕР ҶОЙИ КИТОБРО ГИРИФТА НАМЕТАВОНАД

Маризиҳои ҷомеъа ва хатои гузаштаро дар роҳи таълим ва тарбия бояд шинохт ва ҳама арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳоро набояд чун тӯҳфа қабул кард. Масъалан, худи Бубер мавҷудияти бӯҳронро дар системаи маорифи ҷомеъаи ғарбӣ нишон додааст. Ва решаи онро дар идеологияҳои аз инқилоби илмӣ ва инқилоби Фаронса, ки инсонро яктарафа шинохтаву тамомияти табиати инсониро инкор кард, медонад. Мебояд қайд кард, ки хавф барои ҷомеъаи либералӣ ва фардияти ғарбӣ дар батни ин тамаддун ҷойгир буд. Яъне ақлро ба як дини дигар табдил доданд ва ба гуфти намояндагони мактаби Франкфурт ин ҷомеъаҳо ва қудратҳои ғарбӣ бо ин хоҳишҳои белаҷоми хеш озодии фардҳоро зери хатар гузоштанд. Ташаккули ҷомеъаи технологӣ имрӯз ҳам инсон ва ягонагии фардияти инсонро ба ҳеҷ табдил медиҳанд. Мавҷи ҷаҳонишавӣ, ки имрӯз моро ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ мепайвандад, дар худ арзишҳоеро  дорад, ки аз бартарияти дигарон ҳарф мезананд ва инчунин аз «марказ» (марказ имрӯз Амрикост) ба «музофотҳо» биниш ва фаҳмиши худро дар бораи одаму олам таҳмил карданианд. Гузашта аз ин, худи технология як арзиши ҷавҳарии тамаддуни имрӯза аст. Ин воқеъият, ки мо бо он рӯ ба рӯем, метавонад созанда бошад, агар дар боғча, мактаб ва донишгоҳҳо афроди соҳибфикрро тарбия кардан тавонем, ки қобилияти шинохти дунёи имрӯзро дошта бошад ва дар воқеъияти "бофтаи" дигарон ва воқеъияти хаёлии (virtual reality) компютер нест нашаванд. Ин вазифаи ҷонии системаи маориф аст, ки кӯдакон бо компютер ва истифода аз интернет дар олитарин сатҳ шинос шаванд, вале ба бозичаи системаи технологӣ табдил наёбанд. Компютер ва интернет - олот ва воситаест, ки ҷои китоб ва донишро, ки муаллимон медиҳанд, гирифта наметавонад ва аз зиёд истифода кардан бойиси заъифӣ, сустиродагӣ ва чун кам ҳаракат мекунанд, бойиси танбалии кӯдакон мегардад. Интернет барои баъзе талабаҳо ва донишҷӯён "сарчашмае" мешавад, ки сабаби инкишоф наёфтани қобилияти фикрронии онҳо, гум шудани асолати фикр ва оқибат шикасти худии (шахсияти) онҳо мегардад. 

ФАРҲАНГИ ИСЛОМИРО ДАР МАКТАБ БОЯД омӯхт

Чуноне мебинем, маориф ин ҳаракат ва роҳбарист. Ин соҳаест, ки доимо ба навоварӣ ба дигаргунӣ эҳтиёҷ дорад ва дар баробари ин аз унсурҳои аслие, ки реша дар таърих ва фарҳанги зиндаи ҳаррӯзаи мардум доранд, огоҳ аст. Як заъифии системаи маорифи Тоҷикистон, чӣ хеле дар боло қайд кардем, ин зери таъсири намоишкории зиёд ва идеологиябозӣ ба назар нагирифтани арзишҳо ва ормонҳоест, ки дар фарҳанги мо нақши созанда доранд. Гуфтан зарур аст, ки маориф ба «исломӣ», «масеҳӣ» ва ё «шарқиву ғарбӣ» ва умуман ба идеология кор надорад. Ин идеология аст, ки ба маориф кор дорад ва гуфтан мумкин, ки дар сохтмони ҳувият ва идеологияи миллии мо арзишҳои созандаи исломӣ нақши муҳим мебозанд. Ва имрӯз агар хоҳем, ки шахсияти пурра на равонгусехтаро дошта бошем, бояд арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои фарҳанги исломии хешро бе мамоният, бе тарс дар барномаҳои боғчаҳо, мактабҳо ва донишгоҳҳои кишварамон дохил намоем. Маорифи мо он вақт пурра мешавад, ки дар боғчаҳои мо, дар мактабҳои мо ва дар донишгоҳҳои мо арзишҳои динӣ -номусӣ чун дар бисёр мамлакатҳои тараққикардаи дунё таълим дода шаванд ва дар сохтмони шахсиятҳои мо нақши бояд бунёди дошта бошанд. Ин арзишҳо ва донишҳоро на бояд фишор оварда ба гӯшаҳо, ба торикиҳо пароканда кард, балки онҳоро бояд ба оғӯш гирифт то парокандагиҳоямон ҷамъ ва торикиҳоямон рӯшан гардад. Аз барномаи мактабҳо бардоштани дарсҳои ахлоқӣ ва маърифатии исломӣ на хайр буд, кори хуб нашуд. Талабаҳо ва донишҷӯёни ин сарзамин ба бисёр масъалаҳои ҳаётии воқеъияти хеш ҷавоби дуруст ва амиқ меҷӯянд ва беҳтар мебуд, ки ин ҷавобҳоро на аз одамони тасодуфӣ, балки аз муаллимони аз таърих, фарҳанг ва ҳувияти тоҷикон огоҳ мегирифтанд.

КАБИРӢ ИДЕЯ ВА ОРМОНИ МИЛЛӢ, БИННИ ЛОДАН ЗОДАИ ИДЕОЛОГИЯ

Ин арзишҳои динӣ-номусӣ дар якҷоягӣ бо дигар арзишҳои миллии мо бароямон Исмоили Сомонӣ, Румӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд ва Эмомалӣ Раҳмон, Кабирӣ, Мӯъминшоҳу Шакурӣ месозанд, на бин Лодан ва на кӯри Муллоумар. Ин қисмати дуввум офаридаи идеологияанд на фарҳанг ва на арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳои исломӣ. Умуман дар мактабҳои Тоҷикистон аз давраи Шӯравӣ боз масъалаи омӯзиши илм ва дониш ва алоқамандии илм ба истеҳсолот ба таври равшан ҳал шудааст ва мо дар ин соҳа таҷрибаи замонавии худро дорем ва ба кӯмаки ҳеч кас эхтиёҷ надорем ва ин ба мо имконият медиҳад фарзандони худро бе нишондоди дигарон тарбият кунем. Дар бисёр мамлакатҳои мусулмонии ба ном "тараққикарда" ин равандро дар барномаҳои таълимии кӯдакон аз боғча сар карда то донишгоҳҳо метавон дид, ки чӣ қадар кӯшиш доранд донишро ба воқеъият наздик кунанд, ки бисёр кори олист, вале метавон гуфт, ки мустақилияти фарҳангии худро дар тарбияи кӯдакони худ аз даст додаанд. Бо дохил кардани барномаҳои англисӣ, амрикоӣ ва ғайра ва овардани мутахассисони хориҷӣ ҳукуматҳои ин мамлакатҳо сахт талош меварзанд, ки дар қатори фаннҳои касбӣ, инчунин арзишҳо ва идеяҳои исломӣ ва миллиашонро, ки барои сохтмони ҳувияти кӯдакон ва донишҷӯён нақши ҳалкунанда доранд, дар барномаҳои дарсӣ дохил карда бошанд.
(давом дорад)
Меҳмоншоҳ Шарифов

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97