Мавлавӣ Қосими Раҳим: «Аз 8 соли зиндон зарар накардам»

Сиёсат 12.08.2011 11:10

Mavlavi Qosim 12БА МАРГИ УСТОД ТАЛХ БИГРИСТАМ
- Мавлав
ӣ- соҳиб, хабари марги устод Нурӣ дӯст, бародар, ҳамсафу ҳамсангар ва пиру раҳнамои сиёсиву маънавии хешро дар зиндон шунидед ва чӣ ҳолате Шуморо фаро гирифт?
(Мегиряд ва аҷаб гиряи талху ҷонсӯзе!)


- Таҳаммули ин хабар бисёр сахт буд ва қалбамро дард фаро гирифт, вақте хабари даргузашти Устоди арҷманд дар зиндон ба ман расид, беихтиёр ашки чашмонам сарозер шуд, наметавонистам худамро нигаҳ дорам ва беихтиёр бори аввал тамоми хотироти даврони муборизот ва фаъолияти якҷояамон мисли навори тасвирӣ аз пеши назарам мегузашт ва дар фироқи дӯст, бародар ва устодам талх гиря мекардам. Баъзе вақт инсон барои аз даст додани беҳтарин бародари имонии худ бештар аз падару модар ва бародари хунии худ ғамгину андӯҳгин мегардад. Устоди арҷманд марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, бандаи ҳақиқии Худованд, инсони бузург ва воқеъан донишманду мутафаккир ва роҳбари мудаббир ва фарзанди камназир ва шойистаи миллати бузурги тоҷик буд. Ӯ пешвои динӣ ва роҳбари сиёсӣ- динии мусалмонони Тоҷикистон ва як тоҷики мусалмони муслиҳ ва муҷаддиди қарн дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва қолабшикан ва эҳёгари  бузурги даврони худ буд. Ӯ миллати тоҷикро дар байни миллатҳои мусулмони ҷаҳони Ислом ва соири ақвом ҳамчун беҳтарин мусулмон муаррифӣ кардааст. Роҳи сипардаи ӯ, шахсияти ӯ захира ва ганҷинаи бузурге барои ин миллат аст. Ҳанӯз ҳам ба ёди ӯ беихтиёр гирён мешавам ва ҳамеша дар ҳаққаш дуъои нек мекунам. Худованд рӯҳашро шод ва ҷояшро ҷаннат намояд!

- Маъзарат мехоҳам, ки ба дафтари хотироти ғамгинат  ангушт зада, Шуморо нолон кардам.

-  Мутаассир шудам, шумо ҳам маро маъзур доред.

- Моҳи апрели ҳамин сол дар
ҷаласаи солонаи ҷамъбастии Ҳизби наҳзати исломӣ Шумо ягона узви ин ҳизб будед, ки як андешаи наву ҷолиберо матраҳ сохтед, аз парвози Гагарин ба кайҳон ёд кардед ва гуфтед, ки имрӯз бояд андеша сари он бикунем, ки чаро инструктору конструктор надорем, чаро аз парвози инсон ба кайҳон 50 сол гузаштаву мо тоҷикон як миллати кӯҳан ва тамаддунофар дар фикри фатҳи кайҳон нестем. Химику физик надорем ва фақат риш асту салла ва воҳимаи бисёр аз минбарҳо.
Чун ин муроҷиати Шумо ба аъзои Ҳизби наҳзат буд, эҳсос мешуд, ки он ҳама ҳарфу эроди  Шумо хеле аз аҳли маҳфил, ба хусус муллоҳои наҳзатро хуш наомад. Дигар, бархе аз дӯстон гуфтанд, ки Мавлавӣ Қосим дар зиндон пешрафт карда ва ба як шахсияти модерн табдил шудаву фаротар аз андешаи як ҳизб по гузоштааст. Ва шӯхиомез ҳатто гуфтанд, ки барои ба дарки зиндагӣ ва воқеъоти рӯз расидан ва бештар дар муборизаҳои сиёсӣ фаъол шудан бояд ҳама наҳзатиҳоро ҳаштсолӣ зиндон кард. Чӣ Шуморо ба гуфтани он ҳама таҳрик дод, зиндон, таҷрибаи ҳаётӣ ё омӯзишу дарки воқеъият?   
-  Ман эҳсос мекунам, ки Шумо  ва ҳафтаномаи "Миллат" дарди мардум, мушкилоти  ҷомеъаро хуб мефаҳмед ва талошҳои  ҷоннисоронае ҳам дар ин росто доред, ин саволи Шумо низ ба ҳамин хотир аст.

- Лутф доред! 

Зиндон мактаб буд,
ҳам шогирд будаму
ҳам устод

-  Фаҳму бардошти инсонҳо аз вақоеъ ва ҳаводиси атрофи худ  гуногун ва мухталиф аст, баъзе хеле сатҳию зоҳирӣ ва баъзе хеле бо диққату тааммул бардошт мекунанд ва вокунишҳои афрод ҳам гуногун аст, ки як амри табиъӣ аст. Аввалан замони сухани ман бисёр кам буд ва намешуд бо тафсири бештар мавзӯъро баён кард, сухани ман бисёр кӯтоҳ ва номукаммал буд.  Дуввум, банда аз собиқадортарини афроди ин ҳизбам ва дигар ин ки аз назари таҷриба ва ҳам назари синну сол ин ҳаққро дорам, ки ба аъзои ҳизбам тазаккуре ё паёме ва ё тавсияҳои бародарона дошта бошам. Ва суъоли Шумо, ки "чӣ таҳрик дод, зиндон, таҷрибаи ҳаётӣ ё омӯзишу дарки воқеъият?". Баъзеҳо зиндонро мебинанд, аммо тағйире намекунанд, ҳар кас вобаста ба ҳиммат, дарку фаҳму, илму фаросат дар ҳар ҷое, ки қарор мегирад, вобаста ба шароити мавҷуди он ҷой, тағйир мекунад ва ё тағйир медиҳад, мисли достон ё филми Ҳазрати Юсуф (а), ки Ҳазрати Юсуф зиндонро тағйир дод ва ба маркази ислоҳу камолот ва тарбияи ахлоқӣ табдил кард. Бале, ман аз зиндон хеле чизҳоро дарк кардам, ба хеле чизҳо пай бурдам, омӯхтам ва омӯзондам, ҷаҳони фаҳму дарку маънавиятам фарохтар шуд, ки дар берун ба даст овардани он имконнопазир аст. Фақат ҷисми физикии ман зиндонӣ, маҳсур ва маҳдуд буд, аммо фикру андеша, имону ақида, омӯзишу мутолиъа, таҳқику таҳлил, дарёфти иттилооту ахбори ҷаҳон озод будам. Барои ман зиндон мактаб буд, он ҷо ҳам шогирд будаму ҳам устод. Бар мактабҳое, ки хондему тамом кардем, мисли мактаби худшиносию худсозӣ, мактаби даъвату амри маъруф, мактаби ҳиҷрату мубориза ва охирон мактаби зиндон ҳам изофа шуд, ки хеле аз бузургон ҳамчунин марҳум Устод Нурӣ ҳам ин чаҳор мактабро аз сар гузаронда буданд. Ин маънояш он нест, ки ҳама зиндонро бубинанд, на  ҳеч гоҳ! Баръакс аз онҳое, ки ин мактабро диданд ба дарку омӯзаҳое расиданд, бишнаванд ва бифаҳманд ва дар зиндагӣ ба кор банданд. Банда ҳам бардоштҳо, суханҳо ва ё паёмҳо, хотирот ва омӯзаҳо ва роҳнамоиҳое аз сафари ҳаштсолаи зиндонам, ҳам аз таҷрибаи ҳаёт ва муборизотам, ҳам аз омӯзишу дарки воқеъияти имрӯза доштаму дорам ва мехоҳам инро барои оромишу субот, амнияту осоиши ҷомеъа, беҳбудию шукуфоӣ ва пешрафт ва муъосиру ҳамгом шудани ҳамҳизбиҳоям ва насли ҷавонони миллати азизам дареғ надорам.

ДАР 38  СОЛ ҲИЗБИ НАҲЗАТ Чӣ ДОРАД?

Ҳоло барои дарки бештари ин масъала, мехоҳам аз як ҳодиса ёдоварӣ кунам. Солҳое, ки дар ҳиҷрат будем, як бародари муҳоҷири мо зимистон буд, ки ба аёдатамон ба Қундуз омад ва чун ба Толиқон бармегардад ва мебинад, ки ҳамсараш дар болои боми хона баромада барф мерӯбад. Чун зан шавҳарашро мебинад, ба ӯ бо киноя мегӯяд, ки Шумо Мавлавӣ Қосимро зиёрат карда гаштан гиред, мо ба ҷои Шумо болои бом баромада барф мерӯбем. Шавҳар посухаш мегӯяд, ки оё фаромӯш кардӣ, ки дар як маъракаи мавлуд мулло Қосим гуфта буд, ки Валентина Терешкова ба кайҳон парвоз кардаву занҳои мо қафо мондаанд. Шӯхиомез мегӯяд. Ту фахр бикун, ки каме пешрафт кардаӣ ва аз замин болои бом баромадаӣ. Ҳадафи ман аз нақли ин қисса он аст, ки ман ҳанӯз аз овони ҷавонӣ ва ҳатто замоне, ки дар кӯдакӣ зери офтоби сӯзон пахта мечидам ва ҳам дар вақти донишҷӯиям фикр мекардам, ки  чаро мо тоҷикон пешрафта нестем. Ман ҳамеша орзу мекардам, ки тоҷикон ҳам мисли дигар миллатҳо олимону конструкторҳо, физику химикҳои машҳур, корхонаҳои истеҳсоли мошину ҳавопаймо дошта бошанд. Ман худ конструктору кайҳоннавард нашудам, вале ин орзу маро ҳеч вақт тарк накард. Як рӯз қабл аз он ҳамойиши солонаи Ҳизби наҳзат, ки Шумо пештар ёд кардед, дар ҷаласаи Раёсати олии ҳизб савол додам, ки шумо 38 солагии ҳизбро таҷлил мекунед? Ҳама сокит ва хомӯш истоданд. Дубора пурсидам, ки "Ҳой мардум! Оё шумо 38 солагии ҳизбро мехоҳед қайд кунед?" Гуфтанд:  Бале! Гуфтам, агар  мехоҳед 38 солагии ҳизбро қайд кунед, пас фикр кардаед, ки дар 38 сол ҳизби наҳзати исломӣ дар мавзӯъоте, ки дар боло зикр кардам чӣ дастоварде дорад, чӣ пешрафтҳое кардааст? Ман аз Қуръон оятҳо хондам ва барои аҳли он ҳамойиш гуфтам, ки мо набояд дар ин соҳа ҳам ғофил ва ақибмонда бошем ва ба миллатҳое, ки пешрафт кардаанд, бухлварзӣ кунем, балки кӯшиш бикунем, ки бо онҳо дар рақобат бишавем ва дар андешаи пешрафти миллати хеш бошем.

САЛЛАВУ РИШУ ҶЕЛАК ҲАСТ,  ГЕОЛОГУ КОНСТРУКТОР НАДОРЕМ  

Он ҳамойиш, ки Шумо ёд кардед, нахустин ҷаласаи бошукӯҳи пас аз ҳашт соли зиндонӣ шуданам буд, ки ширкат доштам, чаро мо бо Русия 70 сол якҷо зиндагӣ кардем ва ба қавли худи русҳо бо ҳам "братья" будем, вале аз пешрафтҳои онҳо наомӯхтем, Гагарину Терешкова... надорем, инструктору конструкторҳо надорем, химику физик, биологу геолог надорем. Корхонаҳои мошинсозӣ ва истеҳсоли ҳавопаймо, надорем. Чаро? Хукумати Шӯравӣ нагузошт?! Барои расидан ба зинаҳои баланди илму технология коммунист шудан даркор буд, коммунист шудем- ку!? Як олим ва ихтироъкори ҷаҳонӣ аз миёни тоҷикон нест, касе аз фарзандони ин миллат ба ҷойизаи Нобел мушарраф нашуд. Чаро? Чӣ бояд кард?! Фақат риш ҳасту ҷелаку салла, либосҳои дароз ва воҳимаи бисёр аз минбарҳо. Ва дар андешаи омӯзишу пешрафт ба таври ҷиддӣ нестем, масъулини ҳукумат низ чун диданд, ки фақат ришу саллаву либосҳои дароз рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш асту аз дониш ва расидан ба пешрафтҳо ва омӯзиши технологияи муъосир дар доираҳои диндорону муллоҳо гапу кору амале нест, иқдом карданд ба манъи риш ва корҳое амсоли ин. Ин аз як тараф хуб аст, ки ҳукумат ҷомеъаи диндоронро, ҳизби динӣ- сиёсиро, ки бо такя ба қавонини Илоҳӣ поягузорӣ шудааст, ҳушёр мекунад ва ҳушдор медиҳад, ки дар андешаи пешрафти миллату кишвар бошем ва ғофил нашавем, аммо аз тарафи дигар ба фишорҳо ва баъзе сиёсатҳои ҳукуматдорон мувофиқ нестам чун ин ҳама ба зарари миллату давлат ва диндории мардум аст, мисли манъи пӯшиши исломии занон дар мактабҳо ва донишгоҳҳо, манъи намозхонӣ дар корхонаву ҷойҳои умумӣ, манъи намозхонии ҷавонони то 18 сола дар масҷидҳо, манъ ва маҳдуд кардани таълимоти динӣ.  Ин аъмоли ҳукуматдоронро дида истодаем, ки зидди хостаҳо ва арзишҳои фарҳангии мардуми тоҷик аст. Дар боло зикр кардам Ислом бар болои сулҳу субот, амнияту оромиш ва покизагӣ поягузорӣ шудааст, бузургтарин ва асоситарин масъала имрӯз дар Тоҷикистон ҳифзи суботу оромиш, амнияту осоиши мардум ва кишвар аст.

-Бале ҳамин тавр аст, биёем боз сари ришу салла. Имоми Аъзам ва Б
ӯалӣ Сино ҳам ришу ҷелаку салла доштанд...
-Бале, ин саллаву кала ва ришу ҷелак гапи нав нест. Ин ҳама беш аз ҳазор сол аст, ки тоҷикро дар кору рӯзгору зиндагӣ ва дар масири ин таърихи дароз ҳамроҳӣ доранд. Ва ҳамин бузургони гузаштаи мо ҳама ришу саллаву ҷелак доштанд, лекин осори гаронмояи дигаре ҳам ба ёдгор гузоштаанд. Номи ал- Хоразмӣ, Имом ал- Бухорӣ, Имом Абӯҳанифа, Берунӣ, Сино, Розӣ, Румиву Хайёмро ҷаҳон медонад. Вале имрӯз кӣ дорем? Чӣ дорем? Олимону конструкторамон куҷост? Илму технологияи мо чаро пайдо нест? Чаро иқтисоду истеҳсолоти пешрафта надорем?

ЧАРО  ПЕШРАФТ НАМЕКУНЕМ, БАҲОНАИ МО ЧИСТ?

Ва саду як саволу чарои дигар ҳаст, ки мо бояд дар ҷавоби онҳо андеша бикунем ва аз суханбозиву воҳима ба кори амалӣ бигузарем. Ҳизби наҳзати исломӣ, ки низ як нирӯи пешбар ва мӯътабари ҷомеъа аст, барои имрӯз ва фардои ин миллату кишвар масъул  аст, ҷавобгар аст. Аз ин рӯ ман бо хитоб ба ҳамсафони хеш муроҷиат кардам, ки сухану суханбозӣ, ришу ҷелаку салла дар ҷомеъа зиёд ҳаст, воҳимаи бисёр ҳаст, вале дар амал барои пешрафти миллат барнома ва нақшае нест. Маънии мулло олим аст ва вақте даъвои муллогӣ мекунем, ғайр аз Қуръон аз дигар илмҳои дунявӣ ва пешрафтҳои муъосир низ бояд огаҳӣ дошта бошем то ҷавононро барои мутахассис шудан дар соҳаҳое, ки дар боло зикр кардем, роҳнамоӣ ва пуштибонӣ ва ҳаматарафа кӯмак кунем. Ин хел мумкин нест, ки мулло Қосим Қуръонро бидонаду аз илми ҳуқуқ ва риёзӣ ва компютеру интернет бехабар ва тасаввурот надошта бошад. Фарзандони мо бояд дар баробари огаҳӣ аз Қуръону аҳодиси набавӣ ҳамчунин физика, химия, геология ва ҳуқуқу ҳандасаро низ бидонанд. Ба таври ҷиддӣ ниёзҳо, эҳтиёҷот ва заруратҳои воқеъии ҷавонон ва ҷомеъаро шиносоӣ ва нисбати пешрафт ва тараққиёти бо суръати кайҳонии ҷомеъаи имрӯзаи ҷаҳон чораандешӣ ва худамонро мутобиқ бисозем. Аз парвози Гагарин ба кайҳон 50 сол гузашт, дар Русия беш аз сад нафар то имрӯз фазои кайҳонро фатҳ карданд, вале  мо мисли, ин ки ҳатто дар ин бора андеша надорем. Чаро мо  то ҳанӯз бо гузашти 50 соли фатҳи кайҳон, Гагарини худро надорем? Баҳонаи мо чист? Мактабҳо дорем, таҳсилу таълим озод, технологияи муъосир то андозае таъмин, муаллим ҳаст, пас чаро намеомӯзем? Аввалин паёми Худованд, ки ба Расули  гиромиаш расид, магар Иқра, Иқра (Бихон, Бихон!) набуд?! Имконоти лозимаро надорем, пас фароҳам кунем. Агар як кишвари қудратманд манофеъаш талаб кунад ва ё дар хатар биафтад тамоми ҷидду ҷаҳд, роҳу равишу шеваро ба  кор мегирад, ҳатто бо истифода аз зӯру қудрату хиёнат ва поймол кардани ҳуқуқу каромати инсонҳо ва кишварҳо ба хостааш мерасад.  Мо ҳам агар пешрафту сарбаландӣ ва ояндаи дурахшон мехоҳем бояд бетаъхир ва шуҷоъона ва якдилона тамоми ҷидду ҷаҳд, роҳу равиши лозимӣ ва мантиқиро ба кор бубандем, то имконоти пешрафту тараққиро барои миллатамон фароҳам кунем. Агар  шева нодуруст аст, ислоҳ кунем. Ришва ва фасодро якдилона ва қотеъона назорат кунем, аз байн мебарем, агар ҳақиқатан бихоҳем, мо метавонем! Бояд бовар дошта бошем, ки метавонем! Кӯшишу талоши сахт ва ҷоннисорию азхудгузаштагии яко-яки тоҷики ватандӯстро талаб мекунад, он вақт ин миллат ба ояндаи дурахшон мерасад.

МУЛЛОГӣ ТӮМОРНАВИСӣ ВА ХАЙРОТХӮРӣ НЕСТ

Ман мебинам, ки баъзе муллоҳои моро ҳадаф аз омӯхтани улуми шаръӣ танҳо ба хотири тӯмору таштовнависӣ, даму дуъохонӣ, хатми Қуръону ҷаноза, мавлуду қасидахониву чилёсин  аст. Ё бираванд дар масҷиди Ҳазрати Мавлоно Яъқуб ва Ҳазрати Амири Ҳамадонӣ бишинанду хайроту садақоти  овардаи  мардумро ҷамъу гирд кунанду бихӯранду роҳат кунанд. Ин муллоҳои мо ба ҷои он ки худ Мавлонову Ҳазрати Амирҷон шаванд, ному ҷойгоҳи эшон, гӯри ин бузургонро манбаъи даромад қарор додаанд. Агар ҳамон Мавлоно Яъқуби Чархӣ ё Ҳазрати Амирҷон ё Имом ал- Бухорӣ як бор сар аз гӯр берун кунанду ҳамин аҳволи мо набераҳояшонро бубинанд, аз рангу рӯямон безор мешаванд. Бале, мо бояд амокини муқаддасро поку озода нигоҳ бидорем, ва дуо бихонем то рӯҳи он бузургонамон аз мо шод бошад, вале зиёратҷойҳоро набояд ба манфиати нафси саркаши хеш, ҳамчун парастишгоҳу эҳтиёҷхона барои ҷамъоварии пулу сарват истифода бикунем. Мо бояд хидматҳо ва осори он бузургонро бидонем ва ба фарзандонамон биомӯзем. Аз рӯзгори онҳо сабақ бигирем. Бояд мо  муллоҳо мардумро ба сӯи пешрафт, ба сӯи омӯзиши илм, ба сӯи худшиносӣ ва худошиносӣ савқ бидиҳем. Мо бояд ҷавононро ба андеша кардан сари имрӯзу фардои миллат таҳрик бидиҳем, барояшон бигӯем, ки худотарс, ҳалолу покиза кор кунанд, дар фикри ободии ҷомеъа бошанд, хидматгори миллату ватани худ бошанд, ҳаққи якдигарро нахӯранд, дурӯғ нагӯянд, ришва наситонанд, муфтхӯр набошанд, фарзандони солеҳу донишманд, ихтироъкору худотарс тарбия намоянд.

ЗИНДОН ҲАКИМОНА ПАНД МЕДИҲАД

- Тақдир Шуморо ба зиндон бурд ва имрӯз баъзан бо шӯхӣ худро "тюремщик" ҳам меномед. Зиндон ба Шумо чӣ дод?
- Бале, ин дар тақдири илоҳӣ будааст, ки як сафари 8 сола ба мактаби зиндонро аз сар гузарондем ва беҳикмат набуд. Дар боло қисман ба ин савол ҷавоб гуфтам, аммо илова мекунам, ки он ҷо ҳам инсонҳо аз тамоми табақаҳои гуногуни ҷомеъа кору зиндагӣ мекунанд, бо касоне, ки касбу шуғл, фаҳмишу дониш, хислату рафтор, гуфтору аъмоли мухталиф доранд аз наздик ошно мешавӣ ва бо онҳо бо ҳар гуна ахлоқу хислат дар як ҷо зиндагӣ карданро меомӯзӣ ва фикр мекунам шинохти инсон, рӯҳиёти одамҳо ва чӣ гунагии ҷомеъа ва вазъияти зиндагии инсонҳоро аз наздик дарк ва фаро мегирӣ. Хулоса, ҷомеъаи мо мушкилот ва дардҳои сангине дорад. Фақат бо ёди Худо, Қуръон ва зикру дуъо, мутолиаи китобҳо ва дуъои тамоми дӯстону бародарон осоишу оромиши рӯҳӣ меёфтам. Бо иноят ва лутфи Илоҳӣ ба дарку фаҳми бештари Қуръони карим ва аҳодиси Пайғамбари гиромӣ (с) ва як ҷаҳони маънавӣ ва ҳастии фаррох мушарраф гардидам. Барои ҳамин дар он ҳамойиши наҳзат бо садои баланд гуфтам, ки ҳар як мулло бояд як бор ба зиндон равад. Албатта агар ҷиддитар бигӯям, ман хостори он нестам, ки касе зиндонӣ шавад. Худованд аз зиндонӣ шудан нигаҳ дорад. Зиндон сахтиҳо ва машаққатҳои хосси худро дорад. Ҳарчанд шахсан аз зиндонӣ шуданам зараре накардам. Зиндон ҳакимона панде медиҳад. Яъне он ҷо вобаста ба худи ҳар як инсон макони кашфиёти ҷадид, андешидану тафаккур, дарку фаҳми ҳастӣ аст ва ба мафҳуми  бандагӣ ва мубориза ва ба қадри зиндагӣ расидан аст. Маънӣ ва мазмуни ҳар як ояту ҳадис, ҳар пораи шеъри Мавлонову Бедил зуд дар умқи дилат мешинад.

УСТОД НУРӢ ХАБАРГИРИАМ НАОМАД, ВАЛЕ КАБИРӢ ОМАДА БУД

-Оё  аз  Раёсати  олии  наҳзати ислом  ё  шахсан  устод  Нурӣ  аз ҳоли  Шумо хабар  мегирифтанд?
-Вақте ман вориди зиндон шудам, Устод Нурӣ бемор буд, аммо ба бемории худ нигоҳ накарда  як бор кӯшиш кард, ки ба аёдатам биёяд, аммо масъулини онвақтаи зиндон иҷозат надоданд  ва дар гуфтугӯҳои ғайриҳузурие, ки бо Устод доштам, гуфта буд, чун тандуруст шавам, аввалин коре, ки мекунам ин бояд бошад, ки ба хабаргирии Мавлавӣ Қосим биравам. Хуб, беморияшон вахимтар шуд ва мо дигар бо ҳамин дидори ҳамдигарро  надидем, (гиря гулӯгираш мекунад: Т. С.). Аммо фарзанди азизашон ҳамеша ба аёдатам меомад. Устод Ҳимматзода ҳам бемор буданд, аммо ҳам бо Устод Нурӣ ва ҳам Устод Ҳимматзода ва бузургон ва устодони азизи дигар низ ҳамеша аҳволпурсии ғайриҳузурӣ доштем. Ҳамчунин  паёму саломҳои  Устоди  азиз аз бистари беморӣ тавассути дӯстону наздикон ба мо мерасид. Дигар бародарон аз Раёсати олӣ меомаданд ва аз мо хабар мегирифтанд, аз ҷумла бародари гиромӣ Муҳиддин Кабирӣ ҳам омада буд.
- Кабирӣ кай омад?
- Вақте Устод Нурӣ (рӯҳашон шод бод) аз дунё реҳлат карданд ва бародар Кабирӣ ҷойнишини Устод шуд, ба хабаргирӣ ва мулоқоти банда омад, баъд аз ҳолу аҳволпурсӣ ва сӯҳбатҳо назари бандаро ҳамчун  узви  Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳамчун собиқадори ин ҳизб дар масъалаи раиси ҲНИТ интихоб шуданаш пурсид ва хост бевосита дониста бошад. Ба ӯ  гуфтам, чун ман солҳои охири бемории Устод ва ба сабаби зиндонӣ шуданам дар ҷаласоти ҳизб ҳузур надоштам, аммо медонам шахсияти шойиста ва лоиқ ҳастӣ ва марҳум Устод Нурӣ ва Устод Ҳимматзода ҳам ташхис додаанд ва салоҳ дидаанд  ва дигар дӯстону бародарон сари масъалаи  раиси ҳизб буданатон иттифоқ кардаанд, ман ҳам розиам, ки раҳбари ҳизб бошед. Ва Кабириро ҳамчун бародар чанд тавсиа ва  дуъои нек додам.
(идома дорад)
Сӯҳбаторо
Толибшоҳи  САЙИДЗОДА 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97