Сармуррабии «Вахш»: Нописандии «Истиқлол» ғалабаи моро таъмин кард

Сиёсат 12.08.2011 11:07

Баъди ҳодисаи таассуфбарангези футбол байни дастаҳои "Равшан" ва "Истиқлол", ки бо бохти бозигарони кӯлобию шӯриши оммавии мухлисони онҳо ба анҷом расид, рӯйдоди хабарсози варзишӣ даври навбатии мусобиқа байни дастаҳои "Вахш" ва "Истиқлол" гардид. "Истиқлол"-е, ки дар ду соли охир боре шикаст нахӯрда буд, бозиро бо дастаи "Вахш"-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 бохт.

Оре, дастаи лидери кишварро "Вахш"-е, ки дар оғози мавсими футбол дар ҷойи охири ҷадвали мусобиқа қарор дошт, шикаст дод. Чӣ гуна ба як дастае, ки қариб 100% бозигаронашро аз даст додаву сафи онро футболбозони ҷавони камтаҷриба пур мекунанд, муяссар мешавад, ки ба чунин комёбиҳо мушарраф гарданд? Чаро "Вахш"-и номдорро ба якборагӣ 15 нафар бозигарони асосӣ тарк карданд?  Оё нафаре пешгӯӣ карда метавонист, ки нахустин шуда, дастаи пурқудрати "Истиқлол"-ро маҳз "Вахш" шикаст медиҳад? Пуштибони дастаи "Вахш" кист? Барои ҷавоб ёфтан ба ин ва дигар саволҳо хабарнигори мо бо сармуррабии дастаи футболи "Вахш" Салоҳиддин Ғафуров дар Қӯрғонтеппа сӯҳбате дошта, ки бо шумо хонандаи азиз дар миён мегузорем:
Назарногирии "Истиқлол" ғалабаро таъмин кард

- Нахуст Шуморо барои ғалаба ба дастаи "Истиқлол" табрик мегӯем. Зеро ин ғалаба афкори қолабгирифтаи мухлисони футболро, ки "Истиқлол" мағлубнопазир аст, шикаст.
- Агар гӯем, ки ин ғалаба фавқуллода буд, хато намекунем. Зеро дар ин бозӣ дастаи ҷавони "Вахш" ба майдон баромада буд. Ба фикрам сабаби асосии ғалабаи мо ин шуд, ки бозингарони дастаи "Истиқлол" тайёри надида буданд ва аз оғоз ҷиддӣ бозӣ намекарданд. Чунин ҳолат дар футбол ба таври табиӣ рӯй медиҳад, ки одатан дастаҳои пешсафи мусобиқа бо дастаи дар охири ҷадвал қарор дошта, нописандона бозӣ мекунанд. Дар қисми аввали бозӣ ман дар майдон ҳамин ҳолатро мушоҳида кардам.

Танҳо як зарба

- Аммо дар қисми дуввуми бозӣ дастаи "Истиқлол" беш аз 15 маротиба дар назди дарвозаи Шумо ҳолатҳои голзаниро ташкил карданд, ҳатто 7-8 лаҳзаҳое буд, ки метавонист ба беҳтарин гол ба анҷом расад.
- Бале, дар давоми бозӣ ҳам бартарии пурра дар дасти бозигарони "Истиқлол" буд. Азбаски дар нисбати дастаи мо "Истиқлол" хело пурқувват буд, мо аз оғоз тактикаи муҳофизати мустаҳкамро пеш гирифтем, то дар ҳолатҳои мусоид бо ҳуҷумҳои шадид дарвозаи ҳарифро рахна созем. Шахсан аз бозингарони дастаамон бозии беҳтару натиҷаи дигарро интизор будам. Аммо баръакс шуд, бозигарони ҷавони мо хуб бозӣ карда натавонистанд. Танҳо як зарбаи нишонраси Аҳтам Ҳамроқулов тақдири бозиро ба фоидаи мо ба анҷом расонид.

Ҷарима барои муҳокимаи довар

- Навобаста ба натиҷаи бозӣ, ки ба ғалабаи "Вахш" анҷом ёфт, зиёд мухлисони ин даста ҳангоми бозӣ нисбат ба доварон норозигӣ баён карда, ҳатто бо ҳамовозӣ довари майдонро дашномҳои қабеҳ медоданд. Оё Шумо низ ягон хато ва камбудиҳои доваронро мушоҳида кардед?
- Мураббиён ҳуқуқи муҳокима кардани доваронро надоранд. Барои ин кор моро ҷарима мебанданд. Чунин қонуну қарор қабул карда шудааст, ки фаъолияти доваронро танҳо узви Кумитаи доварони назди Федератсияи футбол баррасӣ карда, нисбаташон хулосабарорӣ мекунанд.

Шикасти пай дар пай ва кӯмаки раиси Хатлон

- Сабаб чӣ буд, ки дар 10 бозии аввали чемпионати имсолаи футбол дастаи "Вахш" пай дар пай шикаст мехӯрду ҳатто як муддат дар ҷойи охирини ҷадвали мусобиқа қарор дошт?
- Бинобар мушкилоти молӣ дар як соли охир 15 нафар бозигарони асосии даста "Вахш"-ро тарк намуда, ба дигар клубҳои футболи кишвар гузаштанд. Дастаи "Вахш"-е, ки ним аср барои мухлисонаш бозиҳои шавқоварро ба маърази тамошо мегузошт, дар ҳолати таназзул қарор дошт. Хушбахтона, бо дастгирии раиси вилояти Хатлон аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ барои таъминоти молии "Вахш" 800 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуду ҳамакнун клуби "Вахш" аз нав қомат рост мекунад. Ин буд, ки мо мусобиқаи имсоларо бо шикастҳои пай дар пай оғоз кардем.

Бозигарони "Вахш" "паранда"-ҳои озод

- Дар Аврупо вақте як футболбоз ба клуби дигар мегузарад, дастае, ки қаблан шомили он буд, манфиати молӣ мебинад. Дар мо чӣ? Оё аз ин теъдоди 15 нафараи беҳтарин футболбозони "Вахш"-ро тарк карда, ки шояд аксарияташ дастпарварони Шумо буданд, ягон фоидаи молие барои клуб расид?
- На. Зеро бо бозигарони дастаи "Вахш" ягон шартнома надоштем. Вақте бозигар дар ин ё он даста бидуни шартнома бозӣ мекунад, ин маънои онро дорад, ки футболбоз озод аст. Ҳар вақту соате хоҳад дастаро тарк мекунад. Ҳамин ҳолат дастаи "Вахш" -ро ба ҳоли табоҳ оварда буд. Агар дастаи футбол шароиту имконият дошта бошад, бо тамоми бозигарони худ шартнома бандад, хубтар аст.

- Акнун, ки дастаро г
ӯё аз нав таъсис додаед, барои пешгирӣ аз хатари муфлисшавӣ бо бозигарон шартнома ба имзо мерасонед ё боз мушкилиҳои дигар мавҷуданд?
- Алъон мо бо 50% бозигарони дастаи "Вахш" шартнома бастаем. Бинобар ин ки мо шарту талаботи баъзе аз дигар бозигаронро иҷро карда наметавонем, ё талаботи шартнома онҳоро қонеъ карда наметавонад, онҳо бо мо шартнома набастаанд. Яъне онҳо бозигарони озод буда, ҳар гоҳе хоҳиш  пайдо кунанд, озод ба дастаи дигари футбол мегузаранд.

Бемураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан…

- Замоне дар назди клуби "Вахш" дастаи футболбозони наврас фаъолият мекард, ки он беҳтарин бозигаронро ба майдон мебаровард. Имрӯз мактаби футболбозони наврас дар кадом вазъ қарор дорад?
- Клуби наврасони "Вахш" имрӯз дастаи дуввуми моро ташкил медиҳад. Ба ҷузъ ин, дар назди клуби "Вахш" боз мактаби наврасони футболи "Вахш" арзи вуҷуд дорад, ки дар он 150 нафар наврасон таълим мегиранд. Умед дорам, ки дар оянда дастпарварони ин мактаб сафи ситораҳои футболи Тоҷикисторо пур мекунанд.

- Шумо баъди 6 бохти пай дар пайи "Вахш" дар мусобиқаи имсола ҳамаг
ӣ ду моҳ пештар масъулияти сармураббии дастаро ба ӯҳда гирифтед. Он вақт дар назди худ чӣ мақсад гузошта будед?
- Мақсад ҳамин аст, ки дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойҳои болотар қарор дошта бошем. Зеро бори нахуст дастаи «Вахш» -ро пурра бозигарони ҷавону камтаҷриба ташкил медиҳанд. Барои онҳо ҳар се рӯз ба мусобиқаҳои ҷиддӣ баромадан каме мушкилӣ дорад. Онҳо пурра обутоб наёфтаанд. Агар дар як бозӣ маҳорати хуб нишон диҳанд, дар бозии оянда, ки баъди се - чаҳор рӯз аст, бачаҳо пурра барқарор шуда наметавонанд. Барои дар мусобиқаҳо фаъолона ширкат кардан, даста бояд 20 бозигари хуб дошта бошад.

Амрикоии бозигари "Вахш"

- Аз бозигарони ботаҷрибаи "Вахш" киҳо боқӣ мондаанд?
-Аҳтам Ҳамроқулов, Рустам Усмонов, Камол Воситов, баъдан дигар бозигарони ҷавон ҳастанд, ки "Вахш" ба онҳо умеди калон дорад. Ҳамчунин дар дастаи мо бозигари амрикоӣ Риди Трой низ бозӣ мекунад, ки бозигари хуб аст.

- Ҳангоми машқу тамринҳо ва ҳатто дар рафти боз
ӣ дар муошират бо Трой ягон мушкилӣ пайдо намешавад?
- Риди Трой-корманди ташкилоти "Миллениум" буда, беш аз 4 сол аст дар Тоҷикистон кору зиндагӣ дорад. Забони тоҷикиро хуб медонад. Дар асл бозигари меҳнатдӯст аст. Ӯ бо хоҳиши худ ба машқгоҳи мо омада, хоҳиш карда буд, ки маҳораташро санҷем. Хушбахтона, аз имтиҳон ба хубӣ гузашту инак узви дастаи "Вахш" аст.

Ҳаводорону дастгирони "Вахш" кистанд?

- Оё ба ҷузъ дастгирии молӣ аз ҷониби ҳукумати вилоят боз ягон ширкату соҳибкороне дастаи "Вахш"-ро аз ҷиҳати молӣ дастгирӣ мекунанд?
- Аслан бо дастгирию маблағгузории раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов дастаи "Вахш" арзи ҳастӣ дорад. Ҳамчунин раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ва Ширкати Холдинги "Исмоили Сомонии Асри 21" каму беш ба мо кӯмакҳои гуногун мерасонанд.
- Шумо, ки солиёни дароз дар ҳамин дастаи футболи "Вахш" бозӣ карда, ин майдон ба қавле хонаи дуввуми Шумост, дар бораи мухлисон чӣ андеша доред?
- Мухлисони мо мисли дастаи Вахш собиқаи чандин солаи футболро доранд. Ҳанӯз 40-45 сол қабл дар ин ҷо соҳаи футбол ба авҷи аъло расида буд. Мухлисони дастаи мо ҳам дар давоми ин солҳо маданияти хуб пайдо кардаанд. Ифтихори дастаи "Вахш" мухлисони собиқадорамон ва он ҷавононе ҳастанд, ки бозиҳои моро бо сабру таҳаммул тамошо мекунанд. Мухлиси ашаддии футбол дарк мекунад, ки эътирозу бетартибиҳои тамошочиён танҳо бар зарари дастаи футболи онҳост.
- Вақте дар майдон мизбон нею меҳмон бошед, оё дастгирии мухлисонатонро эҳсос мекунед?
- Мутаассифона бинобар он ки мо даҳ бозии аввали мусобиқаро пай дар пай бохта будем, мухлисонамон каме озурда шуда, сафи онҳо дар бозиҳое, ки дар дигар майдонҳо бозӣ мекунем, каме кам шудааст. Ба хусус дар ҳамин бозиҳои рӯзҳои оянда, ки мо бо дастаҳои пурқуввати кишвар, мисли дастаи "Хайр"-и Ваҳдат бозӣ дорем.

Ҳар хол мисли обу ҳаво ба мо зарур аст

- Имрӯз омодагӣ барои бозӣ бо дастаи "Хайр" дар кадом сатҳ аст. Оё "Вахш" метавонад, хотири мухлисони худро дар ин бозӣ низ хурсанд намояд?
- Ростӣ, мо дар пеш бозии вазнин дорем. Дастаи футболи "Хайр" пурқувват аст. Ин даста дар мусобиқаи футболи имсолаи кишвар барои ҳар хол муборизаи сахт бурда истодааст. Барои мо ҳам ҳар хол мисли обу ҳаво зарур аст.
- Шояд ҳадафе пеш гузоштаед, ки лоақал бозиро дар меҳмонӣ мусовӣ анҷом диҳед?
- Не. Ҳар дастаи футбол пеш аз бозӣ як мақсад дорад, ғалаба. Агар ҳамин мақсадро пеш нагузорад, ӯ дар ҷадвали мусобиқа на мавқеи худро мустаҳкам карда метавонаду на унвони қаҳрамониро соҳиб шудан.

Пеш аз ҳама маблағ ғалабаро таъмин мекунад

- Мусаллам аст, ки барои дар сафи пеши мусобиқа қарор гирифтан, барои унвони қаҳрамониро соҳиб шудан, дар футбол ҳам нақши асосиро маблағ мебозад. Дар муқоиса ба дигар клубҳои футболи кишвар оё ин маблағе, ки барои дастаи "Вахш" ҷудо шудааст, кофӣ аст?
- Ин маблағе, ки чанд соли охир барои дастаи футболи "Вахш" ҷудо мешавад, дар нисбати маблағгузории дастаҳои "Истиқлол"-у "Регар" хело- хело кам аст. Ман барои он ин ду дастаро мисол меоварам, ки мо ҳам солҳое мисли ин дастаҳо дар сафи пеши мусобиқа қарор дошта, на як солу ду сол унвони қаҳрамонии футболи кишварро соҳиб шудаем. Ва барои дар футбол бо ин дастаҳо муқобилияти сахт нишон додан, ба дарвозаҳои онҳо голҳои зебо задан, футболбозонро фақат машқу тамринҳои ҷиддӣ кофӣ нест. Бояд шароити моддии бозигаронро беҳтар намуд.

Мусо
ҳиб
Ҷамолиддин Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97