Чаро Тураҷонзода Қонуни падаронро зидди қонуни Худо хонд?

Сиёсат 12.08.2011 11:05

Turajonzoda 11Тарҳи Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд", ки ҳанӯз ибтидои соли равон аз ҷониби Президенти кишвар ба муҳокимаи саросарӣ пешниҳод гардида буд, тайи беш аз се моҳ дар миёни ақшори мухталифи ҷомеъаи Тоҷикистон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифта буд. Ва баҳсу баррасӣ, назару андешаҳо ҳам мухталиф буданд. Радио ва шабакаҳои телевизиони давлатӣ, шабу рӯзи дароз бо оростани маҳфилу сӯҳбатҳо ва "Микрофони озод" аз истиқболи гарму ҷӯшони мардуми касбу кори мухталиф аз лоиҳаи қонун ҷонибдорӣ мекарданду нашрияҳои расмии ҳукумат ҳам дар сафаҳоти хеш онро саривақтӣ, муҳим ва муфид арзёбӣ менамуданд. То ҳанӯз ба назди "Микрофони озод" овардану саф оростани мардум ва ҷонибдорӣ аз тарҳи мазкур намуданҳо дар ёдҳо боқист.

Танҳо нашрияҳои мустақил буданд, ки аз тариқи онҳо мардум банду бобҳои алоҳидаи тарҳи қонунро мавриди интиқод қарор медоданд ва пешниҳодоти алтернативи қонунро ироъа мекарданд. Вале аз заҳамоти журналистони нашрияҳои мустақил дар самти таблиғ ва муҳокимаи лоиҳаи ин қонун дар сатҳи давлат ҳарфе гуфта нашуд. Ва "Миллат" ягона расонаи хабарие буд, ки бо баргузории як мизи гирд бо ширкати афроди гуногунандеш ва мутахассисини соҳаи таълим тарҳи пешниҳодшудаи қонунро мавриди баҳс қарор дод. Чунин баҳсу баррасии ҷиддӣ ва андешаҳои мухталиф мутаассифона аз тариқи радиову телевизионҳои кишвар мисли ҳамеша сурат нагирифт ва назари ҷониби мухолифи тарҳи қонун барои мардум пешниҳод нагардид. Ва бойиси таассуф аст, ки он ҳама андешаҳои ҷолиби ширкатдорони маҳфили "Миллат" аз ҷониби аъзои комиссияи баррасии таклифу пешниҳодот ба инобат гирифта нашуданд.
2 марти соли равон бо ибтикори нашрияи "Миллат" бо ширкати афроди соҳибназаре чун Ашӯрбой Имомов, раиси собиқи Додгоҳи Конститутсионии кишвар, Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, қозикалони собиқи Тоҷикистон, Тоҷинисо Маҳмадова, муовини вазири маорифи Тоҷикистон, Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, Раҳмон Ҳафиз, устоди Донишгоҳи миллӣ ва Фирӯз Саидов, корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ мубоҳисае баргузор гардида буд, ки дар он тарҳи Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд" мавриди таҳлил ва баррасии густарда қарор дода шуд. Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода дар ҳамон маҳфил гуфта буд:
"… Ба андешаи ман сабаби асосии дар марҳалаи имрӯз, ки сиёсати идеологии ҳукумат то ҷое як навъ динситезӣ аст, ҳадаф аз қабули ин қонун аввал манъ кардани кӯдакон аз рафтан ба масҷид, дуввум ба хотири  номгузорӣ аст ва номҳои исломӣ аз байн мераванд, саввум ба хотири гирифтани пеши роҳи таҳсили ибтидоии кӯдакон дар назди муллоҳо мебошад. Ана ҳамин бандҳои қонуни мазкур иҷро мешаванд, дигар бандҳои он иҷро нахоҳанд шуд ва касе ҳам коре ба иҷроиши онҳо надорад. Биёед як сол баъд ҷамъ шавем, агар ҳамин тавр набошад, бигӯед, ки домулло, шумо хато кардаед."
Ҳуқушинос Ашӯрбой Имомов изҳор дошт, ки "чӣ зарурат буд  ҳамин лоиҳаи қонун пешниҳод шавад, намефаҳмам, дар қонунҳову санадҳои ҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ дар бораи масъулияти падару модар ва ҳатто холаву тағо дар таълиму тарбияи фарзанд бобу бандҳои алоҳида ҳаст. Бояд андеша кард, ки аз он чизи буда, беҳтару зиёдтар чӣ метавон гуфт."
Он вақт Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода пешниҳод намуда буд, ки қабл аз қабул намудани тарҳи ин қонун бояд бо доираи васеъи соҳибназарон, олимону рӯҳониёни саршинос, коршиносони соҳа чӣ мухолифин ва чӣ ҷонибдорони қонуни мазкур ва бо ширкати афроди масъули ҳукумат, дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва парлумон як бори дигар ин тарҳи қонун дар як ҳамойиши сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ банд ба банд, модда ба модда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор бигирад ва ҷараёни он ҳамойиш аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ба мардум пешниҳод гардад. Ҷонибдорони ин қонун он ҷо назари хешро бигӯянд, андешаи мухолифон ҳам шунида шавад ва баъдан сари як қарор омада тарҳи мавҷударо барои тасвиб ба парлумони кишвар пешниҳод намоем, зеро нукоту бандҳои алоҳидаи қонуни мазкур ба масоили хеле муҳимми динӣ, имонӣ ва исломии мо дахолат дорад. Ва дар қабули ин қонун ба шитобзадагӣ роҳ надиҳем ва ба таҳмили хостаҳои ҳеч гурӯҳе набояд иҷоза дод. Ин пешниҳоди ҷаноби Тураҷонзодаро аксари ширкатдорони он Мизи гирд ҷонибдорӣ намуда буданд. Фирӯз Саидов, корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ низ изҳор дошта буд, ки "ман дар бораи зарур будан ё набудани ин қонун чизе намегӯям, бигузор як комиссияе таъсис ёбад ва тамоми дархосту пешниҳодоти мардумро омӯзад, назари коршиносону мутахассисонро ба инобат бигирад." Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода гуфта буд, ки  "қабули қонуни мазкур бо он талаботе, ки гузоштааст ба манфиати кишвар ва мардум нест. Агар ин қонун татбиқ шавад, дар оянда бойиси норозигии мардум аз ҳукумат мегардад, лекин агар татбиқ шуданӣ нест, пас чаро бояд қабулаш кунем?!"
Ва қабул шуд. 15 июни соли равон Парлумони Тоҷикистон қонуни мазкурро бо аксари орои вакилон қабул намуд, ки он дар ҷомеъаи кишвар вокунишҳоеро дар пай дошт.
Ва нахустин шуда боз Акбари Тураҷонзода аз қабули он шадидан интиқод намуд. Зимни сӯҳбати хеш бо расонаҳои хабарии кишвар пас аз ба тасвиб расидани қонуни мазкур ин рӯҳонии саршинос дар вокуниш ба қабули қонуни мазкур аз сӯйи Маҷлиси намояндагон гуфт, ки воқеъан, бо ниҳояти афсӯси бузург хабардор шудам, ки қонун дар бораи масъулияти волидайн, бидуни тағйир ҳамчунон, ки ҳукумат пешниҳод карда буд, қабул шудааст. Тибқи ин қонун акнун навҷавонони то 18- сола агар ба масҷид раванд, падару модаронашон муҷозот мешаванд. Ва ҳамчунин ба кодекси ҷиноятӣ иловае қабул карданд, ки ҳар касе мактаби динӣ дорад, яъне ҳар касе агар ду кӯдакеро Қуръон омӯзиш диҳад, аз 5 то 12 сол маҳкум ба зиндон хоҳад шуд. Пештар ҷазои маъмурӣ буд, ҳоло аз 5 то 12 сол маҳкум ба зиндон мекунанд. Воқеъан ҳам як мусибати бузург барои миллат бо қабули ин қонун ба сараш омад." Дар идомаи сӯҳбаташ Тураҷонзода афзудааст, ки ӯ ин қонунро маҳкум мекунад ва бояд ҳар як марди мусалмон онро маҳкум намояд, зеро ин қонун ошкоро зидди ҳукми Худо аст.
Ин дар ҳолест ки барои мактаби экстремистӣ ва террористӣ ташкил кардан ҳам ҳамин гуна ҷазо пешбинӣ шудааст.
Вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов лоиҳаи қонунро ба вакилони парлумон шарҳу тафсир карда таъкид намуд, ки қабули ин қонун барои таъйини уҳдадорӣ ва масъулияти волидон, омӯзгорон ва ҷомеъа дар амри тарбият ва таълими фарзандон аз аҳамияти хосса бархурдор хоҳад буд.
Ба истиснои ду вакил аз Ҳизби наҳзати ислом; Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ дигар вакилон тарҳи Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд"- ро, ки аз ҷониби Президент Раҳмон пешниҳод шудааст, саривақтӣ ва муҳим унвон кардаанд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини ӯ, ки ҳарду вакили мардум дар парлумон мебошанд, ба тасвиб расидани ин Қонунро бе ворид намудани баъзе тағйиру иловаҳо мухолиф ба қавонини байналмилалӣ, Сарқонуни Тоҷикистон ва муғойир ба арзишҳои динӣ ном бурдаанд. Аз ҷумла ҷаноби Ҳусайнӣ гуфтааст, ки тавассути қонун ҷилавгирӣ кардан аз намозгузории наврасони то 18 сола дар масоҷид ва барои ин амр муҷозот кардани волидони онҳо як амали хилофи арзиш ва фароизи динӣ аст.
Вазири маорифи Тоҷикистон А. Раҳмонов изҳор доштааст, ки ҳеч гуна зарурат бар ислоҳи тарҳи пешниҳодшуда мавҷуд нест. Мавсуф афзудааст, ҷавонони тоҷик, ки дар макотиб таҳсил мекунанд, бояд пеш аз ҳама дар бораи гирифтани дониш ва маълумот биандешанд, зеро кишвар дар оянда ба афроди огоҳ, мутахассис ва донишманд ниёз дорад. Ӯ аз вакилон даъват кард, ки тарҳи пешниҳодиро пуштибонӣ намоянд. Вазири маориф изҳор доштааст, ки ман пеш аз ҳама тарафдори ин қонун ҳастам, таблиғотгари ин қонун ҳастам. Ва ба хусус тарафдори он ҳастам, ки моддаи 8, банди 14 дар шакле, ки ҳаст қабул шавад. Яъне ба масҷид рафтани хонандагон ва донишҷӯён манъ карда шавад.
Аксари вакилони парлумон, ки аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ намояндагӣ мекунанд, барои исботи дурустии даъвои худ ҷиҳати манъи ширкат ва ҳузури ҷавонони то синни 18- солаи тоҷик дар ибодати дастҷамъона дар масоҷид  аз ҳодисаҳои ахири минтақаи Рашт ёдовар шуда, таъкид кардаанд, ки гурӯҳҳои тундраву ифротӣ ҷавононро бо ҳар роҳу восита ба сӯйи худ мекашанд.
Ёдовар мешавем, ки тарҳи Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд" дар шаш моҳи ахир аз тариқи матбуоти мустақили кишвар, расонаҳои расмӣ, радио ва телевизион ва маҳфилу сӯҳбатҳои мухталиф мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта ва ҳамчунин ба шакли китобчаи вижа ҳам бо теъдоди 200 ҳазор нусха ба нашр расида буд. Ва акнун Қонуни мазкур пас аз он ки аз ҷониби Президент Раҳмон ба имзо мерасад, дар ҳукми амал қарор мегирад. Шояд он ҳама нигаронӣ ва нороҳат шудани мухолифони қонуни масъулияти падару модар танҳо аз сари муғойират доштанаш ба арзишҳои диниву мусалмонии мо бошад ва амалӣ кардани нишондодҳои қонуни мазкур ҳам заҳмати сангин ва нируи зиёдеро мехоҳад. Чуноне маълум аст аз 1 январи соли ҷорӣ дар саросари ҷумҳурӣ қонун дар бораи манъи сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ  амал мекунад, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, вазъ ҳамон ранг аст, ки то 1 январ буд. Оё чунин шуданаш имкон дорад, ки баъди як сол дар маҳфиле гирди ҳам биоему хоҳем гуфт:
"Домулло Тураҷонзода, Шумо хато кардед! Қонуни масъулияти падару модар комилан дар ҳукми амал аст." Ё касе андешаи дигар дорад?! Ба ҳар сурат нишондоду талаботи қонуни мазкур то куҷо дар амал татбиқ мешаванд, гузашти вақт нишон хоҳад дод.

Толибшоҳи САЙИДЗОДА

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97