Ленинро ба Шабдолов тӯҳфа карданд, Сталин соҳиб наёфтааст

Сиёсат 12.08.2011 10:12

StaLIN 04Дар ҷараёни таъмири бинои парлумони Тоҷикистон нимпайкараҳои Марксу Энгелс ва Ленину Сталин пайдо шудааст. Дар зери зинаҳои даромадгоҳи бинои парламон дареро пайдо кардаанд, ки рӯяш андова шуда будааст. Баъд аз боз кардани дарича коргарон дидаанд, ки дар дохил нимпайкараҳои чаҳор тан доҳии ҷунбишҳои коммунистӣ ва поягузорони сохти сотсиалистӣ замоне пинҳон карда шудааст. Нимпайкараи Сталинро дар он ҷо дар замони ҳукмронии Никита Хрушёв пинҳон кардаанд, вале гуфта мешавад, ки нимпайкараҳои Марксу Энгелс ва Ленинро баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ба таҳхона интиқол додаанд. Се нимпайкараро ба Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон додаанд ва ҳоло онҳо дафтари кории вайро ороиш медиҳанд.  Вале маълум нест, ки нимпайкараи Сталинро чӣ кор кардаанд. Бино ба хабарҳо,  нимпайкараи Сталин аз мармар сохта шуда ва 400 килограм вазн дорад.

Шабдолов ва таърихчаи Ленинканӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон имрӯз қариб, ки ҳайкалу нимпайкараҳои доҳиёни Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо намондааст. Дар Душанбе бузургтарин ҳайкали асосгузори давлати Шӯроҳо Владимир Ленин, ки дар майдони назди Шӯрои Олии Тоҷикистон қад афрохта буд, дар моҳи сентябри соли 1991 барандохта шуд ва шӯри қиёмате дар ҷомеъа афканд. Коммунистони тоҷик бо оростани ҷаласаи изтирорӣ баркандани бути Ленинро шадидан маҳкум намуда, хостори ба зиндон афкандани ташаббускорони ин амал гашта буданд. Қадриддин Аслонов, иҷрокунандаи вазифаи Президент ва раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки ин ҳайкалканӣ ба замони раҳбарии ӯ рост омад, дар моҳи сентябри ҳамон сол ба зери Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистон имзо гузошт ва ҳамчунин бо як фармони дигари хеш моликияти Ҳизби коммунистро амволи давлат номид. Ёрони собиқи ӯ аз Ҳизби коммунист, ки аксари вакилони Шӯрои Олиро ташкил медоданд, ин "хиёнат"- ро ба собиқ котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунист Қадриддин Аслонов набахшиданд ва ӯро оҷилан аз мақоми раиси Шӯрои Олӣ барканор намуданд. Ҳайкали Ленин сари Аслонов- раҳбаре, ки имзояш Эъломияи Истиқлоли кишварро зеб медиҳад, "хӯрд". Чунин ба назар мерасид, ки Ленин ва ҳайкали ӯ барои аксари коммунистдепутатҳо ва мардуми содиқ ба идеалҳои ленинӣ- коммунистӣ муқаддастар аз Истиқлоли Тоҷик ва болотар аз обрӯ ва шахсияти давлатмарде, ки Тоҷикистонро соҳибистиқлол эъLeNNIn 04лон намуда буд, мебошад. Ҳатто Давлати Худоназар, шахсияти шинохтаи ҷомеъаи Тоҷикистон ва вакили мардум дар Парлумони Иттиҳоди Шӯравӣ он замон аз барандохтани ҳайкали Ленин дар назди вакилони Шӯрои Олӣ бо эҳсосу надомат сухан гуфта, онро "вандализм" номид. Додситони вақти кишвар Нурулло Ҳувайдуллоев аз вакилони парлумони Тоҷикистон хоҳиш намуд то иҷоза бидиҳанд шаҳрдори Душанбе Мақсуд Икромовро барои ҳайкалканӣ ба ҳабс бигирад. Оҳ чӣ шӯре, аҷаб ғулғула ва сару садое афканд он ҳайкал. То ҳанӯз оби шашқатори иддае аз коммунистони тоҷик, ки дар пояи сутуни беҳайкали Ленин мерехтанд, аз пеши дидагони мо нарафта. Мотам буд он шабу рӯз. Гӯё қиёмат шуда буд. Ҳатто баъзе содалавҳони ленинпараст мегуфтанд, ки акнун ҳайкали Ленин канда шуд, дигар кӣ ба мо маъошу нафақа медиҳад. Ва телевизиони тоҷик ҳам гаштаву баргашта он "фоҷеъа"- ро барои мардум намоиш медод. Баъдан яке пайи дигаре ҳайкалҳои Ленин аз шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Кӯлоб ва Хуҷанду Хоруғ барандохта шуданд. Ба ҷойи ҳайкали Ленин дар Душанбе нахуст муҷасаммаи Ҳаким Фирдавсиро гузоштанд ва баъдан ҷойи Фирдавсиро ба Амир Исмоили Сомонӣ доданд.  Дар Қӯрғонтеппа ба ҷойи Ленин аллома Бобоҷон Ғафуров қад алам кард. Дар ноҳияи Ванҷ бошад ба зери пояи муҷасаммаи Ленин маводи тарканда гузошта, лингҳои доҳиро аз осмон оварданд ва дар ҷойи он муҷасаммаи шоири шинохтаи тоҷик Мулло Ёрмуҳаммади Ванҷиро гузоштанд. Дар ноҳияи дурдасти Дарвоз ҳам тобистони соли гузашта Ленинро "ронданд" ва ҷояшро Борбади хунёгар гирифт. Дигар касе аз кандани ҳайкалҳои доҳии пролетариати ҷаҳон нороҳат нест. Дигар ҳеч касе, ҳатто коммунисте ҳам оби дида намерезад. Дигар касе намегӯяд, ки ин ҳайкали доҳиро меканед, кӣ моро маъошу нафақа медиҳад, гӯё, ки дигар касе парвои маъошу нафақа ҳам надорад. Имрӯз акнун як танҳо Шодӣ Шабдолов мондааст, ки овоз рӯшан мекунад. ки "ҳайкали Ленинро дар Хуҷанд ғайриқонунӣ кандаанд" ва нимтанаҳои Марксу Энгелсу Ленинро аз таҳхонаҳо берун карда, барояш "тӯҳфа" мекунанд. Ва имрӯз ҷои он ки он ҳама муҷасаммаву нимтанаҳои сарварони Ҳизби коммунист ва давлати Шӯроҳоро дар осорхонае ҳамчун ёдгоре аз таърихи он кишвари пурқудрати ҷаҳон гирд оваранд, дар ҳуҷраи кори депутат Шабдолов ва дар назди қароргоҳи ҳизби коммунисти ӯ мегузоранд. Мисле, ки дигар Ленин ва муҷасаммаҳои ӯ ба ҷуз Шабдолов ба касе даркор нест. Ва Шабдолов ҳам, ки бо шарофати Ленин ва ҳизби ӯ беш аз сӣ сол боз соҳибмансаб ва 20 сол боз курсинишини парлумони тоҷик аст, ин ҳақро надорад, ки аз соҳибӣ кардани нимпайкараву ҳайкалҳои Ленин сарпечӣ кунад. Ҳадди ақал имрӯз!

"Миллат" 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97