Афсонаи Бин Лодин поён ёфт?

Сиёсат 09.08.2011 10:57

Миллиардери террорист дастпарвари Амрико
Нимашабе, ки Барак Обама дар бораи кушта шудани Усома бин Лодин, "террористи №1" изҳорот пахш намуд, дар шаҳрҳои Амрико тӯйу сурур танинандоз гашт. Ин хабар дар фурсате сархати тамоми расонаҳои олам гашт. Агарчӣ ин хабаре фараҳбахш барои амрикоиҳо ва ҷонибдорони сиёсати Кохи Сафед буд, аммо қалби дӯстдорони Усомаро ба ларза овард. Дар бархе аз шаҳрҳои Покистон ва Яман ҷонибдорон ва ҳаводорони Бин Лодин бо шиорҳои зидди амрикоӣ ба по бархостанд. Шояд бархе бигӯянд, ки Усомаро касе дӯст намедошт, аммо воқеият ин аст, ки Усома алорағми "террористи № 1" эълон шудан, барои касоне, ки аз беадолатиҳои Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймононаш ба дод омадаанд, "қаҳрамони рақами 1" будаву "шаҳид" боқӣ мемонад. Шояд  бархе аз онҳо Бин Лодинро барои хеш ИДЕАЛ қарор бидиҳад.

Ин, ки Усома дар воқеъ кист ва чаро ӯ дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ба ин андоза шӯҳратёб гардид, танҳо мешавад ҳаминро гуфт, ки Кохи Сафед аз як араби миллионери тобеъаш ТЕРРОРИСТ тарошид ва бо ҳамин роҳ мехост симои мусулмонон ва дар умум Исломро ҳаросангез кунад. Агарчанде Кохи Сафед то як ҳадду марз тири заҳрогини худро ба баданаи таъсирнопазири Ислом партоб кард, натавонист ба аҳдофи хеш бирасад. Акнун одитарин нафаре, ки аҳли фикр аст ва метавонад андеша кунад, ба осонӣ дармеёбад, ки СЕНАРИЯи нотамоми Кохи Сафед, ки дар асоси АФСОНАЕ рӯйи саҳнаи умдатарин хабаргузориҳои ҷаҳон дар тӯли даҳ сол намоиш мешуд, акнун ба зудиҳои зуд бесаранҷом ва сарбаста поён меёбад. 

Усома ва ду Буш

Дар асл Усома бин Лодин миллионери араби саудӣ, ки падараш яманӣ ва модараш аз аҳли Сурия буданд, агенти Хадамоти иктишофии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико будааст. Дӯстии ӯ бо амрикоиҳо дар Афғонистон замоне оғоз гардид, ки Усома бо 300 миллион доллари аз падараш меросмонда барои иштирок дар ҷиҳод алайҳи артиши сурхи таҷовузгари шӯравӣ озими Афғонистон гардид. Дар он ҷанги хонумонсӯз, ки миёни ду абарқудрати вақт, Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаву ҳампаймононаш дар гирифта буд, Амрико муҷоҳиддинро кӯмаки молӣ мекард, ки артиши беназири шӯравӣ ба шикаст мувоҷеҳ шавад. Дар ин амал Амрико тавонист миллионҳо маблағи арабҳо ва минҷумла миллионҳои Усомаро "ба хотири ҷиҳод" ба Афғонистон сарозер кунад.   Ӯ аз наздиктарин дӯстони Ҷорҷ Буши калонӣ буд ва дар пайи ихтилофе  дӯстияшон аз ҳам канда шуд. Акнун Усома бин Лодан террорист эълон гардид ва дӯстони собиқаш ҳар таркишеро, ки дар шаҳрҳои гуногун ба вуқӯъ мепайваст, бар дӯши дӯсти дирӯзаашон таҳмил менамуданд. Буши хурдӣ акнун ба шикори Усома баромад ва ҳампаймононаш дар нимҷазираи Араб шаҳрванди фарзанди диёрашонро лағв карданду ӯ сарсону саргардон ба Сомаливу Судону Афғонистон рафт. Акнун дар ҳар ҳамлае, ки интиҳорӣ ё террористӣ унвон мешуд, амрикоиҳо "пайи пойи" Усома ва "ал-Қоида"-и ӯро "меёфтанд". Яъне, ба назар мерасид, ки Усома бо харҷи чандсад миллион доллар "ҚАҲРАМОН"-и сенарияҳои кишварҳои қудратманд гардидааст. 

Амалиётҳои террористии Усома бин Лодин

Бин Лодинро дар амалиётҳои террористии бешуморе гумонбар медонистанд. Таркиш дар як маркази тиҷории ИМА, ки 26 феврали 1993 рух дод ва 6 кушта ва беш аз ҳазор нафар захмӣ бар ҷой гузошт. Соли 1996 дар шаҳри Даҳрани Арабистони Саъудӣ дар пайи як ҳамла ба хобгоҳи нирӯҳои ҳавоии ИМА 19 кушта ва беш аз 300 нафар маҷрӯҳ шуданд. Шӯҳрати Бин Лодин баъди таркиши бинои сафорати Амрико дар Найроби Кения  ва Доруссаломи Танзания  бештар шуд. Дар санаи 11 сентябри соли 2001 дар натиҷаи як амалиёти ба қавли хадамоти Амрико "террористӣ" номи ин шахс вирди забони мардум гашт ва тамоми оламро ба ларза овард.  Рӯзҳои аввал  аз марги беш аз 50 ҳазор нафар ҳадс мезаданд, аммо дертар маълум шуд, ки дар он ҷо то 3000 нафар кушта шудааст, ки аксари онҳо оташнишонҳо ва хидматгорон будаанд. Ин гуна сурат гирифтани воқеъа аксари мардуми ҷаҳонро нисбат ба ин қазия дар шубҳа андохт, ки кормандони ин биноҳои мӯҳташам куҷо буданд? Оё онҳо дар ин бора бештар иттилоъ доштанд? Ҳатто хабарҳое низ паҳн гаштанд, ки ҳамлаи 11 сентябр кори Усома набуда, балки дар ин амалиёти ваҳшиёна низ асроре ниҳон аст. Зеро мутахассисону коршиносони зиёде дар ин бора таҳқиқ намуданд ва аксар ба хулосае омадаанд, ки ин баландошёнҳои дугоник на дар натиҷаи бархӯрди тайёра, балки дар натиҷаи таркиши дохилӣ хароб гаштаанд.

Усома бин Лодин афсона ва ё ҳақиқат

Зиндагии Усома ва марги ӯ пур аз муаммо ва асрор буд. Оё дар ҳақиқат чунин террорист буд ва ё на? Суолест, ки ҷавоби аниқи онро касе наметавонад бидиҳад.
Бархе аз коршиносон ба ин назар буданд, ки дар асл чунин шахсе вуҷуд надошт, балки як хусаи сохтаи Амрико буду халос. Нирӯҳои Амрико дар пайи ҷустуҷӯ ва дастгир кардани Бин Лодин ба Афғонистон ҳамла карданд ва дар ин амалиёти даҳсолаи зидди террористӣ ҳазорон мардуми бегуноҳи ин кишварро кушта, садҳо ҳазори дигарро фирорӣ карданд. Дар ин амалиёт беш аз ду ҳазор аскари амрикоӣ низ қурбони сиёсатҳои бузург гаштанд. Дар Ироқ низ Бин Лодин ва ҳамсафони ӯро ҷустуҷӯ карданд. Пас дар зери ин ном чӣ нуҳуфта буд?! Симои Бин Лодин гоҳе дар телевизионҳо пайдо мешуд. Ба хусус дар лаҳзаҳои ҳассоси сиёсӣ барои ИМА. Пеш аз ҳар интихоботи президентӣ ё ҳамла ба кишваре Лодин дар пардаи телевизион ва шабакаҳои интернетӣ пайдо мегашт. Бо баҳонаи ин ном Ироқ харобу валангор гардид, Афғонистон боз бори дигар дар оташи ҷанг кашида шуд, дар Вазиристони Покистон низ мардуми зиёде кушта шуданд. Танҳо баъди даҳ соли террористи рақами 1 на дар ғорҳои Тора Бора, на дар кишвари Афғонистон, балки дар як иморати муҳташами наздикии Исломободи Покистон кушта шуд. Ин иморат дар садметрии академияи хадамоти махсуси Покистон ҷойгир будааст. Ин боз суолест, ки дар ин афсона бе ҷавоб мемонад, ё хадамоти амниятии ИМА ва Покистонро зери суол мекашад. Пӯшида нест, ки Покистон ҳама вақт бо Амрико дар сиёсати ҷаҳонӣ ҳампаймон буду ҳаст. Чаро дар ин кишвар тӯли даҳ сол ва дар «тайи бинии амнияти» -и Покистон оромона зиндагӣ дошт?

Бин Лодин чанд ҷон дошт?
Ҳукумати ИМА хабар додааст, ки ҷасади Бин Лодинро тибқи дастуроти шаръӣ ҷаноза карда, дар баҳри Араб андохтанд. Боз бин Лодин кушта шуд. Ин маротибаи шашум аст, ки ӯро мекушанд ва боз зинда мекунанд. Оё ин охирин марги  ӯст ва ё боз "афсонаи ҳазору як Бин Лодин" давом дорад?  Дар зери марги ӯ боз асроре нуҳуфта аст. Аввалан, ин ки террорист дину миллат надорад. Ин суханест, ки пайваста аз забони сиёсатмадорон шунида мешавад. Пас агар Бин Лодин террорист буд, чаро тибқи Ислом ӯро ҷаноза карданд? Оё ин маънои онро надорад, ки аз мурдаи ӯ боз мусалмон метарошанду "ном"-и  террористро боз ба дӯши муслимин меафкананд ва агар мусалмон буд, чаро мурдаи ӯро дар замин неву дар дарё дафн карданд? Оё ин паст задании ойини Ислом нест? Ҳатто чи гунагии тобути ӯ ҳам асрорангез боқӣ хоҳад монд. Марги ӯро на ҳама бовар доранд. Он акси сохтаи ҷасади Бин Лодин зуд ошкор гашт. Хабаргузории "Аргумент.ру" гуфтааст, ки Бин Лодинро бояд дар Бадахшони Тоҷикистон ҷустуҷӯ кард. Ин чӣ маъно дорад? Ё Русия мехоҳад боз барои кадом мақсаде Бин Лодини хешро дошта бошад?! Зеро Амрико ногузир ба мақасадаш расид ва эълон кард, ки ӯро куштааст. Боз ин суол ҷавоб мехоҳад, ки чаро маҳз дар ин шабу рӯз? Бештари таҳлилгарон ба ин назаранд, ки Ҳукумати Буш даҳ сол пеш бо баҳонаи дастгир кардани Усома ба Афғонистон ҳамла овард ва дар ин муддат миллиардҳо доллар ва беш аз ду ҳазор аскари худро қурбон кард. Акнун, ки бояд баъди як моҳ ин кишварро тарк кунад, мехоҳад хешро дар назди шаҳрвандони худ бо ин "қаҳрамонӣ" сафед кунад. Дар Ироқ на демократияро барқарор карду на силоҳи кимиёвӣ ба даст овард. Оромӣ ҳам то ҳанӯз барқарор нест. Ҳар рӯз аз як таркиш ё куштори касе хабар мерасад. Дар Афғонистон низ нирӯҳои амрикоӣ ноком шуданд. Оромӣ ва демократияи ваъдагӣ фақат дар гуфтаҳо монду бас. Ҳоли мардумаш аз пештар бадтар гашт ва ҷанг ҳамоно давом дорад. Аз ин рӯ ҳукумати ин кишвар бо сари баланд метавонад, бигӯяд, ки мо миссияи хешро анҷом додем.

Бин Лодин кӣ буд; душмани Амрико ё аз Ислом?

Бин Лодине, ки тайи даҳ соли ахир оламро ба даҳшат афканда буд, кӣ буд? Бархе мегӯянд, ки ӯ "мусалмони муҷоҳид буду алайҳи куфр ва истилогарон" меҷангид. Агар ин суханро дуруст шумарем, пас чаро шабакаи террористии "Ал-Қоида" бештар дар кишварҳои мусалмонӣ фаъолият мекарду аз ҳама зиёд мардуми мусулмон "тӯъмаи" ин сиёсат қарор мегирифтанд. Дуввум, он ки Бин Лодин худ араб буд. Фаластин аз ҷониби Исроил ишғол гаштаву дигар кишварҳои арабӣ низ зери султаи кишварҳои абарқудрат қарор доранд. Чаро ки ӯ на дар он ҷо, балки дар Афғонистон сар баровард? Ҷойи муболиға нест, ки мардуми афғон аксаран мусулмонанд ва дар қиёс ба дигар кишварҳои мусулмонӣ хело ҳам пойбанди динанд. Бин Лодин бошад бо "Ал-қоида"- и хеш маҳз ҳамин мардумро ба ҷангу хун кашид. Маргу зиндагӣ дар дасти Худост ва мо бояд аз сарнавишти ҳар инсон ибрате бигирем. Бин Лодин кӣ буд ва хидмати киро мекард, фурсат инро ошкор хоҳад кард. Таърих аз хунхорону даҳшатафканони зиёде ёд дорад аз қабили Чингиз, Ҳитлер, Столин ва дигарон. Касе даст ба куштори инсонҳои бегуноҳ мезанад, қотил аст, қотил ҳар касе бошад, дар пешгоҳи Худованд ҷавоб хоҳад дод! Дар интиҳои ин афсонаи Бин Лодин бояд гуфт, ки касоне даст ба рехтани хуни ноҳақ  ва куштору хушунат мезананд, бояд ибрат бигиранд, ки таърих номи онҳоро ҳамчун хунхор сабт хоҳад кард.
Аъзамшоҳи ҚӮҚАНШОҲ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97