Дар ҷустуҷӯи ҳақиқати IRS ва «заложник» - и БДА шудани хабарнигорон

Сиёсат 09.08.2011 10:49

Ширкати IRS соле қабл назорати роҳи Душанбе -Чаноқро бо усули толингии истифода бар ӯҳда гирифт ва убур аз ин роҳро пулакӣ кард, тӯли як сол боз дар матбуот сару садоҳое атрофи эътироз ва норозигии мардум аз ин ширкат шунида мешавад. Шояд аз  ин хотир буд, ки бо ташаббуси масъулини ин ширкат наздик ба 20 нафар хабарнигорон, сафари дурӯза ҷиҳати ошноӣ бо хидматрасонии фаннии IRS дар роҳи Душанбе-Чаноқ анҷом доданд.

Соҳиби IRS кист?
Суоле, ки аз оғози пулакӣ шудани роҳ ба масъулини ин ширкат медоданд, дар ин сафар низ аз ҷониби хабарнигорон ба масъули IRS суоли нахустин буд. Яъне молики IRS кист?
Рустам Абдуллоев, масъули фаннии IRS, ки дар ин сафар роҳбалади хабарнигорон буд, аз бурдани номи молики ин ширкат ин бор низ худдорӣ варзид ва гуфт, ки ширкат саҳҳомӣ аст ва аз сӯи шаҳрвандони Бритониё ва шаҳрванди Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ӯ гуфт, ки номи соҳиби ширкат дар қарордодҳо бо ҳукумат ҳаст. Ва ягон маблағи ин ширкат ба хориҷ намеравад…
Ба ин мавзӯъ дар поёни матлаб бармегардем.

Баҳс сари роҳи баҳсбарангез
Роҳи Душанбе -Чаноқ 368 км тӯл дошта то ҳоли ҳозир 246 км-и он зери назари IRS қарор дорад. Боқӣ 112 километраш ҳоло дар тавозуни Вазорати нақлиёт мебошад. 246 км роҳе, ки зери назари IRS будааст, аслан дар минтақаи ҳамвор ҷойгир аст ва рехтани сангу шағалу сел ин ҷо таҳдид намекунад ва нисбат ба роҳи кӯҳсор чандон заҳматеро низ тибқи мушоҳида барои нигоҳубин талаб надорад, хусусан аз километри 169 то 368. Ба ҳар сурат то имрӯз аз нигоҳубини ин қисмати роҳ нисбати ширкат эроде нест. 
112 килметр роҳе, ки ҳоло дар тавозуни Вазорати нақлиёт аст, яъне аз километри 57 то 169 мушкилтарин қисмати роҳ аз нигоҳи бехатарӣ аст, ки қисмати кӯҳсори роҳ ва ағбаҳои Анзобу Шаҳристонро дар бар мегирад. Нигоҳубинаш нисбати дигар қисмати роҳ мушкилтар ва заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Ин қисмати роҳ низ аз сӯи ширкати хитоӣ бозсозӣ шуда ва аз сӯи комиссияи давлатии қабул тибқи санаде дар ҳайати муовини сарвазир, масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва раисони вилояти Суғд ва ноҳияҳои шафати роҳ ва масъули ширкати IRS омӯхта ва барои истифода қабул гардида ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2011 тасдиқ шудааст. Тибқи банди дуюми қарори ҳукумат, мебоист ин қисмати роҳ низ пас аз қабул шуданаш ба тавозуни ширкати IRS вогузор мешуд.
Бо гузашти 3 моҳ пас аз қабули ин қисмати роҳ (қисмати зери назари Вазорати нақлиёт) аз сӯи комиссия, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар бештари қисматҳои ин ҷода сангу шағал фаромада, обпартои паҳлӯи роҳ ва қисман болои асфалтро пур кардаанд. Дар ин минтақаҳои сангрез деворҳои муҳофизатӣ сохта нашуда ва пас аз тарконидани кӯҳҳо, сементкорӣ (цементация) нашудааст. Маҳмадалӣ Сафаров, ки бо намояндагӣ аз Вазорати нақлиёт моро ҳамроҳӣ мекард, сабаби насохтани деворҳои муҳофизатӣ ва сементкорӣ нашудани роҳро  шарҳ дода гуфт, ки чунин деворҳо ва сементкорӣ дар ин қисматҳо шояд дар нақша (проект) набудааст ва ҳар чи ки дар нақша буд, аз сӯи ширкати чинӣ сохта шуд.
Тибқи мушоҳидаи мо мардуми деҳаҳои шафати роҳ дар ноҳияи Айнӣ ихтиёрӣ ба тоза кардани обпартоҳо ва болои асфалт аз сангу шағали рехта машғул буданд. Акнун талаби IRS аз Вазорати нақлиёт ин аст, ки сангу шағал тоза ва қисмати харобгаштаи роҳу обпартоҳо тармим шавад, пас ин ширкат роҳро ба тавозуни худ мегирад, ки ин техника ва хароҷоти зиёдеро талаб дорад.
Бо суоли он ки пас аз тасдиқи санади қабул аз сӯи ҳукумат, ширкати IRS роҳро ба тавозуни худ мегирифт ё на, Маҳмадалӣ Сафаров, масъули Вазорати нақлиёт дар ин сафар гуфт: "Бояд қабулшуда ҳисоб шавад, барои он ки мувофиқи ҳамин қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, навишта шудааст, ки ба ҳамин ширкат вогузор намоянд. Ин ҳодисаҳои фаромадани тармаву сел баъди кори комиссия шудаанд". Дар мавриди он, ки чаро ин ширкат пас аз қабули комиссия ин қисмати роҳро ба ӯҳда нагирифтааст ва роҳ пур аз сангу шағал шудааст, масъули вазорат изҳори беиттилоӣ кард ва гуфт, "мо тасмим гирифтаем, ки роҳро тоза кунем. Се моҳ шудааст, ки ин фаромада истодааст ва фаромадан мегирад. Ман фикр мекунам, ки ҳамин қитъаро, ки тоза карданд, бояд қабул кунанд. Зеро мумкин ин ба таври доимӣ фаромадан гирад".
Аммо Рустам Абдуллоев, масъули ширкати IRS дар ин маврид мегӯяд, "4 феврал Вазорати нақлиёт дар бораи комиссияи супоридан ва қабул намудан фармон ирсол кард. Бо сабаби он ки аввали моҳи феврал, барфҳои зиёд борид, роҳ зери барф монду тармаи зиёд фаромад, рафтуомадро мушкил кард. Вазорат ва ширкат кор карда натавонист ва бо мактуби расмӣ Вазорати нақлиёт пешниҳод кард, ки баъди аз тарма раҳоӣ ёфтани роҳ коммисия корашро сар мекунад. Мо дар мавриди қабул кардани он ҳоло ҳам омодаем ва ҳамон давра низ омода будем. Аз тарафи мо ягон масъалае, ки барои қабул кардани роҳ монеъа бошад, вуҷуд надорад".
Аммо ҷавоби суоли «чаро ҳамзамон пас аз қабул аз сӯи комиссия, роҳ ба тавозуни IRS нагузашт» барои мо норӯшан боқӣ монд. Дар ҳоле ки намояндаи ширкати IRS дар ҳайати комиссияи қабул шомил буд ва аз сифати сохтмони роҳ эроде надошт ва зери ин санад имзои худро гузошта буд.
Ин қисмати роҳ аз мушкилтарин ва ҳасостарин минтақа дар роҳи Душанбе-Чаноқ аст ва барои нигоҳубин заҳмат ва масъулияти зиёдеро талаб дорад.

Бехатарӣ дар роҳ ба дӯши БДА аст ё IRS?
Мушкили дигаре, ки ширкати IRS ва ронандагонро нигарон кардааст, постгоҳҳои сайёри БДА мебошад. Тибқи иттилои Рустам Абдуллоев, директори фании ширкати IRS, мувофиқи қарордоди ҳукумат ва ин ширкат бояд постгоҳҳои БДА аз роҳ бардошта шуда, танҳо патрули БДА метавонад назорат кунад ва ба қавли ин манбаъ бештари шикоёти ронандагон ба ширкат аз болои кормандони БДА мебошад. Ва инчунин гуфт, мо далелҳое дар даст дорем, ки аз рафтори худсаронаи онҳо (БДА-муалиф) шаҳодат медиҳад.  
Дар мавриди он, ки аз ҷониби ширкат кадом технологияе дар роҳ насб шудааст, ки БДА битавонад аз ин сабт истифода кунаду ронандае, ки қоидаи ҳаракатро вайрон мекунад пайдо шавад, масъули IRS қайд намуд, ки чунин технология дар роҳ насб нашудааст.
Хабарнигорон чанд ҷое аз Варзоб то Хуҷанд шоҳиди аз сӯи кормандони БДА тафтиши ронандагон шуданд. Дар ноҳияи Спитамен ҳангоми мушоҳидаи чунин як постгоҳ хабарнигорон аз мошин поин шуда хостанд, бо суоле аз нозирони БДА, ки худро аз раёсати вилоятӣ муаррифӣ карданд, дар мавриди то чи ҳад қонунӣ будани тафтиш кардани ронандагон аз сӯи онҳо бипурсанд, ки оё аз ҷониби мақомот иҷоза (наряд) доранд ё хайр. Нозирон қонунӣ будани ҳузурашонро таъйид мекарданд, аммо ҳеч санадеро натавонистанд дар ин маврид пешниҳод созанд. Даъвои Рустам Абдуллоев, масъули IRS дар мавриди ғайриқонунӣ будани пост, худсафедкунии нозирони БДА ва пурсишҳои хабарнигорон аз ҳар ду ҷониб чанд дақиқае тӯл кашид ва ҳангоми ҳаракати корвони хабарнигорон, нозирон сади роҳи ҳаракат шуданд ва гуфтанд, ки "аз боло амр шуд, ки хабарнигорон то омадани мо ҳаракат накунанд". Чун сабаб пурсидем, гуфтанд, ки "ҳамин хел амр шуд аз боло, мо шуморо сар дода наметавонем то омаданашон". Ҳангоми раду бадалҳо дар як фурсати кӯтоҳ ду нақлиёт бо суръати баланд ҳаракат мекарданд ва яке аз нозирон ба хабарнигорон ишора кард ва гуфт; «бубинед, ки ронандагон чи гуна қоидаро риоя намекунанд». Пас аз чанде то омадани "боло" хабарнигорон роҳбанд ё бандӣ буданд, ки сардори ШКД-и ноҳияи Зафаробод полковник Туманов ҳозир шуд. Пас аз вазъиятро фаҳмидан, полковник ба ҷои нозирони БДА аз хабарнигорон барои зоеъи вақташон узрхоҳӣ намуд ва моро аз "банд"-и онҳо раҳо кард.
Тибқи иттилои масъули фаннии ширкати IRS Рустам Абдуллоев, садамаи автомобилӣ нисбат ба солҳои пешин дар ин роҳ якчанд маротиба зиёд шудааст. Сабабашро ҳамвории роҳҳо медонад. Суръати муаянкардаи ҳаракат дар ин ҷода 20-80 км соат муайян шудааст. Яке аз даъвои БДА низ ин аст, ки ронандагон суръати ҳаракатро риоя намекунанд ва омили садамаҳо низ ҳамин аст.
IRS дар 1 соли фаъолият натавонистааст ин мушкили ронандагонро бо БДА ҳал намояд, ки ин аз заъфи кори ширкат гувоҳӣ медиҳад. Ронанда байни манфиатҳои IRS ва тафтишу назоратҳои БДА саргардону ҳайрон аст.

Масъулиятшиносӣ нест
Тибқи мушоҳидаи мо ширкат бештар ба ду кор банд аст, яке аз тарозу гузаштану пул чидан, дувум роҳро тоза нигоҳ доштан, аммо паҳлӯҳои дигари бехатарии роҳ ва ронандагону мусофиронро нодида мегирад. Яъне ҳар нақлиётеро мувофиқ ба борбардорӣ ё гунҷоиши бор ё мусофир аҳаммият намедиҳад, ки як омили дигари ба садама дучор шудан низ ҳамин аст. Оқибати инро ҳангоми сафар хабарнигорон дар ағбаи Шаҳристон мушоҳида карданд, ки нақлиёти борбар берун аз гунҷоиши бор дар болои контейнер чанд тонна бори дигарро бандпеч намуда ва ин бори зиёдатӣ мувозинати нақлиётро вайрон карда, дар байни роҳ чапа ва ба нақлиёти дигар ҳам зиёни молӣ оварда буд. Даъвои дигари БДА низ ҳамин шуда метавонад, ки нақлиёти боркаш аз меъёр ва гунҷоиш зиёд бор мезанад ва ингуна нақлиёт аз тарозуҳои IRS бе мамоният убур мекунанд. IRS дар ин маврид бояд масъулиятшинос бошад.
IRS дар 1 сол ҳатто ҳоҷатхона насохтааст
Дар роҳи пулакӣ аз ҷониби ширкат ягон таблое дида намешавад, ки ронандаро аз суръати баланди ҳаракат ҳушдор диҳад. Чунин таблоҳо дар роҳҳои бепули шӯравӣ зиёд ба чашм мерасиданд, назири "Роҳ кайҳон нест", "Эй сорбон, оҳиста рон", "Шуморо дар хона наздикон интизоранд" ва ғайра, ки пас аз хондани сатре ронандаро ба андеша мебурд. Аз ҳамвору тоза будани роҳи зери назари ширкат шикояте нест, аммо тӯли 368 км, IRS, ки ширкати хидматрасон аст, дар давоми 1 соли фаъолияташ натавонист ба хабарнигорон ягон истгоҳи таъмири нақлиёт барои ронандаи корафтода ё лоақал як бунгоҳи ширешкунӣ ё дам додани чархҳо ё ҳатто як ҳоҷатхонаро, ки аз сӯи ин ширкат дар канори роҳ барои мусофирону ронандагон сохта шуда бошад, намоиш бидиҳад. Танҳо навоварие, ки аз сӯи ин ширкат дар ин роҳ дида мешавад, сохтмони тарозуст, дигар ҳеч.

Кирои тарозу гарон аст
Ҳангоми ҳамсӯҳбат шудан бо ронандагон дар мавриди роҳи пулакӣ аз сифати роҳ шикоёте надоштанд, бештар шикоят аз қимати кирои тарозуи IRS ва БДА буд, ки ширкате, ки пул медиҳад, наметавонад ба мушкили ронандаҳо бо БДА расидагӣ кунад. Ба қавл аз бархе ронандагон гаронии кирои тарозу барои ронандагон аз як сӯ, қимати сӯзишворӣ ва мушкилот бо БДА аз сӯи дигар сабаби ба боло рафтани нархҳои молу маҳсулот дар бозор шудааст. Бештари ронандагон мегӯянд, ки мо аз як тараф бор мебарем ва бештари вақт аз дигар тараф холӣ бармегардем, ки ин фарқияти маблағро тоҷир маҷбур аст, болои нархи бораш зам кунад. Хоҳиши ронандагон бештар сари поён бурдани қимати кирои тарозу буд. Аммо ронандагон намегӯянд, ки бо чи ҷурме бо БДА рӯ ба рӯ мешаванд ва мусаллам аст, ки бо вайрон кардани ҳаракати роҳ ё аз ҳади муайян зиёд бор гирифтан. Ба гуфти Рустам Абдуллоев низ бештари шикоёт аз болои БДА аз ҷониби ронандагони нақлиёти боркаш мебошад. Масъули IRS инчунин ёдовар шуд, ки нисбати моҳҳои қабл мушкил бо БДА бо кӯшиши сардори раёсати БДА-и ҷумҳурӣ Саидов каме беҳтар шудааст.

Ҷабр бар заҳматкаши бепул
Як тан мусофире, ки аз тарозуи "Деҳмой" убур мекард, ҳангоми суоли хабарнигорон дар мавриди назараш нисбати роҳи пулакӣ, худро Файзи Олӣ ва ҳуқуқдон, муаррифӣ намуд, гуфт: "Албатта дар ҳама ҷой роҳ аст, аммо ба ин дараҷае, ки татбиқ кардаанд дар вилояти Суғд бояд ин хел нашавад. Дар тамоми ҷумҳурӣ як хел шавад. Агар ин қонун татбиқ мешавад баробар ба ҳама шавад ва ба хазинаи давлат фоида биояд. На барои кадом як корхонае, ки дар кадом як ҷазира ба ҷо шудагӣ аст. Вақте мо ҳама чизро ба сатҳи ҷаҳонӣ мебардорем, бояд маоши мардум дар сатҳи ҷаҳонӣ бошад. Кор низ ба сатҳи ҷаҳонӣ бошад. Вақте як ҳиссаи мардум дар сатҳи паст ҳасту талабот аз андоз дар сатҳи байналмилалӣ, ин таҷовуз нисбати халқи заҳматкаш мебошад".

Ва боз соҳиби IRS кист?
Ва боз бармегардем сари молики IRS. Мардум мехоҳад бидонад, ки соҳиби ин ширкат кист ва ба кӣ пул месупорад. Дар тамоми дунё ҳама ширкатҳое, ки ҳатто гардиши молашон ба даҳҳову садҳо миллиард доллар мерасад ва даромади софашон миллиардҳо доллар дар сол аст, номи саҳҳом ва даромади пулашон шаффоф аст, яъне барои ҳама маълум ва касе низ шубҳаву даъвое надорад. Мусаллам аст, вақте ки аз андоз пурра озод ҳастӣ, даромадро ба давлат пешниҳод намекунӣ. Ва ширкати IRS низ мувофиқ ба қонуни консесӣ ба давлат андоз аз даромад намесупорад, ба ҷуз аз андози иҷтимоии коргарон. Чунин шакли пинҳон доштани номи саҳҳом ва пинҳон будани даромади ширкат, ҳатман ки норозигиро дар миёни мардум ба бор меорад. Ва то он вақте, ки мардум надонад, ки саҳҳоми  асл кист ва чи миқдор даромад дар сол дорад, аз фаъолияти ин ширкат истиқбол нахоҳад кард. Шаффофият дар кор яке аз усулҳои ҷомеаи демократист. Ҷомеае, ки мо даъвои сохтанашро дорем. Не?!
Умари Давлат, Душанбе  - Чаноқ, Чаноқ – Душанбе

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97