ҲНИТ нагуфт, ки чаро шоири миллат мусулмон нест

Сиёсат 09.08.2011 10:23

Сару садоҳое, ки вақтҳои охир нисбати бастани ҲНИТ баланд шуданд, маро чун як фарди ҷомеъаи Тоҷикистон бетараф гузошта наметавонад.
Ман узви ягон ҳизби сиёсӣ нестам. Хуб медонем ва ҳар фарди ҷомеъаи Тоҷикистон огаҳ аст, ки саҳми роҳбарияти ҲНИТ дар сулҳу суботи кишвар хеле калон аст. Бо ризогии Худованд ва саҳми арзишманди ду ҷониби мухолифу даргир мо меваи сулҳу ваҳдатро чашидем ва шукр гузоштан ба ин неъмат қарзи инсонии мо бояд бошад.

Гуногунандешӣ хоси ҳар як ҷомеъаи демократист. Бигузор, дар кишвари мо низ ҳизбу ҳаракатҳои гуногун бошанд, дар доираи қавонини кишвар амал кунанд ва пешниҳодҳои худро барои ободию пешрафти Ватани азизамон баён намоянд. 
Баъзе одамон сари ин ақидаанд, ки ҲНИТ тӯли мавҷудияти хеш корхонаву заводе насохтааст. Инсоф кунед, ин ҳизби сиёсӣ аст, на ташкилоти сохтмонию корхонаи сементу арматурбарорӣ. 
Дар бораи пешниҳоди шоири шинохта Бозор Собир дар мавриди бастани Ҳизби наҳзати исломӣ ҳаминро гуфтаниам, ки ҲНИТ ба шоир чӣ муносибат дорад? Ё ба шоире, ки дар хориҷи Ватан зиндагию эҷод дорад, мавҷудияти ҳизбҳо чӣ дахл дорад, аз ин ҳизбу созмонҳои ватанӣ ба ӯ чӣ манфиату зиёне аст? Дар рӯзномае хонда будам, ки шоир гуфтааст, ки ҳеҷ динеро қабул надорад. Хуб, ин кори шахсии ӯст ва ӯ соҳибихтиёр аст. Ва Ҳизби наҳзати исломӣ даъво накард, ки чаро як  миллате, ки ҳамагӣ мусалмонанд, шоири машҳураш бедин аст, ё мусалмон нест. Фақат ба назари ман маҳбубияти шоир дар байни дӯстдорони каломаш, мардуми мусулмони тоҷик коҳиш ёфт. Аз ҷумла ихлоси банда ҳам ба шоир Бозор Собир коста шуд.
Бародарони азиз! Ҳам дӯстдорону ҳам рақибони сиёсии ҲНИТ, биёед бастани ин ҳизбро ба миён нагузорем, то ки як кабӯтари боми сулҳу ваҳдатро захмӣ насозем. Бастани ҲНИТ ба манфиати ободӣ ва пешрафти Ватан нест ва ҳам аз ойини ҷавонмардиву ватандорӣ нест, ки бигирему як ҳизберо, ки дар дубора сохтани Ватан нақш дорад дар бубандем. Дар ин масъала андешаи хонандаи азизи "Миллат"- ро донистан мехостам. Боқӣ Худованд ҳамаро нигаҳбон бошад. Ва ҳеч ҳизбе баста нашавад. Агар он ҳизб ба манфиати миллату кишвар ва Ватани азизи мо талошу пайкор дорад.

Қаноат Раҳмат, омӯзгор

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97